Главная / Чамъият / Човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд

Човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд

(Ахбори  Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1995, № 7 – 8, мод. 69; с. 2011, № 3, мод.179; Конуни ЧТ аз 27.11. 2014 с., № 1142)

Конуни мазкур асосхои ташкилию хукукии човидон сохтани хотираи шахрвандонеро, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд, муайян мекунад ва ваколатхои макомоти давлатиро, ки ин вазифахоро ба чо меоваранд, мукаррар менамояд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1142)

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи човидон сохтани хотира  шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гар­дидаанд

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд, ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон  онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

 

Моддаи 2. Сиёсати давлати дар рохи човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми

                       мухофизати Ватан халок гардидаанд

 

Сиёсати давлати дар рохи човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд, системаи тадбирхои хукуки, ичтимоию иктисоди, маданию маърифати, ахлоки, ташкили ва тадбирхои дигарест, ки чихатхои зеринро пешбини менамояд:

тартиб додани Барномаи давлатии човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд;

дар чамъият пойдор шудани эхтироми хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд;

ба кайдгирифтани мазорхои харбиён, комплексхои ёдбуд, чойхои таърихии корнамоии шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд, ободу маъмур сохтани онхо;

тадбирхои дигари човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд.

Моддаи 3. Човидон гардонидани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок

                     шудаанд

 

Хотираи шахрвандони зайл бояд човидон карда шавад:

шахрвандоне, ки дар рафти мухориба, хангоми ичрои вазифахои чанги ё худ вазифахои дигари хизмати бахри мухофизати Ватан халок шудаанд;

шахрвандоне, ки хангоми ичрои вазифаи харби (хизмати) дар каламрави давлатхои дигар халок шудаанд;

шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан ё худ дар каламрави давлатхои дигар дар рафти ичрои вазифаи харби (хизмати) аз чарохат, контузия, маъюби ё бемори, сарфи назар аз вакти фаро расидани окибаташон, вафот кардаанд, хамчунин дар рафти мухориба, ичрои вази­фахои дигари чанги бедарак шудаанд;

шахрвандоне, ки бинобар вазъи мухориба дучори асорат гашта, халок шудаанд (вафот кардаанд), вале шаъну шарафи худро нигох дошта, ба Ватан хиёнат накардаанд.

Моддаи 4. Човидон сохтани хотираи шахрвандони хоричие, ки хангоми мухофизати

                     Чумхурии Точикистон халок гардидаанд

Чумхурии Точикистон хотираи шахрвандони хоричиеро, ки хангоми мухофизати манфиату амнияти Точикистон ва шахрвандони он халок шудаанд, пос медорад.

Моддаи 5. Човидон гардонндвни хотираи кисмхо, чузъу томхои харби ва мухорибагоххо

Агар кисмхо, чузъу томхо хангоми мухофизати Ватан корнамои карда бошанд, хамчунин мухорибагоххои, ки дар таърих чун рамзи кахрамони, матонату мардонагии халк машхур гардида бошанд, лоики онанд, ки хотираи онхо човидон гардонда шавад.

Моддаи 6. Ухдадории шахрвандон бахри човидон сохтани хотираи онхое, ки хангоми

                     мухофизати Ватан халок шудаанд

Эхтиром доштани хотираи онхое, ки хангоми мухофизати ватан халок гаштаанд, вазифаи мукаддас ва мухофизати мухорибагоххое, ки хо­тираи онхоро човидон гардонидаанд, карзи хар шахрванд аст.

Моддаи 7. Шаклхои човидон гардонидаки хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати

                    Ватан халок шудаанд.

 

Шаклхои асосии човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд, инхоанд:

хифз ва ободу маъмур кардани мазори харбиён, рост кардани сангу мучассамаи мазор, сутуни ёдбуд, иншооту объектхои дигари ёдбуд;

хифз ва ободу маъмур кардани масохати чудогона, ки таърихан бо корнамоии онхое алокаманданд, ки хангоми мухофизати Ватан халок шудаанд;

навиштани насаби онхое, ки хангоми мухофизати Ватан халок гаштаанд ва маълумоти дигари оиди онхо дар китобхои Ёдбуд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1142)

таъсиси осорхонахои ёдбуд, ташкили намоишгоххо, рост кардани нишонхои ёдбуд дар мухорибагоххо;

дар воситахои ахбори умум чоп кардани маколахо аз корнамоии онхое, ки хангоми мухофизати Ватан халок шудаанд, эчод кардани асархои санъат ва адабиёт бахшида ба корнамоии онхо;

гузоштани ному насаби касони хангоми мухофизати Ватан халокшуда ба махалхо, кучаю майдонхо, иншоотхои физикию географи, ба корхонаю ташкилотхо, муассисахо, аз чумла ба муассисахои маърифати ва кисмхои харби; (КЧТ аз 27.11.14с., №1141)

шахрванди фахрии чумхури ё худ вохиди маъмурию марзии он эътироф кардани касоне, аз чумла шахрвандоии хоричие, ки хангоми мухофизати Ватан халок шудаанд;

мукаррар кардани санахои ёдбуд ва рузи Ёдбуд.

Бо карори макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти ё худ бо ташаббуси шахрвандон барои човидон гардонидани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок шудаанд, тадбирхои дигар низ андешидан мумкин аст.

БОБИ 2

МАЗОРИ ШАХРВАНДОНЕ, КИ ХАНГОМИ МУХОФИЗАТИ ВАТАН ХАЛОК ШУДААНД

Моддаи 8. Мазори харбиён

Мазори шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок шудаанд, бо сангу мучассамаи мазор, бо сутуни ёдбуду панчара ва иншооту объ­ектхои дигараш мазори харбиён мебошад.

Ба мазори харбиён китьахои гури харбиён дар кабристонхои умуми, кабристонхои харби, китъахои алохидаи гури харбиён дар кабристонхои умуми ва берун аз он, чойхои афтодаи хавопаймохои харби бо сарнишинонашон мансубанд.

Моддаи 9. Тартиби дафн кардани (аз нав ба хок супоридани) онхое, ки хангоми мухофизати

                     Ватан халок шудаанд

Часади шахидони рохи мухофизати Ватан бо адои эхтиромоти харби дафн карда (аз нав ба хок супурда) мешавад. Дар ин хол ба чо овардани расму оини дини манъ карда намешавад. Масъулияти дафн кардан, чихозондан ва зебу оро додани гуру кабристони шахрвандоне, ки хангоми мухофизати ватан халок шудаанд, ба зиммаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти идораи харби гузошта мешавад. (КЧТ аз 25.03.11с ., №712)

Часади харбиён бо карори макомоти махаллии хокимияти ичроия аз нав ба хок супурда, хешовандони онхо хатман аз ин огох карда мешаванд.

Часади харбиёни дар рафти мухорибахо халокгашта мутобики талаби ойинномахо, амру дастурхои фармондехи дафн карда мешавад.

Моддаи 10. Ба кайд гирифтан, нигохубни ва ободу маъмур кардани мазори харбимён

Мазорхои харбиён бояд дар кайди давлат бошанд. Онхоро бо шарту тартиби муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва дар каламрави давлатхои дигар намояндагихои Чумхурии Точикистон ба кайд мегиранд. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

Ба хар мазори харбиён нишони ёдбуд рост карда, хуччат тартиб дода мешавад.

Мазорхои харбиён мутобики низомномахои Конвенсияи мухофизати курбониёни чанг, ки 12 августи соли 1949 дар Женева ба имзо расидааст ва мутобики меъёрхои аз тарафи умум эътирофгардидаи хукукибайналмилали нигохубин карда мешаванд. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

Нигохубин ва ободонии мазорхои харбиён, ки дар каламрави чумхури вокеанд, ба зиммаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва чамоатхост. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

Мазорхои вокеи каламрави давлатхои дигар аз руи тартиби дар карордоду созишномахои-байнидавлати муайянгардида нигохубин ва обо­ду маъмур карда мешаванд.

Моддан 11. Эхтиёт кардани мазорхои харбиён

Бо максади эхтиёт кардани мазорхои харбиён макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар махалли вокеъ гардидани онхо бо тартиби муай­янкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон минтакахои посбонишаванда мукаррар менамоянд. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

Мазорхои ошкоргардидаи харбиён то халлу фасл шудани масъалаи ба кайди давлати гирифтани онхо мувофики талабхои хамин Конун хифз карда мешаванд.

Лоихахои ба накша гирифтан, сохтан ва навсозии шахру махалхои дигар, иншоотхои бинокори бо назардошти хифзи мазорхои харбиён тартиб дода мешаванд.

Корхои заминкани, сохтмон, рохсози ва гайра, ки дар натичаи онхо мазорхои чарбиён осеб дида метавонанд, танхо бо мувофикаи макотмоти махаллии хокимияти ичроия ва макомоти идораи харби ба чо оварда мешаванд.

Моддаи 12. Баркарор кардани мазорхои харбиён

Мазорхои харобгардидаи харбиён, объекту иншоотхои ёдбуде, ки хотираи шахрвандони хангоми мухофизати Ватан халокшударо човидон мегардонанд, аз тарафи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати баркарор карда мешаванд. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

 

БОБИ 3.

КОРХОИ ЧУСТУЧУИ

 

Моддаи 13. Ташкили корхои чустучуи

Корхои чустучуиро иттиходияхои чамъияти, макомоти хокимияти давлатии ба ин корхо ваколатдоршуда бо максади дарёфтани мазорхои номаълуми харбиён ва осори часадхои гурнашуда, мукаррар кар­дани номи шахидон ё худ бедаракшудагон ба чо меоваранд.

Моддаи 14. Тартиби ичрои корхои чустучуи

Корхои чустучуи дар каламрави чумхури аз руи тартиби дар хамин Конун муайянгардида ва санадхои дигари конунгузории Чумхурии Точикистон ба чо оварда мешаванд.

Корхои чустучуи дар хоки давлатхои дигар бо тартиби муайянкардаи карордодхои (созишномахои) байнидавлатии Чумхурии Точикистон ба сомон расонида мешаванд.

Моддаи 15. Тартиби сарукордори бо объектхое, ки дар рафти корхои чустучуи ёфт шудаанд

Часади шахидоне, ки дар рафти корхои чустучуи ёфт шудаанд, мувофики моддаи 9-уми хамин Конун ба хоксупурда, мазорхои ёфтгардидаи пештар номаълуми харбиён баъди тадкик намудан, ба хисоб гирифтан ва кайд кардан аз тарафи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бо иштироки кисмхои харбии вокеи ин ё он каламрав ободу маъмур карда мешаванд. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

Аслиха, хуччат ва молу мулки дигари ёфташудаи шахидон санад карда, ба макомоти идораи харбии махалли дарёфти онхо барои тадкику омузиш ва бакайдгири супурда мешаванд. Дар ин хол хуччат, чизхои шахси ва мукофотхои шахидонро ба хешовандони онхо ё ба осорхона ва аслихаи оташфишонро ба макомоти корхои дохили медиханд. Силохи оташфишон ва силохи дигарро баъди барои истифодаи чанги корнооям кардани онхо метавон барои намоиш ба осорхона супурд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1142)

Дар бораи пайдо кардани чизхое, ки хавфи таркидан доранд, зуд ба макомоти идораи харби хабар дода мешавад, ки онхо бо тартиби мукарраргардида барои безарар ё несту нобуд кардани онхо чора мебинанд.

БОБИ 4

МАКОМОТИ ИДОРАИ ДАВЛАТИИ АНЧОМДИХАНДАИ КОРИ ЧОВИДОНСОЗИИ ХОТИРАИ ШАХРВАНДОНИ ХАНГОМИ МУХОФИЗАТИ ВАТАН ХАЛОКШУДА ВА ВАКОЛАТХОИ ОНХО

Моддаи 16. Макомоти идораи давлатии анчомдихандаи кори човидонсозии хотираи

                       шахрвандони хангоми мухофизати Ватан халокшуда

Рохбарии кори човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд, ба зиммаи Хукумати Чумхурии Точикистон гузошта мешавад.

Кори човидон сохтани хотираи шахрвандонеро, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд, Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикис­тон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ва Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон, хамчунин макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва чамоатхо ташкил карда, ба чо мебаранд. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

Моддаи 17. Ваколатхои макомоти анчомдихандаи кори човидонсозии хотираи шахрвандони

                      хангоми мухофизати Ватан халокшуда

Хукумати Чумхурии Точикистон:

ба кори човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хамгоми мухофизати Ватам халок гардидаанд, рохбари менамояд;

барномаи даалати, санадхои меъёрию хукуки ва хуччатхои дигарро, ки дар асоси онхо тадбирхои човидон сохтани хотираи шахидон андешида мешаванд, тартиб медихад, барои ин тадбирхо чудо кардани маблагро муайян менамояд;

таклифу пешниходи шахрвандон, макомоти махаллии хокимияти давлати, иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои диниро оид ба масъалахои човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд, барраси менамояд ва дар рохи ичрои онхо тадбирхо меандешад;

бо давлатхои дигар оиди нигохубин ва ободонии мазорхои харбиён хамкори мекунад, лоихаи карордоду созмшномахоро оиди статуси мазорхои харбиён ва човидон гардонидани хотираи шахрвандоне, ки дар хоки давлатхои дигар дафн шудаанд, манзури баррасии Президенти Чумхурии Точикистон менамояд; (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

аз як марказ ба кайд гирифтан ва тартиб додани хуччати мазорхои харбиёнеро, ки хангоми мухофизати Ватан халок шудаанд, аз чумла мазорхои вокеи каламрави давлатхои дигарро ташкил мекунад;

ба корхои нашри китоби Ёдбуд рохбари мекунад.

Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон:

накшаю барномахои кори ёдбуди харбиро тартиб медихад;

мазорхои харбиён ва низомиёни халокшударо ба кайд мегирад;

тадбирхои ба рох мондани кори чустучуи ва тартиб додани хуччати мазорхои харбиёнро танзим мегардонад;

дархости шахрвандонро оиди муайян кардани кисмати сарбозони хеши бедаракшудаи онхо барраси менамояд, дар тахияи лоихаи созишномахои байналхалки оиди статуси мазорхои харбиён, тартиби ба чо овардани корхои чустучуи дар каламрави ин давлатхо, дар ташкили тар­тиби корнамоии хизматчиёни харби, ки хангоми мухофизати Ватан халок шудаанд, дар дафни часади хизматчиёни харби иштирок мекунад;

дар тахияи маводи китобхои Ёдбуд иштирок менамояд, тартиби дар системаи Вазорат нашр кардани китобхои Ёдбудро муайян мекунад.

Макомоти махаллии идораи харби:

дар корхои дафни (аз нав ба хок супурдани) часади мухофизони Ватан ширкат меварзанд;

ба макомоти махаллии хокимияти давлати, иттиходияхои чамъияти дар корхои чустучуи ва дафни (аз нав ба хок супурдани) осори часадхои шахидон ва ободу маъмур сохтани мазори харбиён кумаки амали мерасонанд; (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

силох, техникаи харби ва воситахои дигари моддиро, ки дар рафти корхои чустучуи ёфт шудаанд, кабул карда, хуччат тартиб медиханд, онхоро тахкик менамоянд, ба хисоб мегиранд ва минбаъд истифода шудани онхоро месанчанд;

барои мукаррар кардани маълумоти оид ба шахидон ва бедакашудагон кор мебаранд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон;

кормандони халокгардидаи худро ба кайд мегирад;

дар мукаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон иштирок мекунад;

тартиби нашри китобхои Ёдбудро дар системаи Кумита муайян мекунад. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон:

хангоми корхои чустучуи тартиботи чамъиятиро таъмин менамояд;

аслихаи оташфишонро, ки дар рафти корхои чустучуи ёфт шудааст, бо тартиби мукарраргардида кабул карда мегирад;

хизматчиёни харбии халокгардидаи кушуни дохили, аскарони катори ва сардорони халокшудаи макомоти корхои дохилиро ба кайд мегирад;

дар мукаррар кардани маълумоти оид ба бедаракшудагон ширкат менамояд;

тартиби нашри китобхои Ёдбудро дар системаи Вазорат муайян менамояд.

Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон:

лоихаи карордоду созишномахои байнидавлатии эхтиёт ва ободу маъмур кардани мазорхои харбиёнро дар каламрави давлатхои дигар тартиб медихад ва дар амали гардонидани ин карордоду созишномахо иштирок менамояд;

барои мукаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон дар рафти мухорибахо, чангхои мусаллахона ва хангоми ичрои вазифаи харби (хизмати) дар хоки давлатхои дигар тадбирхо меандешад ва оиди мазорхои харбиён дар каламрави давлатхои дигар хуччат тартиб меди­хад;

бо ташкилотхои дахлдори давлатхое, ки дар каламрави онхо мазорхои харбиён вокеъ гардидаанд, масъалахои дар мазорхо рост кар­дани нишонхои ёдбуд, хамчунин масъалахои маъмуру обод сохтани онхоро мувофика менамояд;

тартиби аз тарафи хешовандон зиёрат кардани мазорхои харбиёнро, ки дар хоки давлатхои дигар шахид гаштаанд, танзим менамояд;

тартиби ба зиёрати мазори шахрвандони давлатхои дигар, ки дар ка­ламрави Чумхурии Точикистон халокшудаанд (вафот кардаанд), омадани хешовандони онхоро мукаррар мекунад.

Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон: (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

барои чопи китобхои Ёдбуд заминаи табъу нашр мухайё мекунад;

таблигу таргиби корнамоии шахрвандонеро, ки хангоми мухофизти Ватан халок гардидаанд, ба рох мемонад, машри руйхати шахидон (бедаракшудагон)-ро, ки дар рафти корхои чустучуи ёфт шудаанд, ба­рои воситахои ахбори омма тахия менамояд; (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

гузаронидани тадбиру чорабинихоро барои човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок шудаанд, ташкил мекунад;

дар сохтмони мучассамаву ёдбудхо, ташкили намоишу экспозитсияхои осорхонахо, дар ободу маъмур, гардонидани гирду атрофи мазорхои харбиён, навсозии сангу мучассамаи мазор, таснифу тартиб додани хуччати мазорхои харбиён ширкат менамояд.

Макомоти махаллии хокимияти давлати ва чамоатхо:

барномахои човидон сохтани хотираи шахрвандонро, ки хангоми мухофизати Ватан халок шудаанд, ба накша мегиранд ва амали мегардонанд;

барои нигохубин ва ободону маъмур кардани мазорхои харбиён, иншооту объектхои ёдбуди вокеи каламравашон, ки хотираи шахрвандони хангоми мухофизати Ватан халокшударо човидон мегардонанд, тадбирхо андешида, амали месозанд;

хуччати мазорхои харбиёнро тартиб медиханд ва онхоро ба кайд мегиранд;

иттиходияхои чамъиятиро барои корхои чустучуи чалб менамоянд;

бо ташкилотхои давлатхои дигар барои эхтиёт ва ободу маъмур кардани мазорхои харбиён алока мукаррар намуда, хамкори мекунанд;

барои мазорхои нави харбиён замини эхтиёти чудо менамоянд;

ба нашри китобхои махаллии Ёдбуд рохбари мекунанд.

БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 18. Таъминоти молияви ва моддию техникии тадбирхои човидонгардонии хотираи

                       шахрвандони хангоми мухофизати Ватан халокшуда

Харочоти тадбирхои човидон гардонидани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок шудаанд, аз чумла харочоти ободу маъмур кардани минтакаю иншоотхои чудогонае, ки таърихан бо корнамоии мухофизони Ватан алокаманданд, хамчунин харочоти ташкили намоишхо ва тадбирхои дигар аз хисоби бучетхои махалли, фондхои гайрибучети, инчунин аз хисоби сахмияи ихтиёри ва хайрияи шахсони вокеи ва хукуки буда метавонад. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

Барои харочоти чорабинихое, ки Хукумати Чумхурии Точикистон бахри човидон сохтани хотираи шахидони рохи Ватан меандешад, маблаг аз бучети чумхури чудо карда мешавад.

Барои нигохубин ва ободу маъмур кардани мазорхои харбиён, ки дар хоки давлатхои дигар вокеанд, маблаг дар асоси карордоду созишномахои байнидавлати харч карда мешавад.

Тартиби таъминоти моддию техникии бо хамин Конун пешбинишудаи тадбирхои човидон сохтани хотираи шахрвандоне, ки хангоми мухофизати Ватан халок гардидаанд, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 19. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ аз 25.03.11с., №712)

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                  Эмомали Рахмонов

 

ш. Душанбе, 7 апрели соли 1995

№61

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …