Главная / Чамъият / Cарулибоси нави милисахо тахия мешавад

Cарулибоси нави милисахо тахия мешавад

Рамазон Рахимзода, вазири умури дохилии Точикистон бо тасдики як карор барои тахияи сарулибоси нави хидматии милисахои кишвар озмун эълон кардааст. Тибки иттилои ВУД, мухлати пешниходи тархи нави либос бо аломатхои фарккунандаи милисахо то 1 октябр мукаррар шуда, хулосаи комиссияи озмун 15 октябр муайян мегардад.

Озмуни сарулибоси нави милисахо аз пойафзол то кулохро хам барои занон ва хам мардон хам зимистона ва хам тобистона фаро гирифтааст. Вазир мукаррар кардааст, ки сарулибоси нав рангхои сафед, хокистаранг ва кабуди торикро дошта бошад.

Рахимзода Рамазон

Таъкид шудааст, ки либосхои нав бо киса ва таркиби барои кор ва нигохдори мувофик бошад ва ба канорхои качу килеб рох дода намешавад.

ВУД бо пешниходи талабот нисбати матоъ таъкид намудааст, ки шароити обу хавои ин ё он минтака, ба монанди нохияхои гарми Шахритусу Кабодиён, ё сард ба монанди навохии Мургобу Лахш ба назар гирифта шавад.

Вазир дар шартхои озмун таъкид намудааст, ки “юбка” ва либосхои занона набояд аз зону баланд бошад.

“Пойафзоли занона метавонад пошнадор бошад, аммо баландии он на бештар аз 4,5 сантиметрро ташкил дихад”, — омадааст дар шартхои озмун.

ВУД афзудааст, ки тахияи сарулибоси нав дар доираи ислохоти милиса сурат гирифта, нархи он низ аз омилхои мухим мебошад.

Ин ниход аз афроде, ки хохиши иштирок дар озмун ё суоле доранд, хохиш намудааст, ки тарики ракамхои 227-76-39, 934441601 дар тамос шаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …