Главная / Илм / Чойкахак дар Канзи Шифо (Китоб)

Чойкахак дар Канзи Шифо (Китоб)

choikahakЧойкахак (русс. Зверобой) — Ин гиёх асосан дар се намуд меруяд, ки барои табобат истифода мегарданд. Харсеро хам тухмаш ба чав монанд аст. Як кисмро баландии пояаш як вачаб ва зиёдтар аз он хам хаст. Баргаш монанди барги говкафонак, бисёр сурх, гулаш сафед ва монанди гули шибит чатри, буяш ба буйи санавбар шабохат дорад. Тухмаш дар гилоф, сиёхи дарозак ва монанди чав ва кулула хам. Ин дар заминхои сахт ва чохои нокорам меруяд. Тухмаш аз тухми навъхои дигараш кавитар мебошад. Кувваташ то дах сол боки мемонад.

Мизочи ин навъаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст, вале баъзехо гуфтаанд, ки хушкиаш аз гармии он зиёдтар мебошад. Хислатхои шифобахши он: ошомидани он кузоз (столбняк)-ро шифо мебахшад, гиреххои чигар, меъда ва рудахоро мекушояд, пешоб ва хайзро равон мекунад ва моддахои ракики сафроро бо исхол дафъ менамояд. Инро занхо аз таг бардоранд низ, пешоб ва хайзи бандшударо равон мекунад.

Барги чойкахакро дар об чушонида, он обро бо шароб биёшоманд ё усораи он, яъне обашро дар офтоб гафс гардонида, чил руз пайи хам бинушанд, дарди суринхо, иркуннасо (радикулит) ва никрис (подагра)-ро дафъ мекунад.

Хар руз 1,75 грамм тухмашро куфта, бо шахдоб биёшоманд, иркуннасоро дафъ мекунад. Ин микдор тухми онро бо ним вазни он судоб биёшоманд, таби дуруздармиёнро шифо мебахшад. Баргашро куфта, гузошта банданд, чарохатхои калонро аз риму чирк пок мекунад ва дахани онхоро ба хам оварда сихат мебахшад, решхои хабиса ва сухтагии оташро сихат мекунад.

Тухми чойкахакро куфта бипошанд, захмхои варамида ва бадбуйро пок мегардонад. Ба чойи ин тухми шибит ва арпабодиёнро ба кор баранд, раво мебошад. Хислаткои тиббии решааш монанди решаи кавар аст.

Чойкахаки кисми дувумро гиёхаш бузургтар аз алафи навъи якум аст, шоххояш бисёртар, баргаш ба андозаи барги наъноъ, пуршох ва рост, пояаш сурх, гулаш зард. Тухмаш монанди кукнор дар гилофе, руяш хатхо дорад, буяш монанди шилми санавбар аст.

Мизочаш дар охири дарачаи дувум гарм ва хушк мебошад. Хислатхои шифобахши он: 7 грамм тухмашро бо оби хунук бихуранд, сафрои гализро бо исхол дафъ мекунад. Хусусияти ин дар хама чихат монанди кисми якумаш мебошад. Тухми инро дар шароб чушонида, он шаробро бимоланд, чарохатхои калонро шифо мебахшад. Гиёхашро куфта гузошта банданд, сухтагии оташро ба ибро меоварад.

Кисми севумро алафаш баландтар назар ба гиёхи кисми якум аст, вале хурдтар аз кисми дувум, ин бисёр сурх, шоххояш анбухтар, баргаш сербар, монанди барги судоб, яъне ба андозаи барги наъноъ, бисёр, гулаш зард ва буяш монанди кисми аввала аст. Мизочаш дар гарми ва хушки аз кисми якум камтар мебошад.

choikahak-2-264x300Хислатхои шифобахши Чойкахак:    инро бихуранд, рутубатхои зиёдатии меъдаро бо исхол дафъ мекунад ва тарии онро хушк менамояд. Ин дар хамаи чихатхои тибби кавитар аз кисмхои якум ва дувум аст. 7 грамм гиёхи хушки онро куфта, бо оби хунук биёшоманд, сафрои гализро бо исхол дафъ мекунад, меъдаро кави мегардонад; фолич, иркуннасо (радикулит) ва душвории шошиданро сихат мебахшад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, бачаро аз шиками занони хомила меафтонад, хайзи бастаро мекушояд, рухсораро сурх месозад, бар зидди хамаи захрхо тарёк мешавад; барои иллатхои истиско, кулинч (колит) ва таби дуруздармиёнгиранда дору мешавад. Чойкахакро куфта, бо равгани зайтун даромехта бимоланд, фоличро, ки гардани бемораш ба пушт хамида бошад, шифо мебахшад. Агар худи инро куфта бимоланд, доги сафеди пуст, доги кунчидак ва хамаи дигар догхои пустро дафъ мекунад; бавосир ва дарди луккосии пайвандхоро ба ибро меоварад, захмхоро сихат мебахшад.

Вале хурдани Чойкахак одамони гарммизочро дарди сар мекунад, давои ин зарараш сиркоасал (сиканчабин) хурдан аст. Микдори як бор хурдан аз он дар як руз то 3,5 грамм аст. Хар як кисми чойкахакро ба чойи дигараш исгеъмол фармоянд, раво мебошад. Инчунин ба чойи ин гиёх баробари нисфи вазни он решаи каварро истифода баранд, чоиз аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …