Главная / Илм / ДАКРИОАДЕНИТ

ДАКРИОАДЕНИТ

dakrioadenitДАКРИОАДЕНИТ (Dacryoadenitis; аз dakryon – ашк ва aden – гадуд), илтихоби гадуди ашк. Сабаби Д. бисёр вакт сироят кардани ангезандаи беморихои гуногун (ангина, грипп, махмалак, паротити вогир, сурхча, сил, сифилис ва г.) мебошад. Д., одатан, дар як тараф ба вучуд меояд. Д.-и дутарафа дар мавриди паротити вогир пайдо мешавад.
Д.-и шадид ва музмин мавчуд аст. Д.-и шадид бо пайдоиши дард ва варам дар мавзеи гадуди ашк огоз меёбад. Пилки боло сурх шуда, варам мекунад. Дар сурати калон шудани варам пилкхои боло ва поён мечаспанд, харакати гузаи чашм душвор мегардад. Конъюнктива сурх, гуддахои лимфа калон ва дардманд мешаванд. Бемор табу тасф мекунад. Баъзан дар гадуди ашк думбал ба вучуд меояд.
Д.-и музмин, одатан, окибати Д.-и шадид аст. Вале он метавонад хангоми беморихои сил, сифилис ва г. низ пайдо шавад. Гадуди ашк дардманд нест, вай охиста-охиста варам карда мумкин экзофталм рух намояд.
Муоличаи Д. ба рафъи бемории асоси нигаронида шудааст. Аз гармишифои, табобат бо ултрасадо, диатермия, антибиотикхо ва г. истифода мекунанд; хангоми зардоб гирифтани гадуди ашк онро мебуранд

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …