Главная / Гуногун / Чи хел кунем, ки аз амонат фоидаи зиёдтаринро гирем?

Чи хел кунем, ки аз амонат фоидаи зиёдтаринро гирем?

Барои гирифтани фоидаи зиёдтарин якчанд омилхо таъсир мерасонанд. Пеш аз хама бозорро омухтан лозим, ки кадом ташкилоти молияви фоизи баландтаринро аз руи амонатхо пешкаш мекунад.

fozi-amonatБонк: Одатан фоизи баландтаринро бонке пешниход менамояд, ки эхтиёч ба захирахои пули эхтиёч дорад, ки ин маънои онро дорад ки вай ташнаи пул асту ва вазъияти пулиаш чандон хуб нест. Яъне чи кадаре, ки бонк ба захирахои пулии дигарон эхтиёч дошта башад, хамон кадар хавфи у зиёд аст. Барои хамин хам шахсоне, ки хаваси фоизи зиёд доранд, фирефтаи хавфи баландтарин шуданро дар аксари холатхо доранд.

Асъор: Дигар омиле, ки ба баланд шудани даромаднокии амонтахо таъсир мерасонад ин асъори амонат аст. Одатан фоизи асъори милли нисбати фоизи асъори хоричи зиёдтар аст.  Масалан мутобики омори Бонки милии Точикистон фоизи амонатхо дар Точикистон соли 2017 бо асъори милли ба 15%-и солона ва бо асъори хоричи, ки асосан долларро дар бар мегирад ба 5,5%-и солона баробар аст.

Мухлат: Инчунин ба арзиши амонат мухлати нигахдории он таъсир мерасонад. Одатан чи кадаре, ки мухлати амонат дароз бошад хамон кадар фоизаш баланд аст. Лек баъзан вакт холатхое вомехуранд, ки агар мухлати амонат нихоят дароз бошад хамон кадар фоизаш паст мешавад (одатан амонатхои зиёд аз 3-соларо таалук дорад).

Хачм:  Ба баланд будани фоизи амонат инчунин хачми мабалаги амонат таъсир мерасонад. Чикадаре, ки маблаги амонат калон бошад хамон кадар фоизаш баланд мешавад.

Замкуни: Баъзан вакт бонкхо ба мизочонаш пешниход мекунанд, ки фоизи амонатро дар охири мухлати амонат – пасандоз хисоб кунанд ва барои ин онхо андакак фоизи амонатро баланд мекунанд. Албата ин амали чалбкунанда аст барои одамон вале аслан ин амалро бонкхо бо максади кам кардани харочотхо аз болои амонатхоро меандешанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …