Главная / Илм / ЧОРМАГЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

ЧОРМАГЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

chormagz-660x330Чормагз — ин самари дарахтест, ки маълум мебошад. Мизочи самари чормагзи тар, ки расида бошад, гарми ва хушкиаш камтар аст. Баъди хушк шудан гарми ва хушкиаш зиёда мегардад ва рутубаташ мекохад. Мизочи чормагзи хушк дар дарачаи дувум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: хурданаш гизои бисёр сабук аст, дарунро мулоим мекунад, ахлоти гализро тахлил медихад, куввати бох мебахшад, бидуни хазм дафъ шудани гизоро дар меъда ислох менамояд ва манъ месозад; узвхои раисаро, ки иборат аз дил, майна, чигар, меъда, хояхо ва гурда мебошанд, кави мегардонад; хамаи панч хисси ботиниро, ки марказаш дар майна аст, кувват мебахшад, хусусан бо мавизи бедона ва анчири зард бихуранд, ин феълаш бештар зохир мегардад, пиронро бисёр форам ва мувофик аст.

Магзи чормагзро бо анчир якчо куфта, аз он 45 грамм бихуранд, даруни сахтгаштаро мулоим мекунад. Агар хушкашро танхо ба дили нахор бихуранд, кайро осон мекунад. Чормагзро бо пусташ бирён карда, баъд магзашро бихуранд, барои сурфа, ки аз хавои хунук ба хам расида бошад, даво мегардад.

Чормагзро бо анчир ва судоб бихуранд, газанди захрхоро мешиканад. хох пеш аз захролуд шудан бихуранд ва хох баъд аз он. Магзи чормагзро бихуранд, дарди рудахоро сокин мекунад ва захми рудахоро шифо мебахшад. Магзи чормагзро махин куфта, муттасил  ба чашм гузошта банданд, барои чушиши хоришнок, шилпуки ва обравии чашм даво мешавад.

Чормагзро сухта, магзи онро куфта, занхо аз таг бардоранд, хайзи бечоравандаи онхоро манъ мекунад. Агар онро бо асал, намак ва пиёз сиришта гузошта банданд, газидани саги девонаро нафъ дорад. Чун магзи чормагзро бо зираи сиёх махин соида, бо асал сиришта, ба сар ва бадани бемори фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), руяш качшуда, гирифторони дардхои бугумхои аз сарди ба амал омада, табхои хунуки балгамии кухнадошта бимоланду дар хаммом ё дар офтоб ва дар хонаи гарме ба палоси гарме бо хамон тарафи мухолифи иллати фолич ва барчомонда ва инчунин, дигар бемори бошад, ба пушт бихобанду дар курпаи серпахта худро бипечанду то хуб арак омадан сабр кунанд, баъд баданро бо матоъи хушк пок карда, аз зери он бароянд, бадани худро аз расидани хавои хунук эхтиёт кунанд, оби сард нанушанд, дар як ё ду дафъа аз бемори начот меёбанд. Ва агар дар хаммом ин кор ба амал оварда шавад, луч шуда ба хонаи гармаш раванд ва давои мазкурро гарм карда, ба сар ва тамоми бадан бимоланд, дар иллатхои фолич ва кач шудани руй ба тарафи мухолифи иллат бихобанду он микдор сабр кунанд, ки хуб арак ояд, баъд бадани худро пок карда, обро мутлакан истеъмол нафармоянду бароянд ва аз хавои берун худро нигох доранд, сихат меёбанд.

Тару тозаи онро куфта гузошта банданд, доги аз зарба ба амал омадаро нест мекунад; агар бимоланд, доги кунчидакро дафъ месозад ва кашида шудани мушаки руйро ба ислох меоварад. Магзи чормагзро хангоми дили нахор будан хоида бимоланд, шукуфаи пустро дар кудакон ва варами савдовиро, ки захм шуда бошад, шифо мебахшад. Магзи кухнашудаи онро хангоми дили нахор будан хоида, ба обравии муттасили чашм, гонагараё (гангрена), чамра (карбункул),  шукуфаи пусти кудакон, печиши асаб, чингак шудани узв ва рагкашии похо, ки аз хушки ва сарди сар зада бошад, инчунин ба гирдак-гирдак муйи рехтаи сар ва риш ва ба варами пистон бимоланд, хамаи онхоро сихат мебахшад. Магзи кухнаи онро сухта, бо зифт (катрон) сиришта бимоланд, решхои сарро дафъ месозад.

Магзи чормагз аз боиси нозукии таркиби худ ва равганнокиаш зуд вайрон мешавад, яъне талх ва зарарнок мегардад. Магзи чормагзро бисёр бихуранд, кирми кадудонаи (солитёри) шикамро ихроч мекунад ва гадудхои бодомшакли халкумро варам мекунонад, дар дахон чушишхоро ба амал меоварад, хусусан ин ходисот дар одамони гарммизоч бештар руй медихад, зеро ки ба гарммизочон зарар дорад. Бинобар хамин баъди онро хурдан бояд дахонро хуб бишуянд ва анори майхушро бимаканд ва сиканчабин (сиркоасал) бихуранд, ин зарараш ислох мешавад.

Агар таъми магзи чормагз талх ва манфур гашта бошад, хурдани он чоиз нест, зеро вай дар он холат ба захр табдил меёбад. Ва агар ин навъашро хурда бошанд, илочаш кай кардан ва чизхои турш хурдан аст. Магзи чормагзи солимро бо асал мураббо карда бихуранд, гурдаро фарбех мекунад. Модоме ки гурда фарбех гардад, он кави мешавад ва дар он санг пайдо намешавад ва инчунин, куввати марди базарба мегардад. Хурдани мураббои он дарунро мулоим мекунад ва куррударо пуркувват месозад.

Магзи чормагзро як шабонаруз дар сирко тар карда, баъд бихуранд, барои меъдахои заиф дармон мешавад. Шилми хушки чормагзро ос карда бипошанд, захмхои бадфиолро (злокачественные язвы) шифо мебахшад. Усораи пусти сабзи беруни чормагз, яъне оби пусти беруни чормагзро дар офтоб гафс гардонида, баъд бо оби анор якчо чушонида, гафс гардонида бошанд, барои варами мушакхои халк давои ачибест.

chormagz-2-300x190Пусти сабзи чормагзро дар об чушонида, бо он об дахонро чайконанд, варамхои милки дандонро тахлил медихад ва дандонро мустахкам мегардонад. Пучоки хушки чормагзро махин куфта, ба чарохатхо бипошанд, онхоро хушк мекунад. Хунравиро манъ мекунад, инчунин, чакмезакро, ки аз сустии мушакхои пешобгузар ба амал омада бошад, сихат мебахшад. Ин ордакро бо шароб хамир карда, занхо аз таг бардоранд, хунравии бачадонро манъ мегардонад.

Чун аз 13 то 25 грамм пусти решаи чормагзро дар як нушидани об чушонида, он обро баъд аз пур гаштани меъда аз хурок, бар болояш бинушанд, кай меоварад, бо ин восита ахлоти часпаки бисёрро дафъ месозад . Чун пусти беруни чормагзро дар холати тару тозагиаш бикубанд ва бар он рими оханро ос карда бипошанду хар руз бар хам зананд ва бикованд, ин барои муйро сиёх кардан ранги неку ва бардавом мегардад. Инчунин, чун бо рими охани куфтаги ва сирко бичушонанд, баъд то як хафта дар офтоб гузоранд, хар руз бар хам мезада бошанд, пас муйро ранг кунанд, ин кавитар аст аз аввала.

Пусти сабзи самари чормагзро ба шукуфахои пуст ва сабусаки сар бимоланд, фоида мекунад. Агар инро ба дандон бимоланд, милки дандонро сахт ва худи дандонро мустахкам мегардонад. Пусти тари решаи чормагзро хар панч руз як маротиба ба дандон бимоланд, магзи сарро аз моддахои бегона пок месозад. Оби баргашро нимгарм дар гуш чаконанд, онро аз чирк пок мекунад.

Оби пучоки сабзу тозаи чормагзро дар зарфе бо асал якчо то гафс шудан чушонида, баъд бимоланд, барои дарди шадиди гулу, ки аз чамъ шудани хун дар он чо ходис шуда бошад, чушиши (пухтани) дахан, хунравии бехи дандон ва ба сустии дандонхо дору мебошад, дар ин хислат давои бемисл аст. Пусти сабз ва тару тозаи самари чормагзро бо хамвазни он барги хино куфта бимоланд, назлахои аз сар фурояндаро манъ мекунад; дарди сари кухна, дарди нимсар, фолич ва дигар дардхои аз сарди ходисшаванда, монанди никрис (подагра) ва гайраро шифо мебахшад.

Пустлохи хушки дарахти чормагзро бо сухон тароша карда, баъд онро бо сирко хамир сохта бимоланд, руйро сурх мегардонад, бо зифт (катрон) хамир карда, ба хар узв, ки бимоланд, онро кави мекунад. Агар ин тарошаи сухониро чанд руз дар равгани зайтун тар карда, баъд бар бадан бимоланд намегузорад, ки дар бадан шапуш пайдо гардад ва агар инро бихуранд, барои иллатхои сипурз дармон мешавад.

Дар фасли хазонрези мозуро дар равгани зайтун то сиёх шудан бичушонанд, баъд соф намуда, дар шишае рехта, бехи дарахти чормагзро кушода, решаеро аз он бароварда, сарашро бурида партофта, нуги он решаро ба даруни шиша дароранд ба хадде, ки дар равган бошаду ба таги шиша нарасад. Сони атрофи дахани онро хуб махкам кунанду аз нав хокпуш намоянд. Хамон тавр гузоранд то замоне, ки он дарахт ба самар ояд. Пас шишаро аз ин чо бароваранд, дар он шиша чизе сиёх, монанди сиёхии хаттоти хохад буд. Он ранги бисёр неку аст ва муддатхои дароз асари он боки мемонад. Инро эхтиёчи ба муй молидан нест, балки факат шонаро дар он тар сохта, бар муй кашидан кофи мебошад, ки муйро сиёх гардонад. Ин аз асрори тибби кадим аст. Ин рангро пеш аз баромадани муй дар хаммом бар хар ду хояхо бимоланд, монеъи руйидани муйи сафед мегардад.

Мувофики баъзе кавлхо агар дар сояи дарахти чормагз бихобанд, баданро логар мегардонад ва девонаи хушбойдода дар зери дарахти он бихобад, хушёр мешавад. Чун хоханд, ки магзи чормагзро аз пусти нафиси он магз чудо намоянд, дар орд андохта, дар зарфе андак бирён кунанду баъд бо даст бимоланд, пусти он чудо мегардад. Равгани аз ин гуна магз гирифташуда дар хислат монанди магзи кухнаи он аст. Агар аз равгани ин хар руз 10,5 грамм то як хафта биёшоманд, дарди суринро дафъ мекунад. Ин равган барои одамони сардмизоч ва беморихои аз хунуки пайдошуда фоида мебахшад. Ин равганро бимоланд, барои решхои хуранда, носурхои чашм, мулоим кардани асабхо, таскин додани дардхои аз хунуки ба амал омада, дафъ гардонидани шукуфаи пуст ва руёнидани муй ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш даво мебошад. Агар инро дар бини бирезанд, кач шудани руй, фолич ва чингак шудани узвхоро нафъ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …