Главная / Чамъият / Чойи пардохти музди мехнат

Чойи пардохти музди мехнат

Моддаи 160-и Кодекси Мехнат. Чойи пардохти музди мехнат

  1. Музди мехнат ба корманд бевосита дар чойи кор (дар ташкилот) пардохт карда мешавад.
  2. Агар корманд дар рузи дода шудани музди мехнат супориши корфарморо дар чойи дигар ичро намояд (дар ташкилоти фармоишгар, сафари хизмати, дар курсхои такмили ихтисос ва монанди онхо), он гох бо хохиши корманд корфармо бояд аз хисоби худ ба у музди мехнаташро равон кунад ё маблагро бо розигии корманд ба шахсони бовариноки у супорад.
  3. Бо хохиши корманд музди мехнат пурра ё кисман ба суратхисоби бонкии у гузаронида мешавад.
  4. Музди мехнат мумкин аст тарики кортхои бонки пардохт карда шавад. Барои чунин хизматрасони аз корманд маблаг ситонида намешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …