Главная / Чамъият / Чуброни харочоти корманд хангоми ба махалли дигар ба кор кабул намудан

Чуброни харочоти корманд хангоми ба махалли дигар ба кор кабул намудан

Моддаи 179-и Кодекси Мехнат. Чуброни харочоти корманд хангоми ба махалли дигар ба кор кабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан

1.     Барои кормандон, шахсоне, ки тахсилро хатм намуда, ба махалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роххат аз чойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофикаи пешаки бо бастани шартнома ё дархост ба кор кабул шудаанд, чунин чубронхо муайян мешаванд:

– арзиши рохкирои корманд, шахсоне, ки тахсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онхо (зану шавхар, кудакон ва падару модари зану шавхар, ки дар нигохубини онхо карордошта, якчоя хамрохи онхо омадаанд), ба хамон шароите, ки корманд ба сафари хизмати фиристода мешавад;

– харочоти кашонидани молу мулк бо наклиёти автомобили ё рохи охан (истифодаи умуми) дар хачми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хатмкардаи тахсил ва то 150 килограмм барои хар як хамсафари аъзои оила (тибки созишномаи тарафхо метавонад харочоти кашонидани моликият дар хачми зиёдтар пардохт карда шавад);

– харочоти шабонарузи барои хар як рузи сафар – ба андозае, ки барои сафари хизмати пешбини шудааст;

– кумакпулии яквакта барои худи корманд, шахси хатмкардаи тахсил – ба андозаи музди мохонаи тарифи дар чойи нави кор ва ба хар як аъзои оила – ба андозаи чоряки хиссаи кумакпулии худи корманд, шахсони хатмкардаи тахсил.

  1. Ба корманд ва шахсоне, ки тахсилро хатм кардаанд, музди мехнат вобаста ба маоши тарифи дар чойи нави кор, барои рузхои ба рох баромадан ва дар чойи нави истикомат чо ба чо шудан, инчунин дар холати дар рох будан, аммо на зиёда аз шаш руз дода мешавад.
  2. Агар андозаи муайяни чубронеро, ки ба корманд хисоби мешавад, пеш аз мухлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гох ба у пешпардохт дода мешавад.
  3. Арзиши рохкирои аъзои оила ва овардани молу мулки онхо, хамчунин кумакпулии яквакта ба онхо дар холате хисоби карда мешавад, ки агар онхо ба чойи нави истикомати корманд то гузаштани як сол аз рузи ба онхо вокеан чудо кардани манзил омада бошанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …