Главная / Илм / ДАКТИЛОЛОГИЯ

ДАКТИЛОЛОГИЯ

daktilologiaДАКТИЛОЛОГИЯ (юн. daktilos – ангушт ва … логия), як шакли махсуси нутк, ки ба воситаи ангуштони даст ифода карда мешавад. Холатхои гуногуни ангуштон харфхои алифборо ифода мекунанд. Дар алокаи дактилологи ба орфография дуруст риоя менамоянд. Барои донистани фарки овозхои чарангдор ва бечаранг (г-к; д-т; б-п ва г.), сактадор ва нарм (т-тъ; с-съ ва г.) харакати лаб ёри мерасонад. Мас., панчаи даст ба сина гузошта шавад, овози чарангдор ва агар даст аз сари сина бардошта шавад, овози бечарангро ифода мекунад. Нутки дактилиро бачагони кар то омухтани шакли лафзи ва хатти ба сифати шакли аввали нутк (дар богча) омухта метавонанд. Дар богчахои бачагон ва синфхои ибтидоии мактабхои бачагони кар Д. хамчун воситаи асосии таълими нутки лафзи, дар синфхои болоии ин мактабхо хамчун воситаи ёрирасон хизмат мекунад. Хангоми таълими бачагони кару гунг Д. воситаи ягонаи мубодилаи афкор мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …