Главная / Гуногун / Cавганди Президенти Чумхурии Точикистон

Cавганди Президенти Чумхурии Точикистон

 

«Ман, хамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва конунхои чумхуриро химоя менамоям, таъмини хукук, озодихо ва шарафи шахрвандонро кафолат медихам, сарзамин, истиклолияти иктисоди ва фархангии Точикистонро хифз мекунам, ба халк содикона хизмат менамоям».

Дар матни савганд самтхои асосии фаъолияти Сарвари давлат зикр шудаанд. Ин вазифахоро ба гуруххои зерин тасниф кардан мумкин аст: якум, вазифахое, ки ба химояи Конститутсия ва конунхои кишвар алокаманданд. Дуюм, кафолату таъмини хукуку озоди ва шаъну шарафи шахрвандон. Сеюм – хифзи сарзамин, истиклолияти сиёсиву иктисоди ва фархангии Точикистон ва чахорум, вазифахое, ки аз хизмати содикона ба халки Точикистон бармеоянд.

savgand

Президенти Чумхурии Точикистон дорои рамзхо мебошад, ки онро Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон» (30 июни соли 2006 Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон кабул кардааст) мукаррар намудааст. Тибки моддаи 1 Конуни мазкур рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Чумхурии Точикистон иборат мебошад.

Ливои Президенти Чумхурии Точикистон матои росткунчаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуки чойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, пахнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайн якуним баробари пахнои яке аз раххои ранга аст.

Дар маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдори ва бардавомии давлатдории милли мебошад. Дар кисми болоии «Дирафши Ковиён» найза хамчун рамзи ирода ва кудрати хифзи Ватан тасвир ёфтааст. Кисми чахоргонаи «Дирафши Ковиён»-чахор кисми гети буда, рамзи равобити неки, дусти ва хамкори бо кишвархо ва халкхои чахон аст.

Нишони Президенти Чумхурии Точикистон аз се кисми таркиби-ордени «Ситораи Президенти Точикистон дарачаи як», Шери болдор ва Шаддаи зарин иборат мебошад.

Дар мехвари Нишони Президенти Чумхурии Точикистон ситораи хафтгушаи сурх, ки аз ёкути сурх сохта шудааст, чойгир буда, баёнгари мубориза бахри озоди, истиклол, адолат ва пешрафт мебошад.

Ба Президенти Чумхурии Точикистон дар маросими ба вазифа шуруъ намудан ва баъд аз савганд ёд кардан аз чониби Раиси Суди Конститутсионии Чумхурии Точикистон рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон супорида мешаванд.

Дар маросими ба вазифа шуруъ намудани Президенти Чумхурии Точикистон Ливои Президенти Чумхурии Точикистон дар назди у афрохта мешавад.

Тахкири рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон дар хар шакле, ки набошад, манъ аст. Бо максади самаранок ба рох мондани ичрои ваколатхои Президент дар сохахои гуногуни хаёти сиёси, иктисоди, ичтимои, фарханги, алока бо макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, парламент ва гайра Президент аз хизмати гурухи мушовирони давлати истифода мебарад. Вазъи хукукии мушовирони давлати дар Низомнома дар бораи мушовирони давлатии Президенти Чумхурии Точикистон танзим гардидааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …