Главная / Чамъият / Чудо шудани рух аз бадан

Чудо шудани рух аз бадан

Чудо шудани рух аз бадан

Хангоми ыудо шудани рух аз бадан аз осмон се овоз меояд, ки:

Эй ибни Одам, ту дунёро тарк карди ё дунё туро тарк кард?

Оё, ту дунёро чамъ карди ё дунё туро чамъ кард?

Оё, ту дунёро кабул карди ё дунё туро кабул кард?

Ва чун часад нихода шавад бар чои гусл, аз осмон боз, чунин овоз меояд:

Эй писари Одам, кучост бадани бокуввати ту? Пас чи чиз  заъиф кард туро?

Кучост забони буррои ту? Пас чи чиз сукут кард туро?

Кучост гушхои шунавои ту? Пас чи чиз ношунаво кард туро?

Кучо шуданд дустони ту? Пас чи чиз танхо кард туро?

Чун часад нихода шавад  дар кафан, боз овоз дода шавад, ки эй фарзанди Одам, хушвакти аст туро, агар бошад чои ту  чаннат. Вой бар ту ва азоб аст туро, агар бошад рафики ту  хашм ва нохушнудии Худои таъоло.

Эй писари Одам, мерави ту ба сафари дароз ба гайри туша ва берун мешави аз хонаи худ. Пас боз нахохи омад ба вай  хеч гох ва мерави ба суи хонаи хавфхо.

Чун нихода шавад бар тобут, овоз дода шавад ба се овоз, ки эй фарзанди Одам, хушвакти аст туро, агар бошад амали ту нек ва азоб аст туро, агар бошад амали ту бад. Хушвакти аст туро, агар боши ту тавбакунанда ва бошад рафики ту ризои Худои таъоло. Азоб аст туро, агар бошад рафики ту нохушнудии Худои таъоло.

Чун нихода шавад тобут барои намоз, овоз дода шавад ба  се овоз, ки эй фарзанди Одам, хар амале, ки кардан, онро хохи дид, дар ин соат. Агар амали ту нек бошад, чазои нек 1 бини ва агар амали ту бад бошад, чазои бадро бини.

Хушвакти аст туро агар буди, ки умри худро дар салохат гузарондаи ва азобаст туро агар умри худро ба бехуда гузарондаи.

Гохе ки нихода шавад тобут бар канораи кабр, овоз дода  шавад ба се овоз, ки эй фарзанди Одам, ту бар пушти ман хандон буди, дар шиками ман гирён гашти. Ту бар пушти ман шодмон буди, дар шиками ман гамнок гашти ва ту бар пушти ман гуё буди, дар шиками ман хомуш гашти.

Чун мардум аз вай баргарданд, Худои азза ва чалла гуяд: – Эй бандаи ман, ягонаву танхо боки монди ва туро дар торикии кабр гузоштанд. Нофармони карди маро барои онхо. Пас ман рахм кунам бар ту имруз, рахме, ки тааччуб кунанд аз он махлук ва ман мехрубонтарам бар ту аз модар бар фарзанди худ.

Илохо, окибати кори хамаи мо мусулмононро ба хайр гардони, омин.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …