Главная / Илм / Чамилак дар Канзи Шифо (Китоб)

Чамилак дар Канзи Шифо (Китоб)

SONY DSC

Чамилак — Ин гиёхест кухи, баргаш монанди барги кокути мебошад, монанди райхон буйи хуш дорад — ин аз чинси райхон ва кокути мебошад. Буяш мобайни буйхои наъноъ ва пудинаи дашти буда, гуё аз хар ду мураккаб гаштааст. Гулаш сафеди моил ба сурхи, тухмаш резатар аз тухми райхон. Дар заминхои офтобруяи кухсор меруяд. Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Вале баъзе табибон дар охири дарачаи дувум гарм ва дар аввали он дарача хушк низ гуфтаанд.

Хислатхои шифобахши Чамилак: агар инро бихуранд, фарах меоварад, гиреххоро дар узвхои бадан мекушояд; узвхои даруни шикам ва даруни сина, инчунин рухи хайвониро, ки марказаш дил аст ва рухи нафсониро, ки марказаш майна аст, кувват мебахшад, низ бар зидди захрхо куввати тарёки хам дорад, буйхои бадро аз бадан дафъ мекунад, пешоб ва хайзро равон месозад, кирмхои шикамро хорич мегардонад, бачаи мурдаро аз шиками хомила меафтонад, хамаи бодхои зарарнокро тахлил медихад. Барои равон кардани пешоби бандшуда ва хайз онро дар об чушонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, кофист.

Агар куфтаи инро бо шароб фуру баранд, кай ва бехузур (бечо) шудани дилро таскин медихад. Агар инро бо сирко ва равгани гулисурх сиришта гузошта банданд, дарди сарро шифо мебахшад. Куфтаи инро бо чой ё бо об фуру баранд ё гузошта банданд, барои беморихои балгами, дарди узвхои даруни сина ва меъда, варами чигар ва сипурз даво мешавад. Ва агар бо асал бихуранд, газидани каждумро безарар мегардонад, бо сиканчабин биёшоманд, барои занбургазида даво мебошад.

Ин гиёхро дар об чушонида, он обро биёшоманд, оруг, чакмезак ва шапушхоро дафъ мекунад; санги хичакро майда карда мерезонад, араки бадбуйро ислох мекунад ва агар гузошта банданд, дарди рудахо ва дарди бачадонро ба ибро меоварад.

Ин растаниро бо сирко биёшоманд, хун кай карданро сихат месозад. Тухмашро бардавом бихуранд, бемори ва иллатхои дар боло номбаршударо ба ибро меоварад. Ва тухми онро занхо аз таг бардоранд, буйи бачадонро хуш мегардонад. Инчунин инро бибуянд, моддахои дар майна бударо ба харакат меоварад.

Хурдани чамилак ба шуш зарар дорад. Давои ин зарараш катиро хурдан аст. Микдори як бор хурдан аз чамилаки хушк дар як руз 4,5 грамм аст. Агар чамилак ёфтан душвор гардад, ба чойи ин райхони гуши мушро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Аз чамилак равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Чамилаки тару тозаро куфта, фишурда, обашро дар зарфе рехта, аз болояш баробари вазни он равгани кунчид дохил карда, бо оташи мулоим то тамоман бухор шудани об мечушонанд. Аз чушидан, ки монд, равган тайёр мебошад. Ё ин ки гулашро дар он равган пур кунанду ба офтоб гузоранд ва хангоме ки ранг, буй ва куввати гул ба равган гузарад, фишурда, гулро дур намоянду аз нав    гули тару тоза андозанд. Хар хафта як бор то панч-шаш маротиба гулро нав бояд кард. Баъд равганро соф гардонида, дар шишаи махкам нигох доранд.

Агар ин равганро ба сар бимоланд, гирехи майнаро мекушояд ва узвро кави мегардонад. Ва агар дар бини чаконанд, банд шудани сурохи биниро мекушояд. Агар инро бихуранд, моддахои гализи хамаи узвхои баданро тахлил медихад, узвхои баданро кави месозад, ба бадан буйи хуш мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …