Главная / Чамъият / Cистемаи ичрои чазои чинояти

Cистемаи ичрои чазои чинояти

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи системаи ичрои чазои чинояти 

(Ахбори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2004, №7, мод. 458; соли 2006, №3, мод. 149; соли 2007, №7, мод. 662, соли 2008, №6, мод. 451; с. 2012, №4, мод. 253, №8, мод. 820;

Конуни ЧТ аз 15.03.2016 с., №1288)

Мачлиси намояндагон 23-юми июни соли 2004 кабул кардааст

Мачлиси милли 8-уми июли соли 2004 чонибдори намудааст  

Конуни мазкур вазифахо, принсипхо, самтхои асосии фаъолият ва хусусиятхои вазъи хукукии макоми чумхурияви, макому муассисахои системаи ичрои чазои чинояти ва кормандони онхоро муйян менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

-системаи ичрои чазои чинояти – макомот ва муассисахои давлатии махсуси Чумхурии Точикистон, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ичрои чазои чиноятиро таъмин менамоянд;

-муассисаи ислохи – макомоти системаи ичрои чазои чинояти, ки дар шакли ташкилию хукукии муассиса таъсис дода шуда, чазои чиноятиро дар шакли махрум сохтан аз озоди ичро менамояд;

шароитхои махсуси адои хизмат – хизмат дар муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чиноятие, ки дар махалхои дурдаст, махалхои шароити обу хавояш вазнин ва номусоид вокеъ гардидаанд, кор дар муассисахое, ки махкумшудагони гирифтори касалихои сирояткунанда ва харобии рухи адои чазо менамоянд, кор дар давраи низоми шароити пурзури адои хизмат;

-вохидхои асосии сохтории системаи ичрои чазои чинояти – муассисахои ислохи, изоляторхои (тавкифгоххои) тафтишоти, марказхои ислохи (табъидгоххо), нозироти корхои ислохи;

-хайати кормандони системаи ичрои чазои чинояти – хамаи шахсоне, ки дар муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти хизмат ё кор мекунанд;

-макомоти чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти – Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон буда, ичрои конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукиро оид ба фаъолияти системаи ичрои чазои чинояти ташкил ва таъмин мекунад; (К ЧТаз 16.04.2012с., №803)

-худуди посбонишавандаи муассиса – худуди девор кашидашудае, ки дар он чо низоми хукукии мукарраркардаи конунгузории ичрои чазои чинояти амал мекунад;

-худуди муассиса – худуди хифзшавандаи муассиса, аз чумла хадди ба он пайвастшаванда, ки онро макомоти махаллии хокимияти давлати муайян намуда, дар он мувофики санадхои меъёрии хукуки низоми махсуси хукуки мукаррар карда мешавад;

-хизмат дар системаи ичрои чазои чинояти – намуди махсуси хизмати давлати мебошад, ки он барои ба амал баровардани вазифахои давлати оид ба ислохи махкумшудагон, мусоидат ба баргаштани онхо ба чомеа, муваффакшави ба офиятёбии ичтимоии онхо таъин гардидааст ва дар мавридхои мукарраркардаи конунгузори ба он ваколати ба кор бурдани кувваи чисмони, воситахои махсус ва яроки оташфишон дода шудааст;

-марказхои ислохи (табъидгоххо) – муассисахои махсуси системаи ичрои чазои чинояти, ки дар шакли ташкилию хукукии муассиса таъсис дода шуда, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон чазоро дар намуди махдуд намудани озоди ичро менамоянд;

-нозироти корхои ислохи – макомоти системаи ичрои чазои чинояти, ки дар шакли ташкилию хукукии муассиса таъсис дода шуда, мувофики конунгузории ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон чазоро, ки ба чудо нигахдории махкумшуда аз чомеа алокаманд нест, инчунин дигар чорахои таъсиррасонии хукукиро ичро менамояд;

-низоми шароити пурзури адои хизмат – ташкили кори хайати кормандони вохидхои сохтории системаи ичрои чазои чинояти хангоми ба вучуд омадани холати фавкулодда, ё хангоми тахдиди пайдо шудани хамин гуна холат, ба мухлати барои бартараф кардани окибатхо зарур, ки давомнокии нихоии он бо санадхои меъёрии хукуки муайян карда мешавад. Намуди пурзури адои хизмат барои кормандон махдудиятхоеро, ки конун муайян кардааст, метавонад дар бар гирад;

-кисми харби – вохидхои харбие,ки дидбони, назорат ва посбони карда бурдани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, махбусонро дар макомот, муассисахо ва вохидхои сохтории системаи ичрои чазои чинояти таъмин менамоянд.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи системаи ичрои чазои чинояти

Конунгузори дар бораи системаи ичрои чазои чинояти ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон, хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипхои фаъолияти системаи ичрои чазои чинояти

Фаъолияти системаи ичрои чазои чинояти ба принсипхои зерин асос меёбад:

-конуният ва адолати ичтимои;

-хифз ва таъмини хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

-башардусти, ошкоро ва дастрас будан.

 

Моддаи 4. Вазифахои Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон

Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ба макоми чумхурияви, макомоту муассисахои системаи ичрои чазои чинояти рохбари намуда, вобаста ба он вазифахои зерин дорад:

-тибки тартиби мукарраргардида ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти таклиф пешниход мекунад;

-тахия ва амали намудани барномаи таракки, мустахкамкуни ва такмилдихии системаи ичрои чазои чинояти;

муайн ва дар амал татбик намудани тартиб ва тарзу усулхои гузаронидани тахлили хавфхои коррупсия дар макомоти системаи ичрои чазои чинояти (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1288);

-таъмини фаъолияти макоми чумхурияви ва макомоту муассисахои системаи ичрои чазои чинояти бо ахбороти зарури;

-ташкили баррасии пешниходот, аризахо ва шикоятхои шахрвандон ва дидани чорахо оид ба бархамдихии камбудихои дар ташкили кори макомоту муассисахои системаи ичрои чазои чинояти.

 

Моддаи 5. Ваколатхои Вазири адлияи Чумхурии Точикистон

Вазири адлияи Чумхурии Точикистон нисбат ба макоми чумхурияви, макомоту муассисахои системаи ичрои чазои чинояти ваколатхои зерин дорад:

-ба макомоти адлия рохбари намуда, барои ичрои вазифахои ба зиммаи макомоти адлия гузошташуда, чавобгарии шахси дорад;

-дар мувофика бо Прокурори генералии Чумхурии Точикистон низоми шароити махсусро чори мекунад;

-ба Хукумати Чумхурии Точикистон барои ба вазифаи муовини вазир – сардори Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон таъин намудан ва аз вазифа озод намудан номзад пешниход менамояд;

-муовинони сардори Сарраёсати мазкур, командирони кисмхои харби, муовинони онхо, сармухосиб, сардорони муассисахои ислохиро бо пешниходи сардори Раёсати корхои ислохи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад; (К ЧТаз 16.04.2012с., №803)

-рутбахои махсусро, то рутбаи полковник, медихад.

 

Моддаи 6. Хамкории макомот ва муассисахои системаи ичрои чазои чинояти бо макомоти хокимияти давлати, ташкилотхо, шахсони мансабдор, иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон

Макомот ва муассисахои системаи ичрои чазои чинояти хангоми ичрои вазифахои ба зиммаи  онхо гузошташуда бо макомоти хокимияти давлати, ташкилотхо, шахсони мансабдор, иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон хамкори мекунанд.

Макомоти давлати, хифзи хукук ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки муассисахо ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти дар вакти ичрои вазифахои тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба зиммаашон гузошташуда мусоидат намоянд.

 

Моддаи 7. Вазифахои системаи ичрои чазои чинояти

Вазифахои системаи ичрои чазои чинояти:

-ичро кардани чазои чинояти дар намуди корхои хатми, корхои ислохи, махдуд кардани озоди, махрум сохтан аз озоди ва чазои катл;

-таъмини тартиботи хукуки ва конуният дар муассисахое, ки адои чазои чиноятиро дар шакли махрум сохтан аз озоди ба чо меоранд, таъмини бехатарии махкумшудагон ва шахсони ба хабс гирифташуда, инчунин кормандон, шахсони мансабдор ва шахрвандони дар худуди чунин муассисахо буда;

-огохонидан, фош кардан, ошкор кардан, пешгири намудани чиноятхо ва вайронкунихои тартиботи мукарраршудаи адои чазо, ки дар муассисахои ислохи сурат мегиранд ва ё содир карда мешаванд;

-мусоидат ба фош ва ошкор намудани чиноятхое, ки махкумшудагон пеш аз ба муассисаи ислохи омадан содир кардаанд;

-хифз кардани макомот, муассисахо, ташкилотхо ва корхонахои системаи ичрои чазои чинояти;

-хифз ва посбонии махкумшудагон ва махбусон хангоми аз як чой ба чои дигар бурдани онхо;

-таъмини чудо нигох доштани махкумшудагон, назорати рафтори онхо;

-ичро кардани меъёрхои шароити нигохдошти махкумшудагон, ки Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;

-таъмини хифзи саломатии махкумшудагон;

-чалби махкумшудагон ба мехнат ва таъмини тахсилоти умуми ва инчунин таълими касбии онхо дар муассисахо дар мувофика бо вазорату идорахои дахлдор;

-таъмини фаъолияти макомот ва муассисахои системаи ичрои чазои чинояти;

-ба амал баровардани тахкики парвандахое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба салохияти макомоти системаи ичрои чазои чинояти мансуб дониста шудаанд;

-гузаронидани фаъолияти оперативи-чустучуи, инчунин мусоидат ба макомоти гузаронандаи он, барои пешгири ва ошкор намудани чиноятхо;

-тахия намудани таклифхо оид ба такмили системаи ичрои чазои чинояти;

-тайёр кардан, такмил додан ва баланд бардоштани сатхи ихтисоси кормандони системаи ичрои чазои чинояти;

-таъмини бехбудии шароити санитари – эпидемиологи ва хифзи саломатии шахсоне, ки дар муассисахои системаи ичрои чазои чинояти нигох дошта мешаванд;

-таъмини бехатарии зидди сухтор, экологи ва техногени дар системаи ичрои чазои чинояти;

-посбони кардани махкумшудагон ва шахсоне, ки ба хабс гирифта шудаанд;

-таъмини низоми шароити махсус, ки дар асоси фармони Вазири адлияи Чумхурии Точикистон бо мувофикаи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон чори карда шудааст;

-ичрои дигар вазифахое, ки ба ухдаи системаи ичрои чазои чинояти танхо тибки конун вогузошта шудаанд.

 

БОБИ 2. МАКОМОТ ВА МУАССИСАХОИ СИСТЕМАИ ИЧРОИ ЧАЗОИ ЧИНОЯТИ

 

Моддаи 8. Макомот ва муассисахои системаи ичрои чазои чинояти

Макомот ва муассисахои системаи ичрои чазои чинояти инхо мебошанд:

-макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти;

-муассисахои ислохи;

-изолятори(тавкифгохи) тафтишоти;

-марказхои ислохи (табъидгоххо);

-нозироти корхои ислохи;

-муассисахои тибби;

-корхонахое, ки барои ба амал баровардани фаъолияти истехсоли дар системаи ичрои чазои чинояти ташкил карда мешаванд;

-вохидхои харбие, ки вазифахои дидбони, назорат ва посбониро таъмин мекунанд.

 

Моддаи 9. Макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти

Макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти- Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон буда, он ичрои конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукиро оид ба фаъолияти системаи ичрои чазои чинояти таъмин мекунад. (К ЧТаз 16.04.2012с., №803)

Макомоти чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти шахси хукуки мебошад.

 

Моддаи 10. Вазифахои макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти

Вазифахои макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти иборатанд аз:

-муайян намудани стратегия, тахияи шаклхои асоси ва методхои сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон дар бораи системаи ичрои чазои чинояти, татбики онхо, инъикоси фаъолияти системаи ичрои чазои чинояти дар матбуоти даври;

-рохбари ва хамохангсозии фаъолияти вохидхои сохтори, расонидани ёрии амалию методи ва назорати онхо;

-таъмини хукуку манфиатхои шахрвандоне, ки дар вохидхои сохтории системаи ичрои чазои чинояти хизмат мекунанд;

-баррасии арзу шикоятхои махбусон;

-ташкили бахисобгирии махсуси махбусон, аз изолятори (тавкифгохи) тафтишоти ба муассисахои ислохи, ичрои авфи умуми ва бахшиши чазо;

-ташкили маблаггузори, мустахкам намудани заминаи моддию техники, тахия ва татбики барномахои такмил ва тараккиёти системаи ичрои чазои чинояти;

-бо кор таъмин намудани махбусон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мехнат ва Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон;

-татбики сиёсати кадрхо, чобачогузори, таълиму тарбия, таъмини хифзи ичтимои ва маишии онхо, ташкили омодагии касбии кормандон;

-чамъ кардан, тахлил ва санчиши маълумот дар бораи системаи ичрои чазои чинояти, чори намудани усулхои пешкадами кор, талаб намуда гирифтани маълумоти зарури аз макомоти давлати ва гайридавлати;

-ба рох мондани хамкори бо ташкилотхои давлати ва иттиходияхои чамъияти;

-амали намудани фаъолияти оперативи-чустучуи ва тахкик тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

-махдуд кардан, муваккатан катъ намудани даромадани шахрвандон ба муассисахои ислохи, изоляторхои (тавкифгоххои) тафтишоти ва тарк намудани худуди онхо дар холати низоми шароити махсус ва фавкулодда.

 

Моддаи 11. Ваколатхои сардори макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти

Сардори макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти:

-рохбарии системаи ичрои чазои чиноятиро таъмин менамояд ва оид ба ичрои вазифахо шахсан масъул мебошад;

-мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва руйхати вазифахо барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони сардори Сарраёсати ичрои чазои чинояти, командирони кисмхои низоми, муовинони онхо, сармухосиб, сардорони муассисахои ислохи ба Вазири адлияи Чумхурии Точикистон пешниходхо манзур менамояд;

-сардорони шуъбахои Сарраёсати ичрои чазои чинояти ва дигар кормандони системаи ичрои чазои чиноятиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд; (К ЧТаз 16.04.2012с., №803)

-рутбахои навбатии махсусро, то рутбаи майор, медихад;

-хавасмандгардони ва ба чазои интизоми кашидани кормандони системаи ичрои чазои чиноятиро дар асоси Низомномаи тартиби адои хизмати хайати катори ва рохбарикунандаи системаи ичрои чазои чинояти, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, амали менамояд;

-номгуи дигар вазифахои хайати катори ва рохбарикунандаи Сарраёсати ичрои чазои чинояти ва унвонхои нихоии махсуси ба онхо дахлдор, номгуи категорияхои вазифахои намунавии хайати рохбарикунандаи Раёсати корхои ислохи ва рутбахои нихоии махсуси ба онхо дахлдорро муайян менамояд; (К ЧТаз 16.04.2012с., №803)

-низомномахои вохидхои сохтории системаи ичрои чазои чиноятиро тасдик мекунад;

-системаи ичрои чазои чиноятиро дар макомоту муассисахои давлати ва дигар ташкилотхо намояндаги мекунад;

-дар асоси захирахои молиявии мавчуда ва вазифахое, ки дар назди системаи ичрои чазои чинояти истодаанд, харочотномахои муассисахо ва макомоти ичрокунандаи чазоро тасдик менамояд;

-ба маблагхое, ки барои системаи ичрои чазои чинояти аз Бучети давлати чудо карда шудаанд, бо тартиби мукарраршуда ихтиёрдори мекунад;

-кори тарбиявиро миёни хайати шахсии макомоти чумхурияви, инчунин муассисахо ва макомоти ичрои чазо, аз тарафи онхо риоя шудани интизом, конуният ва низоми махфият, тайёрии хизмати ва чангиро ташкил менамояд;

-шахрвандонро кабул мекунад, арзу шикояти онхоро барраси намуда, аз руи онхо чораандеши менамояд, аз руи ходисахои аз чониби кормандони системаи ичрои чазои чинояти вайрон кардани интизом ва конуният санчиши хизмати мегузаронад;

-мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дигар ваколатхоро ба амал мебарорад.

 

Моддаи 12. Муассисахои ислохи

Муассисахои ислохи бевосита ба макомоти чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти тобеъ буда, шахсони хукуки мебошанд ва бо тартиби пешбиникардаи конун молу мулки муассисаро сохиби, истифода ва ихтиёрдори мекунанд.

Муассисахои ислохи мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон фаъолияти оперативи-чустучуиро ба амал мебароранд. Сардорони муассисахои ислохи сардорони тахкики ибтидои мебошанд ва барои ичрои вазифа шахсан масъуланд.

Дар муассисахои ислохи метавонанд мактабхои таълими миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби, курсхо, дигар муассисахои таълими ва курсхои офиятёби таъсис дода шаванд.

 

Моддаи 13. Вазифахои муассисахои ислохи

Вазифахои муассисахои ислохи:

-таъмини адои чазо нисбати шахсоне, ки бо хукми суд ба махрум шудан аз озоди махкум карда шудаанд;

-гузаронидани корхои тарбияви дар бобати ислохшавии махбусон;

-таъмин намудани тартиботу конуният, бехатарии кормандон, шахсоне, ки дар муассисахо кор мекунанд ва махбусон;

-бо кор таъмин намудани махбусон;

-ошкор, пешгири ва фош кардани тайёри ба чиноят ва чиноятхои дар муассисахои ислохи содиршаванда ва вайрон кардани тартиби мукарраргардидаи адои чазо;

-тайёр намудани махбусон ба озодшави, хамкори бо макомоти давлати ва ташкилотхои чамъияти дар бораи бо кор ва чои истикомат таъмин намудани онхо;

-чойгиркуни ва таъмини моддию маишии махбусон;

-мустахкам намудани заминаи моддию техники;

-гузаронидани тахкики ибтидоии чиноятхое, ки аз тарафи махбусон дар муассисахои ислохи содир мешаванд;

-таъмин намудани холати санитарию эпидемиологи ва саломатии махбусон;

-таъмин намудани бехатари ва сухтор;

-хамкории фаврию тафтишоти бо дигар макомоти хифзи хукук дар пешгири ва ошкор намудани чиноятхо;

-мусоидат дар ошкор ва фош кардани чиноятхое, ки аз тарафи махбусон то омадан ба муассисахои ислохи содир шудаанд;

-таъмини гузаронидани махкумшудагон ба муассисахо ва макомоти ичрои чазо мувофики карор, хукм ва таъиноти судхо.

 

Моддаи 14. Ваколатхои сардори муассисаи ислохи

Ваколатхои сардори муассисаи ислохи:

-бо мувофикаи макоми чумхурияви барои пеш аз мухлат озод намудан ва ба низоми сабуктар иваз намудани чазо ба суд хуччатхои заруриро пешниход менамояд;

-нисбати махбусон тибки конунгузори чорабинихои таъсиррасони ва мачбуркуниро амали менамояд;

-нисбати мурочиати махбусон дар бораи риоя нагардидани хукуки онхо чорахо меандешад;

-асоси моддию техникии муассисаро мустахкам мекунад;

-ба ташкилотхои давлатию чамъияти дар бораи бо кор ва манзили истикомати таъмин намудани махбусоне, ки адои чазоро ба итмом расонидаанд, мурочиат менамояд;

-барои химояи манфиатхои конунии муассиса ба суд мурочиат менамояд;

-мувофики конунгузори ва руйхати вазифахо кормандони каториро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

-унвонхои навбатии махсусро, то рутбаи прапоршики калон, медихад;

-вазифахои касби ва накшахои шуъбахои муассисаро тасдик мекунад;

-дар макомоти давлатию чамъияти аз номи муассиса намояндаги мекунад.

 

Моддаи 15. Ваколатхои кормандони муассисахои ислохи

Ваколатхои кормандони муассисахои ислохи:

-таъмин намудани тартибот, назорати рафтори махбусон, кормандон ва шахсоне, ки дар худуди муассисахои ислохи кор мекунанд;

-сафарбар намудани махбусон ба корхои чамъиятии муассиса;

-аз махбусон талаб намудани ичрои Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон ва хукми судхо;

-чалб намудани махбусон ба корхои ободонии муассиса;

-дар доираи салохияти худ мусоидат намудан ба макомоти хифзи хукук дар бахши корхои оперативи-чустучуи;

-азназаргузарони ва кофтукови махбусон ва кормандоне, ки дар муассиса кор мекунанд, азназаргузарони ва кофтукови сарулибос ва техникаи онхо ва хангоми пайдо намудани ашёи манъшуда мусодира кардани онхо;

-бакайдгирии махбусон, аксбардори, банаворгири ва дигар амалхоро бо воситахои назорати техники анчом додан;

-азназаргузаронии тиббии махбусон бо максади муайян намудани истеъмоли машрубот, моддахои нашъадор ва психотропи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

-дар якчояги бо кормандони милитсия аз назар гузаронидани воситахои наклиёт, хуччатхои расми дар холати гузаронидани чорахои чустучуи дар мавриди фирор намудани махбусон аз муассиса ва саркаши намудани махкумшудагон аз адои чазо, дар чойхои пайдошавии тахминии онхо;

-истифодаи ройгони воситахои ахбори оммавии давлати дар чустучуи махбусоне, ки аз муассисахои ислохи фирор намудаанд;

-гузаронидани амалиётхои фаври дар чустучуи махбусони фироркарда;

-бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бемамониат дохил шудан ба ташкилоту идорахои дар гирду атрофи муассисахои ислохи чойгиршуда, ба гайр аз бинохои намояндагии дипломатии хоричи, намояндагии консулгари ва ташкилотхои байналмилалие, ки дар Чумхурии Точикистон аккредитатсия доранд, дар холати эълон гардидани низоми шароити махсус ва фавкулодда;

-дастгир намудани шахсоне, ки тартиботи чамъиятиро дар гирду атрофи муассисахои ислохи вайрон менамоянд ва азназаргузаронии онхо;

-дастгир ва ба шуъбаи корхои дохилии махалли чойгиршавии муассисаи ислохи супоридани шахсони дар каламрави муассиса хузурдошта, ки амалиёти гайриконуниро содир намудаанд ва азназаргузаронии онхо;

 

Моддаи 16. Изолятори (тавкифгохи) тафтишоти

Изолятори (тавкифгохи) тафтишоти мустакиман ба макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти тобеъ буда, шахси хукуки мебошад ва бо тартиби пешбининамудаи конунгузори молу мулки изолятори (тавкифгох) тафтишотиро сохиби, истифода ва ихтиёрдори мекунад.

 

Моддаи 17. Вазифахои изолятори (тавкифгохи) тафтишоти

Вазифахои изолятори (тавкифгохи) тафтишоти:

-нигох доштани шахсоне, ки барои содир намудани чиноят гумонбар ва айбдор дониста шудаанд;

-ичрои чазо дар намуди катл;

-таъмини ичрои чазо нисбати махбусоне, ки дар изолятори (тавкифгохи) тафтишоти барои ичрои корхои хочаги мондаанд;

-таъмини бехатарии кормандон ва шахсоне, ки дар худуди изолятори (тавкифгохи) тафтишоти кор мекунанд;

-ба кайд гирифтан, назорат ва нигохубини шахсоне, ки дар изолятори (тавкифгох) тафтишоти нигох дошта мешаванд;

-таъсиррасони чихати ислохшави ба махбусоне, ки адои чазо мекунанд;

-ташкили ичрои коидахои дохилии изолятори (тавкифгохи) тафтишоти ва пешгирии хукуквайронкуни;

-таъмини тартиботи хукуки, конуният, бехатарии кормандон, шахрвандоне, ки дар худуди изолятори (тавкифгохи) тафтишоти мебошанд, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва махбусон;

-пешгири, ошкор, фош намудан ва кушодани чиноятхое, ки дар дохили изолятори (тавкифгохи) тафтишоти тайёр ва ё содир шудаанд ва пешгири намудани вайронкунихои коидахои дохили изолятори (тавкифгохи) тафтишоти;

-мухофизати изолятори (тавкифгохи) тафтишоти;

-мустахкам намудани заминаи моддию техникии изолятори (тавкифгохи) тафтишоти;

-гузаронидани тахкики чиноятхое, ки дар худуди изолятори (тавкифгохи) тафтишоти содир мешаванд;

-гузаронидани корхои оперативи-чустучуи, мусоидат ба макомоти хифзи хукук дар пешгири ва ошкор намудани чиноят;

-таъмини холати санитарию эпидемиологи ва таъмини саломатии гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва махкумшудагон;

-таъмини бехатари аз сухтор;

-гузаронидани дигар чорабинихое, ки ба конунхои Чумхурии Точикистон мухолифат намекунанд.

 

Моддаи 18. Ваколатхои сардори изолятори (тавкифгохи) тафтишоти

Ваколатхои сардори изолятори (тавкифгохи) тафтишоти:

-нисбат ба мурочиати гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва махбусон дар бораи риоя намудани хукуки онхо чорахо меандешад;

-нисбат ба вайронкунандагони тартиботи дохили изолятори (тавкифгохи) тафтишоти чорахои таъсиррасони ва мачбуркуниро истифода менамояд;

-воситахои ахбори оммавии давлатиро дар мавриди кофтукови шахсоне, ки аз изоляторхои (тавкифгоххои) тафтишоти фирор намудаанд, ройгон истифода мебарад;

-барои химояи манфиатхои конунии муассиса ба суд мурочиат менамояд;

-даромадан ба изолятори (тавкифгохи) тафтишоти ва тарк намудани худуди онро дар холати низоми махсус ва фавкулодда махдуд ва муваккатан катъ менамояд;

-мувофики конун ва руйхати вазифахо кормандони каториро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

-рутбахои навбатии махсусро, то рутбаи прапоршики калон, медихад;

-вазифахои касби ва накшахои шуъбахои изолятори (тавкифгохи) тафтишотиро тасдик менамояд;

-дар макомоти давлатию чамъияти аз номи изолятори (тавкифгохи) тафтишоти намояндаги мекунад.

 

Моддаи 19. Ваколатхои кормандони изолятори (тавкифгохи) тафтишоти

Ваколатхои кормандони изолятори (тавкифгохи) тафтишоти:

-дар доираи салохияташон ба макомоти хифзи хукук барои гузаронидани корхои оперативи-чустучуи мусоидат менамоянд;

-чорахои ибтидоии чустучуи шахсон ва махкумшудагонро, ки аз изолятори (тавкифгохи) тафтишоти фирор намудаанд, анчом медиханд;

-назорати ичрои тартиботро дар худуди изолятори (тавкифгохи) тафтишоти амали менамоянд;

-азназаргузарони ва кофтукови махбусон ва кормандоне, ки дар муассиса кор мекунанд, азназаргузарони ва кофтукови сарулибос ва техникаи онхоро анчом медиханд ва хангоми пайдо намудани ашёи манъшуда онхоро мусодира менамоянд;

-бакайдгирии гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва махбусон, аксбардори, банаворгири ва истифодаи дигар воситахои техникиро анчом медиханд;

-азназаргузаронии воситахои наклиёт, хуччатхои расми дар якчояги бо кормандони милитсия дар холати гузаронидани чорахои чустучуи дар мавриди фирор намудани махкумшудагон аз изолятори (тавкифгохи) тафтишоти дар чойхои эхтимолии пайдошавии онхо;

-истифодаи воситахои техникии хифз ва назорат дар изолятори (тавкифгохи) тафтишоти.

 

Моддаи 20. Марказхои ислохи (табъидгоххо)

Марказхои ислохи мустакиман ба макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти тобеъ буда, шахси хукуки мебошанд ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон молу мулки маркази ислохиро сохиби, истифода ва ихтиёрдори менамоянд.

 

Моддаи 21. Вазифахои марказхои ислохи (табъидгоххо)

Вазифахои марказхои ислохи:

-таъмини адои чазои шахсоне, ки ба махдуд кардани озоди бо хукми судхо махкум карда шудаанд;

-бахисобгирии махкумшудагон;

-тавзехи тартиб ва шартхои ичрои чазо;

-фарохам овардани шароити кори, зист ва маишати махкумшудагон;

-таъмини хифзи саломатии махкумшудагон;

-таъмини чудо нигох доштани махкумшудагоне, ки ба касалихои сирояткунанда гирифторанд;

-таъмини раиояи тартиб ва шартхои адои чазо;

-назорати махкумшудагон ва андешидани тадбирхо чихати пешгирии вайронкунии тартиби мукарраргардидаи адои чазо;

-таъмини бехатарии кормандон ва шахсоне, ки дар худуди марказхои ислохи кор мекунанд;

-бурдани корхои тарбияви бо махкумшудагон бо максади ислохи онхо;

-истифодаи чорахои мукофотони ва мучозот нисбати махкумшудагон, мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

-хифзи марказхои ислохоти;

-гузаронидани корхои оперативи-чустучуи, мусоидат бо макомоти хифзи хукук дар пешгири ва ошкор намудани чиноят;

-ичрои дигар вазифахое, ки мутобики конунхои Чумхурии Точикистон муайян гардидаанд.

 

Моддаи 22. Ваколатхои сардори маркази ислохи (табъидгоххо)

Ваколатхои сардори маркази ислохи:

-дар мувофика бо макомоти чумхурияви барои пеш аз мухлат озод намудани махкумшудагон ба суд хуччатхои заруриро пешниход менамояд;

-тибки конунгузори нисбати махкумшудагон чорахои таъсиррасони ва мачбуркуниро истифода мебарад;

-нисбати мурочиати махкумшудагон дар бораи риоя нагардидани хукукхои онхо чорахо меандешад;

-асосхои моддию техникии маркази ислохиро мустахкам менамояд;

-барои химояи манфиатхои конунии маркази  ислохи ба суд мурочиат мекунад;

-тибки конунгузори ва руихати вазифахо кормандони каториро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

-унвонхои навбатии махсусро, то рутбаи прапоршики калон, медихад;

-вазифахои касби ва накшахои шуъбахои маркази ислохиро тасдик менамояд;

-дар макомоти давлатию чамъияти аз номи маркази ислохи намояндаги мекунад;

-нисбати махкумшудагон чорахои хавасмандгардони ва чазодихиро татбик менамояд;

-ба махкумшудагон тибки тартиби мукарраршуда дар холати зарури барои ба мухлати то панч шабонаруз аз худуди чои маркази ислохи баромадан ичозат медихад;

-дар холати ба чои адои чазо хозир нашудани махкумшуда кофтукови уро эълон менамояд;

 

Моддаи 23. Ваколатхои кормандони марказхои ислохи (табъидгоххо)

Ваколатхои кормандони марказхои ислохи:

-таъмини тартибот, назорати рафтори махкумшудагон, кормандон ва шахсоне, ки дар худуди маркази ислохи кор мекунанд;

-аз махбусон талаб намудани ичрои Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон ва хукми судхо;

-дар доираи салохияташон ба макомоти хифзи хукук барои гузаронидани корхои оперативи-чустучуи мусоидат намудан;

-назорати ичрои тартибот дар худуди маркази ислохи;

-гузаронидани амалиётхои фаври дар кофтукови махкумшудагони фироркарда.

 

Моддаи 24. Нозироти корхои ислохи

Нозироти корхои ислохи адои чазоро мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба ичрои чазои чинояти ва дигар чорахои чавобгарии чинояти, ки бо чудо нигох доштани махкумшудагон аз чомеа алокаманд нестанд, ичро менамояд.

Нозироти корхои ислохи бевосита ба макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти тобеъ буда, шахси хукуки мебошад.

Сардори нозироти корхои ислохи сардори макомоти тахкик мебошад.

 

Моддаи 25. Вазифахои нозироти корхои ислохи

Вазифахои нозироти корхои ислохи:

-таъмини адои чазо дар сурати махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян, чалб намудан ба корхои хатми, корхои ислохи, ки бо хукми суд муайян шудааст;

-назорати рафтори шартан махкумшудагон, занони хомиладори махкумшуда ва занони махкумшудаи дорои кудакони то синни хаштсола, ки нисбати онхо ичрои чазо мавкуф гузошта шудааст, нисбат ба шахсоне, ки шартан пеш аз мухлат аз адои чазо озод шудаанд, дар чои истикомат, кор ва таълимгох ва аз тарафи онхо риоя гардидани хукми суд;

-таъмини риояи хукук ва манфиатхои шахсоне, ки дар кайд мебошанд, фахмонда додани хукук ва вазифахои махкумшудагон;

-пешгирии содир намудани чиноят ва дигар хукуквайронкуни, аз тарафи махкумшудагоне, ки дар кайд мебошанд;

-ташкили хамкори бо макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти корхои дохили ва дигар макомоти давлати оид ба назорат ва тарбияи махкумшудагон;

-ташкили хамкори бо рохбарияти ташкилоту муассисахое, ки дар онхо махкумшудагон кор мекунанд;

-кумак барои дарёфт намудани чои кор ва истикомат ба махкумшудагоне, ки дар кайд мебошанд;

-чалби ахли чомеа барои назорат ва тарбияи махкумшудагон;

-чораандешихои ибтидои доир ба кофтукови махкумшудагоне, ки адои чазояшон бе чудо кардан аз чомеа мукаррар шудааст ва онхо аз адои чазо саркаши менамоянд;

-ташкил ва назорати дуруст ва саривакт аз хисоби махкумшудагон гузаронидани маблагхо ба бучети давлати;

-муайян намудани сабабхо ва шароитхое, ки барои аз нав содир намудани чиноят, конуншиканихо ва вайрон намудани коидахои мехнат аз тарафи махкумшудагон мусоидат менамоянд ва андешидани чорахои зарури оид ба бартараф намудани онхо;

-ичрои дигар вазифахое, ки мутобики конунхои Чумхурии Точикистон муайян гардидаанд.

 

Моддаи 26. Ваколатхои сардори нозироти корхои ислохи

Ваколатхои сардори нозироти корхои ислохи:

-оид ба хукуквайронкунии маъмури нисбати шахсоне, ки дар кайд мебошанд, санчиш мегузаронад;

-ба макомоти дахлдоре, ки барои фаъолияти корхои алохида ичозатнома медиханд, оид ба бозхонди ин ичозатнома мурочиат менамояд;

-нисбати махкумшудагоне, ки бе асос ба нозирот хозир намешаванд, барои мачбуран овардани онхо карор кабул менамояд;

-ба махкумшуда дар бораи иваз намудани адои чазо, бекор кардани хукми шартан кабулшуда огохинома медихад;

-тибки конунхо оид ба озод намудан аз чазо ба суд пешниход мефиристад;

-нисбат ба махкумшудагон чорахои хавасмандгардони ва чазодихиро татбик менамояд;

-ба суд, прокуратура, макомоти махаллии хокимияти давлати оид ба ичрои чазо мурочиат менамояд;

-ба махкумшудагон барои бо хохиши худашон аз кор озод шудан ичозат медихад.

Ичрои пешниходи сардори нозирот оид ба корхои ислохи барои хамаи муассисаю ташкилотхо хатми мебошад.

 

Моддаи 27. Ваколатхои кормандони нозироти корхои ислохи

Ваколатхои кормандони нозироти корхои ислохи:

-аз махкумшудагон ва шахсоне, ки дар кайд мебошанд, талаб намудани риояи шартхо ва тартиби адои чазо, ки бо хукми суд муайян шудааст;

-барои фахмонидани тартиб ва шартхои адои чазо, сухбатхои пешгирикунанда, муайян намудани масъалахои бамиёномада дар рафти ичрои чазо даъват намудани шахсоне, ки дар кайди нозирот мебошанд ва гирифтани баёнот аз онхо;

-тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ворид шудан ба манзили истикоматии шахсоне, ки дар кайди нозирот мебошанд;

-мачбуран ба шуъбаи нозирот оид ба корхои ислохи овардани шахсоне, ки дар кайд мебошанд ва тартиби адои чазоро риоя намекунанд;

-ворид гаштан ба хамаи ташкилот, муассисаву корхонахое, ки дар онхо махкумшудагон кор ва ё тахсил мекунанд;

-санчиши ичрои хукми суд дар муассисахо ва ташкилотхое, ки дар онхо махкумшудагон кор мекунанд;

-гирифтани маълумот оид ба музди мехнат, рафтор, вакти кории махкумшуда ва муносибати у бо мехнат аз муассисахо, ташкилотхо ва корхонахо;

-дастгир намудани махкумшудагоне, ки тартиботи чамъиятиро вайрон мекунанд ва чихати азназаргузаронии шахси ба нозирот овардани онхо;

-дар сурати аз тарафи шахсони дар кайди  нозирот буда содир гардидани чиноят онхоро дастгир намуда, баъди азназаргузарони ба шуъбахои  корхои дохили супоридан;

-барои кайдхои махсус аз вохидхои ахборотии Вазорати корхои дохили истифода намудан.

 

Моддаи 28. Муассисахои тиббии системаи ичрои чазои чинояти

Беморхонахо, беморхонахои махсуси равонпизишки ва бемории сил, кисмхои тибби дар худуди муассисахои ислохи барои хизматрасонии тибби ба махкумшудагон ва махбусон ташкил карда мешаванд.

Барои нигохдошт ва муоличаи амбулатории махкумшудагон, махбусон, майзадагон ва нашъамандон сохторхои тиббие таъсис дода мешаванд, ки муоличаи мачбуриро ба амал мебароранд.

 

Моддаи 29. Корхонахои истехсолии системаи ичрои чазои чинояти

Барои рушди сохаи ичтимоии системаи ичрои чазои чинояти ва чалби махбусон ба мехнат макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти метавонад корхонахоро дар хар шакли хукукию ташкили таъсис дихад.

Корхонахое, ки барои татбики фаъолияти истехсоли дар системаи ичрои чазои чинояти таъсис гардидаанд, ба доираи фаъолияте мансубанд, ки дар он чо тартиби махсуси хочагидори мукаррар карда шудааст, ки мувофики он махкумшудагони чазоро дар муассисахои ислохи адокунанда ба мехнат чалб карда мешаванд. Корхонахои системаи ичрои чазои чинояти фаъолияти мехнатии махкумшудагонро ташкил мекунанд, ба махбусон маош медиханд, пардохтхои даъвохои судиро адо мекунанд, алиментхо медиханд, маблагхои нафакави, андозхо ва дигар пардохтхои хатмиро ба бучет ворид менамоянд.

Молу мулки корхонахо аз хисоби амволе, ки дар натичаи фаъолияти истехсоли ва дигар сарчашмахои конунгузори манънакарда ворид гардидаанд, ташкил меёбад.

Даромади софи корхонахо мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон таксим ва истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 30. Кисмхои харбии Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон

Кисмхои харбие, ки дидбони, назорат, хифз ва посбонии гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, махбусон ва аз як чой ба чои дигар бурдани онхоро дар макомот ва муассисахои системаи ичрои чазои чинояти ва дигар объектхои Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон таъмин мекунанд, бевосита ба макоми чумхуриявии системаи ичрои чазои чинояти тобеъ мебошанд.

Кисмхои харбие, ки дидбони, назорат ва посбониро таъмин менамоянд, дар фаъолияти худ Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби», хамин Конун ва Низомномаи тартиби адои хизмати харбиро дастури амал карор медиханд.

 

БОБИ 3

ИСТИФОДАИ КУВВАИ ЧИСМОНИ, ВОСИТАХОИ  МАХСУС ВА ЯРОКИ ОТАШФИШОН АЗ ЧОНИБИ КОРМАНДОНИ СИСТЕМАИ ИЧРОИ ЧАЗОИ ЧИНОЯТИ

 

Моддаи 31. Шартхо ва хадди истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва яроки оташфишон

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти хукук доранд аз кувваи чисмони, воситахои махсус ва яроки оташфишон истифода баранд, агар ичрои вазифахои ба зиммаи онхо вогузоргардида ба тарзи дигар гайриимкон бошад.

Кувваи чисмони, воситахои махсус ва яроки оташфишон бо дарназардошти вазъияти бамиёномада, бо салохдиди кормандони системаи ичрои чазои чинояти дар холатхои пешбининамудаи хамин Конун истифода мешаванд. Агар имкон бошад, пеш аз истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва яроки оташфишон дар бораи нияти истифодаи онхо бояд огохи дода шавад.

Дар хама холатхо, хангоме ки аз истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва яроки оташфишон худдори кардан гайриимкон бошад, кормандони системаи ичрои чазои чинояти бояд кушиш намоянд, ки ба хадди имкон зарари нисбатан камтари маънави, модди ва чисмони расонанд.

Хангоми расонидани зарари чисмони ва чарохат аз истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ё яроки оташфишон кормандони системаи ичрои чазои чинояти вазифадоранд ба зарардида ёрии аввалияи тибби расонанд.

Дар бораи ярадоршави ё марги шахсе, ки дар натичаи истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва яроки оташфишон сурат гирифтааст, корманди системаи ичрои чинояти вазифадор аст ба сардори бевоситаи худ барои огохонидани прокурор гузориш дихад.

Истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ё яроки оташфишон берун аз хадди ваколатхои худ боиси чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти барои пешгирии чиноятхо ва дигар хукуквайронкунихо, дастгир намудани шахсоне, ки чиноятро содир намудаанд, бартараф намудани мухолифат нисбат ба талаботи конунии кормандони системаи ичрои чазои чинояти, мухофизати худ хукук доранд аз кувваи чисмони, аз чумла аз усулхои чангии гуштин, воситахои зердаст истифода баранд, агар усулхои гайриичбори ичрои вазифахои ба зиммаи кормандони системаи ичрои чазои чинояти вогузоргардидаро таъмин накунанд.

 

Моддаи 32 . Истифодаи воситахои махсус

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти дар холатхои зерин хукук доранд аз дастбанд, калтакхои резини, моддахои ашковар, воситахои равшандихандаю огохидиханда, асбобхо барои кушодани бинохо, боздоштани ичбории наклиёт, обпошхо, дигар воситахои махсус, ки кормандони системаи ичрои чазои чинояти бо он мусаллах мебошанд, инчунин сагхо, мошинхои зирехпуш ва дигар воситахои наклиётро истифода баранд:

-барои рафъи хучум ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти, дигар шахсоне, ки вазифахои хизмати ё карзи чамъиятиро оид ба мубориза ба мукобили чинояткори ва инчунин барои озод кардани гаравгонон ичро мекунанд;

-барои пешгири намудани бетартибихои оммави ва вайронкунии гурухии тартиботи чамъияти;

-барои боздошти хукуквайронкунандагон, овардани онхо ба муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти ё дигар макомоти хифзи хукук, тахти посбони фиристодан ва шахсони ба хабс гирифташуда, агар онхо ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти ва дигар шахсоне, ки вазифахои хизмати ё карзи чамъиятиро оид ба мубориза ба мукобили чинояткори ичро менамоянд, саркаши ва мукобилият нишон диханд, ё агар барои гумон кардан асосхои кофи вучуд дошта бошад, ки онхо метавонанд фирор кунанд, ба атрофиён ё худашон зарар расонанд ва инчунин нисбати шахсоне, ки ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти дар ичрои вазифахои конунии онхо касдан мукобилият нишон медиханд.

Пеш аз истифодаи воситахои махсус, ба истисно зарурати рафъи хучуми ногахони, инчунин дастгир намудани шахсоне, ки дар касдан содир намудани чиноятхо гумонбар мешаванд, озод кардани гаравгонхо, дар бораи нияти истифодаи чунин воситахо бояд каблан огохи дода шавад ва агар вазъият имкон дихад, барои катъ кардани хукуквайронкуни вакти кофи дода шавад.

Навъи воситаи махсус ва кувваи истифода бо дарназардошти вазъи бамиёномада, хусусияти хукуквайронкуни ва шахсияти хукуквайронкунанда муайян мегардад. Хангоми истифодаи воситахои  махсус эхтимолияти расонидани зарар ба саломатии шахрвандон бояд ба хадди имкон кам карда шавад.

Истифодаи воситахои махсус нисбати занхо бо аломатхои намоёни хомиладори, шахсони бо аломатхои аёни маъюби ва хурдсолон манъ аст, гайр аз холатхои содир намудани хучуме, ки ба хаёт тахдид мекунад, хучумхои гурухи, ё нишон додани мукобилияти мусаллахона.

 

Моддаи 33 . Истифодаи яроки оташфишон

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти ба сифати чораи нихои хукук доранд дар холатхои зерин аз яроки оташфишон истифода баранд:

-барои химояи шахрвандон аз хучум ва инчунин барои озод кардани гаравгонхо;

-барои рафъи хучумхои гурухи ё мусаллахона ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти ва дигар шахсоне, ки оид ба мухофизати тартиботи чамъияти ё мубориза бар зидди чинояткори ухдадори ё карзи чамъиятиро адо мекунанд;

-барои рафъи хучумхои гурухи ё мусаллахона ба шахрвандон, иншооти мухим ва хифзшаванда, бинохои макомоти давлати ва чамъияти, корхона, муассиса ва ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият, рафъи хучум ба дастахои навбатдори низоми ва хизматии макомоти системаи ичрои чазои чинояти;

-барои дастгир намудани шахсоне, ки мукобилияти мусаллахона нишон медиханд, ё хангоми содир намудани чиноятхои вазнин ва махсусан вазнин ба даст афтодаанд ё чинояткоре, ки аз махбас фирор намудааст ва инчунин шахси мусаллахе, ки аз ичрои талаботи конуни оид ба супоридани яроки оташфишон саркаши мекунад.

Пеш аз истифодаи яроки оташфишон, ба истиснои холатхое ки дар Конуни мазкур пешбини шудаанд, дар бораи нияти истифодаи он бояд каблан огохи дода шавад.

Хангоми хучуми ногахони ё мусаллахона, хучум бо истифода аз техникаи харби, воситахои наклиёт, дастгоххои парвозкунанда, хангоми бо яроки оташфишон ё бо истифода аз воситахои наклиёт аз махбас фирор намудан, хангоми харакати воситахои наклиёт аз онхо фирор намудани махбусон ва инчунин барои озод кардани гаравгонхо метавонанд бе огохи аз яроки оташфишон истифода баранд.

Истифодаи яроки оташфишон нисбати занхо, шахсони аломатхои маъюбиашон намоён ва ноболигон манъ аст, гайр аз холатхои аз чониби онхо содир намудани хучум, нишон додани мукобилияти мусаллахона, содир намудани хучуми гурухи ва ё мусаллахонае, ки ба хаёти одамон тахдид мекунанд, инчунин хангоми зиёд будани шумораи одамон, ки аз ин амал метавонанд шахсони бегунох зарар бинанд.

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти дар холатхои зерин низ хукук доранд аз яроки оташфишон истифода баранд:

-барои додани бонги хатар ва даъват ба ёри;

-барои боздоштани воситахои наклиёте, ки дар он шахси аз махбас фирорнамуда савор шудааст, агар у ба талаботи конунии кормандони системаи ичрои чазои чинояти итоат накарда, хаёт ва саломатии шахрвандонро тахти хатари вокеи гузорад.

Дар хамаи холатхои истифодаи яроки оташфишон кормандони системаи ичрои чазои чинояти барои таъмини амнияти шахрвандони гирду атроф, расонидани ёрии таъчилии тибби ба зарардидагон ва инчунин хабардор сохтани хешовандон ва намояндагони конунии онхо, вазифадоранд хамаи тадбирхои заруриро андешанд.

Дар бораи хар як холати истифодаи яроки оташфишон корманди системаи ичрои чазои чинояти дар тули 24 соат аз лахзаи истифодаи он бояд ба сардори макомоти системаи ичрои чазои чинояти дар махалли хизмати худ ё дар махалли истифодаи ярок гузориш дихад ва дар холати марг ё ярадор шудани шахрвандон фавран ба прокурор хабар дихад.

 

Моддаи 34. Кафолатхои амнияти шахсии кормандони мусаллахи системаи ичрои чазои чинояти

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти хукуки нигох доштан ва бо худ гардонидани яроки оташфишон ва дар холатхои пешбиникардаи хамин Конун истифода бурданро доранд.

Агар шахси аз чониби корманди ярокноки системаи ичрои чазои чинояти дастгиршаванда кушиши ба у наздик шуданро намояд, ё масофаи мукарраршударо вайрон кунад, корманди системаи ичрои чазои чинояти хукук дорад яроки оташфишонро мутобики банди дуюми кисми якуми моддаи 33 Конуни мазкур истифода барад.

 

БОБИ 4

ХИЗМАТ ДАР СИСТЕМАИ ИЧРОИ ЧАЗОИ ЧИНОЯТИ

 

Моддаи 35. Кормандони системаи ичрои чазои чинояти

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти дар Чумхурии Точикистон хамон шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошанд, ки дар макомот, вохидхо, муассисахо, сохтор ва корхонахои системаи ичрои чазои чинояти вазифаеро ишгол менамоянд ва ба онхо рутбахои махсус дода шудааст.

Рутбахои махсуси кормандони системаи ичрои чазои чинояти аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Тартиби додани рутбахои махсуси кормандони системаи ичрои чазои чинояти дар Низомномаи тартиби адои хизмати хайати катори ва рохбарикунандаи системаи ичрои чазои чинояти, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд, мукаррар карда мешавад.

Рутбахои махсуси хайати рохбарикунандаи олии системаи ичрои чазои чинояти якумра мебошанд. Хангоми ба охир расидани хизмат ба рутбахои махсуси мавчуда калимахои “дар истеъфо” илова карда мешавад.

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти либоси ягонаи расми доранд, ки он ройгон дода мешавад. Намунахои он аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад. Ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти шаходатномахои хизмати, ки намунааш аз чониби Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон мукаррар шудааст, дода мешавад.

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти бояд дар муносибат бо махбусоне, ки дар кайд мебошанд ва дигар шахрвандон хушмуомила бошанд, ба шаъни кормандони системаи ичрои чазои чинояти иснод наоранд.

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти хукук надоранд, ки маълумотхои дар вакти адои хизмат ба онхо маълумгардидаро дар бораи бонкхо, фаъолияти сохибкори ва маълумоти сирри давлати доштаро, ки конун химоя менамояд, ба манфиати шахси истифода намоянд.

 

Моддаи 36. Хизмат дар системаи ичрои чазои чинояти

Ба хизмати системаи ичрои чазои чинояти шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки синнашон на камтар аз 20 ва на зиёдтар аз 40 мебошад, сарфи назар аз миллат, вазъи ичтимои, муносибат ба дин, ки аз руи сифатхои шахси, ахлоки, кордони, тахсилот, тайёрии чисмони ва вазъи саломати аз ухдаи ичрои вазифахои ба зиммаи системаи ичрои чазои чинояти вогузоршуда мебароянд, баъди гузаштани хизмати харби аз руи даъват ва дар асоси ихтиёри кабул карда мешаванд.

Хангоми кабул ба хизмати системаи ичрои чазои чинояти корманд хатман аз кайди давлатии дактилоскопи гузаронида мешавад.

Ба хизмати системаи ичрои чазои чинояти шахрвандоне, ки доги суди доранд ё доштанд, кабул карда намешаванд (ба истиснои онхое, ки аз чониби суд сафед карда ё бегунох дониста шудаанд).

ухдадорони харбие, ки ба хизмати системаи ичрои чазои чинояти кабул гардидаанд, аз чумла шунавандагон ва курсантхои муассисахои таълимии махсус, ки барои системаи ичрои чазои чинояти мутахассис тайёр мекунанд, аз кайди харби бароварда, дар кайди Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон гузошта мешаванд. (К ЧТаз 16.04.2012с., №803)

Барои онхое, ки ба истиснои хизматчиёни харби, ба системаи ичрои чазои чинояти ба кор кабул мешаванд, вобаста ба сатхи тайёри ва вазифае, ки ба он кабул мегарданд, мухлати санчиши аз 3 то 6 мох мукаррар карда мешавад.

Хангоми кабул шудан ба хизмат, корманди системаи ичрои чазои чинояти савганд ёд мекунад, ки мазмуни он чунин аст: “Ман, шахрванди Чумхурии Точикистон, ба хизмат дар макомоти системаи ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон дохил шуда, САВГАНД дода, ботантана касам ёд мекунам, ки то охир ба халки худ, Ватан ва коре, ки пеша кардаам, содик бошам, хамеша корманди хушёр, хакикатчу, далер ва боинтизом бошам, дар хизмат намунаи ибрат буда Конститутсия ва конунхои Чумхурии Точикистонро катъи риоя намоям, сирри давлати ва хизматиро пинхон дорам. Ман касам ёд мекунам, ки тамоми вазифахои ба души ман вогузошта, талаботхои оинномахо ва фармонхоро софдилона ва бечунучаро риоя намуда, куввату тавоноии худ ва хатто дар мавриди зарури хаёти худро барои мухофизати сохти чамъияти ва давлати, тартиботи хукуки, тамоми намудхои моликият, шахсият ва хукуки шахрвандон дарег намедорам. Агар ман ин савганди ботантанаи худро риоя накунам, бигузор дар доираи конунхои чумхури котеъона чазо бинам”.

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти метавонанд ба макомоти хокимияти давлати, инчунин вазорату идора, корхонахо, муассиса ва ташкилотхои тобеи онхо (дар асоси амри Президенти Чумхурии Точикистон) барои ичрои вазифахои махсус бо гузаштан дар ихтиёри кадрхои Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон фиристода шаванд. Шахсони мазкур аз тамоми хукуку имтиёзхо ва кафолатхои ичтимоии ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти пешбинишуда истифода мебаранд.

Корманди системаи ичрои чазои чинояти дар сурати интихоб шуданаш ба макоми олии конунгузори то ба итмом расидани мухлати ваколаташ дар хайати раёсати кадрхои Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон мемонад.

Корманди системаи ичрои чазои чинояти бо асосхои зерин аз хизмат озод карда мешавад:

а) бо хохиши худ;

б) бинобар расидан ба синну соли нихои, ки онро Низомномаи тартиби адои хизмати хайати катори ва рохбарикунандаи системаи ичрои чазои чинояти мухлати хизматро мукаррар кардааст;

в) баъди ба охир расидани мухлати хизмат, ки хукуки ба нафака баромаданро медихад (бо ташаббуси корманди системаи ичрои чазои чинояти ё розигии у);

г) бо сабаби ба охир расидани хизмат мувофики шартнома;

д) бо сабаби риоя накардани шартхои шартнома;

е) бо сабаби бемори -дар асоси хулосаи комиссияи тиббии харби оид ба корношоямии у ба хизмат дар системаи ичрои чазои чинояти;

ж) бо сабаби иллатманди дар асоси хулосаи комиссияи тиббии харби -оид ба нокифоя будани холаташ ба хизмат ва бинобар бемори ичро карда натавонистани ухдадории хизмати, вобаста ба вазифааш ва набудани имкони ба кори дигар гузаронидан;

з) бо сабаби мувофикат накардани вазифаи хизмати ба ихтисосаш аз руи натичаи аттестатсия;

и) барои дагалона ва ё мунтазам вайрон намудани интизом;

к) барои содир намудани рафторе, ки ба шарафи корманди системаи ичрои чазои чинояти дог меорад;

л) дар холати ба кувваи конун даромадани хукми айбдоркунандаи суд;

м) барои вайрон кардани тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба танзими анъана ва чашну маросимхо.

Номгуи зикршудаи асосхои аз хизмат озод намудани корманди системаи ичрои чазои чинояти катъист.

 

Моддаи 37. Тартиб ва шартхои адои хизмат дар системаи ичрои чазои чинояти

Барои кормандони системаи ичрои чазои чинояти давомнокии умумии вакти кори на зиёдтар аз 40 соат дар як хафта мукаррар карда мешавад. Хангоми зарурат кормандони системаи ичрои чазои чинояти метавонанд аз вакти мукарраршуда зиёд, инчунин шабона, рузхои истирохат ва ид ба хизмат чалб карда шаванд.

Ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти ба муддати 30 рузи таквими рухсатии мехнатии асосии пардохтшавандаи харсола, бе хисоби вакти ба чои истирохат рафтан ва бозгаштан бо пардохти рохкиро (дар каламрави Чумхурии Точикистон), дода мешавад.

Ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти, ки дар махалхои шароити иклимашон душвор ва номусоид адои хизмат менамоянд, сарфи назар аз собикаи хизмати, ба муддати 45 рузи таквими рухсатии мехнатии асосии пардохтшавандаи харсола дода мешавад.

Ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти рухсатии мехнатии пардохтшавандаи харсолаи иловаги ба муддати зерин дода мешавад:

-баъди 10 соли хизмат -5 рузи таквими;

-баъди 15 соли хизмат -10 рузи таквими;

-баъди 20 соли хизмат -15 рузи таквими.

Ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти ташкил намудани корпартоихо ва иштирок дар гузаронидани онхо, машгул шудан ба хама гуна намудхои фаъолияти сохибкори, хамзамон ду вазифаро ичро намудан дар корхонахо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истиснои фаъолияти илми, эчоди ва омузгори манъ аст.

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти хак надоранд дар таъсис ва фаъолияти хизбхои сиёси иштирок намоянд.

Тартиб ва шартхои дигари хизмат дар системаи ичрои чазои чинояти бо Низомномаи тартиби адои хизмати хайати катори ва рохбарикунандаи системаи ичрои чазои чинояти, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, танзим мегардад.

 

Моддаи 38. Пардохти музди мехнати кормандони системаи ичрои чазои чинояти

Таъминоти пули кормандони системаи ичрои чазои чинояти аз маоши мохонаи вазифави, маоши мохона барои рутбаи махсус, ки маоши мохонаи таъминоти пули кормандони системаи ичрои чазои чиноятиро ташкил медиханд ва аз иловапули барои собикаи хизмат иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти  таъминоти пули кормандони системаи ичрои чазои чинояти аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти бар ивази озукавори чубронпули пардохта мешавад, ки хачми он бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон» барои соли дахлдор мукаррар карда мешавад.

Музди мехнати кормандони вохидхои системаи ичрои чазои чинояти, Полки посбоникунанда, ки зиёда аз вакти кории мукаррарнамудаи конун дар хизмат мебошанд, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.

Ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд, изофамаоши хармоха аз 25 то 50 фоиз ба музди мехнат зам карда мешавад. Тартиб ва шартхои пардохти изофамаоши дар хамин банд номбаршуда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Боби 5

ХиМОЯИ ХУКУКИ ВА ИЧТИМОИИ КОРМАНДОНИ

СИСТЕМАИ ИЧРОИ ЧАЗОИ ЧИНОЯТИ

 

Моддаи 39. Химояи хукукии кормандони системаи ичрои чазои чинояти

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти намояндаи хокимияти давлати буда, дар химояи давлат карор доранд. Кормандони системаи ичрои чазои чинояти хангоми ичрои вазифахои хизмати шахси дахлнопазир мебошанд. Суикасд ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти дар хама гуна шаклхояш боиси фавран гирифтани пеши рохи чунин амалхо тавассути воситахою усулхое мегардад, ки барои истифодаи онхо Конуни мазкур ба системаи ичрои чазои чинояти ичозат додааст.

Ичрои талаботи конунии кормандони системаи ичрои чазои чинояти барои шахрвандон ва шахсони мансабдор хатми мебошад.

Итоат накардан ба талаботи конунии кормандони системаи ичрои чазои чинояти, инчунин дигар амалхое, ки барои ичрои вазифахои ба зиммаи системаи ичрои чазои чинояти гузошташуда монеъ мешаванд, боиси чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

 

Моддаи 40. Эхтимолияти бовари ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти

Нишондоди кормандони системаи ичрои чазои чинояти, ки ба сифати чабрдида  шохид аз руи парвандаи хукуквайронкуни пурсида мешаванд, баробари баёноти шахсони дигар, эътибори исботкунанда дорад.

 

Моддаи 41. Норавоии дахолат ба фаъолияти кормандони системаи ичрои чазои чинояти

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти хангоми ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошташуда танхо ба сардорони бевосита ва болои тобеъ мебошанд. Шахсони дигар хукуки  ба фаъолияти конунии кормандони системаи ичрои чазои чинояти дахолат карданро надоранд.

Таъсир расондан ба кормандони системаи ичрои чазои чинояти бо максади монеъ шудан ба ичрои вазифахои хизматиашон, дар кадом шакле, ки бошад, боиси чавобгарии бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукарраршуда мегардад.

 

Моддаи 42. Хукуки кормандони системаи ичрои чазои чинояти ба химояи суди

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти ба химояи судии хукуку манифатхояшон хукук доранд.

 

Моддаи 43. Сугуртаи давлати ва талофии зарар дар холати халок ва ё маъюб шудани кормандони системаи ичрои чазои чинояти

Хамаи кормандони системаи ичрои чазои чинояти бояд аз хисоби маблагхои дахлдори вохидхои системаи ичрои чазои чинояти бо сугуртаи хатмии давлатии шахси фаро гирифта шаванд. Тартиби гузаронидани ин намуди сугурта аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Хангоми халок гардидани кормандони системаи ичрои чазои чинояти дар вакти ичрои фаъолияти хизмати ба оилахои халокгардида ва ё шахсони тахти саробонии онхо карордошта ёрдампулии якдафъаина дар хачми 8 маоши таъминоти пулии халокгардида аз хисоби маблагхои дахлдори вохидхои системаи ичрои чазои чинояти пардохта, минбаъд аз шахсони гунахкор руёнида мешавад.

Дар сурати ба корманди системаи ичрои чазои чинояти расонидани зарари чисмоние, ки барои ба фаъолияти касби машгул шудан имконият намедихад, ба у ёрдампулии якдафъаина дар хачми 6 маоши таъминоти пули аз хисоби маблагхои дахлдори вохидхои системаи ичрои чазои чинояти бо минбаъд руёнидани ин маблаг аз шахси гунахкор пардохт карда мешавад. Дар сурати пеш аз мухлат рухсат шудани корманди системаи ичрои чазои чинояти аз хизмат дар натичаи бемории дар рафти адои ухдадорихои хизмати пайдонамуда ба у кумакпулии яквактаина ба андозаи 5 маоши таъминоти пули, ки дар рузи пардохти кумакпули мукаррар шудааст, пардохт карда мешавад.(КЧТ аз 01.08.2012с., №883)

Зараре, ки ба моликияти кормандони системаи ичрои чазои чинояти ё хешони наздики у вобаста ба фаъолияти хизматии кормандони системаи ичрои чазои чинояти расонида шудааст, бо тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар хачми пурра ба у ё аъзои оилаи у, аз чумла даромади аздастдода, талофи карда мешавад.

 

Моддаи 44. Таъмини кормандони системаи ичрои чазои чинояти бо манзили истикомати

Ба шахсоне, ки барои хизмат дар системаи ичрои чазои чинояти кабул шудаанд ва бо манзили истикомати таъмин нестанд, манзили хизмати дар шакли хучраи алохида ва ё хона аз руи меъёрхои мукаррарнамудаи конунгузори дода мешавад. Кормандони системаи ичрои чазои чинояти, ки дар макомоти системаи ичрои чазои чинояти беш аз дах сол кор кардаанд, инчнин аъзои оилаи корманди вафоткардаи системаи ичрои чазои чинояти, бе додани манзили зисти дигар, набояд аз манзили хизмати бароварда шаванд.

Макомоти махаллии хокимияти давлати таъмини кормандони системаи ичрои чазои чиноятиро бо манзили истикомати аз хисоби фондхои дахлдори манзили бо тартиби мукарраргардида анчом медиханд.

Макомоту муассисахои системаи ичрои чазои чинояти хукук доранд, ки аз хисоби манбаи молиявии мукаррарнамудаи конунгузори барои кормандони худ, ки ба бехтар намудани шароити манзил эхтиёч доранд, манзили истикомати харидори намоянд.

Макомоти махаллии хокимияти давлати манзили коммуналии кормандони системаи ичрои чазои чиноятиро, ки камтар аз бист сол дар макомоти системаи ичрои чазои чинояти кор кардаанд, инчунин манзили коммуналии оилаи шахсони хангоми ичрои вазифахои хизмати халокгардидаро ба таври ройгон ба моликияти онхо медиханд.

Дар сурати халок гардидани корманди системаи ичрои чазои чинояти хангоми ичрои фаъолияти хизмати, хукуки манзили истикомати гирифтани оилаи халокгардида дар хамон асосхое, ки хангоми дар навбат истодани онхо мавчуд буданд ва на дертар аз як сол баъди халок шудани корманди системаи ичрои чазои чинояти нигох дошта мешавад.

Барои кормандони системаи ичрои чазои чинояти ва аъзои оилаи онхо барои пардохти хонапули ва хизматрасонихои коммунали (ба гайр аз барк ва газ) имтиёз, дар шакли панчох фоизи пешбинишуда, мукаррар карда мешавад.

Он кормандони системаи ичрои чазои чинояти, ки дар дехот ва шахракхо кор ва истикомат мекунанд, ба таври ройгон бо истикоматгохи дорои маркази гарми аз руи меъёрхои мукарраршуда таъмин карда мешаванд ва хамчунин аз дигар имтиёзхои пешбининамудаи конунгузори истифода мебаранд.

 

Моддаи 45. Бо телефон ва чой дар муассисахои томактабии кудакон таъмин намудани кудакони кормандони системаи ичрои чазои чинояти

Барои кормандони системаи ичрои чазои чинояти дар сурати мавчуд будани имкониятхои техники дар мухлати як мох аз рузи пешниходи ариза телефон гузаронида мешавад. Хангоми гузаронидани телефон дар хонаи кормандони системаи ичрои чазои чинояти имтиёзи панчохфоизаи пардохти хизматрасони мукаррар карда мешавад.

Ба фарзандони кормандони системаи ичрои чазои чинояти чой дар муассисахои давлатии томактабии кудакон дар мухлати як мох, аз рузи бо ариза мурочиат кардан, кафолат дода мешавад.

 

Моддаи 46. Хукуки кормандони системаи ичрои чазои чинояти ба чуброни харочоти истифодаи наклиёти шахси бо максадхои хизмати

Ба он кормандони системаи ичрои чазои чинояти, ки барои максадхои хизмати наклиёти шахсиашонро истифода мебаранд, ба андозахои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, чубронпули пардохта мешавад.

 

Моддаи 47. Хукуки кормандони системаи ичрои чазои чинояти дар сафари хизмати

Кормандони системаи ичрои чазои чинояти, ки дар сафари хизмати мебошанд, хукуки бе навбат гирифтани чиптаро ба хама гуна навъи наклиёт, инчунин хукуки дар мехмонхонахо аз руи шаходатномаи сафари хизмати чойгир шуданро доранд.

 

Моддаи 48. Хифзи ичтимоии кормандони системаи ичрои чазои чинояти бо сабаби ба нафака баромадан ва аз кор озод кардани онхо

Барои он кормандони системаи ичрои чазои чинояти, ки аз хизмат бинобар расидан ба синну соли мукарраргардида, бо сабаби бемори, ё ки пурра гардидани собикаи хизмати озод шудаанд, хукуки истифода бурдан аз имтиёзхои барои кормандони системаи ичрои чазои чинояти пешбинишуда нигох дошта мешавад.

Хачми нафакаи корманди системаи ичрои чазои чинояти, ки аз хизмат бинобар расидан ба синну соли мукарраргардида, аз руи бемори, ё  ки пурра гардидани собикаи хизмати озод шудааст, аз таъминоти пурраи пули хисоб карда мешавад. Хама гуна махдудият оид ба пардохти нафака манъ аст.

Барои шахсоне, ки аз хизмат дар системаи ичрои чазои чинояти озод шудаанд, дар сурати тахдид ба хаёт, ба саломати ва амволи онхо, бинобар фаъолияти пештараашон, мукаррароти кисмхои 3 ва 4 моддаи 43 Конуни мазкур эътибор пайдо менамоянд.

Хангоми ба хизмати макомоти системаи ичрои чазои чинояти кабул шудани мутахассисони баландихтисос, ки бо роххат омадаанд, дар макомоти системаи ичрои чазои чинояти аз руи ихтисоси асоси корро давом додаанд, собикаи мехнатиашон барои таъмини нафака ва илова намудани изофамаош ба собикаи хизмати аз хисоби ду соли собикаи умумии кори бар як соли хизмат хисоб карда мешавад.

 

Моддаи 49. Подоши харочоти дафн

Барои дафни корманд ва нафакахури фавтида ё халокшудаи системаи ичрои чазои чинояти кумаки якдафъаинаи пули дар хачми мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.

 

БОБИ 6

ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ

СИСТЕМАИ ИЧРОИ ЧАЗОИ ЧИНОЯТИ

 

Моддаи 50. Таъминоти молияви ва моддию техникии системаи ичрои чазои чинояти

Маблаггузори, таъминоти моддию техникии системаи ичрои чазои чинояти аз хисоби маблагхои бучети чумхурияви, ки дар сатри алохида нишон дода мешаванд, фаъолияти истехсолии корхонахои системаи ичрои чазои чинояти, инчунин аз хисоби манбаъхои дигаре, ки конунгузори манъ накардааст, анчом дода мешавад.

 

Моддаи 51. Таъмини системаи ичрои чазои чинояти бо бинохои хизмати

Макомоти махаллии хокимияи давлати муасиссахои системаи ичрои чазои чиноятиро бо тартиби мукарраргардида бо бинохои хизмати ва дигар бинохо таъмин мекунанд.

 

 

БОБИ 7

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 52. Чавобгари барои вайронкунии Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайронкунии мукаррароти Конуни мазкур, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 53. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти Чумхурии Точикистон                   Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе  15 июли соли 2004

№ 51

________________________

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …