Главная / Илм / Чинорак дар Канзи Шифо (Китоб)

Чинорак дар Канзи Шифо (Китоб)

chinorak-660x330Чинорак (ба забони русси «Лютик») — Ин растани асосан дар чохои обдор ва намнок меруяд. Баргаш монанди барги чинор аст, бинобар хамин чунин номидаанд. Гулаш зарди тиллоранг, инчунин бунафш ва сафед хам мешавад. Намуди гиёхаш дар хачм хеле бисёр мебошад. Мизочи хамаи навъхои он дар дарачаи севум хушк ва дар дувум гарм аст. Хислатхои шифобахши он: ин бисёр тез аст, захмин ва решкунанда мебошад, пустро мехезонад, сузанда ва ба хориш оваранда мебошад, хуллас, инро ба дарун истеъмол намефармоянд.

Решаашро хушконида, куфта, дар бини бирезанд, атса меоварад ва кавитар аз кундуш аст. Агар ин решаашро махин куфта, бо об сиришта аз берун бимоланд, луккосзанон дард кардани дандонро таскин медихад ва агар худи инро ба дандонхо бимоланд, онхоро реза карда меафтонад. Ба агар онро дар об чушонида, он обро бирезанд, донача ва обилахои ширинчаро дафъ мекунад.

Агар решаи онро куфта бимоланд, кутур, донача ва обилахо, озаххои мехшакл ва гуддахои овезонро катъ мекунад. Барг ва шохи тари онро куфта, бо равганхо хамир сохта гузошта банданд, кутури одами ва хайвонотро шифо мебахшад, доги пес ва сафедии нохунро дафъ мекунад; озаххои гуногунро мерезонад, ба чохои гирдак-гирдак муирехтаи сар ва риш муй меруёнад. Агар ин таркибро занхо аз таг бардоранд, бача ва хамрохаки (ёраки) бачаи онхоро аз шикам меафтонад, хайзи бандшударо мекушояд.

Аммо 9 грамми ин гиёхро бихуранд, мекушад. Агар гиёхи хушки онро куфта, бо хамвазни он орди гандум хамир карда, ба узве гузоранд, баробари дог аст.

chinorak-2-221x300

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …