Главная / Гуногун / Чанги шахрванди дар ИМА

Чанги шахрванди дар ИМА

Баъди аз дасташон рафтани мансаби президенти гуломдорони Чануб аз нав ба мубориза бархостанд. Авраам Линколн бояд 4 марта соли 1861 ба ичрои вазифаи президенти шуруъ мекард. Вале 20 декабри соли 1860 иёлати Королинаи Чануби аллакай дар бораи аз иттифок баромадани худ эълон кард. Дар ин бора боз 7 иёлати дигар – Флорида, Чорчия, Алабама, Луизиана, Техас, Миссисипи ва Теннеси эълон карданд. Онхо муттахид гашта, Конфедератсияи Чанубро ташкил намуданд. Пойтахти он шахри Ричмонд интихоб шуд. Конфедератсия Ж. Девисро президенти худ эълон кард. Конфедератсияи Чануб мехост, ки гуломдориро дар каламрави худ абади гардонад.

xusa-752x440-jpg-pagespeed-ic-d_azgtrtvl

12-13 апрели соли 1861 артиши Конфедератсияи Чануб истехкоми Самтарро, ки дар наздикии Чарлстон вокеъ гардида буд, баъди гулулаборонкунии шадид ишгол намуд. Ин вокеа огози чанги мулки дар ИМА шуд. Баъди ин А. Линколн чанубихоро исёнгар номида, сафарбаркунии ихтиёриёнро эълон кард. Дере нагузашта дар сафхои ихтаёриён зиёда аз 75 хазор нафар одамон чамъ омаданд. Умуман Нерухои Шимол нисбат ба Конфедератсия зиёдтар буданд. Ахолии Шимол 19,2 миллион ва иёлоти гуломдори Чануб 12 миллионро ташкил мекард. Бинобар ин Шимол сипохи зиёдтар гун карда метавонист. Дар масъалаи сипохро аз яроку аслиха ва маводи дигар таъмин намудан низ Шимол имконияти зиёдтар дошт. Вале дар иёлоти Чануб захираи зиёди яроку аслиха мавчуд буд. Ин захира ба дасти Конфедератсия даромад. Гайр аз ин аксарияти афсару генералхои артиши ИМА Конфедератсияро дастгири мекарданд. Инчунин доирахои хукмрони Англия, Фаронса ва Испания хам чонибдори Конфедератсия буданд. Ин давлатхо ба ду давлати камкуввати мустакил таксим шудани ИМА манфиатдор буданд.

То тобистони соли 1861 Конфедератсия артиши 120- хазорнафара ташкил кард. Чануб мехост, ки дар чанги ру ба ру Нерухои Шимолро торумор карда, шахри Вашингтонро ишгол намояд. 21 июли соли 1861 дар наздикии шахри Манассас, ки такрибан 40 км дуртар аз Вашингтон вокеъ гардидааст, артиши 35-хазорнафараи Шимол аз тарафи артиши 30-хазорнафараи исёнгарони Чануб шикаст хурд. Дар ин холат хукумати Шимол ба лашкари худ аз нав сафарбаркуни гузаронида, аввал онро ба 500 хазор ва то охири хамон сол ба 660 хазор нафар расонид.

Мохи январи соли 1862 сипохиёни Шимол ба хучуми чавоби гузаштанд. Генерал Грант, ки дар Гарб амал мекард, супориш гирифт, ки хавзаи дарёи Миссисипиро ишгол намояд. У аз ухдаи ин кор баромада тавонист. Дар Чануб лашкари Батлер мохи апрели соли 1862 бо дастгирии флот Орлеани Навро ба даст даровард. Ба ин нигох накарда дар чои мухорибаи асоси, наздикии дарёи Потомак вазъияти артиши Шимол хуб набуд. Дар Ричмонд Маклеллан пурра шикаст хурд. Лозим омад, ки аз чойхои дигари чанг ба тарафи Вашингтон лашкар равон карда шавад.

Дар зери таъсири оммаи халк хукумати Авраам Линколн мачбур шуд, ки ба чорахои инкилоби гузарад. Онхо ба Конститутсия мухолиф бошанд хам, дар айни замон ин корро зарурати харби такозо мекард. Аз хамин вакт cap карда чанги мулки ба инкилоб табдил ёфт ва хукумати А. Линколн ба амали кардани чорахои инкилоби шуруъ намуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …