Главная / Гуногун / Чавони дунёнадидаи бетачриба

Чавони дунёнадидаи бетачриба

Соле аз Балх Бомиёнам сафар буд ва рох аз харомиён пурхатар. Чавоне бадрака хамрохи мо шуд сипарбоз, чархандоз, силахшури бешзур, ки ба дах марди тавоно камони у зех карданди ва зуроварони руи замин пушти у бар замин наёварданди. Валекин, чунон ки дони, мугтанам буду сояпарварда, на чахондидаву сафаркарда, раъди куси диловарон ба гушаш нарасида ва барки шамшери саворон надида.

unnamedНаяфтода бар дасти душман асир,
Ба гирдаш наборида борони тир.

Иттифокан ману ин чавон хар ду дар паи хам равон. Хар он девори кадимаш, ки пеш омади, ба куввати бозу бияфканди ва хар дарахти азим, ки диди ба зури сарпанча барканди ва тафохуркунон гуфти:
«Пил ку, то китфу бозуи гурдон бинад,
Шер ку, то кафу сарпанчаи мардон бинад!»

Мо дар ин холат, ки ду хинду аз паси санге сар бароварданду оханги китоли мо карданд. Ба дасти яке чубе ва дар багали он дигар кулухкубе. Чавонро гуфтам: «Чи пои»?

Биёр, он чи дори зи мардиву зур,
Ки душман ба пои худ омад ба гур!».

Тиру камонро дидам, аз дасти чавон афтод ва ларза бар устухон.

На хар ки муй шикофад ба тири чавшанхой,
Ба рузи хамлаи чанговарон бидорад пой.

Чора чуз он надидем, ки рахту силоху чома рахо кардему чон ба саломат биёвардем.

Ба корхои гарон марди кордида фирист,
Ки шерри шарза дарорад ба зери хами каманд.
Чавон агарчи кивиёлу пилтан бошад,
Ба чанги душманаш аз хавл бигсилад пайванд.
Набард пеши масофозмуда маълум аст,
Чунон ки масъалаи шаръ пеши донишманд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …