Главная / Гуногун / Чазо – Хикоя

Чазо – Хикоя

Чавон дар дами гори фарози кух нишаста, ба деха менигарист. Дар поён деха бо боготи сарсабзу хонахои бомхояшон пасту баланд, дарёи тезоб, кабристони пахновар ва пайрохахои качу килебаш гуё ба ганаб мерафт. «Ин кадар зебо, – аз дил гузаронд  чавон. – Чаро ман то имруз чандин бор ба ин кулла баромада бошам хам, инро дарк накардам.”

Харчанд деха дар зери пояш буд, чавон наметавонист поин шавад. Зеро вай ба як рафтори нангини худ хама дархои дехаро ба руйи худ баста буд.

Он бегох, чавон, ки Каххор ном дошт, аз як маърака бармегашт. Вакти говгум буд. Азбаски дар деха чанд дакика пеш барк якбора хомуш гашта буд, хонахои гирду атроф дар хукми торики буданд. Чароги ягона магозаи деха низ, ки шабхо хамеша чени хирманчо назди дари онро фурузон мекард, хомуш буд. Чавон аввал ба он ахамият надода, гузаро шуд, аммо панч – шаш кадам монда, боз ба кафо нигарист. “Айни муддао”, – аз дил гузаронд вай ва боз рохашро идома дод.

Нисфи шаб охиста аз чой хеста, берун баромад. Деха сокит буд. Сукунати онро танхо садои паст ва якнавохти резаборон, ки аз новдони айвон мешорид, халалдор месохт. Чехраи хаво гирифта буд, дар осмон ситорае наменамуд. Каххор охиста ба анбор, ки дар тарафи рости дарвоза буд, даромада, охани нугкачро гирифта, ба багалаш сахид ва хам шуда, банди кедиашро кушоду аз нав махкамтар баст. Сипас дуздона кадам зада, аз дарвоза берун шуд ва дере нагузшта ба назди магоза расид. Аввал чанд лахза ночунбон  истода, ба гирду атроф назар андохт ва чун бовар хосил кард, ки касе ва садое намеояд, бо асбоби хамрох овардааш танбаохани дари кафои магозаро ба кандан огозид. Пас аз кашмакаши зиёд дар боз шуд ва Каххор ба дарун кадам монд. Дохили магоза низ торик буд. Вай бо фонусчаи кисагиаш пеши пояшро равшан карда, галладони мизеро, ки фурушанда хамеша пулхои аз мизочон гирифтаашро ба он мегузошт, (Каххор борхо хангоми харид кардан инро мушохида карда буд) суи худ кашид. Галладон холи буд. «Лаънати, хамрох бурдааст», – гурунгид вай ноумедона.

Хамин вакт гичирросзанон кушода шудани дари магоза ба гуш расид.

– Кисти?! – баланд шуд овози посбони магоза  Сулаймон-амак.

Каххор садое набаровард.

Посбон чун чавобе нашунид, пас аз чанд дакика дар як даст таёк ва дар дасти дигараш фонус пеш омад. Хамин ки ба толори магоза (хонаи кафо анбор буд) дохил шуд, аз пешпо додани Каххор , ки дар таги миз чо шуда буд, пару афтид ва фонус аз дасташ хато хурда, садои кунде дар толор  печид. Каххор ба муйсафед фурсати хестан надода, ба у дарафтод ва кундаи  зонуяшро ба сандуки синаи вай гузошта, ба саллаву миёнбандаш  дасту пойи уро махкам баст.

– Ин туи?! – гурунгид муйсафед.

– Ха, ман. Даматро гир, ки забонатро мебурам, – аз чой баланд шуд Каххор.

– Аз дузд дуздбача меруяд, мегуфтанд, рост будаст. Дасти бобоят низ калб буд. Чашми кас хато хурад, аз зери пояш харашро медуздид. Окибат аз дасти дуздияш хароммур шуд.  Намедонам дар ун дунё чи чавоб дода бошад?

– Ба бобои ман корат набошад. Бехтараш гами худатро хур.

– Ман дар умрам хаси касеро бечо накардаам, чаро гам хурам.

Харду лахзае хомуш монданд. Каххор курсии зери мизро кафо кашида, нишаст.

– Ман медонистам, ки дасти ту калб аст. Гусфанди рахмати Содикро низ ту дуздида буди?!

– Ту аз кучо медони?

– Пусташро дар хавлиатон дида будам.

– Ман дуздидам… Боз ягон гап дори?

– Афсус, ки онро ба мардум ошкор накардам.

– Хуб карди.

– Ба ту бедиёнат рахмам омад. Модари бечораатро хотир кардам.

– Дили рахмгин хамеша гамгин, гуфтаанд.

– Акнун ошкор мекунам.

– Дер шуд. Дигар ту аз ин чо зинда намебарои.

– Ту чи кор кардани?

– Намедонам, муйсафед, ба Худо, ки намедонам. Сари калобаамро гум кардам.

– Бачаги накун, ман ба хеч кас дахон намекушоям, – гуфт Сулаймон-амак, ки ноаён дар дилаш вахм хона мекард.

– Не, муйсафед, ман ба ту бовар намекунам. Хозир худат гуфти-ку, хамаашро ошкор мекуни.

– Аз сари кахр гуфтам, – якин аз гуфтаи худ пушаймон шуд муйсафед. – Ба худо, ки рост мегуям. Аз Худо битарс, бачем. Хуни нохак рехтан гунохи азим аст.

– Пагох кулфи шикастаро дида пурсанд, чи чавоб медихи?

– Надидам мегуям. Шабона касе шикастаст мегуям. Азбаски хеч чиз гум намешавад, зиёд кофтуков намекунанд.

Каххор чанд лахза сукут карда нишаст ва баъд сар бардошта, гуфт:

– Ту дар ин нимашаб аз кадом гур пайдо шуди…

– Охир, ман каровул, касбам хамин аст. Хар шаб ду-се бор хабар мегирам.

– Ба ман пул даркор буд. Ана бин, – гуфт Каххор галладонро кашида. – Хоп-холи!

– Ба ки пул даркор нест?! – нешханд зад Сулаймон-амак. – Пул даркор гуфта, ба хар дари ростомада сар мезани? Кор кун!

– Кани, хамон кор?! – гуё махз хамин суолро мунтазир бошад, дархол пурсид Каххор. – Нишон дех хамун кора?

Сулаймон-амак хомуш монд.

– Худат медони, модарам бемор. Дору харидан лозим. Вай ба гайр аз ман хеч кас надорад. Дируз ба дари чанд кас рафтам, хеч кас карз надод, – гуфт Каххор, бо овози хаста. – Каме дер меомади, баромада мерафтам. Аммо акнун…

– Чи акнун?

– Акнун кор аз кор гузашт. Ба ман шохид лозим нест.

– Гуфтам-ку, надидам мегуям. Гумонат ба ин риши сафед дуруг мегуям.

– Бовар намекунам, муйсафед.

Сулаймон-амакро аз ин истинтоки чавони ба наберааш баробар ва холати хакиронаи худ, ки бо дасту пойи баста руи фарши намноку ифлос мехобид, хориаш омада, якбора шурид:

– Э дар арвохи бобот б… Мекуши, куш! Лекин дониста мон, ки хафт пуштат месузад.

– Даматро гир! – бо чахл ба сандуки синаи муйсафед лагад зад Каххор.

Дами Сулаймон-амак дарун зад. Хамин вакт аз назди дари пеши магоза гибир-гибири ду нафар баромад.

“Дуконро хабар мегирам гуфта, кучо гайб заданд”, – пурсид овози мардона.

“Шояд ба хонаи ягон хамсоя рафта бошанд”, – чавоб дод писарбачае.

“Дар ин нимашаби…”

Каххор  овози писари Сулаймон – амак Сафарро шинохта, саросема сангеро  аз назди тарозуи руйи миз гирифта, ба фарки сари муйсафед фуровард. Ва зуд аз дари акиб берун шуда, дар огуши торики гайб зад…

Вакте ки Каххор ба хона баргашта, даруни чогах медаромад, аз хонаи дарун овози модари бемораш расид.

– Кучо буди, бачем?

– Тахоратшикани баромадам.

– Тахоратшикани? Як пиёла об биёр, халкам кок шуд.

Каххор аз ошхона ба модар об оварда, сипас ба чогах даромад. Хотираш парешон, дилашро гургон тала мекарданд. “Муйсафед мурда бошад, хуб. Лекин агар зинда монад, рузам сиёх”- меандешид вай. Хамин зайл то субх хаёлаш ба сад кую дар сар зада, ганабаш бурд. Вай намедонист, ки ин лахзахо Сулаймон – амак дар беморхона ба худ омада, ба зур номи уро ба забон оварда, чон дод.

 Субх дарвозаи онхоро куфтанд. Каххор тарсида бедор шуд ва зуд либосашро пушида, назди дарвоза рафта, аз тараки он милисионери деха ва писари Сулаймон-амакро дид…

Хамон субх вай дарвозаро накушода, милтики шикори дар китф суи кухсор рох гирифт. Ва инак як хафта боз ин гори тангу торро маскан ихтиёр карда, азоби танхоиву гуруснаги мекашид. Гох -гох кабк ё харгушро шикор карда, нимпухтаву нимхом мехурд. Нони хамрох овардааш кайхо тамом шуда буд.

Чавон ох кашид ва аз деха чашм бардошта, ба пешгахи гор (чойи хобаш) баргаштан мехост, ки ногох чашмаш ба гурухи одамони аз хавлиашон (дар канори деха вокеъ буд хавлии онхо) баромада афтод. “Модарам!” – нидо кард вай худ ба худ. Одамон руи даст тобут чониби кабристон рох пеш гирифтанд. “Модарам! Модаракам!” – такрор кард Каххор. – Худоё, модарамро мегуронанд. Бояд биравам! Бояд биравам”.

Вай зуд баргашта, ба гор дохил шуд ва чомаашро, ки вазифаи курпачаро адо мекард, аз замин бардошта, афшонд ва ба бар карда, хост аз гор берун шавад. Аммо баргашта дар дахони гор ба гурге ру ба ру шуда, дар чояш ях баст. Гург аз у чашм намеканд. Чавон бо надомат тамом шудани тирхои камони шикориашро ба ёд оварда, худро маломат мекард, ки чаро акаллан яктои онро нигох надошт.

– Гург, эй гургчон! – ба забон омад чавон. – Ба ман кордор нашав, бояд биравам… Дар он чо модарамро ба хок месупоранд.

Гург аз чой начунбид.

– Ту хам шояд фарзанд дошта боши… Шояд барои пайдо кардани кути лоямути онхо ба касди  чони ман афтода боши… Рох дех, гузарам, эй гург. Бе ин хам рузи ман сахт аст. Дар он чо низ маро гургхои дигар интизоранд. Бо ду дасти адаб худамро ба дасти онхо месупорам. Бигузор маро зиндони кунанд, сангсор кунанд, ба дор кашанд. Пеш аз ин мехохам сари кабри модарам як мушт хок партоям. То у хис кунад, ки ман, фарзанди бетолеаш низ хамрохи мардум уро ба хонаи ахират гусел мекунам.

Аммо ин лобахои чавон ба гург кора накард: аз чой начунбид вай.

– Дафъ шав, даррандаи харом, гум шав!

Гург, гуё аз ин фармони чавон кахраш омада дандон сафед кард ва кадаме пеш монд. Чавон аз тарс кафоноки рафт…

Гург торафт ба у наздик мешуд…

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Акл дар дасти нафс чунон гирифтор аст, ки марди очиз зан ногузир.

Рои бекувват макру фусун аст ва куввати берой чахлу чунун! Тамиз бояду тадбиру акл в-он …