Главная / Гуногун / Чон пайванд

Чон пайванд

 

Аввали мохи июли соли чори хафтаномаи “Адабиёт в санъат” хабари хуш расонд. Руйхати адибонеро ки ба Чоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айни мушараф гаштаанд дарч гардид ва дар байни онхо номи Мирзо Шукурзодаро хондам. Аз ин муждаи нек табъам шукуфт. Диламро хисси шодмоние фаро гирифт. Албатта, ин сабаб дошт. Чанде пеш Мирзо Шукурзода китоби “Чонпайванд”-ро бо соядаст ба ман тухфа карда буд: “Эхдо барои каламкаши пуркор ва сохибном, чаноби Шералии Мусо:

         Шерали Мусо ба чон пайванд бош,

         Арчманди, беш аз ин арчманд бош!

Мирзо Шукурзода – муаллифи “Чонпайванд”.

5 апрели соли 2007”.

Ин тухфаест бароям бебахо!

Ва чунин тухфаро инсони дорои дили сафед карда метавонад. Ин аст, ки гуфтаи устод Фазлиддин Мухаммадиев ба ёдам омад: “Хислати одам ба дилаш мувофик мешудааст. Дил сафед бошад, даст кушод, назар баланд мешудааст. Дигар гап не. Ба халк хар кадар зиёд бахши, ба худат хамон кадар зиёдтар мемонад”.

Китобро на танхо бо шавку лаззат, балки бо андух ва дарду алам хондам. Ва хамзамон фармудаи Президенти кишвар, Мухтарам Эмомали Рахмон ба ёдам омад: “Мо бояд аз таърих шуъла бардорем, на хокистар…”.

Бархак, китоби “Чонпайванд” шуълаест, ки муаллиф аз андешахо, бардоштхо ва мушохидахои чандинсола барафрухтааст. Ва хушбахтона, дар он ормон, иддао ва талабу таманнои худро дарёфтам. Ба фикри ман сири аз тарафи хонандагон хуш пазируфта шудани китоб хам дар хамин аст.

Ин сатрхоро менигораму андешахоям ба гузашта мераванд. Оре, хамеша фикру хаёл инсонро ба олами бекаронаи хотирахои дуру наздик мебаранд. Ман дер боз бо Мирзо Шукурзода дусти дорам. Чашмони мехрбор, ситораи гарми ин марди кадбаланди хушчехра аз маънии хаёти у шаходат медихад. Нихоят хоксор, хеле камгап ва ботамкин аст. Илова бар ин вай фардест накукору накурафтор ва шарики гаму шодии дустон. Борхо аз мехрубонию маслихатхои у бархурдор гаштаам. Мирзо Шукурзода аввал чун рузноманигор ва очеркнависи хакикатчуй ва хакикатнигор маълум гашт. Эчодиёти рангину намакинаш пур аз масоили доги рузанд. Аслан вай хеле кам менависад. Бештар дар чустучуст. Аз ин ру дар ин рох у рахгум намезанад. Бад-ин минвол конуни пайвандгари вайрон намешавад. Андешахо халка ба халка бамаъни пайванд мегардад. Адиб дар офариниш худро озод эхсос мекунад. Зеро такя ба ирода ва рухи баланд дорад. Аз мачмуа ба мачмуа пеш мерафт, ба барорхои эчоди сохиб мегардид, азми куллахои нав мекард. Комёбихои у бошад, мо, дустонро шоду мамнун менамуд.

Лоики зикр аст, ки сахми Мирзо Шукурзода дар инкишофи жанри як кадар костаи публитсистикаи адабиёти точик кам нест. Гузашта аз ин у тавонист хеле мохирона публитсистикаро бо бадеият биёмезад. Ин омезиш забони осорашро рангин ва хотирнишин сохтааст. Очерку эссе ва рисолахои Мирзо Шукурзода – “Рухи бешикаст”, “Теги чонбахш”, “Сангнавишт”, “Шодие дар дилхо” далели ин гуфтахоянд.

