Главная / Биология / Чамоаи наботот ва гуногуншаклии онхо

Чамоаи наботот ва гуногуншаклии онхо

Дар табиат растанихо алохида-алохида бе робитаи байниякдигари намесабзанд. Балки онхо хамрох, гурух-гурух меруянд. Гурухи бо хам алокаманди хелхои гуногуни растанихоро, ки муддати дуру дароз дар як каламрав (марзи муайян) сабзида, ба якдигар унс гирифтаанд ва инчунин, ба якдигар ва мухити атроф таъсир мерасонанд, чамоаи наботот меноманд. Дар натичаи бо хам зиндаги кардани растанихо дар чамоаи наботот байни онхо як робитаи мутакобилаи (тарафайни) бохамтаъсиркунанда пайдо мегардад. Чамоаи наботот чангал, маргзор, дашт, ботлок ва гайрахоро дарбар мегирад.

daraxt

Бавучудоварандаи чангал, одатан, дарахтон мебошанд. Дар чангалхои мо ягон намуди муайяни дарахтон (бодоми бухорои, фарки туркистони, чинори шарки, арча ва гайрахо) дар алохидаги, нисбатан бартари доранд. Одатан чангалро бо номи дарахти бартаридошта ном мегиранд. Чунончи, чангали фарк, арчазор, чангали чинор, тус ва гайра.

Чангалхои Точикистон асосан дар нохияхои кухи, дар пастхамихои серсангу регдор ва водии дарёхо пахн шудаанд. Хар як чангал аз хамдигар аз руи таркиби набототаш фарк мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки барои хар як намуди чангалзор намудхои растанихои ба вай мувофику созгор хос аст.

Набототи чангали фарки туркистони. Фарки туркистони мансуби оилаи фаркхо мебошад. Чангалхои фарки туркистони дар каторкуххои Хисор, Дарвоз, Пётри I, Каротегин пахн гардидаанд. Дар шароити чумхуриамон чангали фарки туркистони порча-порча вохурда, чангали яклухту бутунро пайдо намекунад.

Фарки туркистони дар баландихои 2500 м аз сатхи бахр бо чангали арча, анбухи хучзор (настаран), маргзорони баландалаф ва аз поён то баландии 1000 м аз сатхи бахр бо анбухи бодоми бухорои, заранги Регелу дулона, писта хамшафати дорад. Дар чангалзори фарки туркистони бо вай дигар растанихои дарахти, аз кабили чормагз, себи кухи, сафедор, малхам, шунг, губайро, туг, арча, аз растанихои буттаги бошад хостак, намудхои гуногуни настаран, иргай, талох хамрох меруянд. Дар зери дарахту буттахо, одатан растанихои соядусту намидусти алафи пахн шудаанд. Дар чойхои кушоди нисбатан серрушнои бошад, растанихои алафии бисёрсола — юган, торон, чормагзак, хардума, намудхои гуногуни ширеш, камоли кухистони, пиёзи кухи (пиёзи Ошанин), морчуба ва дигархо бо он хамрохи намуда, пушиши анбухи (зичи) набототро пайдо кардаанд.

Набототи чангали арча (арчазорон). Арчазорон назар ба дигар чангалзорхо дар баландихои аз хама болои кухсорон мавкеъ доранд. Арчазорон асосан дар нишебихои серсанги кухсорон дар тегаи куххо, водии дарёхо доман пахн кардаанд.

Растанихои дарахтию буттаги ва алафии каблан номбаршударо дар арчазорхо низ дидан мумкин аст (агар вай дар чойхои нисбатан намнок ва хоки сергизо руяд). Дар минтакахои хушки хокаш регноку камгизои арчазор инчунин дарахтони кадпасти ба хушки тобовар (шулаш, бодоми бухорои, заранги Регел), растанихои буттаги (бушол, настаранхои гулизарддошта), растанихои алафии бисёрсола (хардума, баъзе хелхои ширеш, мармарак, чамилак, чукри) месабзанд. Дар фасли бахор бошад растанихои зиёди пиёзакдор – намудхои гуногуни лола, гули гоз, чурготак ва гайра низ вомехуранд.

Набототи бодомзор. Бодомзорхо асосан дар доманакуххо ва куххои начандон баланд, дар баландии аз 800 то 1700 м аз сатхи бахр пахн шудаанд. Яке аз аломатхои фарккунандаи бодомзор аз чангали фарку арча дар он аст, ки хар як дарахти бодом аз якдигар дар масофаи начандон наздик сабзидаанд.

Бодомзорхо асосан дар нишебихои самти чануби ё кисман дар самти шаркии кухсорон чойгир шудаанд. Дар баландихои 1700 м аз сатхи бахр бодомзор бо чангали дарахтони пахнбарг хамшафат мебошад.

Дар бодомзор дар катори бодом дигар растанихои дарахти – заранги Регел, туг, дулона, писта, шулаш, растанихои буттаги – намудхои зардгули настаран, бушол, зирк ва хостак месабзанд. Дар бодомзор макоми растанихои алафи, аз чумла чави пиёзакдор, юган, дар чойхои кушоди серрушнои – камол, сокала, гармаш (хай- ригул), ширеши борикбарг хеле калон аст. Дар бодомзор раста- нихои яксолаи давраи рушду инкишофашон нихоят кутох (эфемерхо), аз кабили гули одамру, гули ноз, лолаарусак, мунч ва бисёрсола (эфемероидхо) – пиёзи коз, хамаи намудхои гули сиёхгуш, баъзе намудхои савсан, биниточгул, заъфарон, хавоборонак, геша, чурготак ва дигархо вомехуранд.

Руи харсангхои калонеро, ки дар бодомзорхо бисёр вомехуранд, одатан гулсангхо ва ушнахо пушонидаанд.

Набототи пистазор. Пистазор дарахтзори нисбатан па- рокандаи равшан аст, дарахтон аз хамдигар дур-дур чойгир шуда- анд. Сабабгори асосии ин холат норасогии яке аз омилхои асоси — намноки мебошад. Пистазорони Точикистон асосан дар куху теп- пахои нохияхои чануби (дар баландихои 600 то 1700 м аз сатхи бахр) пахн шудаанд. Дар нуктахои поёни онхо бо чамоаи набото- ти алафии кадпаст, ки номи нимсаваннаро гирифтаанд ва дар нуктахои болои бо арчазорхо хамсархад мебошанд.

Дар ташаккулёбии чамоаи пистазорхо боз растанихои дигар — бодоми бухорои, дар чойхои нисбатан намнок – дарахтони себ, олуча, дулона, фарк, аз растанихои буттаги — бушол, настаранхои гулзард, иргай, хостак ва дигархо иштирок мекунанд. Аз растанихои алафи бештар пиёзаклунда ва решапоядор, чунончи пиёзи коз, бойчечак, хавоборонак, хуроки кабк, биниточгул, чурготак, заъфарон, геша, холмон ва дигархо вомехуранд. Дар чойхои нисбатан кам- дарахт растанихои сокала, ширеш, камол, чойкахак, мармарак, ис- фарак, чави пиёзакдор, юган ва гайрахо пахн гардидаанд.

Набототи маргзор. Маргзор ин чамоаи махсуси набо- тоте мебошад, ки асосан растанихои бисёрсолаи алафиро дарбар гирифтааст. Аз руи мавкеъ ва гуногунтаркибии намудхои растани маргзорхоро ба маргзорхои сохили ва баландкух чудо мекунанд.

Маргзорхои сохили асосан дар сохили дарёхо чойгиранд. Дар бахорон хангоми тугён кардани дарё маргзори сохили зери об монда, бо лойкаи селоб пушида мешавад. Лойкаи селоб аз моддахои гизои хеле бой мебошад ва таркиби хоки маргзорро хосилхез мегардонад. Баъди паст шудани тугёни дарё дар хоки хосилхезу намнок растанихои бисёрсолаи алафи нуму мекунанд. Аз растанихои хушадор дар он чо арзанаки маргзори, кунокак, сулии маргзори, себаргаи хазанда, нахудак, намудхои гуногуни мулкак, инчунин дигар растапихои маргзори, аз кабили анчибар, тугмачагул, буимодарон ва дигархо месабзанд. Хангоми гулшукуфт растанихои маргзор рангхои гуногуни дилкашро ба худ мегиранд.

Дар шароити Точикистон маргзорхо бештар дар баландкуххо дар наздикии тармахои обшудаистода, чашмасорон чойгир шудаанд. Растанихои асосии маргзорхои баландкух аз растанихои хардума, рубохдуми зарафшони, торон, намудхои гуногуни ширеш, мунч, зарбат, лигулария ва гайрахо иборатанд.

Умуман, маргзорхои баландкух хеле пароканда буда, дар байни тегахои кух, чойхои нисбатан камшамолрас вомехуранд. Дар хар чамоаи растанихо намудхои бартаридошта (хукмрон) ва хайрохикунанда дида мешаванд. Дар хар чамоаи наботот, одатан, намудхое вомехуранд, ки ба растанихои дигар таъсири калон мерасонанд ва ё барои онхо мухити зист пайдо мекунанд. Ин намудхоро намудхои бартаридошта ё хукмрон меноманд. Масалан, дар фаркзор фарк барои дигар намудхои хамрохикунанда бавучудоварандаи мухити хаёти мебошад.

  1. Чамоаи наботот чист?
  2. Кадом гуруххои чамоаи набототро медонед?
  3. Гуруххои (намудхои) чамоаи наботот аз якдигар бо чи фарк мекунанд?
  4. Кадом намуди растанихо барои чамоаи фаркзор, арчазор ва маргзорон хос аст?
  5. Маргзори сохили аз баландкухи бо чи фарк мекунад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …