Главная / Илм / ДАХАНИ ФАРАНГ

ДАХАНИ ФАРАНГ

dahani-farangДАХАНИ ФАРАНГ, зоки сабз, сулфати миси обдор, купороси мис, H10CuO9S, як навъ моддаи химияви. Моддаи кристаллии бе буй буда, дар об, этанол, метанол, глитсерин, кислотахои минерали хал мешавад. Дар спирт хал намегардад. Д. ф. хангоми кристаллбандии сулфати мис CuSO4 аз махлулхои оби бо 5 молекулаи об хосил мешавад. Дар табиат дар таркиби минералхои халконтит, вернадскит, кронкит ва г. дучор меояд.
Хосиятхои давоии Д. ф. ба табибони гузашта маълум буд. Дар Хиндустон бо Д. ф. беморихои пуст ва чашмро табобат мекарданд. Табибони Юнони кадим онро барои илочи кари ва илтихоби бодомакхои гулу истифода мебурданд. Табибони халкии бисёр мамлакатхо имруз низ Д. ф.-ро барои муоличаи беморихои гуногун тавсия медиханд. Бо Д. ф. радикулит, полиартрит, зарбу лат, шикасти устухон, саръ ва г.-ро табобат мекунанд. Ба акидаи баъзе табибон Д. ф. барои дармони омосхои гадуди шир, меъда, рудахо муфид аст. Дорухои Д. ф. илтихобро рафъ сохта, думбалро мепазонанд, беморихои сироятиро пешгири менамоянд. Истифодаи обзани онхо барои табобати диабети канди нафъ дорад (шакли сабуки бемори). Бо ин максад 2 – 3 чумча Д. ф.-ро дар оби ванна хал карда, ба он даромада 10 – 15 дак. дароз мекашанд (хафтае 2 – 3 маротиба). Д. ф. давои беморихои занбуруги низ мебошад. Хокаи тасфондаи онро бо хиссаи баробари равгани гоз (ё ягон чарбуи дигар) ва хокаи сулфури зард сиришта, дар оташи паст ба чуш меоранд. Сипас даворо хунук карда, мисли мархам ба чойхои аз занбуругхо осебёфта мемоланд. Табибони халки аз Д. ф. мархами дигар низ тахия месозанд: 20 г сузанбарги чалгуза, 20 г пиёзи аз турбтарошак гузаронида, 15 г Д. ф., 50 г равгани зайтун. Ин хамаро сиришта, дар оташи паст ба чуш меоранд. Д. ф. барои табобати беморихои занона – эрозияи гардани бачадон, фиброма, миома, киста ва г. низ кор фармуда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …