Главная / Илм / ДАБИЛА

ДАБИЛА

dabilaДар мавриди Д. зардоб ба бофтахо гузашта, онхоро тачзия мекунад ва ба фазои байни хучайрахо пахн мегардад (бо чунин хусусият аз думбал фарк дорад). Д. метавонад дар хар кисми бадан ба вучуд ояд. Сабаби пайдоиши Д. ба бофтахои нарм рох ёфтани микроорганизмхо аст. Хусусан Д.-хое бештар дучор меоянд, ки ангезандаашон бактерияхои зардоби мебошанд (стафилококкхо, стрептоккокхо ва г.). Д.-и фасоди дар натичаи ба бофтахо ворид шудани ангезандаи амрози сироятии пусишовар ба вучуд меояд. Мас., каламчамикроби руда, протея ва г. Д.-и анаэроби бинобар сирояти анаэроби сар мезанад.
Бактерияхо бисёр вакт ба бофтахо аз чойхои осебдидаи пуст ё луобпардахо мегузаранд. Д. метавонад дар натичаи аз манбаи сироят ба воситаи хун пахн гаштани ангезандахо ё аз манбаи сироят ба бофтахои наздик гузаштани онхо низ пайдо шавад (мас., денофлегмона, ки хангоми лимфаденит инкишоф меёбад).
Ба рушди Д. суст шудани неруи мухофизии организм бинобар майзадагии музмин, диабети канди, нукси иммунитет ва г. мусоидат менамоянд. Дар ин бобат дарачаи бемориоварии бактерияхо низ мавкеи хос дорад. Хусусан бактерияхои тосиш ва бодовари анаэроби таъсири зиёд мерасонанд. Ба бофтахои нарм рох ёфтани онхо Д.- еро ба вучуд меорад, ки бо ихтилоли гардиши хун, мубодилаи газхо, равандхои биохимияви дар хун ва бофтахо чараён мегирад. Дар ибтидои Д. насчи зери пуст бо яхни монанд буда, бо моеъи зардобии тираранг фаро гирифта мешавад. Баъди хуруч ёфтани бемори, инфилтратсияи бофтахои нарм якбора афзуда, тарашшух зардоби мегардад. Хангоми Д.-и тосиш бофтахои зардобгирифта мепусанд ва бадбуй мешаванд. Дар мавриди Д.-и анаэробии тосиши дар бофтахои нарм илтихоб рух намуда, дар онхо хубобчахои сершумори газ ба вучуд меоянд. Вобаста ба чараён Д. шадид ва музмин, вобаста ба мавкеъ бошад, зерипусти, зериниёми, байнимушаки, узви, байниузви, пасисифоки, коси ва г. мешавад.
Хангоми Д. дар чои иллати дарди сахт ба вучуд меояд; дар мавриди ба сатхи болои насчи зери пуст густариш ёфтани бемори пуст варам карда, сурх мегардад, таб баланд (39 – 400), мавзеи иллат нарм мешавад, бемор табларза мекунад, бехоли ва ташнаги рух менамояд. Хангоми Д – и амик аломатхои бемори бармахал падид омада зуд авч мегиранд. Гардиши хун ва нафаскаши халал меёбад, фишори артерия мефарояд, мариз дамкутах мешавад.
Д.-и музмин, одатан, дар мавриде ба мушохида мерасад, ки агар ангезандаи он кобилияти бемориоварии суст дошта бошад.
Усули асосии табобати Д. чаррохи аст. Муолича ба воситаи антибиотикхо, блокадаи новокаини, физиотерапия факат дар давраи аввали бемори натичаи дилхох медихад. Сари вакт табобат кардани Д. садди ба вучуд омадани оризахои гуногун мешавад. Д.-и амики байниузви мумкин аст боиси сар задани уфунат (сепсис) гардад.
Сабаби Д.- и кудакон асосан сирояти стафилококкхо мебошад. Бисёр вакт ба инкишофи Д. шалхидани пуст ва пиодермия низ мусоидат мекунанд. Бемори баъди 5 – 8 рузи ба дунё омадани тифл огоз меёбад; харор. баланд (38 – 390) гашта, пуст сурх (хусусан тахтапушт ва чорбанд) мешавад.
Барои пешгирии Д. риояи коидахои бехдошти шахси ахамияти калон дорад.
Ад.: Зоиров П.Т., Беморихои пуст, Д., 1999; Хамон муаллиф, болезни кожи, Д., 2002; Хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …