Главная / Чамъият / Чамъияти дорои масъулияти махдуд чист?

Чамъияти дорои масъулияти махдуд чист?

КОНУНИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дарбораи чамъияти дорои масъулияти махдуд

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 2002, №4, кисми 2, мод. 314; соли 2008, №10, мод. 810)

Боби I. Коидахои умуми

Моддаи 1. Муносибатхое, ки хамин Конун танзим мекунад

jdmm

Хамин Конун холати хукукии чамъияти дорои масъулияти махдуд, хукуку ухдадорихои иштирокчиёни он, тартиби ташкил кардан, азнавташкилдихи ва бархам додани чамъиятро муайян менамояд.

Хусусияти холати хукуки, тартиби ташкил кардан, азнавташкилдихи ва бархам додани чамъияти дорои масъулияти махдудро дар сохахои фаъолияти бонки, сугуртави ва сармоягузори конунхои Чумхурии Точикистон муайян мекунанд. 

Моддаи 2. Мафхуми чамъияти дорои масъулияти махдуд

  1. Чамъияти дорои масъулияти махдуд (минбаъд чамъият) чамъияти хочагиест, ки аз чониби як ё якчанд шахсе таъсис дода шуда, сармояи оинномавии он бо хиссаи хачми муайянкардаи хуччатхои таъсисоти таксим шудааст. Иштирокчиёни чамъият аз руи ухдадорихои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут бо фаъолияти чамъиятро дар доираи арзиши сахми гузоштаашон ба ухда доранд.

Иштирокчиёни чамъият, ки ба сармояи оинномавии чамъият сахмро дар хачми пуррааш нагузоштаанд, тибки ухдадории он дар доираи арзиши кисми пардохташудаи сахми хар кадом иштирокчии чамъият масъулияти муштарак доранд.

  1. Чамъият дар моликият амволи алохида дорад, ки дар баланси мустакили он ба хисоб гирифта мешавад, вай аз номи худ хукукхои амволи ва шахсии гайриамволиро ба даст дароварда ва онро амали менамояд, ухдадориро ба зимма гирифта, дар суд даъвогар ва чавобгар шуда метавонад.
  2. Чамъият шахси хукуки буда бо тартиби мукарраркардашуда метавонад дар худуди Чумхурии Точикистон ва берун аз он суратхисобхои бонки кушояд

 

Моддаи 3. Номи фирмавии чамъият

Чамъият номи пурраи расми дошта, хак дорад ба забони давлати дорои номи мухтасар бошад.

Номи пурраи фирмавии чамъият ба забони давлати бояд номи пурраи чамъият ва иборахои «дорои масъулияти махдуд»-ро дошта бошад. Номи мухтасари фирмавии чамъият бояд дорои номи пурра ё мухтасари чамъият ва калимахои «дорои масъулияти махдуд» ё ихтисори (аббревиатураи) ЧДММ бошад.

Номи фирмавии чамъият дар забони давлати дигар истилоххо ва ихтисорхое, ки шакли ташкили-хукуки, аз чумла аз забонхои хоричи гирифта шударо инъикос менамоянд, дошта наметавонад, агар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон коидаи дигарро пешбини накарда бошанд.

 

Моддаи 4. Махалли чойгиршави ва сурогаи чамъият

  1. Махалли чойгиршавии чамъият аз руи чои бакайдгирии давлатии он муайян карда мешавад. Хуччатхои таъсисотии чамъият мумкин аст мукаррар намояд, ки махалли чойгиршавии доимии макомоти идоракунии он ё чои доимии фаъолияташ махалли чойгиршавии чамъият мебошад.
  2. Чамъият бояд сурогаи почтавии худро дошта бошад, ки аз руи он ба он алока карда мешавад. Чамъият дар бораи тагйирёбии сурогаи почтавии худ, ухдадор аст ба макомоте, ки бакайдгирии шахси хукукиро амали менамояд, хабар дихад.
  3. Чамъият бояд мухри мудаввар дошта бошад, ки дар он номи пурраи фирмавиаш ба забони давлати сабт ёбад. Дар мухри чамъият инчунин номи фирмавии он ба хар забони хоричи сабт шуда метавонад.

Чамъият хак дорад штампхо ва бланкхои дорои номи фирмавии худ, нишони худи, инчунин аломати моли ва дигар воситахои фардиятро, ки бо тартиби мукаррари ба кайд гирифта шудаанд, дошта бошад.

 

Моддаи 5. Кобилияти хукукдории чамъият

  1. Чамъият ташкилоти тичорати буда, дорои хукукхои граждани мебошад ва ухдадорихои зарурии ба фаъолияташ алокамандро барои амали намудани хамагуна фаъолияти дар конунгузории Чумхурии Точикистон манъ нашуда ба зимма мегирад.
  2. Ба намудхои алохидаи фаъолияти дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинишуда чамъият танхо дар асоси ичозатнома (литсензия) машгул шуда метавонад. Агар дар шартхои додани ичозатнома барои ба амал баровардани намуди муайяни фаъолият талаби чун фаъолияти истиснои амали гардонидани он пешбини шуда бошад, чамъият дар давоми мухлати амали ичозатнома хак дорад танхо намудхои фаъолияти пешбиникардаи ичозатномаро ба амал барорад.

 

Моддаи 6. Филиалхо ва намояндагихои чамъият

  1. Чамъият метавонад бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки бо накамтар аз се ду хиссаи овози шумораи умумии иштирокчиёни чамъият кабул шудааст, филиалхо таъсис дода, намояндагихо кушояд.

Таъсиси филиалхо ва кушодани намояндагихо аз чониби чамъият дар худуди Чумхурии Точикистон бо риояи талаботи хамин Конун ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон ва дар хоричи Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории давлати хоричи, ки дар худуди он филиалхо таъсис дода ё намояндагихо кушода мешаванд, сурат мегирад, агар дар шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон коидаи дигар пешбини нашуда бошад.

  1. Филиали чамъият кисми алохидаи он буда, берун аз махалли чойгиршавии чамъият вокеъ мебошад ва хамаи вазифахои онро (кисми он), аз чумла вазифаи намояндагиро амали менамояд.
  2. Намояндагии чамъият кисми алохидаи он буда, берун аз махалли чойгиршавии чамъият вокеъ мебошад ва манфиатхои чамъиятро ифода ва мухофизат мекунад.
  3. Филиал ва намояндагии чамъият шахсони хукуки намебошанд ва дар асоси низомномаи тасдиккардаи чамъият амал менамоянд. Филиал ва намояндаги дорои амволе мебошанд, ки чамъияти таъсисдиханда ба онхо додааст.

Рохбарони филиалхо ва намояндагихои чамъиятро чамъият таъин мекунад ва онхо дар асоси ваколатномаи он амал мекунанд.

Филиалхо ва намояндагихои чамъият фаъолияти худро аз номи чамъияти онхоро таъсисдиханда амали мегардонанд. Барои фаъолияти филиал ва намояндагии чамъият чамъияти онхоро таъсискарда масъул аст.

 

Моддаи 7. Чамъияти фаръи ва вобаста

  1. Чамъият метавонад чамъияти фаръи ва вобастаи хочагии дорои ваколати шахси хукуки, ки дар худуди Чумхурии Точикистон мутобики хамин Конун ва дигар конунхои ЧумхурииТочикистон, инчунин дар хоричи Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории давлати хоричи, ки дар худуди он чамъияти фаръи ё вобастаи хочаги таъсис дода шудаанд, бошад, агар дар шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон коидаи дигар пешбини нашуда бошад.
  2. Чамъияте фаръи эътироф карда мешавад, ки агар дигар чамъияти (асосии) хочаги бинобар иштироки афзалиятнок дар сармояи оинномавии он ё мутобики шартномаи бастаи байни онхо ё ба тарзи дигар имконият дошта бошад, ки карори бо хамин тарик кабулкардаи чамъиятро муайян намояд.
  3. Чамъияти фаръи ба карзхои чамъияти асосии хочаги чавобгар намебошад.

Чамъияти асосии хочаги, ки барои додани супоришхои хатми ба чамъияти фаръи хукук дорад, бо чамъияти фаръи аз руи ахдхои барои ичрои ин супоришхо бастаи он муштарак чавобгар аст.

Дар сурати муфлисшавии чамъияти фаръи бо гунохи чамъияти асосии хочаги, хангоми нокифоягии амволи чамъияти фаръи, чамъияти асоси аз руи карзхои он чавобгарии иловаги (субсидиари) дорад.

Иштирокчиёни чамъияти фаръи хак доранд чуброни зиёни бо гунохи чамъияти асоси ба чамъияти фаръи расонидаро талаб намоянд.

  1. Чамъияте вобаста эътироф карда мешавад, ки агар чамъияти (бартаридошта) дигари хочаги бештар аз бист фоизи сармояи оинномавии чамъияти якумро дошта бошад.

Чамъияте, ки бештар аз бист фоизи сахмияхои овоздори чамъияти саххоми ё бештар аз бист фоизи сармояи оинномавии дигар чамъияти дорои масъулияти махдудро ба даст даровардааст вазифадор аст дар ин бора ба макомоте, ки бакайдгирии давлатии шахсони хукукиро ба рох  мемонанд, фавран маълумотро барои нашр намудан пешниход  намояд.

 

Моддаи 8. Иштирокчиёни чамъият

  1. Шахрвандон ва шахсони хукуки иштирокчиёни чамъият буда метавонанд. Конунгузории Чумхурии Точикистон иштироки гурухи алохидаи шахрвандонро дар чамъиятхо манъ ё махдуд карданаш мумкин аст.
  2. Макомоти давлати ва макомоти хокимияти махалли хак надоранд, ки иштирокчиёни чамъият бошанд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон коидаи дигареро мукаррар накунад.

Чамъиятро як шахе таъсис дода метавонад, ки он иштирокчии ягона мегардад. Чамъият минъбад чамъияти дорои як иштирокчи шуда метавонад.

Чамъият ба сифати иштирокчии ягона чамъияти дигари хочагии аз як шахc иборат бударо дошта наметавонад.

  1. Шумораи иштирокчиёни чамъият набояд бештар аз cи  нафар бошад.

Дар холатхое, ки шумораи иштирокчиёни чамъият аз хадди мукарраркардаи хамин банд зиёд бошад, чамъият дар давоми сол бояд ба чамъияти кушоди саххоми ё кооперативи истехсоли табдил ёбад. Агар дар давоми мухлати зикрёфта чамъият аз нав таъсис дода нашавад ва шумораи иштирокчиёни чамъият то хадди мукарраркардаи хамин банд кам нагардад, он ба тарики суди бо талаби макоме, ки шахсони хукукиро ба кайди давлати мегирад, ё дигар макомоти давлати ё макомоти хокимияти махалли, ки онхоро конун барои пешниходи чунин талаб хукук, додааст, бархам дода мешавад.

 

Моддаи 9. Хукуки  иштирокчиёни чамъият

Иштирокчиёни чамъият хукук доранд:

– дар идораи корхои чамъият бо тартиби мукарраркардаи хамин Конун ва хуччатхои таъсисотии чамъият иштирок намоянд;

– дар бораи фаъолияти чамъият маълумот гиранд ва бо дафтархои мухосибави (бухгалтери) ва дигар хуччатхои он бо тартиби мукарраркардаи хуччатхои таъсисоти шинос шаванд;

– дар таксимоти фоида иштирок кунанд;

– бо тартиби пешбиникардаи хамин Конун ва оинномаи чамъият хиссаи худро аз сармояи оинномавии чамъият фурушанд ё ба тарзи дигар як кисми онро ба як ё якчанд иштирокчии ин чамъият диханд;

– хар вакт новобаста аз розигии дигар иштирокчиёни он аз чамъият бароянд;

– дар сурати бархам хурдани чамъият кисми амвол ё арзиши онро баъди хисобу китоб бо кредиторон гиранд.

Иштирокчиёни чамъият инчунин дигар хукукхое доранд, ки онхоро хамин Конун пешбини кардааст.

  1. Ба гайр аз хукукхое, ки хамин Конуни Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, оинномаи чамъият метавонад дигар хукукхои (хукукхои иловагии) иштирокчии (иштирокчиёни) чамъиятро пешбини намояд. Ин хукукхо мумкин аст дар оинномаи чамъият пешбини карда шаванд ё бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки онро хамаи иштирокчиёни чамъият якдилона кабул кардаанд, дода мешаванд.

Хукукхои иловагие, ки ба иштирокчии муайяни чамъият дода шудааст, дар холати бегона кардани хиссаи (кисми хиссаи) у ба бадастдарорандаи хисса (кисми хисса) намегузарад.

Катъ ё махдуд кардани хукукхои иловагие, ки ба хамаи иштирокчиёни чамъият дода шудааст, бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки хамаи иштирокчиёни чамъият якдилона кабул кардаанд, сурат мегирад. Катъ ё махдуд гардондани хукукхои иловагие, ки ба иштирокчиёни муайяни чамъият дода шудааст, бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки бо накамтар аз се ду хиссаи овози шумораи умумии иштирокчиёни чамъият кабул шудааст, сурат мегирад, ба шарте, ки агар иштирокчии чамъият, ки чунин хукукхои иловаги ба у тааллук дорад, ба тарафдории ин карор овоз дода, ё розигии хатти дода бошад. Иштирокчии чамъият, ки хукукхои иловаги ба у дода шудааст, аз татбики хукукхои иловагии додашуда даст кашида метавонад ва дар ин бора ба чамъият огохномаи хатти мефиристад. Аз вакти огохномаи мазкурро гирифтани чамъият хукукхои иловагии иштирокчии чамъият катъ мегардад.

 

Моддаи 10. Ухдадории иштирокчиёни чамъият

  1. Иштирокчиёни чамъият ухдадоранд:

– бо тартиб, дар хачм, таркиб ва мухлати пешбиникардаи хамин Конун ва хуччатхои таъсисотии чамъият сахм гузоранд;

– иттилооти махфиро дар бораи фаъолияти чамъият фош нанамоянд. Иштирокчиёни чамъияг дигар ухдадорихоро низ доранд, ки хамин Конун пешбини кардааст.

  1. Ба гайр аз ухдадорихои пешбиникардаи хамин Конун, оинномаи чамъият метавонад дигар ухдадорихои (ухдадорихои иловагии) иштирокчии (иштирокчиёни) чамъиятро, ки ба меъёрхои ин Конун мухолиф нестанд, пешбини намояд. Ин ухдадорихо дар оинномаи чамъият пешбини шуда ё бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки хамаи иштирокчиёни чамъият якдилона кабул кардаанд, ба зиммаи хамаи онхо гузошта мешавад. Ба зиммаи иштирокчии муайяни чамъият гузоштани ухдадорихои иловаги бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки бо накамтар аз се ду хиссаи овозхои шумораи умумии иштирокчиёни чамъият кабул шудааст, сурат мегирад, агар иштирокчии чамъият, ки чунин ухдадорихои иловаги ба зиммаш гузоишта шудааст, ба тарафдори кабули чунин карор овоз дихад ё розигии хатти дода бошад.

Ухдадорихои иловагие, ки ба зиммаи иштирокчии муайяни чамъият гузошта шудааст, дар холати бегона кардани хиссаи (кисми хиссаи) у ба бадастдарорандаи хисса (кисми хисса) намегузарад.

Ухдадорихои иловаги мумкин аст бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки хамаи иштирокчиёни чамъият якдилона кабул кардаанд, катъ карда шавад.

 

Моддаи 11.  Аз чамъият хорич кардани иштирокчии чамъият

Иштирокчиёни чамъият, ки хиссаи онхо дар мачмуъ на камтар аз дах фоизи сармояи оинномавии чамъиятро ташкил медихад, хак, доранд  ба тарики суди аз чамъият хорич кардани иштирокчиеро, ки ухдадории худро дагалона вайрон мекунад, ё бо амали (беамалии) худ фаъолияти чамъиятро гайри имконпазир ё хеле душвор мегардонад, талаб намоянд.

 

Моддаи 12. Масъулияти чамъият

  1. Чамъият тибки ухдадорихояш бо тамоми амволи ба он тааллукдошга масъул аст.

Чамъият оиди ухдадорихои иштирокчиёнаш чавобгар нест.

Дар холати муфлисшавии чамъият бо гунохи иштирокчиёнаш ё бо гунохи шахсони дигар, ки онхо хукук доранд ба чамъият супориши хатми диханд ё ба тарзи дигар имконият доранд амали онро муайян намоянд, ба зиммаи ин иштирокчиён ё шахсони дигар дар сурати нокифоягии амволи чамъият мумкин аст оиди ухдадорихояш масъулияти иловаги (субсидиари) гузошта шавад.

Давлат оиди ухдадорихои чамъият ва чамъият оиди ухдадорихои давлат масъулият надорад.

 

Боби П. Таъсис додани чамъият

 

Моддаи 13. Тартиби таъсисдихии чамъият

  1. Муассисони чамъият шартномаи таъсисоти мебанданд ва оинномаи ччмъиятро тасдик мекунанд. Шартномаи таъсисоти ва оинномаи чамъият хуччатхои таъсисотии чамъият мебошанд.

Агар чамъиятро як шахc таъсис дихад, хуччати таъсисотии чамъият оинномаи тасдиккардаи хамин шахc мебошад. Дар сурати то ду нафар ва аз он зиёд шудани шумораи иштирокчиёни чамъият бояд дар байни онхо шартномаи таъсисоти баста шавад.

Хусусияти таъсисдихии чамъият бо иштироки сармоягузорони хоричи бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сармоягузори» муайян карда мешавад. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

Муассисони чамъият макомоти ичроияи чамъиятро интихоб (таъин) мекунанд, иичунин дар холати ба сармояи оинномавии чамъият ворид шудани сахми гайрипули арзиши пулии онхоро тасдик менамоянд.

Карор дар бораи тасдики оинномаи чамъият, инчунин карор дар бораи тасдики арзиши пулии сахми гузоштаи муассисони чамъият аз чониби муассисон якдилона кабул карда мешавад.

  1. Муассисони чамъият оиди ухдадорихое, ки бо таъсиси чамъият алокаманданд ва то бакайдгирии давлатии он пайдо шудаанд, масъулияти муштарак доранд. Чамъият оиди ухдадорихои муассисони чамъият, ки бо таъсиси он алокаманданд, танхо дар сурати маъкулдонии минбаъдаи амали онхо аз чониби мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият масъул аст.

 

Моддаи 14. Хуччатхои таъсисотии чамъият

Муассисони чамъият дар шартномаи таъсисоти ухдадор мешаванд, ки чамъият таъсис диханд ва тартиби фаъолияти якчояро оиди таъсиси он муайян намоянд. Дар шартномаи таъсисоти инчунин хайати муассисони (иштирокчиёни) чамъият, хачми сармояи оинномавии чамъият ва хачми хиссаи хар кадом муассиси (иштирокчии) чамъият, хачм ва таркиби сахм, хангоми таъсиснамои, тартиб ва мухлати ба сармояи оинномавии чамъият гузопггани он, масъулияти муассисони (иштирокчиёни) чамъият барои вайрон кардани ухдадории сахмгузори шарту тартиби таксими фоида дар байни муассиcони (иштирокчиёни) чамъият, хайати макомоти чамъият ва тартиби аз чамъият баромадани иштирокчиёни чамъият муайян карда мешавад.

  1. Оинномаи чамъият бояд инхоро дошта бошад:

– номи пурра ва мухтасари фирмавии чамъият;

– маълумот дар бораи чои вокеъшавии чамъият;

– маълумот дар бораи хайат ва салохияти макомоти чамъият, аз чумла дар бораи масъалахое, ки салохияти истисноии мачлиси умумии иштирокчиёни чамъиятро ташкил медихад, дар бораи тартиби кабули карорхои макомоти чамъият, аз чумла дар бораи масъалахое, ки оиди онхо карорхо якдилона ё бо аксарияти муайяни овозхо кабул карда мешаванд;

– маълумот дар бораи хачми сармояи оинномавии чамъият;

– маълумот дар бораи хачм ва арзиши номиналии хиссаи хар кадом ипггирокчии чамъият;

– хукук ва ухдадорихои иштирокчиёни чамъият;

– маълумот дар бораи тартиб ва окибатхои аз чамъият баромадани иштирокчии чамъият;

– маълумот дар бораи тартиби ба шахси дигар гузаштани хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномавии чамъият;

– маълумот дар бораи тартиби нигохдории хуччатхои чамъият, ва тартиби ба иштирокчиёни чамъият ва шахсони дигар ахборот додани чамъият;

– маълумот дар бораи филиалхо ва намояндагихои чамъият. Оинномаи чамъият метавонад инчунин дигар коидахое, ки хилофи хамин Конун ва дигар конунхо намебошанд, дошта бошад.

  1. Бо талаби иштирокчии чамъият, аудитор ё хар шахси манфиатдор, чамъият ухдадор аст дар мухлати окилона ба онхо имконият дихад, ки бо хуччатхои таъсисотии чамъият, аз чумла бо тагйиротхо шинос шаванд.
  2. Тагйирот ба хуччатхои таъсисотии чамъият бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият ворид карда мешавад.

Тагйироти ба хуччатхои таъсисии чамъият воридгардида, ки маълумот оид ба онхо дар Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродй мавчуданд, пас аз ворид намудани тагйирот ба хамин Фехрист барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

  1. Дар холати бо хам мутобикат накардани нишондодхои шартномаи таъсисоти ва нишондодхои оинномаи чамъият барои шахсони сеюм ва иштирокчиёни чамъият нишондодхои оинномаи чамъият кувваи афзалиятнок доранд.

 

Моддаи 15. Бакайдгирии давлатии чамъият

  1. Чамъият мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукукива сохибкорони инфироди» ба кайди давлати гирифта мешавад. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)
  2. Чамъият аз мавриди бакайдгирии давлатии он чун шахси хукуки таъсисёфта эътироф карда мешавад.
  3. Чамъият бидуни махдудкунии мухлат таъсис дода мешавад, агар оинномаи он коидаи дигареро пешбини накарда бошад.

 

Боби III. Сармояи оинномавии чамъият

 

Моддаи 16. Сармояи оинномавии чамъият.  Хисса дар сармояи оинномавии чамъият

1.Сармояи оинномавии чамъият аз арзиши номиналии хиссаи иштирокчиёни он ташкил карда мешавад.

Хачми сармояи оинномавии чамъият бояд накамтар аз панчсад сомониро ташкил дихад.

Хачми сармояи оинномавии чамъият ва арзиши номиналии хиссахои иштирокчиёни чамъият бо асъори миллии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Сармояи оинномавии чамъият хачми камтарини амволи онро, ки манфиатхои кредиторони онро кафолат медихад, муайян менамояд.

  1. Хачми хиссаи иштирокчии чамъият дар сармояи оинномавии чамъият аз хачми хиссаи гузошташудаи сармояи оинномави муайян карда мешавад. Хачми хиссаи иштирокчиёии чамъият бояд ба таносуби арзиши номиналии хиссаи у ва сармояи оинномавии чамъият мутобик бошад.

Арзиши хакикии хиссаи иштирокчиёни чамъият ба кисми арзиши активхои софи чамъият, ки бо хачми хиссаи у мутаносиб аст, мутобикат мекунад.

  1. Оинномаи чамъият хачми  нихоии хиссаи иштирокчии чамъиятро махдуд карда метавонад. Дар оинномаи чамъият мумкин аст имконияти тагйир додани таносуби хиссахои иштирокчиёни чамъият махдуд карда шавад.

Чунин махдудиятхо на бояд ниcбати иштирокчиёни алохидаи чамъият мукаррар карда шавад. Нишондодхои мазкур мумкин аст дар оинномаи чамъият хангоми тасдики он пешбини карда шуда, инчунин бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки аз чониби хамаи иштирокчиёни чамъият якдилона кабул карда мешавад, ба оинномаи чамъият ворид карда, тагйир дода ва аз оинномаи чамъият хорич карда шаванд.

 

Моддаи 17. Сахм ба сармояи оинномавии чамъият

  1. Пулхо, когазхои киматнок, дигар амвол ё хукуки амволи ё ин ки дигар хукукхое, ки арзиши пули доранд, ба сифати сармояи оинномавии чамъият баромад карда метавонанд.
  2. Арзиши пулии сахми гайрипулии сармояи оинномавии чамъият, ки иштирокчиёни чамъият ва шахсони сеюми ба чамъият кабулшаванда мегузоранд бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки хамаи иштирокчиёни чамъият якдилона кабул кардаанд, тасдик карда мешавад.

Агар арзиши номиналии (афзоипш арзиши номиналии) хиссаи иштирокчиёни чамъият дар сармояи оинномавии чамъият бо сахми гайрипули пардохта шавад, чунин сахм бояд аз чониби эксперти мустакил муайян карда шавад. Арзиши номиналии (афзоиши арзиши номиналии) хиссаи иштирокчии чамъият, ки бо сахми гайрипули пардохта мешавад, на бояд аз бахои маблаги сахми пешбинишуда, ки эксперти мустакил муайян кардааст зиёд бошад.

Дар холати ба сармояи оинномавии чамъият гузоштани сахми гайрипули иштирокчиёни чамъият ва эксперта мустакил дар давоми се соли баъди бакайдгирии давлатии чамъият ё ворид кардани тагйироти дахлдор бо оинномаи чамъият дар сурати нокифоягии амволи чамъият оиди ухдадорихои он дар хачми афзоиши арзиши сахми гайрипули муштаракан масъулияти иловаги (субсидиари) мебаранд.

Дар оинномаи чамъият мумкин аст намудхои амволе мукаррар карда шавад, ки сахми сармояи оинномавии чамъият шуда наметавонад.

  1. Дар cурати катъ шудани хукуки чамъият ба истифодаи амвол то ба охир расидани мухлате, ки ин амвол барои истифода ба чамъият ба сифати сахми сармояи оинномави дода шуда буд, иштирокчии чамъият, ки амволро додааст, ухдадор аст бо талаби он бо чамъият чуброни пули пешниход намояд, ки он ба пардохти истифодаи чунин амвол дар холатхои мазкур дар давоми мухлати бокимонда баробар аст. Чуброни пули бояд якбора аз лахзаи талаб кардани чамъият пешниход карда шавад, агар карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият тартиби дигари пешниходи чубронро мукаррар накарда бошад. Чунин карорро мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бидуни ба хисоб гирифтани овози иштирокчии чамъият, ки ба сифати сахми сармояи оинномави ба чамъият хукуки истифодаи амволро додааcт ва он пеш аз мухлат катъ ёфтааст, кабул карда мешавад.
  2. Амволе, ки иштирокчии аз чамъият хоричшуда ё баромада ба сифати сахми сармояи оинномави ба истифодаи чамъият додааcт дар давоми мухлати додашуда дар истифодаи чамъият боки мемонад, агар дар шартномаи таъсисоти коидаи дигар пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 18. Тартиби гузоштани сахм ба сармояи оинномавии чамъият хангоми таъсиси он

  1. Хар кадом муассиси чамъият бояд ба сармояи оинномавии чамъият дар давоми мухлате, ки бо шартномаи таъсисоти муайян карда шудааст, ва кадоме ки аз вакти бакайдгирии давлатии чамъият аз як сол зиёд буда наметавонад, сахми худро бояд пурра гузорад. Дар ин хол арзиши сахми хар кадом муассиси чамъият бояд на камтар аз арзиши номиналии хиссаи у бошад.

Аз   ухдадории сахмгузори ба сармояи оинномавии чамъият озод кардани муассиси чамъият, аз чумла бо рохи ба хисоб гирифтани талаботи у ба чамъият рох дода намешавад.

  1. Сармояи оинномавии чамъият бояд дар муддати як сол аз рузи бакайдгирии давлатии он пурра аз чониби муассисони он пардохта шавад. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

 

Моддаи 19. Афзоиши сармояи оиниомавии чамъият

  1. Ба афзоиши сармояи оинномавии чамъият танхо баъди пардохти пурраи он рох дода мешавад.
  2. Афзоиши сармояи оинномавии чамъият аз хисобхои зерин сурат гирифта метавонад:

а)  аз хисоби амволи чамъият;

б) аз хисоби сахми иловагии иштирокчиёни чамъият;

в) аз хисоби сахмхои шахсони сеюме, ки ба чамъият кабул мешаванд.

 

Моддаи 20. Афзоиши сармояи оинномавии чамъият аз хисоби амволи он

  1. Афзоиши сармояи оинномавии чамъият аз хисоби амволи он бо карори мачлиси умумии он, ки бо овоздихии на камтар аз се ду хиссаи шумораи овозхои умумии иштирокчиёни чамъият кабул карда мешавад, агар зарурияти шумораи зиёди овозхо барои кабули чунин карор дар оинномаи чамъият пешбини нашуда бошад.
  2. Дар сурати афзудани сармояи оинномавии чамъият аз хисоби амволи он, маблаге ки ба андозаи он сармояи оинномавии чамъият меафзояд, на бояд аз фарки байни арзиши активхои софи чамъият ва маблаги сармояи оинномави ва фоида захиравии чамъият зиёд бошад.
  3. Дар сурати афзудани сармояи оинномавии чамъият мутобики хамин модда арзиши номиналии хиссаи иштирокчиёни чамъият бидуни тагйири хачми хиссаи онхо мутаносибан меафзояд.

 

Моддаи 21. Афзоиши сармояи оинномавии чамъият аз хисоби сахми иловагии иштирокчиёни он ва сахми шахсони сеюме, ки ба чамъият кабул мешаванд

  1. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бо овоздихии на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии иштирокчиёни чамъият, агар зарурияти шумораи зиёди овозхо барои кабули чунин карор дар оинномаи чамъият пешбини нашуда бошад, метавонад дар бораи афзоиши сармояи оинномавии чамъият аз хисоби сахми иловагии гузоштаи иштирокчиёни чамъият карор барорад. Хангоми афзоиши сармояи оинномавии чамъият аз хисоби сахми иловагии гузоштаи иштирокчиёни чамъият бояд арзиши умумии сахми иловаги муайян карда шуда, инчунин таносуби барои хамаи иштирокчиёни чамъият ягонаи байни арзиши сахми иловагии иштирокчии чамъият ва маблаге, ки ба андозаи он арзиши номиналии хиссаи у меафзояд, мукаррар карда шавад. Ин таносуб дар асоси он, ки арзиши номиналии хиссаи иштирокчии чамъият ба маблаги баробар ё камтари арзиши сахми иловагии у афзуданаш мумкин аст, мукаррар карда мешавад.

Хар иштирокчии чамъият хак дорад сахми иловаги гузорад, ва он мутаносибан аз кисми арзиши умумии сахми иловаги, хачми хиссаи он иштирокчи дар сармояи оинноимавии чамъият мутаносиб аст, зиёд набошад. Сахми иловаги мумкин аст аз тарафи иштирокчиёни чамъият дар давоми ду мох аз мавриди баровардани карори мачлиси умумии иштирокчиёни-чамъият гузошта шавад, агар оинномаи чамъият ё карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият мухлати дигарро мукаррар нанамояд.

На дертар аз як мох аз рузи ба охир расидани гузориши сахми иловаги мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бояд дар бораи тасдики чамъбастии сахми иловагии гузоштаи иштирокчиёни чамъият карор кабул намояд. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, инчунин оиди тагйироте, ки ба хуччатхои таъсиснамоии чамъият вобаста ба афзоиши андозаи сармояи оинномавии чамъият ба миён меояд ва афзоиши арзиши номиналии хиссаи иштирокчиёни чамъият, ки сахми иловаги гузоштанд ва дар холатхои зарурат оиди тагйирёбии андозаи хиссаи иштирокчиёни чамъият бояд карор кабул намояд. Хамзамон, арзиши номиналии хиссаи хар як иштирокчии чамъият, ки сахми иловаги гузоштааст, дар асоси нишондоди таносуби сарсатри якуми банди мазкур афзоиш меёбад.

Муассисон ё макомоти ваколатдори чамъият баъд аз кабули карор аз чониби мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият дар бораи тасдики натичахои аз тарафи иштирокчиёни чамъият ба сармояи оинномавии чамъият пардохт намудани сахмхои иловагиоид ба афзоиши сармояи оинномавии чамъият бо тартиби мукарраршуда ба макомоти анчомднхандаи бакайдгирии давлати барои ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукукй ва сохибкорони инфироди ариза пешниход менамоянд. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

Дар холати риоя накардани мухлатхои дар сарсатри сеюми кисми мазкур пешбини карда шуда афзоиши сармояи оинномаи чамъият барпо шуда эътироф карда намешавад. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

  1. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият метавонад дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии он дар асоси аризаи иштирокчии чамъият (аризаи иштирокчиёни чамъият) дар бораи гузоштани сахми иловаги ва (ё), агар онро оинномаи чамъият манъ накунад, аризаи шахси сеюм (аризаи шахсони сеюм) дар бораи ба чамъият кабул намудани у ва гузоштани сахм карор кабул кунад. Тартиби кабули карорро оинномаи чамъият муайян менамояд.

Дар аризаи иштирокчии чамъият ва аризаи шахси сеюм бояд хачм ва таркиби сахм, тартиб ва мухлати гузоштани он, инчунин хачми хиссае, ки онро иштирокчии чамъият дошта бошад, нишон дода шаванд. Дар ариза мумкин аст шартхои дигари гузоштани сахм ва дохилшави ба чамъият низ нишон дода шавад.

Баробари карор дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии чамъият дар асоси аризаи иштирокчии чамъият (аризаи иштирокчиёни чамъият) дар бораи гузоштани сахми иловаги, бояд дар як вакт карор дар бораи ба хуччатхои таъсисотии чамъият ворид кардани тагйирот вобаста ба афзоиши хачми сармояи оинномавии чамъият ва афзоиши арзиши номиналии хиссаи иштирокчии чамъият (иштирокчиёни чамъият), ки дар бораи гузоштани сахми иловаги ариза додааст, дар холати зарури инчунин тагйироти вобаста ба тагйир ёфтани хачми хиссаи иштирокчиёни чамъият кабул карда шавад. Дар айни хол арзиши номиналии хиссаи хар кадом иштирокчии чамъият, ки дар бораи гузоштани сахми иловаги ариза додааст, ба маблаги баробар ё ками арзиши сахми иловагии у зиёд мешавад.

Дар як вакт бо карор дар бораи афзоиши сармояи оинномавии чамъият дар асоси аризаи шахси сеюм (аризаи шахсони сеюм) дар бораи кабули у (онхо) ба чамъият ва гузоштани сахм бояд карор дар бораи ба хуччатхои таъсисотии чамъият ворид намудани тагйиротхои вобаста ба кабул накардани шахси сеюм (шахсони сеюм) ба чамъият, муайян намудани арзиши номинали ва хачми хиссаи у (онхо), афзоиши хачми сармояи оинномавии чамъият ва тагйири хачми хиссахои иштирокчиёни чамъият кабул карда шавад. Арзиши номиналии хиссахое, ки хар кадом шахси сеюми ба чамъият кабулшаванда ба даст медарорад, бояд баробар ё камтар аз арзиши сахми у бошад.

МуассисонёмакомотиваколатдоричамьиятбаъдазкабулнамуданикарордарбораиафзоишисармояиоинномавиазчонибимачлисиумумиииштирокчиёничамъиятботартибимукарраршудабамакомотианчомдихандаибакайдгириидавлатибароивориднамуданимаълумотбаФехристиягонаидавлатиишахсонихукукивасохибкорониинфиродиаризапешниходменамоянд.(КЧ Т аз29.12.10с№656)

  1. Агар сармояи оинномавии чамъият наафзуда бошад, чамъият ухдадор аст дар мухлати окилона ба иштирокчиёни чамъият ва шахсони сеюм, ки пулро ба сифати сахм гузоштаанд, сахмхои онхоро баргардонад. Дар сурати дар мухлати муайян барнагардондани сахм бо тартиб ва дар мухлати пешбиникардаи моддаи 426 Кодекси граждани, инчунин фоизро пардохт намояд.

Чамъият ухдадор аст ба иштирокчиёни чамъият ва шахсони сеюм, ки сахми гайрипули гузоштаанд, дар мухлати муайян сахми онхоро баргардонад. Хангоми дар мухлати муайян барнагардонидани сахмхо чамъият инчунин фоидаи аз даст рафтаро, ки сабабаш истифода бурда натавонистани амволи ба cифати сахм гузошташуда мёбошад, бояд чуброн намояд.

 

Моддаи 22. Камшавии сармояи оинномавии чамъият

  1. Чамъият хак дорад ва дар холатхои пешбиникардаи хамин Конун ухдадор аст сармояи оинномавии худро кам кунад.

Камшавии сармояи оинномавии чамъият мумкин аст бо рохи камшавии арзиши номиналии хиссаи хамаи иштирокчиёни чамъият дар сармояи оинномавии чамъият ва пардохти хиссахои ба чамъият таалукдошта сурат гирад.

Чамъият хак надорад сармояи оинномавии худро аз хачми акалли камтарини сармояи оинномавй, ки он мутобики Конуни мазкур муайян шудааст, кам намояд. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

Камшавии сармояи оинномавии чамъият бо рохи камшавии арзиши номиналии хиссаи хамаи иштирокчиёни чамъият бояд бо нигох доштани хачми хиссаи хамин иштирокчиёни чамъият сурат гирад.

  1. Дар сурати пурра пардохт накардани сармояи оинномавни чамъият дар муддати як сол аз рузи бакайдгирии давлатии он, чамъият бояд дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозаи вокеан пардохтшудаи он эълон кунад ва дар ин хусус бо тартиби мукарраршуда ба макомоти анчомдихандаи бакайдтирии давлатй барои ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди ариза пешниход намояд ё дар бораи бархамдихии чамъият карор кабул намояд. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)
  2. 3. Агар баъди ба охир расидани соли дуюм ва хар соли минбаъдаимолиявй арзиши дороихои софи чамъият аз сармояи оинномавии он камтар гардад, чамъият вазифадор аст дар хусуси кам кардани сармояи оинномавни худ то андозае, ки аз арзиши дороихои софи он зисд намебошад, эълон кунад ва дар ин хусус бо тартиби мукарраршуда ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатй барои ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкоронн инфироди ариза пешниход намояд ё дар бораи бархамдихии чамъият карор кабул намояд. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

Агар баъди итмоми соли дуюми ва хар соли минбаъдаи молияви арзиши активхои софи чамъият аз хачми камтарини сармояи оинномави, ки ин Конун мукаррар кардааст, кам бошад, чамъият бархам дода мешавад.

Арзиши активхои софи чамъият бо тартиби мукаррарнамудаи хамин Конун ва санадхои меъёрие, ки тибки он нашр мегардад муайян карда мешавад.

  1. Дар давоми cи руз аз лахзаи кабули карор чамъият бояд дар бораи камшавии сармояи оинномавии худ эълон кунад ва оиди камшави ва хачми нави он хамаи кредиторони маълуми чамъиятро хатти огох намуда, инчунин дар нашрияе, ки дар бораи кайди давлатии шахсони хукуки маълумот чоп мешавад, доир ба карори кабулшуда хабар чоп кунад. Дар айни хол кредиторони чамъият хак доранд дар давоми cи руз пас аз мавриди фиристодани огохнома ё дар давоми cи рузи чопи хабар дар бораи карори кабулшуда бо тартиби хатти оиди пеш аз мухлат катъ намудан ё ичрои ухдадорихои дахлдори чамъият ва чуброни зарари ба онхо расонида талаб пешниход намоянд.

Кайди давлатии камшавии сармояи оинномавии чамъият танхо дар сурати пешниходи далели огохии кредиторон бо тартиби мукарраркардаи хамин банд амали гардонда мешавад.

  1. Агар дар холатхои пешбиникардаи хамин модда чамъият дар мухлати муайян дар бораи камшавии сармояи оинномави ё бархамхурии худ карор кабул накунад, кредиторон хак доранд аз чамъият пеш аз мухлат катъёби ё ичрои ухдадорихои чамъият ва чуброни зарари ба онхо расондаро талаб намоянд.
  2. Муассисон ё макомоти ваколатдори чамъият оид ба камшавии сармояи оинномавии чамъият баъд аз кабул намудани карор дар бораи чунин камшави аз чониби мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бо тартиби мукарраршуда ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати барои ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукукива сохибкорони инфироди ариза пешниход менамоянд ё дар бораи бархамдихни чамъият карор кабул мекунанд. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

 

Моддаи 23. Ба иштирокчии дигар ва шахси сеюм гузаштани хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномавии чамъият

  1. Иштирокчии чамъият хак дорад хиссаи худро ё кисми онро аз сармояи оинномавии чамъият ба як иштирокчи ё якчанд иштирокчии хамин чамъият, ё ба шахсони сеюм бо тартиби мукарраркардаи оинномаи чамъият фурушад ё ба тарики дигар дихад.
  2. Хиссаи иштирокчии чамъият мумкин аст то пардохти пурраи он танхо дар хамон кисме, ки аллакай он пардохта шудааст, бегона карда шавад.
  3. Иштирокчиёни чамъият хукуки афзалиятноки хариди хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчиёни чамъиятро бо нархи ба шахси сеюм пешниходшуда мутаносибан ба хачми хиссахои худ истифода мебаранд, агар дар оинномаи чамъият ё cозишномаи иштирокчиёни чамъият тартиби дигари амали гаштани ин хукук пешбини нашуда бошад. Дар оинномаи чамъият мумкин аст хукуки афзалиятноки чамъият барои бадастдарории хиссае (кисми хиссае), ки иштирокчиёни он мефурушанд, пешбини карда шавад, агар иштирокчиёни дигари чамъият хукуки афзалиятноки хариди хисса (кисми хисса)-ро истифода накарда бошанд.

Иштирокчии чамъият, ки хиссаи (кисми хиссаи) худро ба шахси сеюм фурухтан мехохад, ухдадор аст, дар ин бора дигар иштирокчиёни чамъият ва худи чамъиятро хатти хабардор карда, нарх ва дигар шартхои фуруши онро нишон дихад. Дар холатхое, ки иштирокчиёни чамъият ё чамъият аз хукуки афзалиятноки хариди хамаи хиссаи (хамаи кисми хисса) барои фуруш пешиход гардида дар давоми як мохи аз рузи гирифтани чунин огохнома истифода намебаранд, агар дар оинномаи чамъият ё созишномаи иштирокчиёни чамътият мухлати дигар пешбини нашуда бошад, хисса (кисми хисса) мумкин аст ба шахси сеюм бо нарх ва шартхои ба чамъият ва иштирокчиёни он хабардодашуда фурухта шавад.

Хангоми фуруши хисса (кисми хисса) бо вайрон кардани хукуки афзалиятноки харид хар кадом иштирокчии чамъият ё чамъият, агар дар оинномаи чамъият хукуки афзалиятноки чамъият барои харидани хисса (кисми хисса) пешбини шуда бошад, хак дорад дар давоми се мохе, ки иштирокчии чамъият ё чамъият аз чунин вайронкуни хабардор шудаанд ё ин ки бояд хабардор мешуданд ба тарики суд ба онхо гузарондани хукуку ухдадории харидорро талаб намоянд. Ба гузашт кардани ин хукуки афзалиятнок рох дода намешавад.

  1. Дар оинномаи чамъият мумкин аст зарурати гирифтани розигии чамъият ё дигар иштирокчиёни чамъият барои додани хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъият ба шахсони сеюм на танхо бо тарики фуруш, балки ба тарики дигар пешбини карда шавад.
  2. Гузашти хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномавии чамъият бояд дар шакли оддии хатти сурат гирад, агар оиди дар шакли нотариали содир намудан он дар оинномаи чамъият талаботе пешбини нашуда бошад. Риоя накардани шакли ахд оиди гузашти хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномавии чамъият, ки банди мазкур ё оинномаи чамъият мукаррар кардааст, боиси беъэтибории он мегардад.

Чамъият бояд дар бораи додани хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномаи чамъият бо исботи пешниходи чунин гузашт хатти огохонида шавад. Ба даст дарорандаи хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномавии чамъият аз вакти огох намудани чамъият оиди гузашти мазкур хукукро амали гардонида ва ухдадориро ичро менамояд.

Ба дастдарорандаи хиссаи (кисми хиccаи) сармояи оинномавии чамъият хамаи хукуку ухдадорихои иштирокчии чамъият, ки то додани хисса (кисми хисса) пайдо шудааст, ба истиснои хукуку ухдадорихои пешбиникардаи сарсатри 2 банди 2 моддаи 9 ва сарсатри 2 банди 2 моддаи 10 хамин Конун мегузарад. Иштирокчии чамъият, ки хиссаи (кисми хиссаи) худро аз сармояи оинномавии чамъият додааст, дар назди чамъият оиди додани сахм ба амволи то гузашт кардани хиссаи (кисми хиссаи) мазкур пайдошуда бо бадастдароварандаи он муштаракан ухдадор мебошад.

  1. Хиссахои сармояи оинномавии чамъият ба ворисони шахсони хукукие, ки иштирокчиёни чамъият мебошанд, мегузаранд.

Дар сурати бархам хурдани шахси хукуки (иштирокчии чамъиият) хиссаи ба у тааллукдошта, ки баъди хисобу китоб бо кредиторон боки мондааст, дар байни иштирокчиёни шахси хукукии бархамхурда таксим карда мешавад, агар дар конунхо, дигар санадхои меъёрию хукуки ё хуччатхои таъсисотии шахси хукукии бархамхуранда коидаи дигар пешбини нашуда бошад.

Дар оинномаи чамъият мумкин аст пешбини карда шавад, ки ба гузариш ва таксими хиссахои мукарраркардаи сарсатрхои якум ва дуюми хамин банд танхо бо розигии иштирокчиёни бокимондаи чамъият рох дода мешавад.

  1. Дар холате, ки агар дар оинномаи чамъият зарурати гирифтани розигии иштирокчиёни чамъият барои додани хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномавии чамъият ба иштирокчиёни чамъият ё шахсони сеюм, гузариши он ба меросгирон ё ворисони он ё ин ки барои таксими хисса дар байни иштирокчиёни шахси хукукии бархамхуранда пешбини шуда бошад, чунин розиги гирифташуда хисобида мешавад, ба шарте ки дар давоми cи рузи пас аз мурочиат ба иштирокчиёни чамъият ё дар давоми мухлати дигари муайян кардаи оинномаи чамъият розигии хаттии хамаи иштирокчиёни чамъият гирифта шуда ё радди хаттии розигии ягон нафари иштирокчиёни чамъият гирифта нашуда бошад.

Дар холате, ки дар оинномаи чамъият зарурати гирифтани розигии чамъият барои додани хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномавии чамъият ба иштирокчиёни чамъият ё шахсони сеюм пешбини шуда бошад, чунин розиги гирифташуда хисобида мешавад, ба шарте ки дар давоми cи рузи пас аз мурочиат ба чамъият ё дар давоми дигар мухлати муайянкардаи оинномаи чамъият розигии хаттии чамъият гирифта шуда ё радди хатии розигии чамъият гирифта нашуда бошад.

  1. Дар сурати фурухтани хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномавии чамъият дар савдои оммави дар холатхои пешбиникардаи хамин Конун ё дигар конунхо бадастдарорандаи ин хисса (кисми хиcса) новобаста ба розигии чамъият ё иштирокчиёни он иштирокчии чамъият хисобида мешавад.

 

Моддаи 24. Гузариши хисса дар сармояи оинномавии чамъият аз руи мерос

Хиссаи иштирокчиёни чамъият ба меросгирони он мегузарад. Гузариши хисса ба меросгирон ва таксими он дар байни якчанд меросгирон мувофики Кодекси граждании Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 25. Гарави хиссахо дар сармояи оииномавии чамъият

Иштирокчии чамъият хак дорад хиссаи (кисми хиссаи) ба у тааллукдоштаи сармояи оинномавии чамъиятро ба иштирокчии дигари чамъият ё агар оинномаи чамъият манъ накунад, ба шахси сеюм бо розигии чамъият ва карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки бо аксарияти овозхои хамаи иштирокчиёни чамъият кабул шудааст, ба гарав дихад, агар зарурати шумораи зиёди овозхо барои кабули чунин карор дар оинномаи чамъият пешбини нашуда бошад. Овози иштирокчии чамъият, ки хиссаи (кисми хиссаи) худро гарав мондан мехохад, хангоми муайян намудани натичаи овоздихи ба хисоб гирифта намешавад.

 

Моддаи 26. Хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномавии чамъиятро ба даст даровардани чамъият

  1. Чамъият хак надорад хиссаи (кисми хиссаи) сармояи оинномавии худро ба даст дарорад ба истиснои холатхое, ки хамин Конун пешбини кардааст.
  2. Дар холате, ки оинномаи чамъият гузашт кардани хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъиятро ба шахсони сеюм манъ менамояд ва иштирокчиёни дигари чамъият аз ба даст даровардани он даст мекашанд, инчунин дар холати рад кардани розиги барои гузашт кардани хисса (кисми хисса) ба иштирокчии чамъият ё шахси сеюм, агар зарурати гирифтани чунин розиги дар оинномаи чамъият пешбини шуда бошад, чамъият ухдадор аст бо талаби иштирокчии чамъият хиссаи (кисми хиссаи) уро ба даст дарорад. Дар айни хол чамъият ухдадор аст ба иштирокчии чамъият арзиши хакикии ин хисса (кисми хисса)-ро, ки он дар асоси маълумоти хисоботи мухосибавии чамъият дар давраи охирини хисоботии пеш аз рузи мурочиати иштирокчии чамъият бо чунин талаб муайян карда мешавад, дихад ё бо розигии иштирокчии чамъият ба у амволи чунин арзиш доштаро дар шакли аcл (натура) дихад.
  3. Иштирокчии чамъият, ки хангоми таъсиси чамъият сахми худро ба сармояи оинномавии чамъият дар мухлаташ пурра насупоридааст, инчунин чуброни пули ё дигар  чуброни пешбиникардаи банди се моддаи 17 хамин конунро дар мухлаташ пешниход накардааст, хиссааш ба чамъият мегузарад. Дар ин маврид чамъият ухдадор аст ба иштирокчии чамъият арзиши хакикии кисми хиссаи уро, ки ба кисми сахми гузоштаи вай мутаносиб аст пардохт намояд ё бо розигии иштирокчии чамъият ба у амволи дорои хамин арзишро дар шакли асл дихад. Арзиши хакикии кисми хисса дар асоси маълумоти хисоботи мухосибавии чамъият дар давраи охирини хисоботи пеш аз рузи ба охир расидани мухлати сахмгузори ё додани чуброн муайян карда мешавад.

Дар оинномаи чамъият мумкин аст пешбини карда шавад, ки як кисми хиссае, ки ба кисми сахм пардохтнашуда ё маблаги (арзиши) чуброн мутаносиб аст, ба чамъият мегузарад.

  1. Хиссаи иштирокчии чамъият, ки аз чамъият хорич шудааст, ба чамъият мегузарад. Дар ин маврид чамъият ухдадор аст ба иштирокчии хоричгаштаи чамъият арзиши хакикии хиссаи уро пардохт намояд, ки он аз руи маълумоти хисоботи мухосибавии чамъият дар давраи охирини хисоботи пеш аз санаи эътибори конуни пайдо кардани карори суд дар бораи хорич намудани у муайян карда шуда ё бо розигии иштирокчии хоричшудаи чамъият ба у амволи дорои чунин арзиш дар шакли асл дода мешавад.
  2. Дар сурати рози нашудани иштирокчиёни чамъият барои гузарондан ё таксим кардани хиссахо дар мавридхои пешбиникардаи банди шашуми моддаи 23 хамин Конун, агар чунин розиги мутобики оинномаи чамъият зарур бошад, хисса ба чамъият мегузарад. Дар ин маврид чамъият ухдадор аст ба ворисони шахси хукукии аз нав таъсисёфта (иштирокчии чамъият) ё иштирокчиёни шахси хукукии бархамхурда (иштирокчии чамъият) арзиши хакикии хиссаро пардохт намояд, ки он дар асоси маълумоти хисоботи мухосибавии чамъият дар давраи охирини хисоботии пеш аз нав таъсисёби ё бархамхури муайян карда шуда ё бо розигии онхо амволи дорои чунин арзишро дар шакли асл дихад.
  3. Дар сурати мутобики моддаи 28 хамин Конун арзиши хакикии хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъиятро бо талаби кредиторони он пардохтани чамъият кисми хисса, ки арзиши хакикии онро дигар иштирокчиёни чамъият напардохтаанд, ба чамъият мегузарад ва кисми бокимондаи хисса дар байни иштирокчиёни чамъият мутаносибан бар маблаггузории онхо таксим карда мешавад.
  4. Хисcа (кисми хисса) аз вакти талабро пешниход намудани иштирокчии чамъият дар

бораи онро бадастдарории чамъият ё ба охир расидани мухлати гузаштани сахм ё ин ки додани чуброн ё кувваи конуни пайдо намудани карори суд дар бораи аз чамъият хорич намудани иштирокчи ё розигиро барои гузариши хисса ба ворисони шахси хукуки, ки иштирокчиёни чамъият мебошанд, рад кардани хар кадом иштирокчии чамъият ё таксими он дар байни иштирокчиёни шахси хукукии барх.амхурда (иштирокчии чамъият) ё арзиши хакикии хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъиятро бо талаби кредиторхои он пардохтани чамъият ба чамъият мегузарад.

  1. Чамъият ухдадор аст арзиши хакикии хисса (киcми хисса)-ро пардохт намояд ё амволи дорои чунин арзишро дар шакли асл дар давоми як соли ба чамъият гузаштани хисса (кисми хисса) дихад, агар оинномаи чамъият мухлати кутохтарро пешбини накарда бошад.

Арзиши хакикии хисса (кисми хиcса) аз хисоби фаркияти байни арзиши активхои софи чамъият ва хачми сармояи оинномавии он пардохта мешавад. Дар мавриде, ки агар чунин фаркият нокифоя бошад, чамъият ухдадор аст сармояи оинномавии худро ба маблаги нарасида кам кунад.

 

Моддаи 27. Хиссахое, ки ба чамъият тааллук доранд

Хиссахое, ки ба чамъият тааллук доранд, хангоми муайян кардани натичахои овоздихи дар мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, инчунин хангоми таксим намудани фоида ва амволи чамъият дар сурати бархам хурдани он ба хисоб гирифта намешаванд.

Хиссае, ки ба чамъият тааллук дорад, дар давоми як соли ба чамъият гузаштани он бояд бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият дар байни хамаи иштирокчиёни чамъият мутаносибан ба хиссаи онхо дар сармояи оинномавии чамъият таксим карда ё ба хама ё ин ки ба баъзе иштирокчиёни чамъият ва агар онро оинномаи чамъият манъ накунад, ба шахсони сеюм фурухта ва пурра пардохт карда шавад. Киcми таксимнашуда ё нафурухтаи хисса бояд мутобики кам кардани сармояи оинномавии чамъият пардохта шавад. Фуруши хиссахо ба иштирокчиёни чамъият, ки дар натичаи он хачми хиссахои иштирокчиёни он тагйир меёбад, фуруши хиссахо ба шахсони сеюм, инчунин тагйиротхое ки вобаста ба фуруши хиссахо ба хуччатхои таъсисотии чамъият ворид мешаванд, бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият якдилона кабул карда мешаванд.

(Банди сеюми моддаи 27 хоричкарда шуд КЧТ аз 29.12.10с №656.)

Моддаи 28. Руёнидан аз хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъият дар сармояи оинномавии чамъият

  1. Бо талаби кредиторхо руёндани хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъият аз сармояи оинномавии чамъият аз руи карзхои иштирокчии чамъият танхо дар асоси карори суд дар сурати барои пушондани карзхо кофи набудани амволи дигари иштирокчии чамъият рох дода мешавад.
  2. Дар мавриди руёнидан аз хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъият дар сармояи оинномавии чамъият аз руи карзхои иштирокчии он чамъият хак дорад ба кредиторхо арзиши хакикии хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъиятро пардохт намояд. Арзиши хакикии хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъият дар сармояи оинномавии чамъият дар асоси маълумоти хисоботи мухосибавии чамъият дар давраи охирини хисоботи пеш аз санаи пешниходи талабот ба чамъият дар бораи руёнидани хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъият аз руи карзхояш муайян карда мешавад.
  3. Дар мавриде, ки дар давоми се мохи пас аз пешниходи талаботи кредиторхо, чамъият ё иштирокчиёни он арзиши хакикии хамаи хиссаи (хамаи кисми хиссаи) иштирокчии чамъиятро, ки аз он руёнидан карда мешавад, пардохт накунанд, руёнидани хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчии чамъият бо рохи фуруши он дар савдои оммави сурат мегирад;

 

Моддаи 29. Аз чамъият баромадани иштирокчии чамъият

  1. Иштирокчии чамъият хукук дорад хар вакт новобаста аз розигии дигар иштирокчиёни он ё чамъият аз хайати чамъият барояд.
  2. Дар сурати аз чамъият баромадани иштирокчии чамъият хиссаи у аз вакти додани ариза дар бораи баромадан аз чамъият ба чамъият мегузарад. Дар ин маврид чамъият ухдадор аст ба иштирокчии чамъият, ки дар бораи баромадан аз чамъият ариза додааст, арзиши хакикии хиссаи уро пардохт намояд, ки он дар асоси маълумоти хисоботи мухосибавии чамъият дар давоми як соле, ки ариза дар бораи баромадан аз чамъият дода шудааст, муайян карда мешавад ё бо розигии иштирокчии чамъият ба у амволи чунин арзишдоштаро дар шакли асл ва дар холати пурра пардохт нашудани сахми у дар сармояи оинномавии чамъият арзиши хакикии як кисми хиcсаи уро, ки ба кисми пардохтшудаи сахми мутаносиб аст, дихад.
  3. Чамъият ухдадор аст ба иштирокчии чамъият, ки барои баромадан аз чамъият ариза додааст, арзиши хакикии хиссаи у ё амволи чунин арзишдоштаро дар шакли асл дар давоми шаш мохи ба охир расидани соли молияви, ки дар тули он ариза дар барои баромадан аз чамъият дода шудааст, пардохт намояд, агар мухлати камтар дар оинномаи чамъият пешбини нашуда бошад.

Арзиши хакикии хиссаи иштирокчии чамъият аз хисоби фаркияти байни арзиши активхои софи чамъият ва хачми сармояи оинномавии чамъият пардохта мешавад. Дар мавриде, ки агар чунин фаркият барои пардохт ба иштирокчии чамъият, ки барои баромадан аз чамъият ариза додааст, барои арзиши хакикии хиссаи у кофи набошад, чамъият ухдадор аст сармояи оинномавии худро бо маблаги норасида кам кунад.

  1. Аз чамъият баромадани иштирокчии чамъият уро аз ухдадори дар назди чамъият оиди гузоштани сахм ба амволи чамъият, ки то додани аризаи баромадан аз чамъият пайдо шудааст, озод намекунад.

 

Боби IV. Амволи чамъият

 

Моддаи 30. Ташкил кардани амволи чамъият

  1. Амволи чамъият аз хисоби сахми муассисони (иштирокчиёни) он, даромадхои гирифтаи чамъият, инчунин дигар сарчашмахои манъ накардаи конунгузори ташкил карда мешавад.
  2. Чамъият хак дорад бо тартиб ва дар хачми пешбиникардаи конунгузори ва хуччатхои таъсисномаи чамъият фонди захира ва дигар фондхо барпо намояд.
  3. Амволи чамъият дар баланси он ба хисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 31. Сахм ба амволи чамъият

  1. Иштирокчиёни чамъият ухдадоранд, агар дар оинномаи чамъият пешбини шуда бошад, бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият ба амволи чамъият сахм гузоранд.

Карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият оиди сахмгузори ба амволи чамъият мумкин аст бо овоздихии на камтар аз се ду хиссаи шумораи овозхои умумии иштирокчиёни чамъият кабул карда шавад, агар зарурияти шумораи зиёди овозхо барои кабули чунин карор дар оинномаи чамъият пешбини карда нашуда бошад.

  1. Иштирокчиёни чамъият ухдадоранд ба амволи чамъият мутаносибан ба хиссахои онхо дар сармояи оинномавии чамъият сахм гузоранд, агар дар оиннома тартиби дигари муайян  намудани хачми сахм ба амволи чамъият пешбини нашуда бошад.

Дар оинномаи чамъият арзиши зиёдтарини сахм дар амволи чамъият, ки хамаи иштирокчиёни чамъият ё иштирокчиёни муайяни он мегузоранд, инчунин дигар махудудиятхои вобаста ба сахмгузори ба амволи чамъият пешбини шуда метавонанд. Махдудиятхое, ки вобаста ба сахмгузори ба амволи чамъият барои иштирокчии муайяни чамъият мукаррар шудааст, дар сурати бегона шудани хиссаи (кисми хиссаи) у нисбати харидори хисса (кисми хисса) амал намекунад.

  1. Сахм ба амволи чамъият бо пул гузошта мешавад, агар дар оинномаи чамъият ё карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият коидаи дигаре пешбини нашуда бошад.
  2. Сахм дар амволи чамъият хачм ва арзиши номиналии хиссахои иштирокчиёни чамъиятро дар сармояи оинномавии чамъият тагйир намедихад.

 

Моддаи 32. Таксими фоидаи чамъият дар байни иштирокчиёни чамъият

  1. Чамъият хак дорад фоидаи софи худро дар байни иштирокчиёни чамъият таксим кунад. Карор дар бораи таксими киcми фоидаи чамъият дар байни иштирокчиёни чамъият аз тарафи мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият кабул карда мешавад.
  2. Як киcми фоидаи чамъият, ки барои таксим дар байни иштирокчиёни он таъин шудааст, мутаносибан ба сахми онхо дар сармояи оинномавии чамъият таксим карда мешавад.

Дар оинномаи чамъият хангоми тасдики он ё бо рохи ба оинномаи чамъият ворид кардани тагйирот бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки хамаи иштирокчиёни чамъият якдилона кабул менамоянд, мумкин аст тартиби дигари таксими фоида дар байни иштирокчиёни чамъият мукаррар карда шавад.

 

Моддаи 33. Махдудияти таксими фоидаи чамъият дар байни иштирокчиёни чамъият. Махдудияти пардохти фоидаи чамъият ба иштирокчиёни чамъият

  1. Чамъият дар мавридхои зерин хак надорад дар бораи таксими фоидаи худ дар байни иштирокчиёни чамъият карор кабул кунад:

–  то пардохти пурраи хамаи сармояи оинномавии чамъият;

– то пардохти арзиши хакикии хиссаи (кисми хиссаи) иштирокчиёни чамъият дар холатхои пешбиникардаи ин Конун;

– агар дар вакти кабули чунин карор чамъият мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муфлисшавии корхонахо» ба аломатхои муфлисшави чавобгу бошад ё ин аломатхо дар натичаи кабули чунин карор дар чамъият пайдо шавад;

– агар хангоми кабули чунин карор арзиши активхои софи чамъият аз сармояи оинномави ва фонди захира кам бошад ё дар натичаи кабули чунин карор хачми онхо кам шавад;

– дар холатхои дигари пешбиникардаи конунхои Чумхурии Точикистон.

  1. Чамъият дар мавридхои зерин хак надорад ба иштирокчиёни чамъият фоидаро пардохт намояд, ки карор дар бораи таксими он дар байни иштирокчиёни чамъият кабул шудааст:

– агар хангоми пардохт чамъият тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муфлисшавии корхонахо» чавобгуи аломатхои муфлиси бошад ё агар ин аломатхо дар чамъият дар натичаи пардохт ба амалояд;

– агар дар лахзаи пардохт арзиши активхои софи чамъият аз сармояи оинномави ва фонди захира кам бошад ё дар натичаи пардохт онхо кам шаванд;

– дар холатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст.

Баъди катъ ёфтани холатхои дар ин банд  нишон додашуда чамъият ухдадор аст ба иштирокчиёни чамъият фоидаро пардохт намояд, агар ки карор дар бораи таксими он дар байни иштирокчиёни чамъият кабул шуда бошад.

 

Моддаи 34. Пахн кардани вомбаргхо аз чониби чамъият

  1. Чамъият хак дорад вомбаргхо ва дигар когазхои киматноки эмиссиониро бо тартиби мукарраркардаи конунгузори дар бораи когазхои киматнок пахн намояд.
  2. Чамъият хак дорад вомбаргхоро ба маблаге, ки аз хачми сармояи оинномавии он ё микдори таъминоте, ки шахсони сеюм бо ин максад ба чамъият додаанд, барзиёд нест, баъди пардохти пурраи сармояи оинномави пахн намояд.
  3. Дар сурати набудани таъмине, ки шахсони сеюм бо максади кафолатнок гардондани ичрои ухдадорихо дар назди сохибони вомбаргхо медиханд, пахн намудани вомбаргхо аз чониби чамъият на барвактар аз соли сеюми мавчудияти чамъият ба шарти то ин вакт дуруст тасдик кардани ду баланси солонаи чамъият рох дода мешавад.

 

БОБИУ. ИДОРАКУНЙДАРЧДМЪИЯТ

 

Моддаи 35. Макомоти чамъият

  1. Макомоти чамъият инхоянд:

а) мачлиси умумии иштирокчиёни он, ки макоми олии чамъият мебошад;

б) макоми ичроияи чамъият, ки аз макомоти яккасардори (инфироди) ва дастчамъи иборат аст.

  1. Оинномаи чамъият мумкин аст таъсис додани Шурои директорон (Шурои мушохидакорон) ва комиссияи тафтишоти (ревизори)-ро пешбини намояд.
  2. Салохияти макомоти чамъият, инчунин тартиби аз тарафи онхо кабул намудани карор, ё аз номи чамъият баромад карданро хамин Конун ва оинномаи чамъият муайян менамояд.

 

Моддаи 36. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият

  1. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият макомоти олии чамъият мебошад.

Хамаи иштирокчиёни чамъият хукук доранд дар мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият иштирок намоянд, дар мухокимаи масъалахои рузнома ширкат варзанд ва хангоми кабули карорхо овоз диханд.

Нишондодхои хуччатхои таъсисотии чамъият ё карори макомоти чамъият, ки ин хукукхои иштирокчиёни чамъиятро махдуд месозанд, эътибор надоранд.

Хар иштирокчии чамъият дар мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият шумораи овозхоеро дорад, ки ба хиссаи у дар сармояи оинномавии чамъият мутаносиб аст, ба истиснои холатхое, ки хамин Конун пешбини кардааст.

Дар оинномаи чамъият хангоми таъсисдихии он ё бо рохи ворид намудани тагйирот ба оинномаи чамъият бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки хамаи онхо якдилона кабул намудаанд, мумкин аст тартиби дигари муайян намудани шумораи овозхои иштирокчиёни чамъият мукаррар карда шавад.

  1. Тагйирот ва хорич кардани нишондодхои оинномаи чамъият, ки чунин тартиботро мукаррар менамояд, бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки хамаи иштирокчиёни чамъият якдилона кабул мекунанд, амали гардонда мешавад.

 

Моддаи 37. Салохияти мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият

  1. Салохияти мачлиси умумии иштирокчиёни чамъиятро оинномаи чамъият мутобики хамин Конун муайян менамояд.
  2. Ба салохияти махсуси мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият инхо дохил мешавад:

1) муайян кардани самтхои асосии фаъолияти чамъият, инчунин кабули карорхо оиди иштирок дар ассосиатсияхо ва дигар идтиходияхои ташкилотхои тичорати;

2) тагйир додани оинномаи чамъият, аз чумла тагйир додани хачми сармояи оинномавии чамъият;

3) ворид кардани тагйирот ба шартномаи таъсисоти;

4) таъсис додани макомоти ичроияи чамъият ва пеш аз мухлат катъ намудани ваколати онхо, инчунин кабули карор оиди додани ваколатхои макомоти яккасардории ичроияи чамъият ба ташкилоти тичорати ё сохибкори инфроди (минбаъд-рохбар), тасдик кардани чунин рохбар ва шартхои шартнома бо у;

5) интихоб ва пеш аз мухлат катъ кардани ваколатхои комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият;

6) тасдики хисоботи солона ва баланснои солонаи мухосибави;

7) кабули карор оиди таксими фоидаи софи чамъият дар байни иштирокчиёни чамъият;

8) тасдики (кабули) хуччатхои танзимкунандаи фаъолияти дохилии чамъият (хуччатхои дохилии чамъият);

9) кабули карор оиди вомбаргхо ва дигар когазх,ои киматноки эмиссиониро пахн кардани чамъият;

10) таъин кардани тафтиши аудитори, тасдики аудитор ва муайян намудани хачми пардохти хизмати у;

11) кабули карор оиди азнавташкилдихи ё бархам додани чамъият;

12) таъин кардани комиссияи бархамдихи ва тасдики баланснои бархамдихи;

13) халли дигар масъалахои пешбиникардаи хамин Конун.

Масъалахоеро, ки ба салохияти истисноии махсуси мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият дохил мешаванд, барои халли Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, ба истиснои холатхои пешбиникардаи хамин Конун, инчунин барои халли макомоти ичроияи чамъият додан мумкин нест.

 

Моддаи 38. Мачлиси умумии навбатии иштирокчиёни чамъият

  1. Мачлиси умумии навбатии иштирокчиёни чамъият аз тарафи макомоти ичроияи чамъият дар мухлати муайянкардаи оинномаи чамъият, вале соле на камтар аз як маротиба даъват ва гузаронида мешавад.
  2. Дар оинномаи чамъият бояд мухлати гузаронидани мачлиси умумии навбатии иштирокчиёни чамъият, ки дар он натичахои солонаи фаъолияти чамъият тасдик мегардад, муайян карда шавад. Ин мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бояд на дертар аз се мохи баъди ба охир расидани соли молияви гузаронда шавад.

 

Моддаи 39. Мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъият

  1. Мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъият дар холатхои муайянкардаи оинномаи чамъият, инчунин дар хар холати дигар гузаронда мешавад, агар гузарондани чунин мачлиси умумиро манфиати чамъият ва иштирокчиёни он такозо намоянд.
  2. Мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъият бо ташаббуси макомоти ичрояи чамъият бо талаби Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият, аудитор, инчунин иштирокчиёни чамъият, ки дар мачмуъ на камтар аз дах яки шумораи умумии овозхои иштирокчиёни чамъиятро сохиб мебошанд, даъват карда мешавад.

Макомоти ичроияи чамъият ухдадор аст дар давоми панч рузи санаи гирифтани талабнома оиди гузарондани мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъият талаби мазкурро барраси намуда, оиди гузарондани мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъият ё оиди рад кардани он карор кабул намояд. Карори рад кардани гузарондани мачлиcи умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъиятро макомоти ичроияи чамъият мумкин аст танхо дар холатхои зерин кабул намояд:

агар тартиби мукаррар кардаи Конуни мазкур оиди пешниходи талаби гузарондани мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъият риоя нашуда бошад;

агар ягонтаи масъалахое, ки барои дохил кардан ба рузномаи мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъият пешниход шудааст, ба салохияти он дохил нашавад ё ба талаботи конунхои Чумхурии Точикистон мувофикат накунад.

Макомоти ичроияи чамъият хак надорад ба ифодаи масъалахое, ки барои дохил кардан ба рузномаи мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъият пешниход шудааст, тагйирот дарорад, инчунин шакли пешниходшудаи гузарондани мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъиятро тагйир дихад.

Дар катори масъалахое, ки барои дохил кардан ба рузномаи мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъият пешниход шудааcт, макомоти ичроияи чамъият бо ташаббуси худ хак дорад ба он масъалахои иловаги дохил кунад.

  1. Дар сурати кабули карор оиди гузарондани мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёнии чамъият мачлиси мазкур бояд на дертар аз чилу панч рузи гирифтани талаб оиди гузарондани он гузаронда шавад.
  2. Дар холате, ки дар давоми мухлати мукарраркардаи хамин Конун карори гузарондани мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъият кабул нашавад ё карори рад кардани гузарондани он кабул шавад, мачлиси умумии гайринавбатии ишгирокчиёни чамъият мумкин аст аз чониби макомот ё шахсоне, ки гузарондани онро талаб менамоянд, даъват карда шавад.

Дар ин холат макомоти ичроияи чамъият ухдадор аст ба ин макомот ё шахсон руйхати иштирокчиёни чамъиятро бо сурогаи онхо дихад.

Харочоти тайёри, даъват ва гузарондани чунин мачлиси умуми мумкин аст бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият аз хиcоби маблаги чамъият чуброн карда шавад.

 

Моддаи 40. Тартиби даъвати мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият

  1. Макомот ё шахсоне, ки мачлиси умумии иштирокчиёни чамъиятро даъват мекунанд, ухдадоранд на дертар аз cи рузи то гузарондани он ба сурогаи дар руйхати иштирокчиёни чамъият нишондодашуда ё ба тарзи дигари пешбиникардаи оинномаи чамъият дар ин бора бо мактуби фармоиши ба хар кадом иштирокчии чамъият хабар диханд.
  2. Дар огохнома бояд вакт ва чои гузарондани мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, инчунин рузномаи пешниходшуда нишон дода шавад.

Хар иштирокчии чамъият хак дорад дар бораи ба рузномаи мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият дохил кардани масъалахои иловаги на дертар аз понздах рузи то гузарондани он таклиф пешниход намояд. Масъалахои иловаги ба рузномаи мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият дохил карда мешаванд.

Макомот ё шахсоне, ки мачлиси умумии иштирокчиёни чамъиятро даъват менамоянд, хак надоранд ба тавсия тагйирот оиди масъалахои иловагии пешниходшударо барои ба рузномаи мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият дохил намоянд.

Дар холате, ки бо таклифи иштирокчиёни чамъият ба рузномаи аввалаи мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият тагйирот дароварда шавад, макомот ё шахсоне, ки мачлиси умумии иштирокчиёни чамъиятро даъват менамоянд, ухдадоранд на дертар аз дах рузи то гузарондани он хамаи иштирокчиёни чамъиятро дар бораи тагйироти ба рузнома ворид гардида ба тарзе, ки дар банди 1 хамин модда нишон дода шудааст, огох намоянд.

  1. Ба ахборот ва маводе, ки ба иштирокчиёни чамъият хангоми тайёр кардани мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият пешниход карда мешавад, хисоботи солонаи чамъият, хулосаи комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият ва аудитор аз руи натичахои тафтиши хисоботи солона ва балансхои солонаи мухосибавии чамъият, маълумот дар бораи номзад (номзадхо) ба макомоти ичроияи чамъият, Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият ва комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият, лоихаи тагйироту иловахои ба хуччатхои таъсисотии чамъият воридшаванда, ё лоихаи хуччатхои таъсисотии чамъият дар тахрири нав, лоихаи хуччатхои дохилии чамъият, инчунин дигар ахбороти (маводхои) пешбиникардаи оинномаи чамъият дохил мешаванд.

Агар дар оинномаи чамъият тартиби дигари бо мавод шиносондани иштирокчиёни чамъият пешбини нашуда бошад, макомот ё шахсоне, ки мачлиси умумии гайринавбатии иштирокчиёни чамъиятро даъват менамоянд, ухдадоранд ба онхо ахборот ва маводро якzоя бо огохномаи оиди гузарондани мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият фиристонанд, дар сурати тагйир ёфтани рузнома маводи дахлдор якчоя бо огохномаи оиди чунин тагйирот фиристонда мешавад.

Ин ахбороту мавод дар давоми cи рузи то гузарондани мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бояд ба хамаи иштирокчиёни чамъият барои шиносои дар бинои макомоти ичроияи чамъият пешниход карда шавад.

  1. Дар сурати вайрон кардани тартиби даъвати мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки хамин модда мукаррар намудааст, чунин мачлиси умуми салохиятнок шуморида мешавад, агар дар он хамаи иштирокчиёни чамъият иштирок дошта бошанд.

 

Моддаи 41. Тартиби гузарондани мачиси умумии иштирокчиёни чамъият

  1. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бо тартибе, ки хамин Конун, оинномаи чамъият ва хуччатхои дохилии он мукаррар кардаанд, гузаронда мешавад. Дар он киcме, ки бо хамин Конун, оинномаи чамъият ва хуччатхои дохилии чамъият танзим карда нашудааст, тартиби гузарондани мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият мукаррар карда мешавад.
  2. Пеш аз кушодашавии мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бакайдгирии иштирокчиёни омадаи чамъият гузаронда мешавад.

Иштирокчиёни чамъият хак доранд дар мачлиси умуми шахсан ё ба воситаи намояндагони худ иштирок намоянд. Намояндагони иштирокчиени чамъият бояд хуччатхоеро, ки ваколати онхоро тасдик мекунад, пешниход намоянд.

Иштирокчии бакайд нагирифтаи чамъият (намояндаи иштирокчии чамъият) хак надорад дар овоздихи иштирок намояд.

  1. Мачлиси умумии иштирокчиени чамъиятро шахсе, ки вазифаи макомоти яккасардории ичроияро амали менамояд ё шахсе, ки ба макомоти дастачамъии ичроияи чамъият сардори мекунад, мекушояд. Мачлиси умумии иштирокчиени чамъиятро, ки Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият, аудитор ё иштирокчиени чамъият даъват кардаанд, раиси Шурои директорон (Шурои мушохидакорони) чамъият, раиси комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият, аудитор ё яке аз иштирокчиени чамъият, ки ин мачлиси умумиро даъват кардаанд, мекушояд.
  2. Мачлиси умумии иштирокчиени чамъият хак дорад танхо аз руи масъалахои рузнома, ки мутобики банди 1 ва 2 моддаи 40 хамин Конун ба иштирокчиени чамъият хабар дода шудааст, карор кабул кунад, ба истиснои холатхое, ки агар дар ин мачлиси умуми хамаи иштирокчиени чамъият иштирок дошта бошанд.
  3. Карорхо аз руи масъалахое, ки дар зербанди 2 банди дуюми моддаи, 37 хамин Конун нишон дода шудааст, инчунин аз руи масъалахои дигаре, ки оинномаи чамъият муайян кардааст, бо аксарияти на камтар аз се ду хиссаи овозхои шумораи умумии овозхои иштирокчиени чамъият кабул карда мешавад, агар зарурати шумораи зиёди овозхоро барои кабули чунин карор хамин Конун ё оинномаи чамъият пешбини накарда бошад.

Карорхоро аз руи масъалахое, ки дар зербандхои 3 ва 11 банди дуюми моддаи 37 хамин Конун нишон дода шудааст, хамаи иштирокчиени чамъият якдилона кабул мекунад.

Карорхои бокимонда бо аксарияти овозхои шумораи умумии овозхои иштирокчиени чамъият кабул карда мешаванд, агар зарурати шумораи овозхо барои кабули чунин карорхо дар хамин Конун ё оинномаи чамъият пешбини нашуда бошад.

  1. Карорхои мачлиcи умумии иштирокчиени чамъият бо овоздихии кушод кабул карда мешавад, агар дар оинномаи чамъият тартиби дигари кабули карорхо пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 42. Карори мачлиси умумии иштирокчиени чамъият, ки   бо рохи гузаронидани овоздихии гоибона (бо рохи пурсиш) кабул мешавад

  1. Карори мачлиси умумии иштирокчиени чамъият мумкин аст бе гузарондани мачлис (иштироки якчояи иштирокчиени чамъият барои мухокимаи масъалахои рузнома ва кабули карорхо аз руи масъалахои ба овоздихи гузошташуда) бо рохи гузарондани овоздихии гоибона (бо рохи пурсиш) кабул карда шавад. Чунин овоздихи мумкин аст бо рохи ивази хуччатхо тавассути почта, алокаи телеграф, телетайпи, телефони, электрони ва гiайрахо, ки cахехии хабархои дода ва кабулшаванда ва тасдики хуччатии онхоро таъмин менамояд, гузаронда шавад.

Карори мачлиси умумии иштирокчиени чамъият аз руи масъалахое, ки дар зербанди 6 банди дуюми моддаи 37 хамин Конун нишон дода шудааст, бо рохи гузарондани овоздихии гоибона (бо рохи пурсиш) кабул шуда наметавонад.

  1. Хангоми карор кабул кардани мачлиси умумии иштирокчиени чамъият бо рохи гузарондани овоздихии гоибона(бо рохи пурсиш) бандхои 2, 3 ва 4 моддаи 41 хамин Конун, инчунин нишондодхои  бандхои 1, 2 ва 3 моддаи 40 хамин Конун дар кисми мухлатхои пешбиникардаи онхо татбик карда намешавад.
  2. Тартиби гузарондани овоздихии гоибона бо хуччати дохилии чамъият муайян карда мешавад, ки он бояд хатман ба хамаи иштирокчиени чамъият хабар додани рузномаи пешниходшуда, имконияти то огози овоздихи ба хамаи ахбору маводи зарури шинос шудани хамаи иштирокчиени чамъият, имконияти пешниходи таклифхо оиди ба рузнома дохил кардани масъалахои иловаги, хатман ба хамаи иштирокчиени чамъият то огози овоздихи хабар додани рузномаи тагйирёфта, инчунин мухлати ба охир расидани тартиби овоздихиро пешбини намояд.

 

Моддаи 43. Аз чониби иштирокчии ягонаи чамъият кабул кардани карорхо аз руи масъалахое, ки ба салохияти мачлиси умумии иштирокчиени чамъият мансубанд

Дар чамъияте, ки аз як нафар иштирокчи иборат аст, карорхо аз руи масъалахое, ки ба салохияти мачлиcи умумии иштирокчиени чамъият мансубанд, аз чониби иштирокчии ягона шахсан кабул карда ва хатти ба расмият дароварда мешавад. Дар ин маврид нишондодхои модцахои 38, 39, 40, 41, 42 ва 47 хамин Конун татбик намегардад, ба истиснои нишондодхое, ки ба мухлатхои гузарондани мачлиси умумии солонаи иштирокчиени чамъият дахл доранд.

 

Моддаи 44. Макомоти ичроияи чамъият

  1. Рохбари ба фаъолияти чории чамъият аз чониби макоми яккасардории ичроияи чамъият ва макоми ичроияи дастчамъии чамъият амали гардонда мешавад. Макомоти ичроияи чамъият ба мачлиси умумии иштирокчиени чамъият ва Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият хисоботдиханда мебошад.
  2. Додани хукуки овоз аз чониби аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, аъзои макоми ичроияи дастачамъии чамъият ба шахсони дигар, аз чумла ба аъзои дигари Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, ба аъзои дигари макоми ичроияи дастачамъии чамъият рох дода намешавад.

 

Моддаи 45. Макомоти яккасардории ичроияи чамъият

  1. Макомоти яккасардории ичроияи чамъият (директори генерали ё директор)-ро мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият ба мухлати муайян кардаи оинномаи чамъият интихоб мекунад. Макомоти яккасардории ичроияи чамъият мумкин аст, инчунин аз хисоби шахсони гайри иштирокчии он интихоб карда шавад.

Шартномаи байни чамъият ва шахси ичрокунандаи вазифаи макомоти яккасардории ичроияи чамъиятро аз номи чамъият шахси раисикунандаи мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки дар он шахси ичрокунандаи вазифаи макомоти яккасардории ичроияи чамъият интихоб шудааст, ё иштирокчии чамъият, ки бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият ваколатдор гардидааст, имзо мекунанд.

  1. Танхо шахси вокеи ба сифати макомоти яккасардории ичроияи чамъият баромад карда метавонад, ба истиснои холате, ки моддаи 46 хамин Конун пешбини кардааст.
  2. Макомоти яккасардории ичроияи чамъият метавонад:

1) аз номи чамъият бидуни ваколатнома амал намояд, аз чумла аз манфиатхои он намояндаги ва ахдхоро амали намояд;

2) барои хукуки намояндаги аз номи чамъият ваколатнома аз чумла ваколатномаи дорои хукуки бовари медихад;

3) дар бораи ба вазифа таъин кардани кормандони чамъият, ба кори дигар гузарондан ва хорич намудани онхо фармон бароварда, чорахои мукофотониро татбик намуда ва чазои интизоми медихад;

4) дигар ваколатхоро, ки хамин Конун ё оинномаи чамъият ба салохияти мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият ва макомоти яккасардории ичроияи чамъият мансуб надонистааст, амали мегардонад.

  1. Тартиби фаъолияти макомоти яккасардории ичроияи чамъият ва карор кабул кардани онро оинномаи чамъият, хуччатхои дохилии чамъият, инчунин шартномаи бастаи байни чамъият ва шахсе, ки вазифаи макомоти яккасардории ичроияи онро ичро менамояд, мукаррар мекунад.

 

Моддаи 46. Макомоти дастачамъии ичроияи чамъият

  1. Агар дар оинномаи чамъият дар катори макомоти яккасардории ичроияи чамъият, инчунин таъсис додани макомоти дастачамъии ичроияи чамъият (садорат, маъмурият ва гайра) пешбини шуда бошад, чунин макомотро мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият ба микдори ва мухлати муайнкардаи оинномаи чамъият интихоб мекунад.

Танхо шахси вокеи, ки метавонад иштирокчии чамъият набошад, узви макомоти ичроияи чамъият буда метавонад.

Макомоти дастачамъии ичроияи чамъият ваколатхои ба салохияти он додаи оинномаи чамъиятро амали мегардонад.

Вазифаи раисии макомоти дастачамъии ичроияи чамъиятро шахсе, ки вазифаи макомоти яккасардории ичроияи чамъиятро ба амал мебарорад, ичро менамояд, ба истиснои холате, ки агар ваколатхои макомоти яккасардории ичроияи чамъият ба рохбар супорида шуда бошад.

  1. Аъзои макомоти ичроияи дастачамъии чамъият аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият шуда наметавонад.
  2. Тартиби фаъолияти макомоти дастачамъии ичроияи чамъият ва карор кабул намудани онро оинномаи чамъият ва хуччатхои дохилии чамъият мукаррар мекунанд.

 

Моддаи 47. Ба рохбар додани ваколатхои макомоти яккасардории ичроияи чамъият

Чамъият хак дорад тибки шартнома ваколатхои макомоти яккасардории ичроияи худро ба рохбар дихад, агар чунин имконият бевосита дар оинномаи чамъият пешбини шуда бошад.

Шартнома ба рохбар аз номи чамъият ва аз чониби шахси раисикунандаи мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки шартхои шартномаро бо рохбар тасдик намудааст ё иштирокчии чамъият, ки бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият ваколатдор шудааст, имзо карда мешавад.

 

Моддаи 48. Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият

  1. Оинномаи чамъият таъсиси Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъиятро пешбини карда метавонад.

Салохияти Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъиятро оинномаи чамъият тибки хамин Конун муайян менамоад.

  1. Тартиби таъсис ва фаъолияти Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, инчунин тартиби катъ ёфтани ваколатхои аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият дар оинномаи чамъият муайян карда мешавад.

Аъзои макомоти ичроияи дастачамъии чамъият бештар аз чоряки хайати Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъиятро ташкил дода наметавонад. Шахсе, ки вазифаи макомоти яккасардории ичроияи чамъиятро ичро менамояд, дар як вакт наметавонад раиси Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият бошад.

  1. Аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, шахсе, ки вазифаи макомоти яккасардории ичроияи чамъият ва аъзои макомоти ичроияи дастачамъии чамъият, ки иштирокчиёни чамъият намебошанд, метавонанд дар мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бо хукуки овози машварати ширкат намоянд.

 

Моддаи 49. Шикоят оиди карорхои макомоти идоракунии чамъият.

  1. Карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъиятро, ки бо вайрон кардани талаботи хамин Конун, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон, оинномаи чамъият кабул шудааст ва хукуку манфиатхои конунии иштирокчии чамъиятро вайрон мекунад, мумкин аст суд аз руи аризаи иштирокчии чамъият, ки дар овоздихи иштирок накардааст ё мукобили карор овоз додааст, беэътибор эътироф намояд. Чунин ариза мумкин аст дар давоми ду мохе, ки иштирокчии чамъият дар бораи карори кабулшуда огох шудааст ё бояд огох мешуд, дода шавад. Дар холате, ки агар иштирокчии чамъият дар мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки карори арзшавандаро кабул намудааст, иштирок карда бошад, аризаи мазкур мумкин аст дар давоми ду мохи кабули чунин карор дода шавад.
  2. Суд хак дорад бо назардошти хамаи холатхои парванда карори арзшавандаро эътиборнок хисобад, агар овоздихии иштирокчии чамъият, ки ариза додааст, ба натичахои овоздихи таъсир нарасонда, ба вайронкунии рохдода зид набошад ва карор боиси ба ин иштирокчии чамъият расондани зарар нагардад.
  3. Карори Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, макомоти яккасардории ичроияи чамъият, макомоти дастачамъии ичроияи чамъият ё рохбар, ки бо вайрон кардани талаботи хамин Конун, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон оинномаи чамъият кабул шудааст ва хукуку манфиатхои конунии иштирокчии чамъиятро вайрон  мекунад, бо аризаи хамин иштирокчии чамъият мумкин аст аз чониби суд беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 50. Масъулияти аъзоёни Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, макомоти яккасардории ичроияи чамъият, аъзоёни макомоти дастачамъии ичроияи чамъият ва рохбар

  1. Аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, макомоти яккасардории чамъият, аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъият, хамчунин рохбар хангоми татбик намудани хукук ва ичрои вазифахояшон бояд ба манфиати чамъият софдилона ва окилона амал намоянд.                                                             .
  2. Аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, макомоти яккасардории ичроияи чамъият, аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъият, хамчунин рохбар дар назди чамъият барои зараре, ки бо амали (беамалии) гунахкоронаи худ ба чамъият расонидаанд, чавобгаранд, агар конунхо дигар асосхо ва андозаи масъулиятро мукаррар накарда бошад. Дар айни замон аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъият, ки мукобили карори боиси ба чамъият расидани зарар гардида овоз додаанд ё дар овоздихи иштирок накардаанд, чавобгар  намебошанд.
  3. Хангоми муайян кардани асосхо ва андозаи масъулияти аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, макомоти дастачамъии ичроияи чамъият, аъзои макомоти дастчамъии ичроияи чамъият, хамчунин рохбар бояд шароитхои мукаррарии муомилоти кори ва дигар холатхое, ки барои парванда ахамият дорад, ба назар гирифта шавад.
  4. Дар холате, ки агар мутобики нишондоди хамин модда якчанд шахc масъуланд, масъулияти онхо дар назди чамъият муштарак мебошад.
  5. Чамъият ё иштирокчии он хак доранд бо даъвои руёнидани зараре, ки ба чамъият узви Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, макомоти яккасардории ичроияи чамъият, узви макомоти дастачамъии ичроияи чамъият ё рохбар расондаанд, ба суд мурочиат намоянд.

 

Моддаи 51. Комиссияи тафтишотии (рсвизори) чамъият

  1. Дар оинномаи чамъият мумкин аcт таъсис додани комиссияи тафтишоти (интихоби ревизор) чамъият пешбини карда шавад. Дар чамъиятхое, ки бештар аз понздах нафар иштирокчи доранд, таъсиси комиссияи тафтишотии (интихоби ревизор) чамъият хатми мебошад. Хамчунин шахсе, ки иштирокчии чамъият намебошад, узви комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият буда метавонад. Вазифаи комисcияи тафтишотии (ревизори) чамъиятро, агар инро оинномаи чамъият пешбини карда бошад, аудитори тасдиккардаи мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки у бо манфиатхои амволи бо чамъият, аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, бо шахси ичрокунандаи вазифаи макомоти яккасардории ичроияи чамъият, аъзои макомоти ичроияи даcтчамъии чамъият ва иштирокчиёни чамъият алокаманд намебошад, амали гардонда метавонад.
  2. Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъиятро мачлиcи умумии иштирокчиёни чамъият ба мухлати муайянкардаи оинномаи чамъият интихоб мекунад. Шумори аъзои комиссияи тафтишоти чамъиятро оинномаи чамъият муайян менамояд.
  3. Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият хак дорад хар вакт фаъолияти молиявии чамъиятро тафтиш кунад ва хамаи хуччатхои вобаста ба фаъолияти чамъият дастраси он бошад.

Бо талаби комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, шахсе, ки вазифаи макомоти яккасардории ичроияи чамъиятро ичро менамояд, аъзои макомоти дастчамъии ичроияи чамъият, инчунин кормандони чамъият ухдадоранд дар шакли шифохи ё хатти тавзехоти зарури диханд.

  1. Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият бо тартиби хатми тафтиши хисоботи солона ва балансхои мухосибавиро то онхоро тасдик кардани мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият мегузаронад. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият хак надорад хисоботи солона ва балансхои мухосибавии чамъиятро дар сурати набудани хулосаи комиссияи тафтишоти (ревизори) чамъият тасдик кунад.
  2. Тартиби кори комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъиятро оиннома ва хуччатхои дохилии чамъият муайян менамоянд.

6. Моддаи мазкур дар холатхое татбик мегардад, ки агар таъсиси комиссияи тафтишоти чамъият ё интихоби ревизори чамъият дар оинномаи чамъият пешбини шуда ё мутобики хамин Конун хатми бошад.

  1. Аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъият наметонад аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорон) чамъият, шахси ичрокунандаи вазифаи макомоти якасардории чамъият ва аъзои макомоти дастчамъии чамъият бошад.

 

Моддаи 52.  Хавасманди дар ичро намудани ахдхо аз тарафи чамъият

  1. Ахдхое, ки дар ичро намудани он узви Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, шахси ичрокунандаи вазифаи макомоти яккасардории ичроияи чамъият, узви макомоти дастачамъии ичроияи чамъият ё иштирокчии чамъият хавасманд ва якчоя бо шахсони бонуфуз (аффилир) бист ва аз ин зиёда фоизи овозхои шумораи умумии иштирокчиёни чамъиятро доранд, аз чониби чамъият бидуни розигии мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият ичро шуданаш мумкин намебошад.

Шахсони мазкур барои ичро намудани ахдхо аз чониби чамъият хавасманд хисобида мешаванд, агар онхо, зану шавхар, падару модар, фарзандон, бародарон, хохарон ва шахсони бонуфузи (аффилир) онхо бошанд:

– тарафи муомилот бошанд ё дар муносибатхои онхо бо чамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;

– дорандаи бист (хар кадом алохида ё якчоя) ва аз ин зиёд фоизи сахмияхои (хиссахо, пайхо) шахси хукуки ва тарафи ахд бошанд, ё дар муносибатхои онхо бо чамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;

– дар макомоти идоракунии шахcи хукуки, ки тарафи ахд мебошад вазифахоро ишгол намуда ё дар муносибатхои онхо бо чамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;

– дар дигар холатхое, ки оинномаи чамъият муайян кардааст.

  1. Шахсони дар сарсатри якуми банди якуми хамин модда нишон додашуда бояд ба маълумоти мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият ахборотро дар ин бора расонанд:

– дар бораи шахсони хукуки, ки дар он онхо, хамсарон, волидон, фарзандон, бародарон, хохарон ва шахсони бонуфузи онхо дорандаи бист ва аз ин зйёд фоизи cахмияхо (хиссахо, пайхо) мебошанд;

– дар бораи шахсони хукуки, ки дар он онхо, хамсарон, волидон, фарзандон, бародарон, хохарон ва шахсони бонуфузи онхо дар макомоти идоракунии вазифахоро ишгол менамоянд;

– дар бораи ахдхои барояшон маълуми ичрошаванда ё дар назар дошташуда, ки дар ичро намудани онхо мумкин аст хавасманд дониста шаванд.

  1. Карор дар барои ичро намудани ахдхо аз чониби чамъият, ки дар ичро намудани онхо хавасманди мавчуд аст, дар мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият бо аксарияти овозхои шумораи умумии иштирокчиёни чамъият, ки дар ичро намудани он хавасманд нестанд, кабул карда мешавад.
  2. Ичро намудани ахдхое, ки ба онхо хавасманди вучуд дорад, карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъиятро, ки банди сеюми хамин модда пешбини намудааст, талаб намекунад, ба шарте ки ахд дар чараёни фаъолияти мукаррарии хочагидори дар байни чамъият ва тарафи дигар ичро карда шавад ва он то даме чой дошта бошад, ки шахси хавасманди ичрокунандаи ахд мутобики банди якуми хамин модда чунин шахc эътироф карда шавад (карор то санаи гузарондани мачлиси умумии ояндаи иштирокчиёни чамъият талаб карда намешавад).
  3. Ахде, ки дар ичро намудани он хавасманди мавчуд аст ва кадоме, ки бо вайронкунии талаботи пешбиникардаи хамин модда ичро карда шудааст аз руи даъвои чамъият ё иштирочии он мумкин аст беъэтибор хиcобида шавад.

6. Моддаи мазкур нисбати чамъиятхое, ки аз як иштирокчи иборат аст, ва он дар як вакт вазифаи макомоти яккасардории ичроияи ин чамъиятро ичро менамояд, татбик карда намешавад.

  1. Дар сурати дар чамъият таъсис ёфтани Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият кабули карор дар бораи ичро намудани ахде, ки оиди ичро намудани он хавасманди мавчуд аст, мумкин аст тибки оинномаи чамъият ба салохияти он дода шавад, ба истиснои холатхое, ки агар маблаги пардохти ахд ё арзиши амволе, ки предмети ахд мебошад, аз ду фоизи арзиши амволи чамъият зиёд буда, он дар асоси маълумоти хисоботи мухосибави дар давраи охирини хисоботи муайян шуда бошад.

 

Моддаи 53. Ахдхои калон

  1. Ахди калон ахдест ё якчанд ахди бо хам алокамандаст, ки ба бевосита ё бавосита аз чониби чамъият бадастбаровардан, бегона кардан ё имконияти бегонакунии амвол вобаста буда, арзиши он бештар аз бисту панч фоизи арзиши амволи чамъиятро ташкил дода, дар асоси маълумоти хисоботи мухосибавии давраи охирини хисоботии пеш аз рузи кабули карор оиди ичро намудани чунин ахд муайян карда шудааст, агар оинномаи чамъият хачми бештари ахди калонро пешбини накарда бошад. Ахде, ки дар раванди фаъолияти мукаррарии хочагидори ичро карда мешавад, ахди калон хиcобида намешавад.
  2. Ба максадхои хамин модда арзиши амволи бегонакунандаи чамъият дар натичаи ахди калон дар аcоси маълумоти хисоби мухосибавии он ва арзиши амволи бадастдароварандаи чамъият дар асоси нархи пешниходшуда муайян карда мешавад.
  3. Карор дар бораи ичро кардани ахди калонро мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият кабул мекунад.
  4. Дар сурати дар чамъият таъсис ёфтани Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият кабули карорхоро оиди ичро кардани ахди калон вобаста ба бадастдарори, бегонакуни ё имконияти бегонакунии амвол бевосита ё бавосита аз чониби чамъият, ки арзиши он аз бисту панч то панчох фоизи арзиши амволи чамъиятро ташкил медихад, мумкин аст тавассути оинномаи чамъият ба салохияти Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият дода шавад.
  5. Ахди калоне, ки бо вайрон кардани талаботи пешбиникардаи хамин модда ичрокарда шудааст, мумкин аст аз руи даъвои чамъият ё иштирокчии он беэътибор дониста шавад.
  6. Дар оинномаи чамъият мумкин аст пешбини карда шавад, ки барои ичро кардани ахди калон карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият ва Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият талаб карда намешавад.

 

Моддаи 54. Тафтиши аудиториии чамъият

Барои тафтиш ва тасдики дурустии хисоботхои солона ва балансхои мухосибави, инчунин тафтиши холати корхои чори чамъият хак дорад бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни худ аудитори касбиро, ки бо манфиатхои амволи бо чамъият, аъзои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, шахси ичрокунандаи вазифаи макомоти яккасардории ичроияи чамъият, аъзои макомоти даcтчамии ичроияи чамъият ва иштирокчиёни чамъият алокаманд  нест, чалб намояд.

Бо талаби хар кадом иштирокчии чамъият тафтиши аудитори мумкин аст аз чониби аудитори касбии интихобкардаи онхо гузаронда шавад, ки он бояд ба талаботи мукарраркардаи кисми якуми хамин модда мувофик бошад. Дар сурати гузарондани чунин тафтиши хизмати аудитор аз хисоби иштирокчии чамъият, ки бо талаби у доир мегардад, пардохта мешавад. Харочоти иштирокчии чамъият барои пардохти хизмати аудитор мумкин аст бо карори мачлиси умумии иштирокчии чамъият аз хисоби маблаги чамъият руёнда шавад.

Чалб намудани аудитор барои тафтиш ва тасдики дурустии хисоботхои солона ва балансхои мухосибавии чамъият дар холатхои пешбиникардаи конунхо ва дигар санадхои хукукии Чумхурии Точикистон хатми мебошад.

 

Моддаи 55. Хисоботи оммавии чамъият

  1. Чамъият барои чоп кардани хисобот оиди фаъолияти худ ухдадор намебошад, ба истиснои холатхое, ки хамин Конун ва дигар конунхои Чумхурии Точикиcтон пешбини кардаанд.
  2. Дар давоми пахнкунии оммавии вомбаргхо ва дигар когазхои киматноки эмиссиони чамъият ухдадор аст хар сол хисоботи солона ва балансхои мухсибавиро чоп кунад, инчунин ахбороти дигарро дар бораи фаъолияташ, ки конунхои Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии мутобики онхо кабулшуда пешбини кардаанд ошкор намояд.

 

Моддаи 56. Нигохдории хуччатхои чамъият

  1. Чамъият ухдадор аст хуччатхои зеринро нигох дорад:

– хуччатхои таъcисотии чамъият, инчунин тагйироту иловахои ба хуччатхои таъсисотии чамъият ворид гардида;

– протоколи (протоколхои) мачлиcи муассисони чамъият, ки дорои карор оиди таъсиси чамъият ва тасдики арзиши пулии сахмхои гайрипули ба сармояи чамъият мебошад, инчунин дигар карорхои вобаста ба таъсиси чамъият;

– хуччате, ки кайди давлатии чамъиятро тасдик мекунад;

– хуччатхое, ки хукуки чамъиятро ба амволи дар баланси он буда тасдик менамоянд;

– хуччатхои дохилии чамъият;

– низомномаи дар бораи филиалхо ва намояндагихои чамъият;

– хуччатхое, ки бо эмисcияи вомбаргхо ва дигар когазхои киматноки эмиссиони вобастаанд;

– протоколхои мачлисхои умумии иштирокчиёни чамъият;

– мачлиcхои Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, макомоти дастчамъии ичроияи чамъият ва комиссияи тафтишоти чамъият;

– руйхати шахсони бонуфузи (аффилири) чамъият;

– хулосаи комисcияи тафтишотии (ревизори) чамъият, аудитор, макомоти давлати ва махаллии назорати молияви;

– дигар хуччатхое, ки конунхо ва дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон, оинномаи чамъият, хуччатхои дохилии чамъият, карорхои мачлиcи умумии иштирокчиёни чамъият, Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият ва макомоти ичроияи чамъият пешбини кардаанд.

  1. Чамъият хуччатхоеро, ки хамин модда пешбини кардааст, дар чои вокеъшавии макомоти яккасардории ичроияи он ё чои дигаре, ки ба иштирокчиёни чамъият маълум ва дастрас аст, нигох медорад.

 

БОБИ VI. АЗ  НАВ  ТАШКИЛ  КАРДАН  ВА БАРХАМ ДОДАНИ ЧАМЪИЯТ

 

Моддаи 57. Аз нав ташкил кардани чамъият

  1. Чамъият метавонад бо тартиби пешбиникардаи хамин Конун бо ихтиёри худ азнав ташкил карда шавад.

Дигар асосхо ва тартиби азнавташкилдихии чамъиятро Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

  1. Аз нав ташкилдихии чамъият мумкин аст дар шакли муттахидшави, хамрохшави, таксимшави, чудошави ва табдилшави сурат гирад.
  2. Чамъият аз вакти кайди давлатии шахсони хукуки, ки дар натичаи азнавташкилдихи барпо мешванд азнавташкилёфта хисобида мешавад, ба истиснои холатхои дар шакли хамрохшави ва табдилдихи азнавташкил кардани он. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

Дар сурати азнавташкилдихии чамъият дар шакли ба он хамрохшавии чамъияти дигар, чамъиятхое, ки дар хамрохшави иштирок менамоянд, дар ин хусус бо тартиби мукарраршуда дар як вакт ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати барои ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукукива сохибкорони ннфироди ариза пешниход менамоянд. Чамъият аз лахзае азнавташкилшуда ба хисоб меравад, ки маълумот дар бораи катъ гардидани фаъолияти чамъияти хамрохшуда ва маълумот дар бораи тагйироти хуччатхои таъсисии чамъият ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукукива сохибкорони инфиродиворид карда шудаанд. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

Азнавташкилдихии чамъият дар шакли табдилдихи пас аз вориднамудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукукива сохибкорони инфироди дар бораи тагйирдихии шакли ташкилию хукукии чамъият ба итмомрасида дониста мешавад. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)

  1. Бакайдгирии давлатии чамъиятхое, ки дар натичаи азнавташкилдихи барпо шудаанд ва ворид кардани сабт оиди катъ ёфтани фаъолияти чамъиятхои азнавташкилёфта, бо тартиби мукаррар кардаи конунхои ЧумхурииТоcикистон cурат мегирад.
  2. На дертар аз cи рузи кабули карори азнавташкилкунии чамъият ва дар сурати ба шакли муттахидшави ё хамрохшави азнавташкилкунии чамъият аз санаи кабули карор дар ин бора ба чамъияти охирин, ки дар муттахидшави ё хамрохшави иштирок менамоянд, чамъият ухдадор аст дар ин бораи хамаи кредиторхои маълуми чамъиятро хатти огох намуда, дар нашрияе, ки дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки маълумот чоп мешавад, дар бораи карори кабул шуда хабар нашр намояд. Дар ин маврид кредиторхои чамъият дар давоми cи рузи ба онхо фиристонидани огохнома ё дар давоми cи руз чоп шудани хабар дар бораи кабули карор хак доранд пеш аз мухлат катъ кардан ё ичрои ухдадорихои дахлдори чамъият ва чуброни зарари ба онхо расидаро хатти талаб намоянд.
  3. Агар баланси таксимот барои муайян кардани вориси чамъияти азнавташкилёфта имконият надихад, шахсони хукукие, ки дар натичаи азнавташкилкуни барпо шудаанд, оиди ухдадорихои чамъияти азнавташкилёфта дар назди кредиторхои он масъулияти муштарак доранд.

 

Моддаи 58. Муттахидшавии чамъиятхо

  1. Барпо намудани чамъияти нав ва ба он додани хамаи хукукхо ва ухдадорихои ду ё якчанд чамъият ва катъ ёфтани чамъиятхои охирин муттахидшавии чамъиятхо хисобида мешавад.
  2. Мачлиси умумии иштирокчиёни хар кадом чамъияте, ки дар азнавташкилкуни ба шакли муттахидшави иштирок менамояд дар бораи чунин азнавташкилкуни, тасдики шартномаи муттахидшави ва оинномаи чамъият, ки дар натичаи муттахидшави барпо меёбад, инчунин тасдики акти доду гирифт карор кабул мекунад.
  3. Шартномаи муттахидшави, ки хамаи иштирокчиёни чамъияти дар натичаи муттахидшави барпоёфта имзо кардаанд, дар баробарии оинномаи он хуччати таъсисоти буда, бо талаботи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ва хамин Конун нисбат ба шартномаи таъсисоти пешниход менамояд, бояд мувофик бошад.
  4. Дар холати аз чониби мачлиси умумии иштирокчиёни хар кадом чамъияте, ки дар азнавташкилкуни ба шакли муттахидшави иштирок менамоянд, кабул кардани карор оиди чунин азнавташкилкуни ва тасдики шартномаи муттахидшави, оинномаи чамъияти дар натичаи муттахидшави барпогардида ва акти доду гирифти интихоби макомоти ичроияи чамъияте, ки дар натичаи муттахидшави барпо меёбад, дар мачлиси умумии якчояи иштирокчиёни чамъият, ки дар муттахидшави иштирок мекунанд, сурат мегирад.

Мухлат ва тартиби гузаронидани чунин мачлиси умумиро шартномаи муттахидшави муайян менамояд.

Макомоти яккасардории ичроияи чамъияте, ки дар натичаи муттахидшави барпо мегардад, амали вобаста ба кайдгирии давлатии ин чамъиятро ба чо меоварад.

  1. Дар мавриди муттахидшави чамъиятхо хамаи хукуку ухдадории хар кадоми онхо мутобики акти доду гирифт ба чамъияте мегузарад, ки дар натичаи муттахидшави барпо меёбад.

 

Моддаи 59.  Хамрохшавии чамъият

  1. Катъгардии як ё якчанд чамъият бо додани хамаи хукуку ухдадорихои онхо ба чамъияти дигар хамрохшавии чамъият хисобида мешавад.
  2. Мачлиcи умумии иштирокчиёни хар кадом чамъияте, ки дар азнавташкилкуни дар ба шакли хамрохшави иштирок менамояд, дар бораи чунин азнавташкилкуни, тасдики шартномаи хамрохшави ва оинномаи дар бораи тасдики акти доду гирифт карор кабул менамояд.
  3. Мачлиcи умумии якчояи иштирокчиёни чамъиятхое, ки дар хамрохшави иштирок менамоянд, ба хуччатхои таъсисотии чамъияте, ки нисбати он хамрохшави сурат мегирад, тагйироти вобаста ба хайати иштирокчиёни чамъият, муайян кардани хачми хиссахои онхо, дигар тагйироти пешбиникардаи шартномаи хамрохшавиро ворид менамояд, инчунин дар мавриди зарурат дигар масъалахо, аз чумла масъалаи интихоби макомоти чамъиятро, ки нисбати он хамрохшави сурат мегирад, хал мекунад. Мухлату тартиби гузарондани чунин мачлиси умумиро шартномаи хамрохшави муайян менамояд.
  4. Хангоми хамрохшавии чамъиятхо хамаи хукуку ухдадорихои хар яке аз онхо ба чамъияте, ки дар натичаи хамрохшави барпо карда мешавад, мутобики акти доду гирифт мегузарад.

 

Моддаи 60. Таксимшавии чамъият

  1. Катъгардии чамъият ва гузаштани хамаи хукуку ухдадорихои он ба чамъиятхои навро таксимшавии чамъият меноманд.
  2. Мачлиси умумии иштирокчиёни хар як чамъияте, ки бо шакли таксимот азнавташкил карда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилдихи, тартибу шартхои таксими чамъият, таъсиси чамъиятхои нав ва таcдики баланси таксимот карор кабул мекунад.
  3. Иштирокчиёни хар кадом чамъияте, ки дар натичаи таксимот барпо меёбад, шартномаи таъсисоти имзо мекунанд. Мачлиcи умумии иштирокчиёни хар кадом чамъияте, ки дар натичаи таксимот барпо меёбад, оинномаро таcдик ва макомоти чамъиятро интихоб менамояд.
  4. Хангоми таксими чамъият хамаи хукуку ухдадорихои он мутобики баланси таксимот ба чамъиятхое мегузарад, ки дар натичаи таксимот барпо шудаанд.

 

Моддаи 61. Чудошавии чамъият

  1. Барпо ёфтани як ё якчанд чамъият, бо додани як кисми хукуку ухдадорихои чамъияти азнавташкилшаванда бидуни катъгардии охирон чудошавии чамъият хисобида мешавад.
  2. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъияте, ки бо шакли чудошави аз навташкилкарда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилкуни, тартибу шартхои чудошави, таъсиси чамъияти (чамъиятхои) нав ва тасдики баланси таксимот карор кабул намуда, бо хуччатхои таъсисотии чамъияте, ки ба шакли чудошави аз нав таъсис дода мешавад, тагйироти вобаста ба хайати иштирокчиёни чамъият, муайян кардани хачми хиссаи онхо ва дигар тагйироти пешбиникардаи карори чудошавиро ворид месозад, инчунин дар мавриди зарурат дигар масъалахо, аз чумла масъалаи интихоби макомоти чамъиятро хал менамояд.

Иштирокчиёни чамъияти чудошаванда шартномаи таъсисотиро имзо мекунанд. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъияти чудошаванда оинномаи онро тасдик ва макомоти чамъиятро интихоб менамояд.

Агар иштирокчии ягонаи чамъияти чудошаванда чамъияти азнавташкилёфта бошад, мачлиси умумии ин чамъият дар бораи азнавташкилнамоии чамъият ба шакли чудошави, тартибу шартхои чудошави карор кабул намуда, инчунин оинномаи чамъияти чудошаванда ва баланси таксимотро тасдик ва макомоти чамъияти чудошавандаро интихоб мекунад.

  1. Хангоми аз чамъият чудо шудани як ё якчанд чамъият ба хар кадоми онхо як кисми хукуку ухдадорихои чамъияти азнавташкилёбанда мутобики баланси таксимот мегузарад.

 

Модда 62. Табдилшавии чамъият

  1. Чамъият хак дорад ба чамъияти саххоми, чамъияти дорои масъулияти иловаги ё кооперативи истехсоли табдил ёбад.
  2. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки бо шакли табдилшави азнавташкил карда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилкуни, тартибу шартхои табдилшави, тартиби мубодилаи хиссахои иштирокчиёни чамъият ба сахмияхои чамъияти саххоми, хиссаи иштирокчиёни чамъияти дорои масъулияти иловаги ё хаки аъзои кооперативи истехсоли, тасдики оинномаи чамъияти саххомии дар натичаи табдилсози ба вучудоянда, чамъияти дорои маcъулияти иловаги ё кооперативи истехсоли, инчунин дар бораи тасдики акти доду гирифт карор кабул мекунад.
  3. Иштирокчиёни шахси хукукие, ки дар натичаи табдилсози барпо меёбад, дар бораи интихоби макомоти он мутобики талаботи конунхои Чумхурии Точикистон оиди чунин шахсони хукуки карор кабул намуда, ба макомоти дахлдор супориш медихад, ки амалхоро вобаста ба ворид намудани маълумот оид ба тагйир ёфтани шакли ташкилию хукукии шахси  хукуки  ба Фехристи ягонаи давлатии  шахсони  хукукива сохибкорони инфиродй, ичро намояд. (КЧ Т аз 29.12.10с №656)
  4. Хангоми дигаргун шудани чамъият хамаи хукуку ухдадорихои чамъияти азнавташкилёфта мутобики акти доду гирифт ба шахси хукуки, ки дар натичаи табдилсози барпо шудааст мегузарад.

 

Моддаи 63. Бархам додани чамъият

  1. Чамъият метавонад ихтиёри бо тартиби мукарраркардаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, бо назардошти талаботи хамин Конун ва оинномаи чамъият бархам дода шавад. Чамъият метавонад инчунин бо карори суд дар асосхои пешбиникардаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон бархам дода шавад.

Бархам хурдани чамъият боиси катъ ёфтани он бидуни ба шахсони дигар гузаштани хукуку ухдадорихо бо тартиби гузашти хукук мегардад.

  1. Карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият дар бораи бархамхурии ихтиёрии чамъият ва таъин кардани комисcияи бархамдихи бо пешниходи Шурои директорони (Шурои мушохидакорони) чамъият, макомоти ичроияи ё иштирокчии чамъият кабул карда мешавад.
  2. Дар холате, ки агар иштирокчии чамъияти бархамхуранда дар Чумхурии Точикистон бошад, ба хайати комиcсияи бархамдихи намояндаи макомоти давлатии идораи амволи давлати, муассисаи махсусе, ки амволи давлатиро мефурушад, фурушандаи амволи давлатии Чумхурии Точикистон ё макомоти махалли дохил карда мешавад. Дар мавриди ичро накардани ин талабот макомоте, ки чамъиятро ба кайди давлати мегирад, хак надорад ба таъин кардани комисcияи бархамдихи розиги дихад.
  3. Тартиби бархамдихии чамъиятро Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 64. Таксими амволи чамъияти бархамхуранда дар байни иштирокчиёни он

  1. Амволи баъди хисобу китоби бо кредиторхо анчом додашудаи бокимондаи чамъияти бархамхуранда аз чониби комисcияи бархамдихи дар байни иштирокчиёни чамъият бо навбати зерин таксим карда мешавад:

– дар навбати аввал ба иштирокчиёни чамъият кисми фоидаи таксимшуда, вале пардохт карданашуда дода мешавад;

– дар навбати дуюм амволи чамъияти бархамхуранда дар байни иштирокчиёни чамъият мутаносибан ба хиссаи онхо дар сармояи оинномавии чамъият таксим карда мешавад.

  1. Талаботи хар навбат баъди пурра конеъ шудани талаботи навбати пешина конеъ гардонда мешавад. Агар амволи мавчудаи чамъият барои пардохти на кисми пардохтнашудаи фоида, балки пардохти фоидаи таксимшуда нокифоя бошад, амволи чамъият дар байни иштирокчиёни он мутаносибан ба хиссаи онхо дар сармояи оинномавии чамъият таксим карда мешавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                                     Э.Ш. РАХМОНОВ

ш. Душанбе 10 майи соли 2002

№ 53

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъияти

дорои масъулияти махдуд» ва мавриди амал карор додани он

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2002, №4, кисми 2, мод. 316)

 

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи чамъияти дорои масъуляти махдуд» кабул карда шавад.
  2. Конуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.
  3. Хукумати Чумхурии Точикистон дар хусуси ба Конуни мазкур мутобик гардонидани конунхои чории Чумхурии Точикистон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход намояд.

 

 

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                                                           С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе 19 марти соли 2002

№ 572(б)

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ МИЛЛИИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъияти дорои масъулияти махдуд»

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли  2002, №4, кисми 2, мод. 315)

 

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикиcтонро «Дар бораи чамъияти дорои масъулияти махдуд» барраси намуда, карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикиcтонро «Дар бораи чамъияти дорои масъулияти махдуд» чонибдори карда шавад.

 

 

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                            М.УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  23 апрели соли 2002

№ 275

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …