Моддаи 180-и Кодекси Мехнат. Чубронпули барои рафтан ба кор бо мувофикаи пешаки ба махалли дигар
- Хангоми рафтани корманд ба кор бо мувофикаи пешаки бо корфармо ба махалли дигар ба у тибки мукаррароти моддаи 179 Кодекси мазкур чубронпули дода мешавад, ба истиснои кумакпулии яквактае, ки факат бо созиши тарафхо пардохт карда мешавад.
- Агар корманд ба мухлати на зиёда аз як сол ба кор ба махалли дигар гузаронида шавад ва ахли оилааш бо у наояд, он гох бо розигии тарафхо ба у харочоти зисти муваккати дар чойи нав метавонад пардохт карда шавад ва хачми чуброни харочот дар ин холат бояд аз нисфи андозаи шабонарузи зиёд набошад.
- Андозаи мушаххаси чубронпули бо розигии тарафхо муайян карда мешавад, вале он наметавонад аз андозаи мукарраргардидаи кормандони ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори мешаванд, кам бошад.