Боиси хушнудист, ки баътар Мирзо Шукурзода ба эчоди шеър шуруъ намуд. Хамзамон ба тахкику пажухишхои илми камар баст. Ва дар хамаи ин чодахо ба комёбихои чашмгире даст ёфтааст.

У то ки ба куллаи максуд бирасад, ранчу азоби зиёдеро аз сар мегузаронад, вале ба хамаи он токат мекунад. Вай медонад, ки бе азоб ба кулла баромада наметавонад ва пайрохаи осонро намеписандад. Гизои модиро як су гузошта, хамеша аз паи серии акл кушидааст.

Соиби Исфахонии Табрези:

          “Умрхо бояд, ки то як кудаке аз руи завк

          Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан”.

“Олим шудан осон, одам шудан мушкил”. Ин зарбулмасали халки фаровон истифода мешавад. Дар саволу чавобхои Нушервони Одил ва Бузургмехр омадааст: “Кадом кас аст, ки хар чо, ки равад, уро дуст доранд?”. “Сохиби илму адаб”.

Хамин илму адаб буд, ки у осори пурбахое офарид. Ва ин осораш на танхо дар диёри мо, балки дар кишвархои Эрону Покистон низ ба нашр расида, мавриди тахкик ва тахлил карор гирифт. Аммо худи у тагйир наёфт. То кунун бо ман чун дуст ва бародар муносибат мекунад.

Мачмуаи “Чонпайванд” бисту ду маколаи бузургхачми илми ва пажухиширо дар бар дорад. Аввалан, унвони маколот ва забони онхо низ зебову шоиронаанд. Сониян, хар яке хеле нозук ва мушикофона таълиф шуда, мантики кави доранд. Дигар хел шуданаш хам мумкин нест. Зеро мавзуи тахкики муаллиф тахриф ва сахлангориро намепазирад. Наметавонад дуруг занад, сиёхро сафед маънидод кунад. Бояд хакикатро навишт ва масъулиятро шинохт.

Вале чи мушкил аст ин!

Бале, мушкил агар эътимод набошад. Ва Нависандаи халкии Точикистон Саттор Турсун чи хак менависад: “Махаки ростини садокат ба Ватанро танхо аз магзи эътимод меёби”.

Бале, дар синаи Мирзо Шукурзода диле саршор аз ишк ба механ метапад!

Ва китоби “Чонпайванд”, ки бо амри вичдон офарида шудааст, нишони садокатмандию механпарастист. Ман ин китоби пурарзишро на танхо бехтарин публитсистикаи точик, балки бехтарин осори илми дар риштаи робиташиноси махсуб медонам. Хеч ягон руйдоди ин олам берун аз конуни фалсафа – сабаб ва натича – рух намедихад. Нигоштаи муаллиф хам бесабаб нест. Хам хадаф ва хам мухотаб дорад.

Миллати точик душворихои зиёдеро аз сар гузаронид. Ба мулки точикон кихое, ки лашкар накашид – Искандари Макдуни, Арабхо, Чингизхон, Турку Темур ва бисёр кавмхои торочгару харобкор. Хамаи онхо як максад доштанд: куштану сухтану бурдан ва миллати точикро нобуд кардан. Муаллиф хам дар маколаи “Ман дигарам? Ту дигари?” менависад: “…Дар вазорат ва идорахо борхо пурсидаанд, ки банда “форсиро кучо ёд дорам”. Посух медихам, ки: “Ман точикистониям ва забони модарии мо форсист”.

– Ох-хо, шумо моли мо будед як замоне!

На бародарони фаромушкор! Мо ба хеч сурат яке моли дигаре набудем дар дарозои таърих, факат сарнавишти нахс баробари мил кашидан ба чашмони Рудаки моро низ бебасорат ва як калби вохидро чандин кисмат кард, ки на факат макони худро аз ёд бурдем, балки номи худро аз ёд бурдем. Теги Темур ва Чингиз на факат чисми мо, хатто хофизаи таърихии моро абгор ва захми намуд, ки хануз хам ниёз ба дармони онро дорем…”.

Имруз хам хастанд чунин сияхдилон ва бадниятону бадкирдорон. Мухотаби муаллиф ана хаминхоянд. Ва боз онхое хастанд, ки мехоханд, хамбастагии форсизабононро халалдор кунанд. Миёни онхо хисорхои оханин эчод намоянд. Хадафи у поку беолоиш нигох доштани забони модари, хифзи асолати фархангу тамаддуни ориёи, гиромидошти осори милли ва мукаддас доштани ватани ачдоди мебошад.

Ин нияти хеле нек аст. Нияти нек ними давлат. Аз ин ру хар касе, ки ватани худро, миллати худро, гузаштаву имрузаву ояндаи худро дуст медорад, бояд ин китобро мутолиа бикунад.

Бале, “Чонпайванд” китобест, ки бояд хама хонад!

Суханро эъчоз мегуянд. Рост аст. Вале сехри калами Мирзо Шукурзода ин эчозро тахти равон мебахшад. Ва хар як навиштааш дили хонандаро ба хуруш меорад. Зеро ба кавли Шоири халкии Точикистон Сафармухаммад Айюби:

            “…Чун хакикат талху ширинам,

            Чун садокат софу рангинам.

            Чун рафокат сахту сангинам,

            Ростипарварду бекинам.

            Чун мухаббат поку чаззобам…”.

Ва боз мухимтар он аст, ки адиб бо хуни дил навишта, фарёди синасуз аз чигар кашида, бо забони дилу чон сухан меронад. Ва туро дар ту эхё мекунад. Ва ба худи ту мешиносонад. Туро дар ту ба харакат меорад. Ва ба куллаи Помир, куллаи худшиноси ва нангу номус мебарад. Бале, мебарад, то ки ту:

Якум – Ба осмону ахтарон дар гуфтугу боши ва ба чахон бинигари;

Дуюм – Ба умки ин мисрахо бираси:

            “Точику эрониву афгон чаро,

            Мо дар ин дунё, ки аз як модарем?”.

Сеюм – Забони модарии худро, ки забони шеър аст, забони завк аст, забони дил аст, забони рух аст пок бидори;

Чорум – Бо Абуабдуллохи Рудаки ва Хофизи Шерози хамсафар бишави;

Панчум – Дустро аз душман чудо карда тавони;

Шашум – Аз дил кинаро дур намуда, синаро аз бугзу хасад пок бисози.

Дили Мирзо Шукурзода барои миллат месузад, чони у барои миллат дард мекашад. Аз ин руст, ки талошхои у дар ин бобат барабас нарафтанд. Ва хар як рисолаи китоб арзиши асари адабии чудогонаеро молик аст. Шоир дар ин маврид бачо гуфта:

            “Ба манзил расид он, ки пуянда буд,

            Бехи ёфт он кас, ки чуянда буд”.

Бе ягон мухобот китоби “Чонпайванд” пайвандгари чонхои бедор мебошад. Ва талоши муаллиф талоши равшангари, талоши бедоргари ва кудратзост. Ин хеле ва хеле хуб аст. Зеро ба фармудаи худои газал ва орифи тавонои порс, бо неруи иттиход ва хамбастаги метавон хама гуна орзу ва макосиди олиро бароварда кард:

     “Хуснат ба иттифоки малохат чахон гирифт,

     Оре, ба иттифок чахон метавон гирифт!”.

Мехохам, ки хамаи мардуми мо дар хаёт низ чунин бошанд ва аз гуфтору пиндор ва рафтори мо чахониён ибрат гиранд. Ба гуфти Хилолии бузург:

          “Ба хар коре, ки химмат баста гардад,

          Агар хоре бувад, гулдаста гардад”.

15 июли соли 2007

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …