Главная / Гуногун / ЧИН, АЧИНА, ДЕВ, БАЛО, ИБЛИС, ШАЙТОН ЧИСТ ?

ЧИН, АЧИНА, ДЕВ, БАЛО, ИБЛИС, ШАЙТОН ЧИСТ ?

jin_ajina-660x330ЧИН калимаи араби « جن »  буда маънояш рух мебошад. Чин дар асотирхои (ривоятхои сохташуда)-аи арабхо зикр шуда дар дигар китобхои таърихи дар шакли «Чин», «Ачина», «Дев», «Шайтон», «Бало», «Азозил», «Пари», «Ахриман» ва ба монанди инхо буда ассосан хамчун шахсиятхои нопок мебошанд. То пайдоиши дини Ислом Чинхо барои арабхо чун Худо низ буд.

Мувофики Куръони карим ва ривоятхои мусулмони Чинхо аз оташи бедуд пайдо шудаанд (яъне аз алов). Мавчудияти Чинхоро инсон (одам) одатан бо ягон хисёти худ ки иборат аз 5 то хисёт дорад пай намебарад. Чинхо аз одамон барвактар дар руи замин пайдо шудаанд ва мисли одамон дар руи замин, осомон ва зери замин дар катори дигар мавчудот зиндагони мекунанду ба мусалмону кофир низ чудо мешаванд. Яъне чинхои намозхони мусалмон хаст, ки номашонро «Пари» мегуянд ва хастанд чинхои кофири аз худо наметарсидаги ки ононро Деву, Балову Шайтон асосан меноманд.

Намуд ва шакли Чинхо

Тибки киссахои мардуми араб 4 (чахор) намуди Чинхо мавчуданд, ки чумлаи онхо: Ифрит, Гул, Сила ва Марид (Малик) мебошанд. Аз хама Чини зарарнок, ин чинхои Ифрит мебошанд, ки бо оташ сарукор дошта ба Шайтон итоат менамоянду ба одамон таъсири хатарноки чидди мерасонанд.

Чинхои «Гул» бошанд дар забони точики ба мисоли «Ачина» номбар шудаанд ва асосан онхо чинси модина яъне зан мебошанд ва дар биёбону мазор (оромгоххо) зиндагони мекунанд ва ба сифати хуроки худ мурдаи навро истеъмол мекунанд.

ajina_00
Сурати — расми Пари

Сеюмин намуди чин ки бо номи «Марид» ё «Малик»-ро дорад дар осмон зиндагони карда аз чихати акл ва тафаккур комил хастанд  ва кариб ки фармондехи тамоми чинхо мебошанд. Афташон асосан сафедпуш ва сафедришу сафедшакланд.

Чинхои «Сила» бошанд охирин – чахорумин намуди чинхо буда аз чихати иктидор хело суст мебошанд. Кувваи чинхои Сила хело кам буда аз чуб метарсанд ва хатто як зарбаи калтак (шохаи чубин) метавонад чини Силаро ба халокат расонад (кушад). Чинхои Силла наметавонанд, ки шакли худро дигаргун намоянд.

Дар фарханги мулкхои гарб дар бораи чинхо пеш аз хама дар китоби «1000-у 1 шаб»  (Хазору як шаб) хамчун Рухи сехрноке, ки дар даруни куза мисли одамшакл буда дастхояшро дар кафаси синааш чикидаву нишаста мебошад, маълум аст. Ва касе ки ин кузаро молад пас аз дарунаш Чин мебарояду 3 хохиши дилхохи одамро дар амал татбик менамояд.

Чинхо дар хар киссахо хар хел шакл доштанашон зикр шудааст, аз чумла бештари чинхо афти хунук ва безеб доранд ки одамро ба тарс ва харос меафтонанд. Одатан гуфта шудаст ки чинхо шохи бузшакл, пойхои гусфандмонанд, думи говшакл ва пашмдору миёнхам хастанд.

Зикрёби дар бораи Чинхо дар Куръони карим

Дар асоси бозёфтхои археологи дар кисми шимолу гарбии Арабистон одамон ба чинхо ба мисли ба Худо, ибодат мекардаанд. Дар шахри кадимаи Палмир ки дар Сурияи имруза мебошад, одамон ба чинхо ибодат мекарданд ки онхоро Худохои нек мехисобиданд. Дар бораи арабхои будпараст ки ба Чинхо ибодат мекарданд дар китоби Куръон кайд карда шудааст.

«Ва миёни Худову чинниён хешованди коил шуданд ва чинниён медонанд, ки хозиркардашудагонанд.»

Куръон, сураи 37-ум (ояти 158-ум).

jin_-281x300Мардуми шахри Маккаи мукарамаи Арабистони Сауди ба Чинхо ибодат мекарданду барояшон курбонихоро содир мекарданд. Дар ривоятхои руми бошад чинхоро бо номи «Гени» ё «Даймон» зикр шудаанд.

Мувофики омузишхои Исломи, Аллох 3 намуди махлуки сохиби тафаккурро (шуур — акл) офарид, ки чумлаи онхо ин: Фариштахо, Чин ва Одамон мебошанд. Фариштахо аз равшани, Чинхо аз оташ ва Одамон аз хоку об офарида шудаанд. Номи Чинхо аз калимаи араби (Чана) гирифта шуда маънояш «Нихон» ё «Пинхон»   буданро дорад. Яъне чинхо ба чашми инсон ноаён хастанд вале чинхо одамонро мебинанд. Мавчудияти чинро одами мукарари хис намекунад.

 Дар ояти  15 а 16-уми сураи Хичри китоби Куръони карим гуфта шудааст:

«Албатта, гуянд: «Чашмони моро чоду карданд, балки мо мардуме чодузада хастем!»  Ва харойна, дар осмон бурчхое4 офаридем ва барои бинандагонашон биёростем  

Мухаммад ибни Аббос ки яке ёрони Паёмбар (С.А.В) буд гуфтасст, ки дар руи замин то омадани Инсон аввал Чинхо омадаанд. Баъди оне ки чинхо дар рафтори худ бехад конуну коидахоро риоя намекардаги шуданд, пас Парвардигор ба онхо шохи Шайтонхоро ки номаш Иблис буд равон кард. Он замонхо Иблис чинни олиму донишманд буд ва аз Худо метарсид. Гарчанде, ки у дар катори Фариштахо кариб ки меистод вале бар асоси итоат накарданаш аз тарафи Худованд ронда ва лаънат хонда шуда буд. Аз хамон давра тамоми шайтонхо ба Иблис итоат мекардаги шуданд.

Баъди ин замонхо Хазрати Одам алайхи салом ба замин фиристода шудаанд.

Чи хеле ки илми исломи мегуяд Чинхо мисли одамон метонанд, дар рохи рост бошанду мусалмони кунанд ва ё рохи бадро интихоб карда ба олами якумраи торик рондаву ва рузи киймат ба чаханнам дароварда шаванд.

Дар китоби Куръони карим Аллох мегуяд:

«Чинну инсро чуз барои парастиши Худ наёфаридаам»

Сураи «ЗОРИЁТ» (51), ояти 56-ум. 

Мусулмонон бовари доранд, ки бисёрии одамонро махз хамин Иблис – Шайтон ба рохи фиребу бад тела мекунад. Иблис нихоят кудрату тавоноии зиёдро дора два аз чониби Аллох офарида шудааст. Замонхое буданд, ки Иблис дар осмон бо Фариштахо зиндагони мекард, вале хангоме ки маст шуд ва ба Худо итоат намекардаги шуд ронда ба олами Чинхо равона карда шуд.

Аллох дар сураи Ёсин, ояти 60 то 62-уюм мегуяд.

  1. Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, харойна, у душмани ошкори шумост?
  2. Ва Маро бипарастед, ки рохи рост ин аст.
  3. Бисёре аз шуморо (шайтон) гумрох кард. Магар ба акл дарнамеёфтед?

Чинхо ба мисоли одамон зиндагони мекунанду, оиладор мешванд, фарзанддор мешаванд, мемиранд, намоз мехонанд, гунох мекунанд, рохбар доранду маъракахо мекунанд, баъзеашон худотарсу баъзеашон беимонанд. Лек уми чинхо аз умри одам хело дарозтар аст. Ба чинхо хам Худо паёмбархоро мефиристад ва онхо дар рузи киёмат низ ба чавобгари кашида мешаванд ва кадоме аз онашон ки дурусткор хастанд ба бихишт мераванд.

jin_2-223x300Ба андешаи салафиён Чинхо кодиранд, ки дар назди одам чун шакли одам, хайвон, растани ва ё дигар предмет пайдо шаванд. Чинхо низ кудрат доранд ки шууру чисми чи инсон ва ё хайворо идора кунанд.  Ин дар холате мешавад, ки агар чинхо ба ин ё он махлук ошик шаванд.

Барои гурезондани Чинхо одам метавонад бо пайваста хондани Куръон дар хона худро хифз намояд.   Агар чин ба чисми Инсон ворид шавад онро танхо бо номи Аллох ронда мешавад. Чинхои бадахлок аз чумла Иблис-шайтон одамонро ба итоати Буд (хайкал) хидояту хавасманд мекунад. То ин ки Чинхо ба Хона надароянд мусалмонон калимаи «Бисмиллохир Рахмонир Рахим»  мегуянд.

Баъзе хадисхо чинхоро ба 3 намуд таксим кардааст, аз чумла: Чинхои мепаридаги, мормонанд, ва чинхои дайдуву саёх. Абдулло Ибн Маъсуд ки яке аз ёварони Мухаммад САВ буд кайд кардааст, ки хангоми чинхо хондани Куръонро аз чониби паёмбар Мухаммад САВ шуниданд ба наздаш чамъ шуданд ва паёмбар онхоро шахсан дидааст, ки онхо ба хар гуна махлуки шаклдор будаанд. Чинхо метонад афти Аждахор, Мор, Дарахт, Одам, Гул, Санг, мева ва гайраро ба худ гиранд ва касро ба иштибох биёранд. Баъзе хадисхо мегуянд, ки чинхо дар устухо чойгир шуда гухро (ахлотро) мехуранд.

Дар ояти 33-юми Сураи Ар Рахмон Худованд гуфтааст:

«Эй гурухи чинниёну одамиён, агар метавонед, ки аз канорахои осмонхову замин берун равед». Яъне чин метавонад ба осмони дур равад ва ба ин агар Худо рози бошад. Агар вай бе ичозат дур раваду сухбати Худовандро бо фариштагон шунавад пас аз равшани  ситора сузонда мешавад.

Дар сураи 34-уми Курон (Сураи Сабо ояти 12), Чинхо бо номи Дев ёдовари шудаанд. Дар ин сура дар бораи он ки чи гуна кудрат ба хазрати Сулаёмон – паёмбари Худо САВ кудрат аз болои идораи чинхо ваколат дода шудааст, гуфта шудааст.

«Ва бодро роми Сулаймон кардем. Бомдодон якмоха рох мерафт ва шабонгох якмоха рох. Ва чашмаи мисро барояш чори сохтем ва гурухе аз девхо ба фармони Мо назди у кор мекарданд ва агар яке аз онхо аз фармони Мо сар мепечид, ба у азоби оташи сузонро мечашонидем.» 

Дар ояти 14-уми Сураи Сабои китоби Куръони карим гуфта шудааст, ки Хазрати Сулаймон (паёмбар САВ) чинхоро сермашакат кор мефармуд ва кадомашон ки фармонбардори намекарданд мучозот мегирифтанд. Вакте ки Сулаймон САВ мемираду дар чояш начумбида меистад пас девхо фикр мекунанд ки вай онхоро назорат карда истодааст.

«Чун маргро бар у мукаррар кардем, девхоро бар маргаш на- огохонид, магар кирми чубхорае, ки асояшро (наздики як сол ) мехоид. Пас, вакте ки у (Сулаймон) биафтид, девхо фахмиданд, ки агар илми гайбро медонистанд, дар азоби хоркунанда намемонданд.»

Дар бораи чинхо дар чамъият

www_artsemble_ru-1592-768x614

Дар бораи чинхо кариб дар хаммаи хикояхои мусалмони во хурдан мумикин аз чумла дар китобхои шуъравии синфи 7 (Адабиёт) оиди киссаи «Эрачи Тилисмшикан». Дар бораи чинхо ба таври васеъ баъди хукумрони Аббосиён хело киссахо зиёд шуданд. Албата адабиёти исломи дар бораи чинхо кам маълумот додааст вале адабиёти халки оиди чинхо хело киссахоро кайд карда гузаштааст, ва гуфта шудааст, кич и хел онхо ба доми худ мардхоро бо ошикию зебоги ва тиллову зебоги ром карда халок гардондаанд.

Чинхо асосан дар роли зулмдор ва шахси зараррасон дар адабиётхои араби хело ва хело кайд карда шудаанд ва хусусияти онхо ба роли шайтоне ки дар адабиёти аврупои вомехуранд монанд аст.

Чинхои нарро бо номи «Дев» дар адабиётхо зикр шудаанд ва онхоро бештар вакт сабабгори бадбахтихо медонанд, аз чумла беморихо, марги ногахон ва г. Чинхои занона мардхоро дар хобу дар зиндагониашон даромада онхоро ба рохи бад мебаранд.

jin_ajinaБаъзехо аз чинхо наметарсанд ва баракс харакат мекунанд, ки тавоноии чинхоро барои комъёб шудан дар кори худ истифода баранд, ки чумлаи ин кор чодугари, фолбини, сузанзани ва гайрахо мебошад.

Фаластинихо бовари доранд, ки чинхо дилхох шаклро метавонанд сохиб шаванд аз чумла мисли пиёла, дар, таёк, мусафед, кудак ва гайра. Занхои фаластини бошанд мегуяд, ки бегохи чогахи равгандорро кушодан лозим нест, аз он сабаб ки дар дарунаш чинхо омада мешинанд.

Точикон бошанд тавсия мекунанд, ки бегохирузи – шом дар берун бози накунанд, дар хона хуштак накашанд, шабона дар мазор нагарданд, таги дарахти чанор, чормагз ва арча хоб нараванд, аз болои алоб начаханд, бегохи пеши дахани дар нанишинанд, хокистаро дар наздикии хона напартоянд, порубро дар торики накованд ки ин ба окибатхои бад меоварад, чун ки дар он чойхо Чинхо сайр мекунанд.

Дар урфияти мусалмони агар кудак дар пеши дар афтад пас он чойро намак ва об мепошанд. Дар торики бошад назди ойна намешинанд.

Ривояте дар байни арабхои фаластини хаст, ки вакте ки Момохаво (зани аввалини руи дунё – зани хазрати Одам алайхи салом) 40 фарзанд мекунад 20-тои вай безеб будаанд ки модарашон онхоро мепартояд. Ин ходисаро Худо дида борахмона онхоро ба чинхо мубаддар мегардонад.

Дар адабиёти халки озар бошад ривоятхо хастанд, ки чинхо ба асп савор шуданро дуст медоранд. Аз ин лихоз ба аспхо сакичи сиёхро мешаканд, то инки ба онхо чинхо часпида аз саворшавии асп халок шуда бимиранд.

marid_jin-194x300
Чини Марид

Барои чинхо чазои бадтарин ин халондани сузан аст. Аз ин хотир мардуми точик ва хусусан занхо сузанро ба либоси худ мечаспонанд то ин ки чинхо ба чисми онхо наздик нашавад. Агар сузанро ба чин зани пас вай якумр мутеъи –гулом мешавад ва гуфтаи сохибашро ичро мекунад. Чинхо танхо бо фиреби кудак сузанро аз баданашон кашида гирифтанро орзуву харакат мекунанд. Ачоибиаш дар он аст, ки чинхо худашон мустакилона сузанро аз бадани худ мустакилона кашида гирифта наметонанд.

Дар чанги нажотие ки дар Руанда шуда буд халкхои Хуту ва Тутси аз мусалмонхо мегурехтанд, чунки онхо бовари доштанд ки мусалмонхо ва масчиди онхо зери итоати чинхо карор доранд. Дар Чянгун бошад масчидхоро месузонданд, ки сабабаш гуё он чо пур аз чин буд.

Дар китоби Талмуд ва дигар китобхои мукаддаси яхуди кайд шудааст, ки чонварони Чинмонанд мавчуданд. Онхо руххое мебошанд, ки дар рузи шашум яъне рузи Чумъа офарида шудаанд ва Худо барои онхо натавонист, ки саривакт чисм созад ва онхо бе чисм монданд, чунки рузи шанбе даромадааст. Дар бораи онхо гуфта шудааст, ки онхо мисли фариштахо канот доранд, ва аз як гушаи дунё ба дигараш парвоз карда раванд. Бар иловаи ин ба монанди одамон хурок гуранду, нушоки нушанд, зиёду кам шаванд. Одамон бояд ба онхо худро наздик накунанд гуфта шудааст дар ин китоб.

Дар бораи Чинхо даххо адад филмхо ба навор гирифта шудааст ки кисми зиёди онхо ба забони англлиси мебошад.

Сураи Чин (72-юмин Сураи Куръон)

Ба номи Худои бахшояндаи мехрубон!

  1. Бигу: «Ба ман вахй шудааст, ки гурухе аз чин гуш фаро доданду гуфтанд, ки мо, харойна, Куръоне ачиб шунидем.
  2. Ба рохи рост хидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва харгиз касеро шарики Парвардигорамон намесозем.
  3. Ва албатта, азамати Парвардигори мо олист. На хамсаре гирад ва на фарзанде дорад.
  4. Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба нохак мегуфт.
  5. Ва мо, харойна, мепиндоштем, одаму чин дар бораи Худо, харгиз, дуруг намегуянд.
  6. Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз чин панох мебурданд ва бар саркашиашон меафзуданд.
  7. Хамчунон, ки шумо мепиндоштед, онхо хам мепиндоштанд, ки Худо, харгиз, хеч касро дубора зинда намесозад.
  8. Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигахбонони кудратманду шихобхо (ситорагон) ёфтем.
  9. Ва мо, харойна, дар ин чойхо, ки метавон гуш фаро дод, менишастем. Аммо хар ки акнун барои гуш кардан (гуш додани малоикахо) нишинад, шихоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад.
  10. Ва мо намедонем, ки оё барои касоне, ки ба руйи замин хастанд, бади мукаддар мешавад ё Парвардигорашон мехохад ба рохи росташон бибарад.
  11. Баъзе аз мо солеханд ва баъзе чуз он ва мо фиркахое гуногунем.
  12. Мо медонем, ки Худоро дар замин харгиз очиз натавонем кард ва, харгиз, бо гурехтан низ нотавонаш насозем.
  13. Ва чун сухани хидоят шунидем, ба он имон овардем. Ва хар ки ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуксон метарсад ва на аз ситам.
  14. Ва харойна, баъзе аз мо (чинниён) мусалмононанд ва баъзе аз хак дур. Ва онон, ки Ислом овардаанд, дар чустучуи рохи рост будаанд.
  15. Аммо онон, ки аз хак дуранд, хезуми чаханнам хоханд буд».
  16. Ва агар (одамиёну париён) бар тарикаи рост (яктопарасти ва тоъати Худо) пойдори кунанд, харойна, аз обе фаровон серобашон кунем,
  17. То онхоро биёзмоем дар он (неъмати фаровон). Ва хар ки аз зикри Парвардигораш руй гардонад, уро ба азобе сахт дарандозанд.
  18. Ва харойна, масчидхо аз они Худост. Ва бо вучуди Худои бархак касеро ба худои нахонед.
  19. Чун бандаи Худо (Мухаммад) барои парастиши у бар пой истод, гирди уро гирифтанд (чинхо).
  20. Бигу: «Танхо Парвардигорамонро мехонам ва хеч касро шарики у намесозам».
  21. Бигу: «Албатта, ман наметавонам бар шумо зиёне бирасонам ё шуморо ба салох оварам».
  22. Бигу: «Хеч кас маро, харгиз, аз укубати Худо панох надихад ва ман чуз у, харгиз, панохгохе намеёбам,
  23. Он чи метавонам чуз расондани пайёми у ва анчом додани рисолатхои у нест. Ва хар ки Худову паёмбарашро нофармони кунад, пас, насиби у, харойна, оташи чаханнам аст, ки хамеша дар он хохад буд,
  24. То он гох ки он чиро ба онхо ваъда дода буданд, бингаранд. Пас, хоханд донист, чи касонеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст».
  25. (Эй паёмбар, ба кофирон) Бигу: «Ман намедонам, ки оё он ваъдае, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне ниходааст?
  26. У донои гайб аст ва гайби Худро бар хеч кас ошкор намесозад,
  27. Магар бар он паёмбаре, ки аз у хушнуд бошад, зеро ки барои нигахбони аз у, пеши руй ва пушти сараш нигахбоне карор медихад,
  28. То бидонад, ки онхо паёмхои Парвардигорашонро расонидаанд ва Худо ба он чи дар назди онхост, ихота дорад ва хама чизро ба адад шумор кардааст.

ЧИН АЗ НУКТАИ НАЗАРИ ТИБ

Мувофики илми Тиб мавчудияти чинхо ба мисли дидани Хоб аст. Яъне хастии чиннро тиб инкор мекунад ва назарияхо хастанд ки хангоми инсон ба ягон бемории чисмони ва ё душвории зиндаги мебинад дар мавчудияти чинхо бештар бовари хосил намуда чинхоро мебинад. Масалан агар дар майнаи сар агар лахтаи хун дармонад пас он ба бемории эпелепсия оварда мерасонад ва одам ба ларза медарояд.

Дар замони пештар то таракки ёфтани илми тиб шахсоне ки табиатан носолим таваллуд шудаанд ва бе беморихои асаб мубтало шудаанду ба сари онхо хар гуна дидани чисмхои гайриодии вохиманок ба назар мерасид пас онхоро чинзада мешумориданд. Хол он ки бемории «РАК» дар майнаи одам хам пайдо шавад пас чунин одамонро асосан чинни мегуянд вале дар асл онхо чинни неву балки шахсони ба бемории асаб гирифторшуда хастанд.

Холо муоличаи шахсони чини ки онхоро низ девона мегуянд то андозае имконпазир аст ва барои онхо табобатхонахои махсус ташкил карда шудааст, аз чумлаи онхо дар Точикистон ин беморхонаи «Куктош» ки дар нохияи Рудаки вокеъ мебошад.

ЛАТИФА ДАР БОРАИ ШАЙТОН

Рузе писари Шайтон калон мешаваду ва падараш уро ба сахро барои шиносои бо худ мегирад. Дар рох Шайтон ва Шайтонча рафтан мегиранд, ки ногох шайтонча аз чизе тарсида бачо мешавад. Падараш мепурсад, ки чаро метарси ва дар чавоб бачаш ба суи муши замин кофтаистода дасташро дароз карда нишон медихад.
Падараш мегуяд, ки охир ин муш аст ва у факат донаи ягон растани ва ё решаи ширини алафхоро мегурад ва ба мо шайтонхо ягон зараре надорад. Рафтем бачам ай ин натарс мега.
Баъдан рохро давом додан мегиранд, ки боз шайтонча тарсида бачо мешавад. Падараш мепурсад боз чи гап шуд? Ин даъфа ба суи Гусфанд нишон медихад. Падараш мегуяд охир ин гусфанд аст ва гарчанде калон бошад хам вале факат алаф мехурад ва ягон зарар ба мо надорад. Натарс бачам рафтем-рафтем мегуяд Падараш.
Дар рох боз рахсипор шуда рафтан мегиранд, ки ногох Падари Шайтон пинхон мешаваду писарашро мегуяд ки ту хам пинхон шавад. Писараш ба нази падараш рафта пинхон мешаваду баъ мепурсад ки ту чиро дидай ки ин кадар тарсида пинхон шуди?
Дар чавоб Падараш ба суи одаме, ки аз рохи дур омада истода буд ба суяш дасташро дароз карда нишон медихад ва мегуяд, ки онро Инсон мегуянд ва гарчанде номаш Инсон бошад хам ноинсон буда аз хама зарарнок чиз аст. Чун, ки хар гунохе, ки мекунад, бори сари мо – яъне шайтонхо мезанд ва мегуяд, ки инро ман накардаам. Хар чизе ки кунад мегуфд ки Шайтон маро вас-васа кард ва ман инро кардам. Барои хамин хам аз инхо худро дур гир писарам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …