Главная / Гуногун / Чаро доллар киммат мешавад?

Чаро доллар киммат мешавад?

Сухбати ихтисосии хабарнигори рузномаи “Точикистон” Усмон Рахимзода бо раиси Кумитаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба иктисод ва молия, доктори илмхои иктисод Шариф Рахимзода аз 3 апрели соли чори маро водор сохт, то дар таквияти гуфтахои олими варзида чанде аз назару андеша ва тахлилу мушохидоти худро атрофи нархи бозору курби асъор ва дигар печидагихо дар ин самт манзури хонандагони рузнома гардонам.

Бозор – сарчашмаи даромад? Вокеан хам аз диду мушохидот дар сохаи иктисодиёт бармеояд, ки имруз иктисодиёти кишварамон ниёз ба ислохоти чидди дорад. Зеро як катор омилхои маъмуливу бештар сунъие пайдо шудаву аз чониби манфиатчуёне эчод мегарданд, ки иктисодиёту молиёти мамлакатро мувочех ба мушкилот гардонидаанд ва дар ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум таъсиргузоранд. Ба касе пушида нест, ки имруз ягона сарчашмаи пешбурди рузу рузгори мардум ин бозор аст. Яке молу махсулоти аз хоричи кишвар овардаашро пешниходи харидорон мегардонад, теъдоди дигар аз як гушаи бозор махсулот харидори карда, гушаи дигар нишаста, болои он чанд тангае гузошта, бо хамин васила руз мегузаронанд.

Яъне, кариб хар хонаводаи точикистонихо бозоршинанд ва рузии худро аз бозор пайдо мекунанд. Махз хамин омил, эхтиёчоти мардум ва ру овардан ба бозор нархи махсулот ва арзиши долларро боло бурдааст. Мусаллам аст, ки хар гохе нархи махсулоту курби доллар дар Точикистон ба боло дакка хурад, дигар он асло поён намефарояд. Чаро? Зеро сатхи маърифати бозордории мо ва нафси теъдоде аз манфиатчуи муассисахои молиёту иктисодиёти кишвар, ки бозори асъорро ба худ монополия кардаанд, сабаби эчоди чунин монеаи сунъи гаштаанд.

Одитарин махсулоти полези дар бозор – гашничу шибит, пиёзи сабзу пудинаву дигар намуди кабудихост, ки як бандчаи ин намуд аз махсулоти хуриши 50 дирам арзиш доранд. Чун сабаби гаронии нарх пурсед, фурушандахо бидуни андеша посух медиханд: “Доллар боло рафтааст.” Дигар фурушандагони сабзавоту мевачот низ болоравии кимати долларро омили боло рафтани нархи махсулот маънидод мекунанд. Аксар фурушандахои бозор, ки махсулоти полезиро аз дасти сеюму чорум харидори мекунанд, омил пеш меоранд, ки нурихои минераливу тухмиву сузишвори воридотианд ва он хамаро бо доллар харидори мекунанд. Магар чунин хулосарониро метавон омили боло рафтани нархи махсулот маънидод кард? То чое метавон ба ин гуфтахо рози шуд, аммо набояд аз мадди назар дур дошт, ки аксари бозоршинхо ханнотонанд, махсулот мустакиман аз полезхо вориди бозор намегардад.

Сахехтараш, дехкон хакку хукуке надорад, ки мустакиман махсулоти худро вориди бозор гардонад. Пас, ки нархи бозорро назорату ба танзим медарорад? Сарварони бозорхо низ ба мисли фурушандахо дар гами манфиати хешанд… Дар Афгонистони чангзада вакте дар минтакае даргири то чанд руз идома меёбад, нархи махсулот бинобар банд будани роххо каме боло меравад ва чун даргири хотима меёбад, нархи махсулот холати авваларо мегирад, яъне поён мефарояд ва курби асъори хоричи низ танзим меёбад. Чаро доллар бологузар аст? Вокеан хам тули чандсолахост, ки доллар дар киболи пули милли чойгохи баландеро ба худ касб кардааст ва масъулини муассисахои молияви харчанд ба кавли худ чахду талош меварзанд, то кимати пули миллиро боло баранд, аммо танзиму низоми ягонаи онро пайдо карда наметавонанд.

Чаро имруз талаботи мардум нисбат ба доллар бештар асту аммо он дар бозори асъор камчин аст? Инро дастандаркорони Бонки миллии Точикистон, бахусус Департаменти сиёсати монетари, тадкикоти ва рушди ин ниход хуб медонанд ва онхо дар машваратхои хархафтаинаи худ аз курби пули милливу вазъи нархи молу махсулот дар бозорхои кишвар маълумот медиханд. Омилхоро низ нишон медиханд, аммо чихати халлу аз бунбаст берун гаштанро касе ба ёд хам намеорад. Осонакак омилхои берунаро мисол меоранду бо хамин об ба лаби чу баробар мегардад.

Бозор хамон бозор, молу махсулот хамон махсулот, факат нарххо осмони. Соле мукаддам як масъули Бонки марказии кишвар ба суоли хабарнигоре омилхои баланд шудани курби долларро “дар афзоиш ёфтани фаъолнокии иктисодии сохибкорон баъд аз мавсими зимистон” маънидод карда буд. Дигар фаслхо чи, магар курби доллар дар дигар фаслхо ба боло дакка намехурад? Хатто масъулини Бонки милли чанд соле кабл гуфта буданд, ки болоравии курби доллар аз онхо вобаста нест. Пас, он аз ки вобаста аст? Хонандагон хуб дар хотир доранд, ки як муддат фуруши нарху мошинахо бо доллар сурат мегирифт ва кариб аксарият дар чайб доллар доштанд.

Икдоми Бонки милли долларро аз муомилот бардошт, нуктахои табодули асъор низ бархам хурданд, хар ки бо доллар додугирифт мекард, ба чавобгари кашида шуд, доллар камчин гашт ва гумон мерафт, ки ин ягона рохи баланд бардоштани курби пули милли мегардад. Аммо баръакс, курби пули милли дар сатхи паст карор гирифт, сатхи таваррум дар бозорхо ба нуктаи баландтарин расид, аксари корхонахо муфлис шуданд, мавчи ин бахри пуртугён хатто бархе аз бонкхоро низ муфлис гардонд.

Ёдам хаст, замоне ки муомилоти доллар озод буд ва дар ин рох хеч садде вучуд надошт, фурушандахои нуктахои табодули асъор ва ё ба кавли маъмул “валютчикхо”, аз Бонки милли доллару евроро озодона харидори мекарданд ва ба болои он 1 доллари гузошта, дар нуктахои саррофи ба мардум мефурухтанд. Аз чунин фуруши озоди доллару табодули асъор хам бонкхо фоида медиданду хам саррофон. Хатто дар рохраву кучахо низ афроде ба чашм мерасиданд, ки пинхони доллар табодул мекарданд ва коршиносон онхоро фурушандахои бозори сиёх маънидод мекарданд.

Вокеан хам, агар вокеъбинона масъаларо тахлил кунем, баръало он чиз аён мегардад, ки каблан вакте мардум дар хамён доллар доштанд, дилхох молу махсулотро аз хоричи кишвар бидуни мушкилот вориди бозорхо мегардониданд ва нархи молу махсулот низ то чое муътадил буд. Чун муомилоти доллари ба иборае “ба танзим” дароварда шуд, аксари точирону сохибкорон муфлис шуданд, мардум дар як холати ногувори бухрони иктисоди карор гирифтанд. Хамагон огахи доранд, ки чихати коркарди молу махсулот дар корхонахои кишвар, ашёи хом аз хоричи кишвар ворид мегардад ва гуё чунин вориднамои метавонад бозорро ба танзим дарорад? Замоне семент аз хоричи кишвар ворид мегашт ва кимати як халтаи сементи навъи Покистон аз 33 то 36 сомони буд.

Аммо имруз, ки семент дар дохили кишвар истехсол мегардад, арзиши як халтаи он 40 сомониро ташкил медихад. Магар ашёи хоми семент хорич аз кишвар ворид мегардад? Ё иллат дар он аст, ки чиноихо ин бозорро аз худ карда, хакки худро бо доллар меруёнанд? Чи бояд кард? Вакте мегуем курби пули милли кохиш ёфтаву доллар болост ва нархи махсулот чавобгуи кисаи мардум нест, пас чаро давлатмардони кишвар дар танзими нархи махсулоти бозор мусоидат намекунанд? Он рейду санчишхое, ки ба хотири худнамоишдихи дар бозорхо гузаронида мешаванд, роххи халли масъала нест. Икдомоти шахрдори дар мавриди ташкилу таъсиси ярмаркахои фуруши молу махсулоти дехкони бо нархи дастрас, вокеан хам, ба манфиати мардум аст.

Махз монеагузори дар муомилоти асъори хоричи, курби онро баланд кардааст. Точирону сохибкорон молу махсулотро аз хорича бо доллар харидори мекунанд ва баъд аз ворид кардани он ба кишвар, аз руйи курби муайянкардаи худ онро ба сомони табодул мекунанд, ки омили дахчанд боло рафтани нархи молу махсулот мегардад. Чунин амалкард зарбаи чонкохе мегардад ба камари хамгаштаи кишри камбизоати чомеа.

Тавре дар боло ишора кардем, дар мо анъана шуда, ки болоравии курби долларро мавсими арзёби мекунем. Мавсими мактаб фаро расад, формаи мактаби кимат мешавад, чашну идхои милли аз кабили идхои Рамазону Курбон ва дигар чашнхои милли баргузор шаванд, молу махсулоти гизои дахчанд боло мегардад ва касеро парвое нест ва хеч гуна назорат дар бозорхо дида намешавад. Дар мачмуъ мардум ин хамаро монополикунонии бозори асъор аз чониби афроди манфиатчу маънидод мекунанд, ки ба хотири пешбурди кори бонкхои худтаъсисдодаашон рохи гардиши долларро ба самти худ гардонидаанд.

М. МУХАММАДЗОДА, коршинос

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …