Главная / Илм / Чуворимакка

Чуворимакка

jugorimaka-660x330Чуворимакка- ин донхои растаниест, ки аз пахлуи пояаш бар сута катор чой гирифтаанд муттасил ба якдигар, ки ба ранг зард, сурх, бунафш ва сафед мебошанд. Хомаш каме тунчи дорад дар таъм ва агар расида гардад, ширин мешавад. Расидаашро бирён карда мехуранд ва орд карда аз он нон тартиб медиханд ва он нон дар гармогармиаш лазиз аст.

Поя ва баргхои он монанди чувории сафед мебошад. Мизочи ин моил ба гарми  ва дар дарачаи дувум хушк аст, ба кавле дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, хун ва балгами шахшударо тахлил медихад, дарунро мебандад ва сахт часпак мебошад, камее боднок, гизоияташ бисёр аст. Агар инро хамчун гизо бардавом истеъмол кунанд, иллати силро дафъ месозад, исхолро мебандад, гизоияти он зиёда аз биринч, вале аз гандум камтар аст.

jugorimakka-225x300Агар инро пухта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, кутури решгаштаро дафъ мекунад, таркидани пуст ва нохунро шифо мебахшад; агар хоида ба чашм гузошта банданд, нури чашмро кави мегардонад; ба чохои газидаи чонварони захрнок бибанданд, газанди онхоро дафъ мекунад. Ва агар орди онро дар об пухта, бо он нимгарм хукна кунанд, захми рудахоро шифо мебахшад. Ба чойи чуворимакка чувории сафедро истеъмол кунанд, равост.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …