Главная / Маданият ва санъат / ЧИХОДХОИ МУСУЛМОНОН БО САРВАРИИ МУХАММАД

ЧИХОДХОИ МУСУЛМОНОН БО САРВАРИИ МУХАММАД

Баъд аз бунёди масчид дар Мадина он чо маркази сиёси. Таргиботи дини ислом гардид. Дар як муддат кутох ахолии Мадина ва атрофии он Мухаммадро хамчун пайгамбар пазируфта, исломро кабул карданд.

Мухочирон, ки ватанашон Макка буд, дар орзуи он буданд., ки ба он шахр, ба назди хешу акрабои худ баргарданд. Аз ин чихат нигаронии онхо ба суи Макка бештар мешуд. Аммо сардорони Макка хам ором наменишастанд ва ба мудофиаи шахр омодаги мегирифтанд.

jihodМухаммад /с/ ва мухочирон намехостанд, ки бо мардуми Макка чанг карда, хунрези кунанд. Зеро ки бештари онхо авлоду хешу акрабои онхо буданд. Аз ин чихат Пайгамбар, ки сарлашкари ахди ислом буд, пеш аз огози чанг ба Макка вакилони худро фиристода аз онхо талаб кард, ки исломро кабул намоянд. Дар Макка тарафдорони Мухаммад зиёд буданд ва кадоме аз онхо аллакай дини исломро кабул карда буданд, аммо ашрофони Макка талабхои Пайгамбарро катъиян рад карданд. Баъд аз он Мухаммад ба мукобили кофирон газо эълон карданд.Газо ё чиход дар рохи Худо ва ба мукобили онхое, ки мусулмононро аз дини худ мегардонанд. Дар замони Мухаммад газохои зиёде рух доданд.

jihod

Аввалин газо чанги Бадр буд. Бадр махаллест дар наздикии Макка. Чанги Бадр дар соли дуюми хичрат рух дод ва дар он Пайгамбар шахсан иштирок дошт. Дар ин чанг аз тарафи мусулмонон 314 ва аз тарафи душман зиёда аз хазор нафар иштирок карданд. Пеш аз огози чанг Мухаммад бо лашкариёнаш мурочиат карда гуфт:

“…Агар аз шумо бист тан собир бошанд, бар дусад тан галаба кунанд ва агар аз шумо сад тан собир бошанд, бар хазор тан аз онхо, ки кофиранд, чира шаванд, зеро онхо гурухе нодону нофахманд…” Суханони Пайгамбар онхоро рухбаланд намуд ва вакте, ки Мухаммад ба хамла кардан амр дод, онгох, ногахон ба гурухи пешсафи Курайшиён, ки хануз интизори хамла набуданд, хучум карданд. Бар рафти задухурд худи Мухаммад сарвари мекард. Дар сафхои пеши мусулмонон пахлавонони номдор амаки Пайгамбар хазрати Амир Хамза ва писари амакаш хазрати Али мечангиданд. Таваччухи онхо бар он буд, ки саркардагони лашкари Курайшро нест кунанд, то лашкар бе сардор монад.

Вакте ки саркардагони Макка ва сарварони лашкар Абучахлу Умайя кушта шуданд аскари курайшихо ру ба гурез ниходанд. Лашкари Мухаммад онхоро таъкиб карда, асир мегирифтанд, чунки аз огози чанг Пайгамбар ба лашкариён амр дода буд, ки одамони авлоди Хошим ва баъзе саркардагони кабилаи Курайшро накушанд. Пайгамбар некии онхоро, ки дар хакки у карда буданд, фаромуш накарда буд. Вакте ки Мухаммадро дар Макка таъкиб мекарданд бани Хошим ва баъзе аз саркардагони курайшихо пуштибонии уро мекарданд ва ба чанги мукобили Мухаммад хам мачбуран омада буданд.

Маккиён шикаст хурда ба шахрашон гурехтанд, кисме аз онхо куштаю асир шуданд. Лашкари Мухаммад он шаб дар Бадр монданд. Мурдагони Курайшро аз майдон чамъ карда, гурониданд ва баъд аз он ба Мадина баргаштанд.

Дар арабхо коидае буд, ки вакти чангхо чи ганиматеаз майдони чанг ва аз душмани маглубшуда ба даст меоварданд, моли худашон мегашт. Мухаммад амр дод, ки лашкариён тамоми ганиматашонро супоранд. Баъд аз он бо сарварони ансорон, мухочирону сарлашкарон ганиматхои чамъшударо одилона ба лашкариён, оилахои аскарони шахидшуда ва дигар одамони бечораю дармонда таксим карданд.

Ва ин тартиб дар замони хазрати Мухаммад ва баъд аз вай хам муддате амал мекард. Мухаммад бо тарафдоронаш ба Мадина баргаштанд. Ин чанг нишон дод, ки Пайгамбар сарлашкари мохир хам будааст. Эътикоди мардум ба у боз хам бештар гардид.

Курайшихои Макка ором нагирифтанд ва барои интиком ва шикаст додан ба тарафдорониМухаммад тайёри медиданд. Соли дигар онхо ба се хазор аскар ба Мадина равон шуданд. Мухаммад бо аскаронаш, ки хамаги хафтсад нафар буданд дар доманаи кухи Ухуд ба душман вохурданд. Чанг сар шуд. Мусулмонон хучум карда сафхои аввалро рахна карданд, аммо ногахон як гурух душманон аз дарае пинхони баромада ба акибгох хамла карданд. Ин хамлаи ногохони кувваи лашкари Пайгамбарро ба ду гурух чудо кард ва сабаби шикаст хурдани онхо шуд.

Дар ин чанг хафтод нафар аз мусулмонон, аз он чумла хазрати Амир Хамза, шахид шуданд. Хазрати Мухаммад хам дар хамин чанг мачрух гаштанд. Маккиён галабаи худро мустахкам накарда, худашон аз тарси он ки куввахои нав хозир шаванд, зур чамъ шуда ба Мака баргаштанд.

Дар соли панчуми хичрат лашкари Мака ба итифоки яхудиён боз ба суи Мадина равон шуданд. Ин хабарро шунида, хазрати Мухаммад бо наздикони худ машварат карда бо лашкари худ ба беруни шахр баромаданд ва дар атрофи Мадина хандакхо кофтанд. Вакте, ки душманонашон ба хандакхо расиданд, ахли ислом онхоро бо тирхо истикбол карданд. Душманон аз хандак гузашта натавонистанва баъд аз муддате тирандози кардан, боз пас гашта рафтанд. Дар ин чанг хар ду тараф хам аз хандак нагузаштанд ва ин чанг дар таърих бо номи чанги хандак боки мондааст.

Дар соли шашуми хичрат Мухаммад бо панчсад нафар тараф-доронаш ба нияти зиёрат ба Макка рафтанд. Ашрофони шахр ба зиёрати онхо рухсат надоданд ва хатто ба чанг тайёри диданд. Аммо як гурух маккиён ба байни онхо даромада, мохи марти соли 628 сулх бастанд. Мувофики ин ахднома дар муддати дах сол ахли Мадина бо Макка чанг намекунанд ва мардуми Мадина метавонанд хар сол омада Каъбаро зиёрат кунанд.

Ин созишро сулхи Худайбия меноманд. Аммо баъд аз 1,5 мохи бастани сулх мохи май лашкари Мухаммад ба калъаи Хайбар хучум кард. Хайбар девору дарвозахои мустахкам дошт ва ба аскарони пайгамбар таслим шудан намехостанд. Аскарони Мухаммад дах руз онро мухосира намуданд ва окибат мухофизони калъаро шикаст доданд. Тарафдорони Мухаммад аз калъа ганимати зиёде оварданд. Ин галаба эътибори Пайгамбар ва тарафдорони дини исломро дар байни кабилахои араб ва давлатхои атроф боз хам афзуд. Тарафдорони Мухаммад ба тадрич зиёд мегаштанд. Одамон аз кабилахои атроф гурух-гурух омада, дини исломро кабул мекарданд.

Супориш ва саволхо.

  1. Аз бобо, падаратон хохиш кунед дар бораи хазрати Мухаммад ба Шумо кисае накл кунанд ва онро дар синф хикоя кунед.
  2. Сабаби зиёд гардидани тарафдорони хазрати Мухаммад дар чист?

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …