Главная / Илм / ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, СОХТ ВА РУКНХОИ ДАВЛАТДОРИИ ОН

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, СОХТ ВА РУКНХОИ ДАВЛАТДОРИИ ОН

Давлатдории халки точик дар замони кадим, асрхои миёна ва давраи нав Анъанаи давлатдории точикон таърихи беш аз дуюнимхазорсола дорад, ки таърихшиносон онро шартан ба замони кадим, асрхои миёна ва давраи нав чудо кардаанд.

Бинобар маълумоти сарчашмахои таърихи хануз дар хазорсолаи III пеш аз милод дар чанубу гарби Эронзамин давлати Элам вучуд дошт, ки дар катори давлатхои тараккикардаи замони кадим – Бобул ва Шом (Ассирия) меистод. Дар асри ХVI пеш аз милод дар саргахи дарёхои Дачла ва Фурот давлате бо номи Митан, дар асри ХII пеш аз милод дар шимолу гарби Эронзамин давлати Мана ба вучуд меоянд. Дар яке аз сарчашмахои муътамади адабиву таърихии халки точик – «Авасто» мафхумхои «дахю» ба мазмуни вилоят ва «дахюсасти» ба маънии иттиходи вилоятхо дучор мешавад. Манбаъхои асотири пайдоиши аввалин нишонахои маъмурияти давлатиро ба давраи Кайкубод нисбат медиханд.

Дар асрхои Х-IХ пеш аз милод подшохии Бохтар бо иктидори иктисодиву харбиаш дар радифи давлатхои Мод ва Ассирия карор дошт. Давраи мушаххаси ташаккули ачдоди халки точик дар хазораи якуми то солшумории мо, пеш аз хама дар каламрави

аввалин давлати умумиэронии Хахоманишихо (соли 550 пеш аз милод) чараён ёфтааст. Дар ин давлат тамоми халкиятхои кадими эрони, ки баъдан дар асоси онхо халки точик ташаккул ёфт, – сугдиён, бохтарихо, тахорихо, хоразмихо, маргониён, портхо, сакхо ва гайра зиндаги мекарданд ва асосгузорони ин давлат – Куруши Кабир ва Доро буданд. Ин давлат минтакаи хеле васеъро аз Халичи Форс дар чануб то дарёи Сир дар шимол, дар шарк аз Бадахшон ва дар гарб то бахри Хазар ва Шарки Наздик дар бар мегирифт. Максади лашкаркашихои Куруши Кабир, чунонки таърихшиносон хулоса кардаанд, на максади истилогарона, балки дар хайати як давлати мутамарказ муттахид намудани халкиятхо ва кавму кабилахо буд. Сохти давлатдории империяи Хахоманишихо барои хамон давра намунаи олии давлатдори ба хисоб мерафт.

Хокимияти оли дар дасти шоханшох буда, хукми у тагйирнопазир ва ичрои он хатми буд. Шурои машварати вучуд дошт, ки масъалахои фавкулоддаи давлатдори, аз кабили эълони чангу сулх ва интихоби вориси тахту точро хал мекард. Артиши доимамалкунандаро бевосита худи шох идора мекард. Идораи маъмури аз се девон ё вазорат – девони молия, суд ва артиш (корхои харби) иборат буда, сарварони онхоро худи шох таъин менамуд. Тамоми каламрав ба 24 вохиди марзиву маъмури таксим мешуд, ки онхоро хшатрапия ё сатрапияхо меномиданд. Чунин сохтори сиёсиву маъмури хеле самаранок буда, ба туфайли он империяи Хахоманишихо 200 сол арзи вучуд кардааст.

Нахустин Эъломияи хукуки башар ба Куруши Кабир тааллук дорад, ки таърихи 2500-сола дорад. Махз дар хамин санади кадимаи хукуки бори нахуст арзишхои башарие, аз кабили манъ будани чабру ситам, бархам додани гуломи, бе пардохти арзишивокеи нагирифтани моли каси дигар, озодии интихоби дину мазхаб, фардияти чиноят ва чазо, хукуки озодона интихоб намудани чои зист, хусусияти инфироди доштани амали чинояткорона ва сазовори чазо эътироф намудани танхо шахси содирнамудаи чиноят ва гайра инъикос шудаанд, ки то хол кимати худро гум накардаанд. Меъёрхои ин Эъломия бо иборахои «ман то рузе, ки зинда хастам» ё «то рузе, ки подшох хастам» огоз ёфта, сипас андешахои арзишманди марбут ба хукуки инсон ифода карда мешаванд.

Иктибоси зерин аз матни Эъломияи Куруши Кабир ифодакунандаи мохияти низоми демократии давлатдори аст: «Ман эълон мекунам, ки хар касс озод аст, хар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад (интихоб кунад) ва дар хар чо, ки мехохад, сукунат намояд. Ва хар касбу кореро, ки мехохад, интихоб намояд, танхо ба шарте ки хакки касеро поймол нанамояд ва зараре ба хукуки дигарон нарасонад» .

Дар ин меъёр се арзиши демократи – озодии дину мазхаб, озодии интихоби чои зист, поймол накардани хакку хукуки каси дигар инъикос ёфтааст.

Ин меъёрхо мундаричаи асосии Эъломияи умумии хукуки башар аз 10-уми декабри соли 1948-ро ташкил додаанд, ки барои тамоми кишвархои узви СММ сарчашмаи арзишхои инсони ва рахнамои хукуки ба шумор мераванд.

Аз чумлаи давлатхои кадими ачдодони мо – Бохтар буд, ки дар асрхои VII-VI пеш аз милод вучуд дошта, кисми чанубии Точикистони имруза ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон, шимоли Афгонистон, хулоса, беш аз 27 шахр – давлатхои хурдро дар бар мегирифт. Кишти галладона, богу токпарвари, охангари, заргари, бофандаги ва обёрии сунъи шугли асосии бохтарихои кадим буданд.

Бохтар ба музофотхои хурд-хурд таксим шуда, хокимони он дар масъалахои идоракуни сохибихтиёр буданд, аз номи худ пул сикка мезаданд ва дастахои харби низ доштанд. Дар асри IV милоди Бохтар аз чониби Искандари Макдуни забт карда шуд ва дар худуди он давлати Юнону Бохтар ба вучуд омад.

Тахминан дар як замон бо давлати Бохтар, яъне то аввалхои асри VI пеш аз милод дар худуди имрузаи Осиёи Миёна давлати Сугд арзи вучуд дошт, ки то асри IХ милоди побарчо буд. Ин давлат дар хавзахои Зарафшон ва Кашкадарё вокеъ гардида, пойтахташ Мароканд (Самарканд) ба шумор мерафт.

Шакли давлатдории Сугд конфедеративи буд, яъне Сугд аз иттиходи шахр – давлатхое иборат буд, ки дар атрофи як марказ муттахид шуда буданд, ба монанди Мароканд, Бухоро, Насаф, Ягноб, Масхо (хозира Мастчох), Шош (Тошканд), Маргиён (Марге-лон), Диззак ва гайра. Шохи тамоми Сугдро ихшид меномиданд. Тарзу усули давлатдори дар Сугд хеле пешкадам буд. Ташкили корхои идори ва хочаги дар асоси конунхои умумидавлати сурат мегирифт.

Тамоми фаъолияти идорахо чи дар марказ ва чи дар махалхо ба кайд гирифта мешуд, хуччатхои давлати дар хазинахои махсус – бойгонихо нигох дошта мешуданд.

Конунгузории чинояти барои чиноятхои вазнин ва дузди чазохои сахтро пешбини мекард. Масалан, барои куштор на факат худи чинояткор, балки тамоми авлоди уро ба катл мерасониданд, барои дузди дасту по мебуриданд ва ё бадарга мекарданд.

Аз кухи Муг (худуди нохияи имрузаи Айни) бисёр хуччатхо пайдо карда шудаанд, ки мувофики хулосаи таърихнигорон он хуччатхоро хокими Панчакент – Деваштич хангоми хучуми арабхо бо максади аз нобудшави эмин доштани ба он чо бурда будааст.

Яке аз намунахои ахднома эмин доштан никох, ки дар садаи ХХ дастоварди мухими хукуки оила ба шумор меравад, аз хамин кухи Муг дарёфт шудааст.

Эхсоси ватанхохи ва часорати сугдиён ба дарачае буд, ки хатто Искандар бо урдуи бешумораш натавонист онро тасхир кунад. Окибат у духтари яке аз ашрофони бонуфузи Сугд Оксиарт – Рухшонаро ба зани гирифта, кахрамони мардуми Спитаменро ба воситаи як гурух массагетхои хоин ба катл расонид ва соли 327 Панчакент – охирин панохгохи сугдиёнро ишгол кард.

Дар радифи Бохтар, Сугд, Хоразм ва Маргиён Уструшана (Сурушана, Истаравшан) низ давлати кадими ачдодони точик ба шумор мерафт, ки дар «Авасто» хамчун кишвари дурахшон зикр шудааст.

Ин давлат аз кадим аз чихати чугрофи дар чоррахаи корвонгузар вокеъ гардида, дар давоми 1500 сол самти шимолии «Рохи абрешим» аз худуди он мегузашт.

Давраи мухими таърихи давлатдории точикон ба замони Сосониён (солхои 226-651 милоди) рост меояд, ки 425 сол давом кардааст. Ин империяи бузург аз Халичи Форс то дарёи Ому доман пахн карда буд. Давраи аввалини ташаккули забони адабии имруза – форсии дари ва ташаккули халки точик дар каламрави давлати Сосониён сурат гирифтааст.

Шахрхои Бухорову Самарканд, Хучанду Марв, Балху Хирот гахвораи ташаккули халки точик, забон, адабиёт, фарханг ва давлатдории милли ба шумор мерафтанд. Махз дар ин давра Борбади Марвази, ки соли 1990 1400-солагии зодрузаш дар кишварамон бошукух кайд карда шуд, гули сари сабади дарбори Сосониён буд. Матни пурраи «Авасто» низ дар хамин давра тартиб дода шудааст.

Давлати Сомониён – нахустин давлати мутамаркази точикон (солхои 819-999) ба шумор меравад.

Саромади ин сулолаи хукмрон – Сомонхудот буда, наберахои у – Нух дар Самарканд, Ахмад дар Фаргона, Яхё дар Чоч ва Истаравшан ва Илёс дар Хирот солхои 819-820 хоким таъин шуда буданд. Ташаккул ва ба авчи баланд расидани ин давлатдори бо номи Исмоили Сомони (Исмоил ибни Ахмад (849-907) алокаманд аст. Махз тавассути махорати баланди давлатдори, адолатпешаги ва донишу заковат Исмоил тавонист, ки солхои 892-907 давлати бузургеро барпо намояд, ки ба хайати он Мовароуннахру Хуросон, хавзаи дарёхои Ому, Зарафшону Сир (аз Афгонистони Маркази ва Хуросони Эрон дар чануб, Хоразму Исфичобу Хафтруд дар шимол, дар гарб то бахри Хазар, дар шарк то Помиру Олой) ворид гаштанд.

Сомониён дастгохи мутамаркази давлатиро бунёд карда буданд, ки иборат аз 10 девон буда, идоракунии сохахои гуногуни иктисодиёт, корхои шахрвандию харби, хазинаи давлати, алока ва гайраро дар бар мегирифт ва сарвари девонхоро «Хочиби бузург» меномиданд. «Савон-ул-хикмат» – китобхонаи бузурги ахди Сомониён шухрати чахони дошт. Зиндаги ва эчодиёти Абуабдулло Рудаки, Ибни Сино, Фирдавси, Балъами, Беруни, Закариёи Рози, Мухаммади Хоразми ва даххо шахсиятхои барчастаи илму адаби точик дар хамин айём сипари гаштааст. Забони давлати – забони точики буда, хатто баъди таназзули давлати Сомониён то асри ХIХ низ дар таркиби давлатхои дигар хамчун забони коргузории давлати мавриди истифода карор доштааст.

Давраи шуравии рушди давлатдории точикон Давраи дигари давлатдории точикон аз нимаи дуюми асри ХIХ то соли 1991- мархилаи нави эхёи давлати миллии точиконро фаро мегирад. Чунон ки дар боло зикр намудем, баъди таназзули Давлати Сомониён халки точик аз давлатдории милли махрум монда буд ва дар худуди давлатдорихои бегона зиндаги мекард. То замони хамрох шудан ба Россияи шохи дар худуди Осиёи Маркази се давлати истибдодии феодали – Аморати Бухоро, хонига рихои Куканд ва Хива вучуд доштанд ва ахолии ин давлатхоро асосан точикон ташкил медоданд. Дар нимаи дуюми асри XIX Россияи подшохи ба забти сарзаминхои Осиёи Маркази машгул шуда, хонигарии Кукандро бархам дод ва Аморати Бухоро ва хонигарии Хиваро вассали худ эълон намуд.

Соли 1867 дар заминхои ба ихтиёри Россия хам- рохшуда генерал – губернатории Туркистон таъсис дода шуд. Нохияхои шимоли Точикистон ва кисми зиёди Бадахшон, инчунин вилоятхои Самарканду Фаргона ба генерал – губернатори муттахид шуда, Бухорои шарки ва кисмати гарбии Бадахшон ба хайати Аморати Бухоро ворид карда шуданд. Баъди шикасти Империяи Россия ва галабаи Инкилоби Октябр масъалаи эхёи давлати миллии точикон бо сабаби вазъи мураккаби сиёсиву ичтимои, чанги дурударози граждани ва афзалияти сиёсати пантур кисти, бесаводии кисми зиёди сокинони ин сарзамин ва паст будани худшиносии ичтимои зери хатари чидди карор гирифта буд.

Дар худуди Осиёи Маркази соли 1918 аввал Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон ва соли 1920 чумхурихои Халкии Шуравии Бухоро ва Хоразм таъсис ёфтанд. Мохи октябри соли 1924 Ичлосияи дуюми Комитети Ичроияи Марказии ИЧШС карор кард, ки дар ин сарзамин бо максади ташкили чумхурихои милли таксимоти милливу худуди гузаронида шавад.

Дар натичаи ин таксимот бо карори КИМ ИЧШС аз 27 октябри соли 1924 дар каламрави Осиёи Маркази ЧШС Узбекистон, ЧШС Туркманистон, Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон дар хайати Узбекистон, Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Казокистон, вилояти мухтори Карокиргиз (Киргизистон) дар хайати ЧШСФР ва вилояти мухтори Карокалпокистон дар хайати ЧМШС Казокистон таъсис дода шуданд.

Хамин тавр, санаи таъсиси ЧМШС Точикистон 27-уми октябри соли 1924 мебошад. Ба хайати он вилоятхои Душанбе, Кургонтеппа, Кулоб, Панчакент, Уротеппа, Гарм (водии Рашти имруза) ва ВМКБ дохил шуданд ва хамон вакт ахолии ЧМШС Точикистон 739,5 хазор нафар ва масохаташ 135,6 хазор километрро ташкил медод.

Бояд гуфт, ки дар ин таксимоти милливу худуди дар масъалаи ба назар гирифтани манфиат ва талаботи вокеии точикон ба давлати милли ва шумораи аслии точикон ба камбудихои чидди рох дода шуд.

Сиёсати нодурусти милли ба дарачае буд, ки хатто Комиссариати корхои миллии ЧМШС Туркистон барои амали намудани таксимоти милли ба чуз шуъбахои узбекиву туркмани, киргизи ва миллатхои хурд ташкили шуъбаи точикиро раво надид .

Хамаги се руз пеш аз халли такдири миллати точик Точикистон бо овози машварати дар хайати Ч. Имомов, А. Хочибоев ва М. Саидчонов ба комиссияи таксимот дохил карда шуд ва ба намояндагони зикршуда аз чониби пантуркистон фишори зиёд оварда мешуд.

Марказхои фархангу тамаддуни халки точик – Бухорову Самарканд, сарзаминхои дар тули садсолахо точикнишин ба эътибор гирифта нашуданд, ахолии точикро дар баъзе шахрхо дар хуччатхо саросар узбек нишон дода, дар натича хукуки мардуми точик ба худмуайянкунии милли поймол карда шуд.

26-уми ноябри соли 1924 дар Тошканд макоми рохбарикунандаи Чумхурии Мухтор – Кумитаи инкилоби дар хайати раис – Нусратулло Махсум ва муовинонаш – Б. Додобоев ва Р. Бобочонов таъсис ёфт ва Душанбе пойтахти чумхури интихоб карда шуд.

Дар таърихи давлатдории нави точикон санаи 28-уми апрели соли 1929 бо кабул шудани нахустин Конститутсияи ЧМШС Точикистон хотирмон аст.

Инчунин дар мохи сентябри соли 1929 бо карори Анчумани III Шурохои ЧШС Узбекистон округи Хучанд бо нохияхои Хучанд, Конибодому Ашт ва Исфара ба хайати ЧМШС Точикистон дохил карда шуд ва бо хамин шумораи ахоли ба 1 миллиону 200 хазор нафар расид, ки ин барои таъсиси чумхурии мустакили иттифоки асос гардид. 16-уми октябри соли 1929 Анчумани сеюми фавкулоддаи Шурохои Точикистон дар бораи ташкили ЧШС Точикистон карор ва изхорот кабул намуд ва нихоят бо карори Aнчумани VI Шурохои ИЧШС мохи марти соли 1931 Точикистон хамчун чумхурии иттифоки ба хайати ИЧШС пазируфта шуд.

Аз мохи октябри соли 1929 то рузи эълон шуда-ни Эъломияи истиклолияти Чумхурии Точикистон – 24-уми августи соли 1990 – мархилаи инкишофи Точикистон дар хайати Иттиходи Шурави буд. Бо вучуди набудани истиклолияти давлати дар ин давра хама сохахои хаёти кишвар – илму маориф, фарханг, иктисоду ичтимоиёт, сохтмон, тиб ва гайра инки- шоф ёфтанд. Тахлили муфассали ин давраро Шумо метавонед аз китобхои таърих мутолиа кунед. Аз ислохоти давра ба давраи хукук танхо хамин далел шаходат медихад, ки вобаста ба даврахои тараккиёти ичтимоиву иктисодии ИЧШС дар Точикистон 4 маротиба солхои 1929, 1931, 1937 ва 1978 Конститутсия кабул шудааст.

Дар огози солхои 90-ум дар саросари Иттиходи Шурави чунбиши истиклолхохи ва мубориза барои бунёди давлатхои милли авч гирифт ва чомеаи Точикистон низ аз ин харакати умумииттифоки дар канор намонд. Точикистон бештар ба давлатдории нав эхтиёч дошт, зеро баъд аз таназзули охирин давлати мутамаркази точикон – Давлати Сомониён миллати точик хазор сол аз давлату давлатдори махрум буд. Ба кавли Президенти Чумхурии Точикистон Э.Ш.Рахмонов «мо дар тули хазор сол сиёсати давлатии хифзи тамомияти марз ва сиёсати вахдати милли надоштем, зеро давлат надоштем. Дар чунин вазъ давлати мо хамон махалли мо буд ва сиёсати давлати мо хифзи якпорчагии махалли мо ва суннатхои хоси махалли буд» . Хамин тавр, таърих имконияти хубе фарохам овард, ки точикон дубора сохиби дав лати миллии худ шаванд ва имруз мову шумо дар чунин давлати сохибистиклол, ки номаш Чумхурии Точикистон аст, зиндаги мекунем.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …