Главная / Чамъият / Чихил хакке, ки баъд аз мурдани падару модар дар зиммаи фарзандон мебошад

Чихил хакке, ки баъд аз мурдани падару модар дар зиммаи фарзандон мебошад

Чихил хакке, ки баъд аз мурдани падару модар дар зиммаи фарзандон мебошад

Падару модарро бар фарзанд хаштод хак аст, чихил дар холати хаёт ва чихил дар холи мамот, яъне баъди мурдани падару модар. Он чихил хакки дар холати хаёт будани падару модарро каблан гуфта гузаштем. Акнун дар хусуси он чихил хакке, ки баъд аз мурдани падару модар аст, сухан мекунем.

Аввал кушиш намоед, ки ба зуди уро баъди мурдан дафн кунед, яъне кабр кунед, ки азизии мурда дар он аст, ки зудтар вайро дафн кунанд. Фармони шарь дар он аст ва уро ба тарики шарь бишуянд ва кафани суннати кунанд. Яъне се кафан. Аз се кафан зиёда накунанд, ки исроф мешавад. Кафанро бояд аз моли халол кунанд. Агар карз карда кафан кунад, лозим аст, ки карзро зуд адо кунанд.

Агар сохибилм бошад, имом дар намози чаноза худаш шавад, ки сохиби майит уст, гур ё лахад кунад, ки суннат ин аст. Майитро мебояд дар мавзеъе дафн кунанд, ки хасме набошад, яъне замини дигар кас набошад. Ва агар хасме бошад, бо ризои вай кунанд ва дар хакки вай дуъо кунанд ба ин тарика, ки Худои таъоло фармудааст: “Рабби-р-рхамхумо камо раббаёни сагиран”, яъне, эй Парвардигори ман, рахмат кун ба падару модари ман, хамчунон ки онхо маро мепарвариданд ва рахм мекарданд бар ман дар холи хурди ва заифии ман.

Маънии дигар он бошад, ки рахми онхо дар дили ман бинех, хамчунон ки рахми ман дар дили онхо ниходи. Дар холи тифли ва хурдсолии ман ва ба хок худаш нихад, ки сохиби у вай аст,

Бояд гурканон ва коркунонро хушнуд кунад ва агар музд гиранд, музди онхоро кам надихад ва дар миёни ахли салох дафн кунанд. Яъне дар миёни одамони нек дафн кунанд, на дар миёни одамони бад, ки аз хамсояи бад уро ранч расад.

Кабрро ба хок ва хишти хом кунанд, ба чуб ва хишти пухта  накунанд. Гурро ба сахро кунанд, на ба хона, ки суннат ин  аст ва барои у садака ва дуъо кунанд.

Карзхои уро низ мебояд адо кунанд, васиятхои уро ба чой оваранд, намозхои зиёдати ба нияти у бихонанд, яъне дуъо  кунанд, то савоб ба онхо расад. Ва рузахои зиёдати бигиранд ва савобашро ба у бахшанд ва ба зиёрати кабри онхо раванд. Ба рухи падару модар тиловати Куръон кунанд.

Расули акрам (с) фармуданд: хар ки ба зиёрати кабри падару модари худ равад, фариштагон ба зиёрати кабри вай оянд.

Расули акрам (с) фармуданд: хар ки рузи чумъа як бор ба зиёрати кабри падару модари худ равад, гунохони у омурзида шаванд ва номи у аз некон шавад ва дар вакти зиёрат ба такбир ва салавот ва дуъо хондан ва Куръон хондан машгул шавад. На ба навха кардан, яъне нола кардан ва суханони носавоб ва бехуда гуфтан. Чунки онхоро аз он ранч мерасад. Хар ки зиёрати кабри падару модари худ кунад ва дар хакки онхо дуъо кунад, Хак таъоло хама гунохони уро магфират кунад. Илохо рухи падарон ва модаронро аз мо шод гардони.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …