Главная / Чамъият / Cавгандёдкунии тантанавии хизматчиёни харби

Cавгандёдкунии тантанавии хизматчиёни харби

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни харби барои садокат ба Президенти Чумхурии Точикистон

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2006, №11, мод. 466) 

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 11-уми октябри соли 2006, №366   (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, №10, моддаи 423) кабул гардидааст. 

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 15 -уми ноябри соли 2006, №235 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, №11, моддаи480) чонибдори гардидааст.

Моддаи 1. Мавзуи танзими Конуни мазкур

Конуни мазкур муносибатхои вобаста ба савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни харбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон барои садокат ба Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ба танзим медарорад.

Моддаи 2. Асосхои хукукии Конуни мазкур

Асосхои хукукии Конуни мазкурро Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ташкил медиханд.

Моддаи 3. Маросими савгандёдкуни

Хизматчиёни харбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон баъд аз савганд ёд намудани Президенти Чумхурии Точикистон дар чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, барои садокат ба Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон дар майдони Дустии шахри Душанбе савганди тантанави ёд мекунанд.

Моддаи 4. Матни савганди тантанави

Мо, хизматчиёни харбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, ботантана савганд ёд мекунем:

ба Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва ба халку Ватан содик мемонем;

Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхои Чумхурии Точикистон, амру фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро катъиян ва бечунучаро ичро менамоем;

Хомии бошарафи Ватан буда, хушёри, далери ва садокатмандии худро то нафаси охирин бошарафона нигох медорем;

Ватан ва халки худро мардонавор хифз менамоем;

бахри хифзи Ватан, марзу буми он, химояи сохти конститутсиони хамеша омода буда, хаёт ва чони худро дарег намедорем.

Агар ин савганди худро шиканем, бигузор ба чазои сахт ва нафрати халк гирифтор шавем.

Моддаи 5. Тартиби савгандёдкунии тантанави

Дар маросими гузаронидани савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни харби барои садокат ба Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон иштирок менамоянд.

Савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни харбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон дар назди Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи оинномахои умумихарбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон баргузор мегардад.

Моддаи 6. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсоне, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 7. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти Чумхурии Точикистон Э.Рахмонов

 

ш.Душанбе, 15 ноябри соли 2006

№ 205

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …