Главная / Гуногун / Cаховати мехтар Иброхим пайгамбар

Cаховати мехтар Иброхим пайгамбар

Дар фазилати саховати мехтар Иброхим пайгамбар салотулЛохи ва саломуху алайхи ва мулоими он

 Оварданд, ки Хак таъоло дар саховат мехтар Иброхимро чунон ороста буд, ки харгиз аз гайри мехмон таъом нахурди. То рузе пеши дари эшон марде омад ва гуфт: «Ё Иброхим гурусна омадам, маро таъом бидех». Мехтар Иброхим назар ба руи у бикард ва бегонаги дид ва гуфт: «Ту бегона менамои ва таъоми ман барои бегонагон нест».

Чун он мард аз забони мехтар Иброхим ин сухан бишунид, шикастадил баргашт. Хамон замон мехтар Чабраил даррасид ва гуфт: «Ё Иброхим, фармон мешавад, хафтодсол бошад, ки ин мардро ризк медихам, вакте нагуфтам, ки бегонаи, туро ризк нахохам дод, магар ту як вакт таъом медихи ва таъна мекуни, ки таъоми ман лоики ту нест?»

arab

Чун мехтар Иброхим ин фармон бо итоб шунид, бар акиби он мард бидавид. Чун наздики вай шуд гуфт: «Эй мард, бозгард ва истода шав. Хар неъмате, ки талаби, бу ту бидихам». Мехтар Иброхим бисёр маъзарат кардан гирифт. Он мард инкор кард: «Ту хамин замон маро аз пеши худ ронда буди, ин замон аз бахри чи мехохи ва чандин маъзарат аз бахри чист?» Мехтар Иброхим гуфт: «Худои ман аз чихати ту итоб кард ва фармон дод, ки эй Иброхим, чаро бандаи маро таъом надоди, мо вайро хафтод сол бошад, ки ризк медихем ва нагуфтем, ки ту бегонаи, туро ризк нахохем дод. Ту бандаи маро таъом надоди, дили у ба ин сухан шикаста карди».

Чун ин мард ин сухан аз забони Иброхим шунид, чашм пуроб кард ва гуфт: «Эй Иброхим, неку Худое ту дори, аз кардаи хамчун Мане душман хамчунин дустро итоб кард. Пас аз чунин раззоке чанд бегона тавон монд. Калима бигу, то дар дини поки ту дароям». Мехтар Иброхим калима арз кард ва у ба шарафи имон Мушарраф шуд.

Дигар, рузе аз чамоати чухудон наздики мехтар Иброхим алайхиссалом омаданд ва гуфтанд: «Ё Иброхим, мо гурусна омадем, моро таъом бидех».

Фармуд: «Бинишинед». Таъом талабид ва таъзими эшон бисёр кард. Эшон огоз карданд: «Эй Иброхим, мо бегонаем, чандин эхсон дар хакки мо аз кучост?» Гуфт: «Ин карам аз ахлоки Парвардигори худ омухтаам, ки аз ту банда итоб шуда буд». Чун эшон аз таъом фориг шуданд, мехтар Иброхим гуфт: «Неъмати Худои ман бихуред, як бор Худои маро сачда __________кунед». Эшон шарманда шуданд. Гуфтанд: «Эй Иброхим, аз бахри хушии хотири ту Сар ба сачда барем». Хама сачда карданд. Мехтар Иброхим даст ба дуо бурд ва гуфт:

«Илохи ман эшонро ба сачда овардам, ту низ хотири эшон ба шарафи имон мушарраф гардон». Хануз даст аз дуо фуру наоварда буд, ки ишон сархои худ бардоштаанд ва гуфтанд: «Ё Иброхим, ру суи мо кун, ки куфли дил боз шудааст. Акнун зуд калима бигу, то дар дини Худои таъоло дароем». Мехтар Иброхим калима арз кард, чумла чамоат хилъати имон пушиданд.

Алгараз, чун химмати мехтар Иброхим бар ин буд, ки ба гайри мехмон таъом нахурди, то як рузи тамом бигузашт, ки мехмон аз чое нарасид. Он руз гурусна бимонд. Чун дигар руз шуд, мунтазир шуд. Он руз хам касс наёмад.

Рузи саввум шуд. Дар хотир гузаронд, ки Худойро хамчун ман банда бошад, ки се руз таъом ба гайри мехмон нахурад. Хамон соат мехтар Чабраил салотуллохи ва саломухуалайхи даррасид ва гуфт: «Ё Иброхим, фармон мешавад, ки он чи дар хотири ту гузашт, аз илми мо холи нест. Акнун берун шав, то бандагони мо бубини, ки дар рохи мо чи гуна руза доштаанд».

Мехтар Иброхим рух беруни шахр кард, то дар биёбоне расид. Савмаъе бидид ва дар он савмаъа банда дар Худойро ибодат мекунад, наздики вай расид, гуфт: «Ассалому алайк». Он ру чавоби салом дод ва гуфт: «Мархабо, ки хуш омади, ки мунтазири мехмон будам». Он гах даст ба суи осмон бардошт: «Шукр мекунам мар Худойро, ки имруз мухлати рузаи мо охир расида буд, маро танхо ифтор накунонид, то ин ки давлати мехмон хам рузи бигардонид». Мехтар Иброхим пурсид: «Эй бандаи Худо, маро бигуй, ки мухлат руза чи бошад?» Гуфт: «Эй мехмон, ман ба даргохи Худои таъоло назр кардам, ки баъди си руз руза бикшоям. Имруз си руз гузашт, ки давлати мехмон хам рузии ман гардонид, то ифтор бо ту кунам». Мехтар Иброхим чун ин сухан аз вай шунид, Дар хотир гузаронид: «Эй Иброхим Худойро чунин бандагонанд, мох руза медоранд, туро се руз нагузашта буд, ки дар хотир гузаронди: хамчун ман Худойро банда бошад, ки се руз ба гайри мехмон таъом нахурад». Он гох мехтар Иброхим пурсид, ки «Эй бандаи худо, маро яке нишон дех, аз ту хам касе дар зухд зиёда бошад?» Гуфт: «Оре, дар фалон кух зохиде хаст, Худойро бандаги мекунад. У аз ман зиёда дар

зухду таквост».

Чун ин мехтар Иброхим шунид, баъди ифтор рух ба суи он кух кард. Чун он чо бирасид, чи бидид, бандае аз бандагони Худо мустакими кибла нишаста ва хар ду чашм дар хавои дуст дошта. Мехтар Иброхим наздики вай расид, гуфт: «Ассалому алайк» Зохид чавоби салом гуфт. Ва гуфт: «Биё мехмон ки, хуш омади, ки ман мунтазири мехмон Будам. Ва хар ду даст бардошту хамди Худойро бар забон ронд: «Шукр» мекунам, хазрати поки туро, ки тавфики руза додаи ва мухлати савми мантамом карди ва саъодати мехмон рузи гардони, то ифтор бо мехмон хохад шуд. Мехтар Иброхим пурсид: «Мухлати рузаи ту чи бошад?» Гуфт: «Ба даргохи вай назр карда Будам. Чун шаст руз ба охир расид, ки Худои таъоло туро ба ман расонид, то руза бо ту ифтор кунам». Он гох, ноне аз занбил кашид, мехтар Иброхим бихурд. Чун фориг шуданд, мехтар Иброхим гуфт: «Эй зохид, аз ту хеч касс дар зухд зиёда аст?» Гуфт: «Оре, дар фалон води горест, ки зохиде дар гор мар Худойро ибодат мекунад. Аз мартабаи ману у чунон фарк аст, ки аз замин то осмон».

Мехтар Иброхим чун ин бишунид, касди дидани у бикард. Чун он чо бирасид, мар уро бидид, салом гуфт: Зохид чавоби салом гуфт. Баъд аз он гуфт: «Мархабо, Бие, ки хуш омади. Ман мунтазири кадами мехмон будам». Филхол даст бардошт. Хакро сано гуфтан огоз кард. Илохи, ба карами худ хам тавфики мухлати рузаба охир расониди ва ба карами дигар он карди, ки давлати мехмон хам рузи шуд. Мехтар Иброхим гуфт: «Ба даргохи Худои таъоло чи назр карда буди?» Гуфт: «Эй мехмон, назр карда будам, ки чун навад руз бигузарад, ог гох руза бикушоям. Имруз охир расид.

Худованди таъоло туро хам расонид, ки бо ту ифтор шавад». Хам дар ин миён вакти ифтор омад, намози шом адо карданд. Баъди намоз хар ду тан ифтор карданд ва бинишастанд ва диданд, ки рамаи охувон пайдо шуданд. Зохид назар ба рама кард ва гуфт: «Як оху биёяд». Дар замон оху биёмад. Аз рама чудо шуда наздики зохид бирасид. Зохид гуфт: «Бисмил шав». Хун аз халки у чудо шуд.

Хамон чо оху биафтод ва зохид боз гуфт: «Бирён шав». Диданд оташе ба гайри восита пайдо шуд, охуро бирён гардонид. Боз зохид гуфт: «Дар хон шав, пеши мо биё». Дархол хоне аз хаво пайдо шуд. Оху бирён шуд. Бар худ гирифт ва низдики зохид биомад ва он гох зохид бигуфт, ки бихур. Хар ду мехурданд. Ва дар хотири Иброхим гузашт: «Субхоналлох, Парвардигори маро чунин бандагонанд, ки навад ва аз оташи ба гайри восита бирён гарданд, хоне аз гоиб наздики ман биёварад».

Ва баъд аз он ки таъом хурданд, фориг шуданд, мехтар Иброхим гуфт:

«Эй бузургвор, чун ба даргохи Хак таъоло машгул шави, маро бо дуо ёд дори». Зох ид гуфт: «Эй мехмон, муддати чихил сол бо-шад, ки дуои мо кабул намешавад». Мехтар Иброхим гуфт: «Чаро хамчунин мегуи? Ба гуфтани ту охуи биёбон бисмил шуд ва оташи ба гайри восита пайдо шуд ва онро бирён кард ва хоне аз гайб пайдо шуд, онро баргирифту назди ту овард ва касеро, ки ба даргохи Худо чунин обру бошад, дуои у чи гуна рад шавад?» Гуфт: «Эй мехмон, ман бандам, он ки аз Парвардигори худ металабам, даст аз хоста боз намешавад, ки Хак таъоло ба зуди дар домон бирасонадва баъзе дуое чунин мекунад.Чихил сол бошад,ки матлуб хосил намешавад». Мехтар Иброхим пурсид: «Он чи матлубест, ки аз хазрати Рахмон мехохи?» Зохид гуфт: «Эй мехмон, ман рузе дар сахро

мегузаштам. Дидам, чупоне рамаи гусфандон мечаронд. Аз вай пурсидам: «Ин рама аз они кист? У гуфт: «Аз они Пайгамбари Худост».

Ман гуфтам: «Ном чи дорад?» У гуфт: «Мехтар Иброхими Халилуллох мегуянд». Чунон аз вай ин ном шунидам, ба худ гуфтам: «Субхоналлох, зихи бандаи некбахт, ки вайро Халилуллох мехонанд. Аз он руз боз шунидам, рузу шаб дуо мекунам: «Эй Парвардигори ман, аз чахон набари, то дидори пайгамбар рузи нагардони, бад-ин орзуи мулокоти у чихил сол баромадааст».

Чун Мехтар Иброхим ин сухан аз вай шунид, гуфт: «Эй зохид, хуши ва хуррами маар туро бод, ки ин дуои ту кабул шуд. Мехтар Иброхим Халилуллох манам». Аз гояи шоди аз чои худ бархост ва Мехтар Иброхим хам низ бархоста шуд. Хар ду канор гирифтанд. Гуфтанд, аввал канор, ки дар чахон гирифтанд аз бахри Худо Мехтар Иброхим ва он зохид буданд. Он гох зохид гуфт: «Эй Пайгамбари Худо, замоне наздики ман карор гир, то ду ракъат намози шукронаи мулокоти ту ба чо орам. Худованди таъоло ба максуд расонид. Матлуби дигар хам нахохам». Зохид бархост, дугона ато кард ва сар ба сачда ниход ва гуфт: «Илохо, баъд аз чихил сол ба карами худ максуд бароварди. Ин замон давлати мулокоти орзуи хазрати поки

туст». Ин сухан бигуфт ва чон таслим кард.

Алгараз, сухан дар сахоыват доштам, то оварданд, ки Абдуллохи Муборак рахматуллохи алайхи иттифоки хач афтод ва равон шуд. Чун наздики дарё расид, дар чихоз савор шуд. Замоне бигузашт, аврате наздики Дачла мурге мурдор афтода буд, бидид, аз замин баргирифтва зери он чанда пушида равон шуд. Назари Абдуллох ба он аврат афтод, гуфт, биравам, то аз холи аврат вокиф шавам, ки он мурги мурдор, ки баргирифтааст, чи хохад кард. Пештар биёмад ва пурсид: «Эй аврат, бигу, ин мурги мурдор, ки гирифти, чи хохи кард?» аврат огоз кард: «Эй пурсанда, ин мурдор мубох гуфтаанд ва имруз се сол шуд, ки фарзандони мо чизе нахурдаанд ва холати фарзандони ман душвор аст.» чун абдуллох ин сухан бишунид, бар худ гуфт: «Дар хач чи мерави, ки хачи ту дар хамин чост». Он чи дар рохила буд он занро бидод ва худ дар Багдод омад.

Чун хочиён баъди муддате аз хач бозгаштанд. Абдуллох гуфт: «Фардо дар Багдод биёянд. Агар имсол дар хач нарафтам, боре дасти хачкунандагон бигирам». Чун беруни Багдод омад, дид чанд нафар хочи аз пещш меоянд ва мулокот карданд ва гуфтанд: «Эй Абдуллох, дар хач як чо будем ва тамоми манзил якчоя омадем. Имруз чи буд, ки пеши мо дар Багдод омади».

Абдуллох аз суханони хочиён дар фикрат шуд, ки ин сухан эшон рост мегуянд? Боз андеша кард. Магар дар зери ин хикмати илохи бошад? Хам дар ин фикрат ба хоб рафта, дар хобаш намуданд: «Эй Абдуллох, дар фикрат чи мондаи, хочиён рост мегуянд. Чун аз чихати зани пир дар хач нарафти то ниёбати ту фариштаеро хам ба сурати ту фиристодем, то хач кунад ва тамоми манзилхои барои хочиён нузул кунад ва бо эшон бозгардад. Хачи касе, ки аввал кабул уфтод, хачи ту буд ва он кадар хочиён, ки имсол хач кардаанд, баракати хачи ту буд. Хачи эшон хам кабул кардем, то бидони мартабаи саховат дар хазрати мо чунин азамат дорад».

Дигар овардаанд, зане муслима наздики хамсояи чухуде рузгор бо фарзандон вакти беваги гузарониди. То рузе тамоми руз гузашта, ки кути фарзандон аз чое хосил нашуд, ба фока гузашта, дуввум руз низ аз чое нарасид ва фарзандони хурд дошт, чун мохи бе оби зиндаги тапидан гирифтанд. Бар модар гуфтанд: «Эй модар, чи кунем, ки токати гуруснаги надорем.

Дар хонаи ин хамсояи чухуд бирав, шояд ки чизе ёри кунад, то оташи гуруснаги фуру шавад». Ва модар чун холати фарзандон душвор дид, пораи чанда дар бар кашид ва рух хонаи чухуд гирифт. Пеши дари хонаи чухуд омада истода шуд. Назари чухуд бар аврат уфтод, дар хотир гузаронид, ки ин аврат дар хонаи ман барои дузди омадааст. Замоне камингох фокиф шуд, ки чи кунад. Чун аврат дид, ки чухуд бозпурс намекунад, бозгаштадар хона омад. Фарзандон давон омаданд ва гуфтанд: «Эй модар чизе оварди?» Гуфт: «Эй чигаргушагони модар, хона рафта Будам, замоне истода Будам, ки он марди чухуд медид, аммо хеч чавоб надод. Дигар эй фарзандонам, манн муслим бошам, бо марди бегона чи гуям?». Фарзандон гуфтанд: «Эй модар, боз бирав, шояд чизе медихад». Бахри тасаллии дили фарзандон зан дуввум бор хам бирафт. Чун пеши дари чухуд бирафт, боз назари он мради чухуд ба аврат уфтод, дар хотир тахкик бикард, ки он аврат бахри дузди меояд. Камингох вокифтар шуд. Чун аврат дид, ки чухуд чизе намедихад, хотиршикаста хароб бозгашт. Чухуд акиби аврат дар хона расид. Чумла фарзандон бидавиданд ва наздики модар биёмаданд ва гуфтанд: «Эй модар, чизе биёварди?» Гуфт: «Эй фарзандон, сабр ба даргохи Худои таъоло кунед, то дар он неъмати гуногун дихад». Чун чухуд ин сухан бишунид, гуфт: «Аз бахри дузди наёмада буд». Чухуд аз паси аврат бозгашта дар хонаи худ омад. Зани худро гуфт: «Таъом мавчуд кун». Зани чухуд бархост таъом пухт ва наздики шавхар биовард. Он марди чухуд бархост, он таъом бар даст гирифт, , наздики аврат ва фарзандони у биёмад. Бисёр маъзарат мекард ва мегуфт: «Ман аз холи шумо вокиф набудам. Акнун ин таъом бихуред». Модар гуфт: «Эй фарзандон дар хакки ин мард дуо кунед».

Модар ва фарзандон сар ба сачда бурданд. Чухуд гуфт: «Калимаи тайиба арз кунанд ба шарафи имон Мушарраф гардам». Сар сачда бардоштанд, калимаи тайиба арз карданд ва гуфтанд: «Бигу, Ло илоха иллаллох, Мухаммадун расулуллох».

Чун ба саъодати имон Мушарраф шуд, аз эшон бозгашта дар хонаи худ омад. Назари зан бар мард уфтод, гуфт: «Эй мард, чанд сол шуд шавхари манн хасти, чунин руи ту ба нур мунаввар набуд ва надидам, ки имруз толеъ шудааст». Гуфт: «Эй зан, имруз хилъати имон дар бар пушидам. Ин нури имон аст, ки дар руи ман метобад». Зан гуфт: «Эй шавхар, пас ман аз бахри чи аз имон махрум монам. Бар ман калима арз кун то ман хам бад-ин саъодати иззат мушарраф гардам». Шавхар гуфт: «Бигу, Ло илоха иллаллох, Мухаммадун расулуллох». Зан низ калима арз кард, дархол ба шарафи

мусулмони мушарраф шуд. Пас муъминро бояд, ки саъодати саховат дар пеш

гирад, Илохи чамеъи мусулмононро саховат рузи гардони.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …