Главная / Чамъият / Чаро Туркманистон чап гирифт?

Чаро Туркманистон чап гирифт?

Туркманистон каблан аз накшахои муштараки рохи оханчиёни Узбакистону Точикистон, ки метавонанд боиси кохиши боркашони тарики Туркманистон гарданд, изхори норозиги карда буд

Вазорати наклиёти Точикистон мегуяд, посухи Туркманистон дар мавриди мушкилоти мошинхои боркаш  дар марзи ин кишварро хануз дарёфт накардааст.

1023668644

Тибки иттилои Вазорати наклиёт, гузариши мошинхои боркаши Точикистон аз худуди  Туркманистон махдуд карда шуда, айни хол аз гузаргоххои сархадии Эрону Туркманистон ва Узбакистону Туркманистон наклиёти боркаши точик намегузаранд.

Ин монеа дар холест, ки ахиран чониби Точикистон аз сабукихои Узбакистон барои интиколдихандагони бор тарики рохи охани ин кишвар хабар дод.

Вазорати наклиёти Точикистон гуфт, ширкати “Узбекистон темир йуллари” аз 15 августи соли 2018 то 31 декабри соли 2018 барои интиколи транзитии хамаи намуди борхо тавассути истифодаи китъаи рохи охани Келес-Кудукли ва баръакс ба воситаи вагонхои парки шахси —20% ва бо вагонхои парки инвентари-30% сабукихо (тахфиф) пешниход кардааст.

Инчунин барои содироти бор аз Точикистон, дар китъахои рохи охани Кудукли-Келес, Кудукли-Каракалпокистон, Амузанг-Келес ва Амузанг-Каракалпокистон ба воситаи вагонхои парки шахси —20% ва бо вагонхои парки инвентари-30% тахфифхо пешниход шудааст.

Чузъиёти дигари созиши рохи оханчиёни ду кишвар иро нашудааст. Ин дар холест, ки Туркманистон огози соли 2017 аз накшахои муштараки рохи оханчиёни Узбакистону Точикистон, ки метавонанд боиси кохиши боркашони тарики Туркманистон гарданд, изхори норозиги карда буд.

Мохи январи соли 2017 Вазорати умури хоричии Туркманистон алайхи накшаи Точикистон барои тагйири масири харакати каторхояш дар Узбакистон, ки интизор мерафт, бидуни убури каламрави Туркманистон сурат гирад, изхорот дода буд.

Норозигии чониби Туркманистонро изхороти Усмон Каландарзода, ноиби раиси  “Рохи охани Точикистон” ба бор оварда буд, ки гуфт, агар масири  каторхои Точикистон дар Узбакистон тагйир дода шавад, хати харакат худуди 150 километр кутохтар хохад шуд.

Дар холе, ки чонибхо хеч шархи расми дар мавриди мушкилоти ахири боркашхои Точикистон дар марзи Туркманистон ироа намекунанд, бархе аз тахлилгарон мегуянд, эхтимол созишхое миёни Тошканду Душанбе дар мавриди боркашони ба Ашкобод писанд нашуданд ва боиси эчоди мушкили гардид.

Дар хамин хол Вазорати наклиёти Точикистон ба интиколдихандагони бор ба кишвар тавсия додаст, ки аз дигар масирхо, яъне тавассути худуди Озобойчон, Казокистону Туркманистон истифода кунанд. Вазорат мегуяд, ин рох тулонитар назар ба рохи Туркманистон-Узбакистон-Точикистон аст вале айни хол ягон а илоч хамин аст.

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …