Главная / Илм / ДАФЪУ-Л-МАЗОРРИ-Л-КУЛЛИЯ АНИ-Л-АБДОНИ-Л-ИНСОНИЯ

ДАФЪУ-Л-МАЗОРРИ-Л-КУЛЛИЯ АНИ-Л-АБДОНИ-Л-ИНСОНИЯ

asar«ДАФЪУ-Л-МАЗОРРИ-Л-КУЛЛИЯ АНИ-Л-АБДОНИ-Л-ИНСОНИЯ», асари Абуали ибни Сино. Ба забони араби таълиф шудааст. Дар бобати чигуна рафъ кардани зиёнхои кулли аз чисми инсон маълумот медихад. Китоби мазкур бо номи «Тадоруку анвоъи-л-хатаъи-л-вокеъ фи-т-тадбир» (Пешгири кардани анвои хатохое, ки хангоми тадбири бехдошти руй медиханд) низ машхур мебошад. Абуалии Сино онро солхои дар Хоразм буданаш (1006 – 1013) барои вазири илмдусти хоразмшохиён Абулхусайн Ахмад ибни Мухаммад ас-Сухайли (ваф. 1027) таълиф кардааст. Китоб аз мукаддима ва хафт макола иборат аст. Маколаи якум дар баёни анвоъи хатохо, маколаи дуввум дар баёни хаво, маколаи севвум дар баёни хаммом, маколаи чахорум дар баёни таъом, маколаи панчум дар баёни об ва ошомиданихо, маколаи шашум дар баёни харакатхо, маколаи хафтум дар баёни истифрог (аз кабили хунгири, исхол овардан ва г.) бахс мекунад.
Нусхахои хаттии зиёде аз ин китоб (дар худуди зиёда аз 20 нусха) дар китобхонахои дунё нигохдори мешаванд. Матни он с. 1888 дар хошияи китоби «Манофеъу-л-агзия»-и Рози дар Кохира ва с. 1982 дар Бейрут ба табъ расидааст. Матни илми – интикодии китоб ахиран дар асоси чахор нусхаи муътабари калами бо мукаддима, тахкик ва тавзехоти муфассал аз тарафи доктор Мухаммад Зухайр ал-Бобо дар зимни мачмуаи «Мин муаллафоти Ибни Сино ат-тиббия» с. 1984 дар Димишк нашр шудааст. То имруз хадди акал ду тарчимаи форсии ин китоб вучуд дорад. Яке тарчимаи кадими аз мутарчими номаълум буда, як нусхаи дастнависи он, ки с. 1479 китобат шудааст, дар Музеи Британия махфуз аст. Тарчимаи дигари форси ба калами шайх Хусайн ал-Чобир ал-Ансори тааллук дошта, бо номи «Мучази азиму-н-нафъ» с. 1893 дар Дехли ба тарзи санги ба табъ расидааст. Китоб дар Аврупо с. 1547 ба лотини низ тарчима шудааст.
Ад.: Яхёи Махдави, «Фехристи нусхахои мусаннафоти Ибни Сино», Техрон, 1954; «Мин муаллифоти Ибни Сино ат-тиббия», тахияи доктор Мухаммад Зухайр ал-Бобо, Димишк, 1984.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …