Главная / Гуногун / Чавони ва ошики

Чавони ва ошики

Дар унфувони чавони, чунон ки афтаду дони, бо шохиде сареву сари доштам ба хукми он, ки хулке дошт.

Он ки наботи оразаш оби хаёт мехурад,
Дар шакараш нигах кунад, хар ки набот мехурад.

unnamedИттифокан ба хилофи табъ аз вай харакате бидидам, ки написандидам, доман аз у даркашидаму мехр барчидам ва гуфтам:

«Бирав, харч и мебоядат, пеш гир,
Сари мо надори, сари хеш гир!»

Шунидам, ки хамерафту мегуфт:

«Шабпара гар васли офтоб нахохад,
Равнаки бозори офтоб накохад!».

Ин бигуфту сафар кард ва парешонии у дар ман асар.

Боз ою маро бикуш, ки пешат мурдан
Хуштар, ки пас аз ту зиндагони кардан.

Аммо ба шукру миннати бори пас аз муддате бозомад, он хулки довуди мутагайир шуда ва он чамоли юсуфи ба зиён омада ва ба себи занахдонаш чун бих гарде нашаста ва равнаки бозори хуснаш шикаста, мутаваккеъ, ки дар канораш гирам. Канора гирифтаму гуфтам:

Он руз, ки хатти шохидат буд,
Сохибназар аз назар биронди.
Имруз биёмади ба сулхаш,
К-аш фатхаву зама барнишонди.

***
Тозабахоро, варакат зард шуд,
Дег манех, к-оташи мо сард шуд.
Чанд хиромию такаббур куни,
Давлати порина тасаввур куни.

Пеши касе рав, ки талабгори туст,
Ноз бар он кун, ки харидори туст.

***
Сабза дар бог, гуфтаанд, хуш аст,
Донад он кас, ки ин сухан гуяд.
Яъне аз руи некувон хати сабз
Дили ушшок бештар чуяд.
Бустони ту ганднозорест,
Баски бармеканию меруяд.
***
Гар сабр куни в-ар накуни, муи баногуш,
Ин давлати айёми накуи ба сар ояд.

***
Суол кардаму гуфтам чамоли руи туро:
«Чи шуд, ки мурча бар гирди мох чушидаст?»
Чавоб дод: «Надонам, чи буд руямро,
Магар ба мотами хуснам сиёх пушидаст?».

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …