Главная / Гуногун / ЧИДОЛИ САЪДИ БО МУДДАИ ДАР БАЁНИ ТАВОНГАРИЮ ДАРВЕШИ

ЧИДОЛИ САЪДИ БО МУДДАИ ДАР БАЁНИ ТАВОНГАРИЮ ДАРВЕШИ

Яке дар сурати дарвешон на бар сифати эшон дар махфиле дидам нишаста ва шанъате дарпайваста ва дафтари шикоят ва замми тавонгарон огоз карда, сухан бад-ин чо расонида, ки дарвешро дасти кудрат бастааст ва тавонгарро пои иродат шикаста.

Каримонро ба даст андар дирам нест,
Худовандони неъматро карам нест.

44-chashma-24Маро, ки парвардаи неъмати бузургонам, ин сухан сахт омад, гуфтам:
– Эй ёр, тавонгарон дахли мискинонад ва захираи гушанишинон ва максади зоирону кахфи мусофирон ва мутахамили бори гарон аз бахри рохати дигарон. Дасти тановул он гах ба таом баранд, ки мутаалликон ва зердастон бихуранд ва фазлаи макорими эшон ба аромилу пирону акорибу чийрон расад.

Тавонгаронро вакф асту назру мехмони,
Закоту фитраву эътоку хадию курбони.
Ту кай ба давлати эшон раси, ки натвони
Чуз ин ду ракъату он хам ба сад парешони.

Агар кудрати чуд асту гар куввати сучуд тавонгаронро бех муяссар шавад, ки моли музакко доранд ва чомаи поку ирзи масуну дили фориг ва куввати тоат дар лукмаи латиф аства сухбати ибодат дар кисвати назиф. Пайдост, ки аз меъдаи холи чи кувват ояд ва дасти тихи чи мурувват ва аз пои барахна чи сайр ояд ва за дасти гурусна чи хабар.

Шаб пароканда хусбад он, ки падид,
Набувад вачхи бомдодонаш.
Мур гирд оварда ба тобистон,
То фарогат бувад зимистонаш.

Фарогат бо фока напайвандад ва чамъият дар тангдасти сурат набандад. Яке тахримаи ишо баставу дигаре мунтазири ашо нишаста!
Харгиз ин бад-он кай монад?

Худованди мукнат ба хак муштагил,
Парокандарузи – парокандадил.

Пас ибодати инон ба кабул авлитар аст, ки чамъанду хозир, на парешону парокандахотир. Асбоби маишат сохта ва ба авроди ибодат пардохта.
Араб гуяд: Аузу бил-л-лохи мина-л-факри-л-мукиби ва чавори ман лоухиббу. (Тарчума: худо нигах дорад аз камбагалии бардавом ва хамсоягии касе, ки дусташ надорам).
Ва дар хабар аст: «Ал-факру саводу –л-вачхи фи-д-дорайн» (Тарчума: «Камбагали русиёхи дар хар ду дунёст»).
Гуфто: «Нашуниди, ки пайгамбар алайхиссалом, гуфт:
«Ал-факру фахри» (Тарчума: камбагали ифтихори ман).
Гуфтам: «Хомуш, ки ишорати хочаи олам ба факри тоифаест, ки марди майдони ризоанду таслими тири казо, на инон, ки хиркаи аброр пушанд ва лукмаи идрор фурушанд.

Эй табли баландбонги дар ботин хеч,
Бе туша чи тадбир куни вакти басич?
Руи тамаъ аз халк бипеч, ар марди,
Тасбехи хазордона бар даст мапеч.

Дарвеши бемаърифат наёромад, то факраш ба куфр анчомад ки нашояд чуз ба вучуди неъмат барахнае пушидан ё дар истихлоси гирифторе кушидан. Ва абнои чинси моро ба мартабаи эшон ки расонад ва яди улё ба яди суфло чи монад? Набини, ки хак чалла ва ало дар мухками танзил аз наими ахли бихишт хабар медихад, ки улоика лахум ризкун маълум (онхоро ризке муайян бошад). То бидони, ки машгули кафоф аз давлати афоф махрум аст мулки фарогат зери нигини ризки маълум.
Ташнагонро намояд андар хоб
Хама олам ба чашм чашмаи об.

Холи, ки ман ин сухан бигуфтам, инони токати дарвеш аз дасти тахаммул бирафт, теги забон баркашид ва бар ман давонид ва асби фасохат дар майдони вакохат чахонид ва гуфт:
– Чандон муболига дар васфи эшон бикарди ва суханхои парешон бигуфти, ки вахм тасаввур кунад, ки тарёканд ё калиди хизонаи арзок, муште мутакаббири магрур, мучиби манфури муштагили молу неъмат, мутафаннини чоху сарват, ки сухан нагуянд илло ба сафохату назар накунанд илло ба карохат: уламоро ба гадои мансуб кунанду фукароро ба бесарупои маъюб гардонанд ва ба иззати моле, ки доранду иззате чохе, ки пиндоранд, бартари хама нишинанд. Ва худро бехтар аз хама бинанд. Ва на он дар сар доранд, ки сар ба касе бароранд, бехабар аз кавли хукамо, ки гуфтаанд: «хар ки ба тоат аз дигарон кам асту ба неъмат беш, ба сурат тавонгар асту ба маъни дарвеш».

Гар бехунар ба мол кунад кибр бар хаким,
Куни хараш шумор вагар гови анбар аст!

Гуфтам:
– Мазаммати эшон раво мадор, ки худованди караманд!
Гуфт:
– галат гуфти, ки бандаи дираманд. Чи фоида, чун абри озоранду намеборанд ва чашмаи офтобанду бар кас наметобанд, бар маркаби иститоат саворанду намеронанд ва кадаме бахри худо наниханду дираме бе ману изо надиханд. Моле ба машаккат фарохам оранду ба хиссат нигах доранду ба хасрат бигузоранд, чунон ки хакимон гуянд: «Сими бахил аз хок вакте барояд, ки вай дар хок равад!».

Ба ранчу саъй касе неъмате ба чанг орад,
Дигар кас ояду бе саъю ранч бардорад!

Гуфтамаш:
– Бар бухли худовандони неъмат вукуф наёфтаи илло ба иллати гадои, вагарна хар ки тамаъ як су нихад, кариму бахилаш яке намояд. Махак донад, ки зар чисту гадо донад, ки мумсик кист.
Гуфто:
– Ба тачрибат он хамегуям, ки мутаалликон бар дар бидоранд, гализони шадид баргуморанд, то бори азизон надиханд ва даст бар синаи сохибтамизон наниханд ва гуянд: «Кас ин чо-дар нест!» Ва рост гуфта бошанд.
Онро, ки аклу химмату тадбиру рой нест,
Хуш гуфт пардадор, ки кас дар сарой нест.

Гуфтам:
– Ба узри он ки аз дасти мутаваккеон ба чон омадаанд ва аз рукъаи гадоён ба фигон ва мухоли акл аст, агар реги биёбон дур шавад, ки чашми гадоён пур шавад!

Дидаи ахли тамаъ ба неъмати дунё
Пур нашавад, хамчунон ки чох ба шабнам.

Хар кучо сахтикашидае, талхидидаеро бини, худро ба шарах дар корхои махуф андозад ва аз авобики он напархезад ва аз укубати эзид нахаросад ва халол аз харом нашиносад.
Сагеро гар кулухе бар сар ояд.
Зи шоди барчахад, к-ин устухонест.
В-агар наъше ду кас бар душ гиранд,
Лаим-ут-табъ пиндорад, ки хонест.
Аммо сохиби неъмати дуне ба айни ин инояти хак малхузаст ва ба халол аз харом махфуз. Ман хамоно, ки такрири ин сухан накардам ва бурхону баён наовардам, инсоф аз ту таваккуъ дорам, харгиз дидаи, дасти дуое бар китф баста ё бенавое ба зиндон дарнишаста ё пардаи маъсуме дарида ё кафе аз миъсам бурида, илло ба иллати дарвеши шермандоно ба хукми зарурат дар накбхо гирифтаанду каъбхо суфта. Ва мухтамал аст он, ки якеро аз дарвешон нафси аммора талабкунад, чу куввати эхсонаш набошад, ба исён мубтало гардад, ки батну фарч тавъаманд, яъне ду фарзанд дар як шикаманд. Модом ки ин яке барчояст, он дигар барпояст. Шунидам, ки дарвешеро бо хадасе бар хабаси гирифтанд. Бо он ки шармсори бурд, бими сангсори буд. Гуфт:
– Эй мусулмонон, кувват надорам, ки зан кунам ва токкат на, ки сабр кунам, чи кунам? Ло рахбанията фи-л-ислом (дар ислом рохибият набошад).
Ва аз чумлаи мавочиби сукун ва чамъияти дарун, ки мар тавонгарро муяссар мешавад, яке он ки хар шаб санаме дар бар гирад, ки хар руз бад-у чавони аз сар гирад. Субхи тобонро даст аз сабохати у бар дилу сарви хиромонро пой аз хичолати у дар гил:

Ба хуни азизон фуру бурда чанг,
Сарангуштхо карда уннобранг.

Мухол аст, ки бо хусни талъати у гирди манохи гардад ё касди табохи кунад.
Диле, ки хури бихишти рабуду ягмо кард,
Кай илтифот кунад бар бутони ягмои?

Аглаб тихидастон домани исмат ба маъсият олоянд ва гуруснагон нон рабоянд.
Чун саги дарранда гушт ёфт, напурсад,
К-ин шутури Солех аст ё хари Даччол.

Чи моя мастурон ба иллати дарвеши дар айни фасод афтода ва ирзи гироми ба боди зиштноми дода.

Бо турснаги куввати пархез намонад,
Ифлос инон аз кафи такво биситонад.

Ва он чи гуфти дар ба руи мискинон мебанданд, Хотами Той, ки биёбоннишин буд, агар шахри буди, аз чуши гадоён бечора шуди ва чома бар у поракарданди!
Гуфто:
– На, ки ман бар холи эшон хасад мебарам!
Гуфтам:
– На, ки бар моли эшон хасрат мехури!
Мо дар ин гуфтору хар ду ба хам гирифтор, хароина байдаке, ки биронди, ба дафъи он бикушидаме ва хар шохе, ки бихонди, ба фарзанди бипайвастеме, то накди кисаи химмат дарбохт ва тири чабъаи хуччат хама бияндохт.

Хон, то сипар наяфкани аз хамлаи фасех,
К-уро ба чуз муболигаи мустаор нест,
В-ин дузди маърифат, ки сухандони сачъгуй.
Бар дар силох дораду кас дар хисор нест.

То окибатуламр далелаш намонд, залилаш кардам. Дасти таади дароз карду бухудагуфтан огоз. Ва суннати чохилон аст, ки чун бадалел аз хасм фуру монанд, силсилаи хусумат бичунбонанд чун Озари буттарош, ки ба хуччат бо писар барнаёмад, ба чангаш бархост, ки ла ин лам тантахи ла арчуманнака (агар бас накуни, сангсорат кунам).
Дашном дод, сакаташ гуфтам, гиребонам дарид, занахдонаш гирифтам.
У дар ману ман дар у фитода,
Халк аз паи мо давону хандон.
Ангушту таачуби чахоне
Аз гуфту шуниди мо ба дандон.

Алкисса, мурофиаи ин сухан пеши кози бурдему ба хукумати адл рози шудем, то хоким мусулмонон маслихате бичуяду миёни таонгарону дарвешон фарке бигуяд. Кози чун холати мо бидиду мантики мо бишунид, сар ба чайби тафаккур фуру бурду пас аз таамули бисёр сар баровард ва гуфт:
– Эй он, ки тавонгаронро сано гуфти, бар дарвешон чафо раво дошти, бидон, ки хар кучо, ки гул аст, хор асту бо хамр хумор аст ва бар сари ганч мор аст ва он чо, ки дури шохвор аст, наханги мардумхор аст, лаззати айши дунёро ладгаи ачал дар пеш аст ва наими бихиштро девори макорех дар пеш.

Чаври душман чи кунад, гар накушад толиби дуст,
Ганчу мору гулу хору гаму шодди бахаманд.

Назар накуни дар бустон, ки бедмушк асту чуби хушк, хамчунин дар зумраи тавонгарон шокиранду кафур ва дар халкаи дарвешон собиранду зачур.

Агар жола хар катрае дур шуди,
Чу хармухра бозор аз у пур шуди.

Мукаррабони хак чалла ва ало тавонгаронанд дарвешсират ва дарвешонанд тавонгархиммат. Ва махини тавонгарон он аст, ки гамии дарвеш хурад ва бехини дарвешон он аст, ки ками тавонгар гирад.
Пас руи итоб аз ман ба чониби дарвеш овард ва гуфт:
– Эй, ки гуфти: тавонгарон муштагиланду сохи ва масти малохии ниами тоифае хастанд. Бар ин сифат, ки баён карди косихиммат, кофирнеъмат, ки бибаранду биниханд ва нахуранду надиханд вагар, ба масал, борон биборад ё туфон чахон бардорад, ба эътимоди мукнати хеш аз мехнати дарвеш напурсанду аз худои азза ва чалла натарсанд ва гуянд:
Гар аз нести дигаре шуд халок,
Маро хаст, батро зи туфон чи бок?

***
Дунон чу гилеми хеш берун бурданд,
Гуянд: чи гам, гар хама олам мурданд!

Кавме бар ин намат, ки шуниди ва тоифае хони неъмат нихода ва дасти карам кушода, толиби номанду маърифат ва сохиби дунёву охират чун бандагони хазрати подшохи олам одил, муайиди музаффару мансур, молики азминаи аном, хомии сугури ислом, вориси мулки Сулаймон, аъдали мулуки замон, музаффаруддунё ва-д-дин Атобак Абубакр ибни Саъд ибни Занги.

Падар ба чои писар харгиз ин карам накунад,
Ки дасти чуди ту бо хонадони одам кард.
Худой хост, ки бар оламе бубахшоянд,
Туро ба рахмати худ подшохи олам кард.

Кози чун сухан бад-ин гоят расонид ва аз- хадди киёси мо асби муболига даргузаронид, ба муктазои ххукми казо ризо додему аз момазо даргузаштем ва баъд аз мочаро тарики мадоро гирифтем ва сар ба тадорук бар кадами якдигар ниходем ва буса бар сару руи хам додему хатми сухан бар ин буд:

Макун зи гардиши гети шикоят, эй дарвеш,
Ки тирабахти, агар хам бар ин насак мурди!
Тавонгаро, чу дилу дасти комронат хаст,
Бихур, бубахш, ки дунёву охират бурди!

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …