Главная / Чамъият / Чавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст

Чавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст

Моддаи 188-и Кодекси Мехнат. Чавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст

  1. Холатхо ва хачми чавобгарии моддии кормандро барои зараре, ки ба корфармо расонидааст, Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.
  2. Корманд ухдадор аст, зарари бевоситаи вокеии ба корфармо расонидаашро чуброн намояд.
  3. Корманд аз чавобгарии модди хангоми расонидани зарар ба корфармо озод мегардад, агар зарар дар натичаи куввахои бартарафнашаванда ё зарурияти нихои ба амал омада бошад, инчунин аз чониби корфармо ухдадорихо оид ба таъмини шароити зарури барои мухофизати молу мулки дар ихтиёрдоштаи корманд ичро нагардида бошад.
  4. Ба корманд вогузор намудани чавобгари барои зараре, ки ба таваккали мукаррарии истехсоли – хочаги алокаманди дорад, рох дода намешавад.
  5. Корфармо ухдадор аст, ба корманд шароити зарурии муътадилро барои нигохдории молу мулки боваркардашуда мухайё намояд.
  6. Вокеан кам кардани молу мулки накди корфармо ё бад кардани холати молу мулки мазкур (аз чумла, молу мулки шахси сеюми дар назди корфармо карордошта, агар корфармо барои нигохубини молу мулки мазкур масъулият дошта бошад), хамчунин барои корфармо зарурати харч ё пардохти маблаги иловаги барои харидан, баркарор кардани молу мулк ё чуброни зараре, ки аз чониби корманд ба шахсони сеюм расонида шудааст, зарари бевоситаи вокеи ба хисоб меравад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …