Моддаи 194-и Кодекси Мехнат. Чуброни зарарро ихтиёран додани корманд
- Корманде, ки ба корфармо зарар расонидааст, метавонад чуброни онро ихтиёран пурра ё кисман дихад.
- Чуброни ихтиёрии зарар дар доираи пешбиникардаи Кодекси мазкур амали карда мешавад.
- Бо мувофикаи корманд ва корфармо чуброни зарарро дертар додан мумкин аст. Дар ин холат корманд дар бораи чуброни зарар бо зикри мухлати мушаххаси пардохт ба корфармо ухдадории хатти пешниход мекунад.
- Агар корманде, ки дар бораи чуброни ихтиёрии зарар ухдадории хатти додааст, бо сабаби катъ шудани муносибатхои мехнати зарарро чуброн накунад, дар ин сурат чуброни зарар ба тарики суди ситонида мешавад.
- Корманд метавонад бо ризоияти корфармо барои чуброни зарар ба у молу мулки баробарарзиш дихад ё молу мулки харобшударо баркарор намояд.