Главная / Илм / ДАКРИОСИСТИТ

ДАКРИОСИСТИТ

dakriosistitДАКРИОСИСТИТ (Dacriocystitis; аз юн. dacryon – ашк ва kystis – хубоб, халта), газаки ашкдон. Аз сабаби баста шудани ашкрохаи байни бинию чашм, ки ковокии ашкдонро бо ковокии бини мепайвандад, ба вучуд меояд; дар натича фаъолияти мачрои ашк халал ёфта, боиси васеъ шудану варам кардани ашкдон мегардад. Ашкроха хангоми беморихои луобпарда, бинивораи иловаги, захми бини ва г. низ баста мешавад. Ашк хангоми бехаракат мондан, хосияти махвсозии микробхоро гум карда, барои пайдоиши сироят дар ашкдони васеъгашта шароити мусоид фарохам меоварад. Дар натича луобпарда газак мегирад (Д.-и музмин). Беморон аз шоридани ашк ва зардоб шикоят мекунанд. Хангоми ба ашкхалта фишор овардан, аз рохи ашкбаро зардоб хорич мешавад. Бисёр вакт якчоя бо Д. блефарит ва конъюнктивит низ ба вучуд меояд. Д.-и музмин бо рохи чаррохи табобат карда мешавад (дар байни чавфи халтаи ашк ва чавфи бини анастомоз ба вучуд меоранд). Агар илтихоб аз ашкдон бо бофтахои хамшафат гузарад, навъи вазнинтари иллат – Д.-и шадид ё дабилаи фасоднок ба вучуд меояд. Хангоми муоина пусти атрофи халтаи ашк, бини ва рухсора сурх шуда, дард мекунад. Д. бештар дар калонсолон, баъзан дар навзодон мушохида мешавад. Хангоми Д. сари вакт чаррохи кардан ногузир аст. Д.-е, ки табобат нашудааст, окибати бад дорад. Аз ин ру, дар аснои аз Д. гумон бурдан, ба духтур мурочиат кардан зарур аст. Ниг. низ Чашм.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …