Главная / Чугрофия / ЧИНСХОИ ТАРКИБИ КИШРИ ЗАМИН

ЧИНСХОИ ТАРКИБИ КИШРИ ЗАМИН

Минералхо ва чинсхои кухи. Дар кишри Замин якчанд хазор минерал ва чинсхои кухи пахн гардидаанд. Пайдоиши онхо ба якдигар вобаста мебошад. Дар зери таъсири ходисахои беруни (гарми, хунуки, боришот, обхои равон, бод) ва тагйиротхое, ки дар дохили кишри Замин (харорат ва фишору тазйик) ба амал меоянд, минералхо аз як шакл ба шакли дигар табдил меёбанд. Дар натича минералхо ва чинсхои кухии гуногун хосил мешаванд, ки хар яки онхо бо таркиби химияви, сохт, сахти, зудшикани, ранг ва дигар хосиятхо аз якдигар фарк мекунанд. Минералхо якчинса мебошанд. Масалан, калсит, кварс, алмос, графит, сулфур (кибрит), тиллои худруй. Чинсхои кухи асосан гуногунчинса мебошанд. Масалан, санги хоро аз се минерал таркиб ёфтааст: шпати сахрои, кварс, абрак. Одатан масохати калони кишри Заминро чинсхои кухи ишгол менамоянд. Онхоро аз чихати пайдоиш ба се гурух-таксим мекунанд: магматики, тахшини ва метаморфй.

Чинсхои магматики. Харорати кишри Замин дар чукури меафзояд. Он дар кабати мантия ба дарачае мерасад, ки тамоми моддахои дар он чо буда бояд ба моеъ мубаддал шаванд. Аммо чунин ходиса рух намедихад. Барои он ки фишори чинсхои кухии кишри Замин нихоят зиёд аст. Бинобар ин тамоми моддахо дар мантия дар холати часпанда, тафсон, чандир (ёзанда) мемонанд. Баробари афзудани фишори дохили дар кишри Замии таркиш пайдо мешавад ва то сатхи он мерасад. Дар натича дар дохили Замин фишор паст мсшавад ва моддахои чандири тафсон моеъ шуда, ба боло харакат мекунанд. Онро магма (тафга) меноманд.

Чинсхои кухиеро, ки пас аз хунук шудани ои хосил мешаванд, чинсхои кухии магматики мегуянд. Ба чинсхои кухии магматики санги хоро, базалт, диорит, пемза (санги чилбур) ва гайра дохил мешаванд.

Чинсхои кухии тахшини. Ин намуди чинсхои кухй дар натичаи аз хавою об тахшин шудани моддахои гуногун хосил шудаанд. Онхо аз чихати тарзи пайдоиш ба се гурух чудо мешаванд: чинсхои кухии шикаста. органикй ва химияви.

Аксарияти чинсхои кухие, ки куххоро таркиб додаанд, аз каъри Замин ба сатхи Замин баромадаанд. Дар фазои кушод бо таъсири гарми, сардй, рутубат, мавчудоти зинда, об, бод мунтазам вайрон ва пора шуда, аз нишебии куххо ба поин чорй гардида, хар чо-хар чо кабати гафси чинсхои кухии шикастаро хосил мекунанд. Шакл ва хачми онхо гуногунанд. Аз заррахои хурдтарин то сангпорахои калонро дучор шудан мумкин аст. Ин чинсхои шикастаро обхои равон бурда ба зери дарёхо. укёнусхо, бахрхо ва кулхо мехобонанд. Баъд онхо тахти фишори кабатхои нав фишурда шуда, ба чинси тахшини сахт мубаддал мегарданд. Аз чумла гил ба вараксанг, peг ба регсанг регу шагал ба конгломерат (чинси тахшини аз омехтаи гил, peг ва шагал хосилшуда) табдил меёбад.

Пайдоиши ин чинсхои кухиро пораги меноманд. Дар шаклгирии онхо чангу губорхое, ки аз хаво ба сатхи хушки, укёнусхо, бахрхо, кулхо мефароянд, низ иштирок менамоянд.

Пайдоиши чинсхои тахшини химиявй ба об вобаста мебошад. чунки об бисёр моддахоро хал мекунад. Дар натичаи он махлулхои моддахои гуногун хосил мешаванд. Онхо тахшин шуда, чинсхои тахшини химиявиро хосил мекунанд. Аз чумла бо хамин рох намакхои гуногун, гач, туфи охакй пайдо шудаанд.

Чинсхои тахшини органики аз чинсхои тахшини шикаста ва химияви фарк мекунанд. Дар пайдоиши онхо бокимондахои набототу хайвонот накши асосиро мебозанд- Баъди аз байн рафтан бокимондаи онхо дар каъри кулхо, бахрхо ва укёнусхо чамъ шуда мехобад ва сатхи онхоро моддахои тахшинй фаро мегиранд. Тахти фишори тахшинхои аз болои бокимондаи организмхо хобида оихо аз як шакл ба
щакли дигар мегузаранд. Аз садафаки организмхои майдаи бахри бур, аз бокимондахои устухони хайвонхои калон ва баъзс растанихо (обсабзхо) охаксанг хосил мсшавад. Кисми зиёди бокимондахои растанихо ба торф ва ангиштсанг табдил меёбанд. Мергел (чинси тахшини охакию гили) хам пайдоиши органики дорад.

Чинсхои кухии метаморфи. Кишри Замин асосан аз чинсхои тахшин ва магматики таркиб ёфтааст. Онхо дар чукурии каъри Замин тахти фишори чинсхои дар боло чамъшуда ва харорати баланд тагйир меёбанд ва аз як шакл ба шакли дигар мегузаранд. Дар натича аз чинсхои кухии тахшин ва магматики чинсхои кухии нав хосил мешаванд, ки бо хусусиятхои худ фарк мекунанд. Чунончи, регсанг ба кварсит, охаксанг ба мармар, вараксангхои гили ба вараксанги гилию абраки, хоросанг ба гнсйс (хоросанги зич) табдил меёбанд. Чинсхои кухиеро, ки дар чукурии зиёд тахти фишор ва харорати баланд тагйир меёбанд, чинсхои метаморфи меноманд. Худи ходисаи тагйирёбии чинсхои кухиро метаморфоза мегуянд. Метаморфоза калимаи юнони буда, маънои он тагйирёби аст.

Чинсхои метаморфи ва магматикй хам бетагйир намемонанд. Онхо хам бо мурури замон дар натичаи баланд шудани китъахои алохидаи кишри Замин ва сатхи онро шустани обхои равон ба сатхи Замин мебароянд. Онхо бо таъсири гармйи, хунуки ва рутубат вайрон шуда, чинсхон шикастаи тахшинро хоинл менамоянд.

Фаркияти чинсхои кухи. Чинсхои кухи аз якдигар на факат аз чихати пайдоиш, инчунин бо сохту таркиби худ фарк мекунанд. Таркиби чинсхои магматики ва метаморфи донашакл (хоросанг), булурй (кварсит. мармар) мешаванд. Чинсхои тахшин аксар вакт ба шакли кабат-кабат мехобанд. Дар байни кабатхои онхо бокимондахои наботот ва хайвонот мушохида карда мешаванд. Дар кабати тахшинхо инчунин заррахои тилло, алмос, платина ва гайраро дидан мумкин аст. Онхо дар натичаи чинсхои магматикиро вайрон кардани обхол равон хосил шуда, бо тахшинхо якчоя хобидаанд.

Савол ка супориш

Литосфера аз кишри Замин чи фарк дорад? 2. Литосфера чист? 3. Одамон кишри Заминро бо чи максад ва бо кадом усулхо меомузанд? 4. Минералхо аз чинсхои кухи чи фарк доранд? 5. Чинсхои кухии магматики ва тахшинй чй тавр хосил шудаанд? 6. Чинсхои кухии тахшинй ба чанд гурух чудо мешаванд? 7. Чинсхои кухии метаморфи чй тавр пайдо шудаанд? 8. Матни параграфро хонда, дар чадвали 1 номи чинсхои магматики ва тахшииро нависед.

Чадвали 1

Намудхои чинсхои кухи

Магматики Тахшннй
дар каъри замин хобнда ба рун замнн баромада чннсхон гай риорганнки чннсхо» органик 1 й
чннсхон шнкаста чнвсхон химняви

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …