Главная / Маданият ва санъат / Чумъа муборак!: Табрикоти суръат, видео, хадисхо ва аудио

Чумъа муборак!: Табрикоти суръат, видео, хадисхо ва аудио

Савол: Барои чи рузи чумъа ба мусалмонон рузи бузург хисоб меёбад?

Чавоб: Хар як рузе, ки Худованд – Парвардигори олам ато намудааст, бузург мебошад вале дар байни онхо рузи чумъа мавкеъи махсусро сохиб буда нисбати дигар рузхо баландтар мебошад. Барои хамин хам дар Куръони карим вобаста ба ин руз сураи махсус бахшида шудааст (62-юм), ки иборат аз 11 оят иборат аст.

Читавре ки маълум аст рузи чумъа аз бегохии панчшанбе огоз ёфта то бегохии рузи чумъа давом медихад. Яъне аз намози шоми рузи панчшанбе то намози шоми рузи чумъа.

Албата маълум аст, ки дар дини Ислом баъзе рузхову моххо хеле хусусияти воло доранд, ки яке аз ин рузхо «Чумъа» мебошад ва вобаста ба мухимиятии он дар хадисхои Паёмбари Аллох – Мухаммад САВ омадааст:

  1. Дуруд бар Мухаммад (САВ) – мегуяд: Бехтарин рузи Худованд ин рузи чумъа мебошад. Чунки дар ин руз Парвардигор, хазрати Одамро ато кард ва онро хамин руз ба Бихишт дароварду аз он хамин руз баровард ва занги охирин дар хамин руз бонг хохад зад. (Ахмади Термези);
  2. Инчунин Мухаммад (САВ) мегуяд: Панч намози харруза аз як рузи намози чумъа то дигар намози чумъа сабабгори авф намудани гуноххои шумо мегардад, агар дар ин вакт гунохи бузур содир нашуда бошад (Муслим);
  3. Мухаммад (САВ) мегуяд: Дар рузи чумъа чунин вакте хаст, ки дар он Аллох ба гуломи мусалмони худ, ки доимо дар ибодат асту аз Худованд илтичоеро металабат, хатман хохишаш ичро хохад шуд (Ал Бухори  ва Муслим);
  4. Расули Худо (САВ) мегуяд: Харкасе, ки сураи Кахф (Гор) – ро дар шаби Чумъа мехонад, пас у сохиби равшани то хонаи Каъба мегардад.
  5. Инчунин у мегуяд: Бехтарин рузи Шумо ин рузи Чумъа мебошад. Харчикадаре метавонед дар ин руз ба ман салавон равон намоед, барои ин ки салавотхои шумо ба ман нишон дода хохад шуд (Абу Довуд);
  6. Мухаммад (САВ) мегуяд: Агар дар рузи чумъа мусалмон худро гусл мекунаду худро бо хушбуихо муаттар месозад ва ба намози чумъа рафта намозхононро норохат намекунад  ва чикадаре, ки метавонад хамон кадар тибки супориши Аллох ибодат мекунад ва хомуш шуда суханони Имомро гуш меандозад, пас гунохони вай хатман авф хоханд шуд (хамон гунохе, ки дар байни намозхои чумъаи охирин содир шудааст) – Ал Бухори;
  7. Мухаммад (САВ) мегуяд: Вакте, ки чумъа мешавад, пас ба дари масчид Фариштахо хозир шуда шахсони ба масчид кия кум, дуюм, сеюм ва гайра дохил мешаванд, ба кайд мегиранд ва хамон замоне, ки Имом ба чойи худ менишинад пас Фариштагон бакайдгириро манъ карда китобашонро махкам мекунанду ба гуш кардан огоз мекунанд. Шахсоне, ки ба намози чумъа барвакт хозир мешаванд, мисли оне, ки аввалин хозиршуда гуё шутурро тухфа карда бошад, дувумин гуё говро, савумин гуё мургро, чорумин гуё тухмро ва ба г.
  8. Сулайк рузи чумъа ба масчид омаду дархол нишаст, ки он замон расули Худо – Мухаммад (САВ) амри маъруф менамуд. Пас инро Паёбар (САВ) дида ба Сулак фармуд, ки 2-ракат намози кутохе гузорад ва ба хозирин тавсия намуд, ки харкасе ба масчид дар вакти амри маъруф намудан хозир мешавад пас 2-ракат намози ихтисоршударо хонаду пас нишинад (Муслим).
  9. ‏Мухаммад (САВ) мегуяд: Одамон бояд аз нахондани намози чумъа худро доимо канорачуи накунанд, вагарна Худованд дили онхоро махкам мекунад ва онхо минбаъд нолозима мешаванд (Муслим);
  10. Расули Худо (САВ) мегуяд: Дар рузи чумъа вакте, ки Имом сухан мекунад ва Шумо ба шахсе агар «Ором ист» гуед пас ин сухани пуч хисоб меёбад;
  11. Расули Худо (САВ) мегуяд: Рузи чумъаи ояндаро барои ибодат интихоб накунед ва инчунин ин рузро барои гирифтани руза низ ният накунед (Муслим);

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …