Главная / Илм / ДАНДОНДАРД

ДАНДОНДАРД

kak-snyat-bol-v-zubeДАНДОНДАРД, эхсоси ногуворе, ки бинобар осебу иллати дандон падид меояд. Дар бисёр мавридхо сабаби Д. кариес, пулпит, периодонтит ва дигар беморихо мебошанд. Хангоми кариес дард кутохмуддат буда, бинобар истеъмоли ширавор, гизохои шур, турш, хунук ва бисёр гарм пайдо мешавад. Барои бемории пулпит дарди хуручмонанд хос аст. Он шабона авч гирифта, тадричан ба чака, гуш, забон ва гулу пахн мешавад. Бинобар ин бемор дандони дардмандашро аник нишон дода наметавонад. Дар мавриди периодонтити шадид дарди дандон доими буда, ба дигар узвхо пахн намешавад; дард хусусан хангоми хоидани лукма ва ангушт расондан хуруч меёбад.
Дар мавриди Д. ба духтури стоматолог мурочиат кардан лозим аст. Зеро сабаби дард хамеша дандон нест. Он метавонад бинобар омоси чог, илтихоби чавфи гаймори, невритхо ва невралгия низ ба вучуд ояд.

С. К. Сабуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …