Главная / Чамъият / ЧЕНАКИ ЯГОНА дар Чумхурии Точикистон

ЧЕНАКИ ЯГОНА дар Чумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи таъмини ченаки ягона

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 1997, №10, мод.131; соли  2002, № 4, кисми 1, мод. 224; соли 2007, №7, мод.683; соли 2008, №12, кисми 2, мод. 1001)

Конуни мазкур асосхои хукукии таъмини ченаки ягонаро дар Чумхурии Точикистон мукаррар намуда, муносибати макомоти идораи давлатии Чумхурии Точикистонро бо шахсони  вокеи ва хукуки дар мавриди тайёр, истехсол, тахвил намудан, истифода, таъмир ва ворид кардани воситахои ченак танзим менамояд ва  барои химояи хукуку манфиатхои конунии шахрвандон, тартиботи хукукии  мукарраргардида ва хамчунин барои химояи иктисодиёти Чумхурии Точикистон аз окибатхои номатлуби натичахои нодурусти ченак равона гардидааст. (КЧТ №467, 31.12.08)

БОБИ I. КОИДАХОИ УМУМИ

 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Барои ифодаи максадхои Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

ченаки ягона—холати ченаке, ки натичаи он дар вохидхои эътирофгардидаи бузурги ифода ёфта, иштибохи ченак аз худуди меъёрхои муайянгардида берун намеояд;

воситаи ченак—тачхизоти техникие, ки барои ченак пешбини шудааст;

махаки вохиди бузурги—воситаи ченак, ки барои тачдид ва хифзи вохиди бузурги бо максади интиколи андозаи он ба дигар воситахои ченаки хамин бузурги пешбини шудааст;

махаки давлатии вохиди бузурги—махаки вохиди бузурги, ки бо карори макоми ваколатдори давлати ба сифати вохиди ибтидои дар каламрави Чумхурии Точикистон эътироф гардидааст;

санадхои меъёрии таъмини ченаки ягона—стандартхои давлати, стандартхои байналмилали (минтакави), коида ба низомнома, дастуруламал ва тавсияхое, ки бо тартиби мукарраргардида ба кор бурда мешаванд;

хадамоти метрологи—мачмуи субъектхои фаъолият ва навъи корхое, ки барои таъмини ченаки ягона пешбини шудааст;

назорати метрологи—фаъолияте, ки макоми давлатии хадамоти метрологи (назорати давлатии метрологи) ё хадамоти метрологии шахси хукуки бо максади санчиши риояи коида ва меъёрхои метрологии мукарраргардида анчом медихад;

мутобики воситахои ченак—мачмуи амалиёте, ки макомотидавлатии хадамоти метрологи (дигар макомоту ташкилотхои ваколатдор)бомаксади муайян ва тасдик намудани санчиши мутобикати воситахои ченак ба талаботи техникии мукарраршуда анчом медиханд;

-андозагирии (калибровкаи) воситахои ченак -мачмуи амалиётест, ки бо  максади муайян ва тасдик кардани кимати хакикии тавсифи метрологи ва кобили истифода будани воситахои ченаки тахти назорати давлатии метрологи карорнадошта анчом дода мешавад; (КЧТ №467, 31.12.08)

тасдикномаи навъхои воситахои ченак—хуччате, ки онро макоми ваколатдори давлати медихад ва он тибки мукаррароти конунгузории чори ба кайд гирифта шудани хамин навъи воситахои ченак ва ба талаботи мукарраргардида чавобгу будани онро тасдик менамояд;

тасдикномаи санчиш—хуччате, ки ба ташкилотхои санчишкунанда дода шуда, вокеият ва натичаи санчиши воситахои ченакро тасдик менамояд.

               -макоми ваколатдор – макоми давлати, ки муносибатхоро дар сохаи таъмини ченаки ягона танзим

         мегардонад;

-системаи байналмилалии ченакхо-системаи вохидхои ченкунии бузургихои физикие, ки

Конференсияи генералии ХI оид ба ченак ва вазнхо соли 1960 кабул кардааст. (КЧТ №467, 31.12.08)

 

             Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи таъмини ченаки ягона

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи таъмини ченаки ягона ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (КЧТ №467, 31.12.08)

 

Моддаи 3. Карордодхои байналхалки (хорич карда шуд бо КЧТ №467, 31.12.08)

 

Моддаи 4. Идораи давлатии таъмини ченаки ягона

Танзими давлатии муносибатхо дар сохаи таъмини ченаки ягона бар зиммаи макоми  ваколатдори давлатие мебошад, ки  Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

  Макоми ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон дорои салохиятхои зерин мебошад:

хамохангсозии фаъолияти байниминтакави ва байнисохавии таъмини ченаки ягона;

мукаррар намудани коидахои офаридан, тасдику саришта ва истифода кардани махакхои вохиди бузурги;

муайян намудани талаботи умумии метрологи нисбати воситахо усул ва натичахои ченак;

таъмини назорати давлатии метрологи;

рохбари ба фаъолияти хадамоти давлатии метрологи ва дигар хадамоти метрологии таъмини ченаки ягона;

иштирок дар фаъолияти ташкилотхои баймалхалки оиди масъала таъмини ченаки ягона.

БОБИ  2. ВОХИДХОИ БУЗУРГИ, ВОСИТА ВА УСУЛХОИ ЧЕН КАРДАН

Моддаи 5. Вохидхои бузурги

Дар Чумхурии Точикистон тибки тартиби мукарраргардида вохидхои бузургии Системаи байналмилалии ченакхо истифода бурда мешаванд.

Номгуй, аломат ва коидахои навишти вохидхои бузурги, инчунин коидахои истифодаи онхоро дар Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон, ба истиснои холатхои дар санадхои конунгузори пешбинигардида, мукаррар мекунад.

Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад дар баробари истифодаи вохидхои бузургии Системаи байналмилалии ченакхо ба истифодаи вохидхои гайрисистемави низ ичозат дихад.

Тавсиф ва хусусиятхои махсулоти содироти, аз чумла воситахои ченак бо вохидхои бузургии мукаррарнамудаи  фармоишгар, ифода ёфта  метавонанд.

Истифодаи вохидхое, ки аз вохидхои расман ичозатдодашуда фарк доранд, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон манъ аст. (КЧТ №467, 31.12.08)

Моддаи 6. Махакхои давлатии вохидхои бузурги

Асоси техникии таъмини ченаки ягонаро дар Чумхурии Точикистон махакхои давлатии вохидхои бузурги ташкил  медиханд, ки нигахдории онхоро давлат таъмин менамояд.

Махакхои давлатии вохидхои бузурги хамчун воситаи ченаки вохидхои ибтидои ба чихати тачдид ва нигахдории вохидхои бузурги бо максади интиколи андозаи он ба дигар воситахои ченаки хамин бузурги истифода бурда мешаванд. (КЧТ №467, 31.12.08)

Моддаи 7. Воситахои ченак

Воситахои ченак барои муайян намудани бузургие истифода мешаванд, ки ба татбики вохидхояшон дар Чумхурии Точикистон мутобики тартиби мукарраргардида ичозат дода шудааст ва бояд ба шароити истифода ва талаботи мукарраргардида мувофик бошанд.

Карорхои ба гурухи воситахои ченак нисбат додани тачхизоти техники ва мукаррар намудани фосилаи байни  мутобикатро макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон кабул мекунад.

Воситахои ченаке, ки фарогири талаботи конунгузории метрологиянд, тахти назорати хадамоти метрологи карор мегиранд. Хеч кас хукук надорад, ки воситахои ченаки тахти назорати конунгузории метрологи карордоштаро то дар он  гузоштани мухри назорати мутобикат истифода барад ва ё барои истифода бурдан нигох дорад. (КЧТ №467, 31.12.08)

Моддаи 8. Усулхои чен кардан

Ченкуни бояд тибки усулхое, ки бо тартиби мукарраргардида тавсия шудаанд, анчом дода шавад. (КЧТ №467, 31.12.08)

Тартиби тахияву тавсияи усулхои ченкуниро макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

БОБИ 3. ХАДАМОТИ МЕТРОЛОГИ

 

Моддаи 9. Сохтори хадамоти метрологии Чумхурии Точикистон

Хадамоти метрологии Чумхурии Точикистон аз хадамоти давлатии метрологи ва хадамоти метрологии шахсони хукуки иборат мебошад.

 

Моддаи 10. Хадамоти давлатии метрологи

Ба хадамоти давлатии метрологи, ки макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон рохбари мекунад, макомоти давлатии метрологии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо,  шахри Душанбе ва нохияхои тобеи чумхури дохил мешаванд. (КЧТ №467, 31.12.08)

 

                 Моддаи 11. Хадамоти метрологии шахсони хукуки

           Шахсони хукуки метавонанд бо максади таъмини ченаки ягона дар сохтори худ хадамоти метрологи таъсис

         диханд.

Хукук ва ухдадорихои хадамоти метрологии шахсони хукуки аз руи Низомномаи хадамоти давлатии метрологи, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд, муайян карда мешаванд. (КЧТ №467, 31.12.08)

 

БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МЕТРОЛОГИ

 

            Моддаи 12. Намудхои назорати давлатии метрологи

Назорати давлатии метрологи бар зиммаи хадамоти давлатии метрологии макоми ваколатдор мебошад.

Назорати давлатии метрологи дар намудхои зерин амали гардонида мешавад:

-тасдики навъи воситахои ченак;

-санчиши мутобикати воситахои ченак;

-санчиши истифодаи усулхои тавсияшудаи ченкуни;

-санчиши риояи коида ва меъёрхои метрологи;

-дигар намудхои назорати метрологи, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини карда шудаанд. (КЧТ №467, 31.12.08)

 

 

Моддаи 13. Сохахое, ки тахти назорати метрологии давлати карор доранд

Санадхои меъёрии таъмини ченаки ягона дар каламрави Чумхурии Точикистон эътибори хатми доранд.

Амалхои зайл бо максади тафтиши риояи коидаву меъёрхои метрологи тахти назорати давлатии метрологи карор доранд:

тандурусти, ветеринари, хифзи мухити зист, бехатарии мехнат;

додугирифти тичорати ва хисобу китоби байни харидору фурушанда, аз чумла амалиёте, ки дар он автоматхои бози ва тачхизот истифода мешаванд;

амалиёти бахисобгирии давлати:

таъмини мудофиаи давлат;

корхои геодези ва гидрометеорологи;

амалиёти бонки, андоз ва почта;

истехсоли махсулоте, ки мувофики карордод барои эхтиёчоти давлат мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон расонда мешавад;

озмоиш ва назорати сифати махсулот бо максади муайян намудани мувофикати он ба талаботи хатмии стандартхои давлатии Чумхурии Точикистон;

сертификатсияи хатмии махсулот ва хизматрасони;

андозагири бо супориши макомоти суди, прокуратура, суди иктисоди, макомоти идораи давлатии Чумхурии Точикистон;

ба кайд гирифтани рекордхои варзиши милли ва байналхалки.

Мутобики санадхои меъёрии Чумхурии Точикистон дигар сохахои фаъолият низ тахти назорати давлатии метрологи карор гирифта метавонанд.

 

Моддаи 14. Тасдики навъи воситахои ченак

Дар сохахое, ки тахти назорати давлатии метрологи карор доранд воситахои ченак хатман санчида, сипас навъи онхо тасдик карда мешавад.

Карори тасдик кардани навъи воситахои ченакро макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон кабул менамояд ва он бо тасдикномаи навъи воситахои ченак тасдик карда мешавад. Мухлати амали тасдикномаи мазкурро хангоми додани он макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон  мукаррар мекунад.

Навъи тасдикгардидаи воситахои ченак ба Реестри давлатии воситахои ченак дохил карда мешавад, ки ин корро макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон   ба чо меоварад.

Воситахои ченакро макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон бо максади тасдики навъи онхо месанчад.

Бо карори макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон дигар ташкилотхои махсус низ метавонанд ба сифати марказхои давлатии санчиши воситахои ченак аккредитатция (мансуб) гардонида шаванд.

Барои санчиш намунахои воситахои ченак бояд хамрохи санадхои дахлдори меъёрию истифодабари, бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход карда шаванд.

Мутобикати воситахои ченакро ба навъи тасдикгардида дар каламрави Чумхурии Точикистон макомоти давлатии хадамоти метрологии махалли чойгиршавии истехсолкунандагон ё истифодабарандагон тахти назорат мегиранд.

Ба руи воситахои ченаки навъи тасдикгардида ва ба руи хар нусхаи дахлдори хуччатхои истифодаи он аломати тасдиккунандаи навъи воситахои ченак гузошта мешавад.

 

Моддаи 15. Санчиши мутобикати воситахои ченак

Воситахои ченак, ки тахти назорати давлати карор гирифтаанд, дар мавриди истехсол, таъмир ва истифода бояд аз чониби хадамоти метрологии макоми ваколатдор чихати тасдики мутобикати онхо ба меъёрхои  мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон санчида шаванд.

Намудхои воситахои ченак, ки бояд аз санчиш гузаранд ва тартиби гузаронидани санчиши мутобикатиро макоми ваколатдор муайян мекунад.

Бо ичозати макоми ваколатдор хадамоти метрологии дигар шахсони хукуки низ  метавонанд барои фаъолият дар сохаи санчиши мутобикати воситахои ченак аккредитатсия карда шаванд.

Тартиби аккредитатсия кардани хадамоти метрологии шахсони хукукиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Воситахои ченак, ки аз санчиши  мутобикати гузаштаанд, бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдор мухргузори карда мешаванд ва ё мутобикати онхо бо  шаходатномаи санчиш тасдик карда мешавад. (КЧТ №467, 31.12.08)

 

Моддаи 16.  (Хорич карда шуд тибки Конуни  ЧТ аз 30.07.07с №321).

 

Моддаи 17. Хукуки вазифахои нозирони давлати оиди таъмини ченаки ягона

Назорати давлатии метрологи ба зиммаи шахсони мансабдори макоми ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон вогузор карда мешавад. (КЧТ №467, 31.12.08)

Нозирони давлати, ки воситахои ченакро месанчанд, бояд чун санчишгарон аз санчиш гузаранд.

Нозирони давлати хангоми дар минтакахои дахлдор анчом додани назорати давлатии метрологи хукук доранд бо нишон додани шаходатномаи хидмати  тибки тарт иби мукарраргардидаи конунгузори:

ба объектхое дароянд, ки дар он чо воситахои ченакро, сарфи назар аз тобеият ва шаклхои моликияти ин объектхо истифода мекунанд, месозанд, таъмир менамоянд, мефурушанд, нигох медоранд ё саришта мекунанд;

мутобикати вохидхои бузургиро, киба истифодаашон ичозат дода шудааст, санчанд;

воситахои ченак, мутобикат, шароити истифода, инчунин мутобикати онхоро ба навъи тасдикшудаи воситахои ченак тафтиш намоянд;

истифодаи усулхои тавсияшудаи ченкуни, холати махакхоеро тафтиш намоянд, ки барои санчиши воситахои ченак истифода мешаванд;

микдори молро, ки дар рафти амалиёти тичорати мусодира гардидааст, тафтиш кунанд;

барои назорат намунаи молу махсулот, инчунин молхои баркашшудаи банду басташон гуногунро интихоб намоянд;

воситахои техникиро истифода кунанд ва кормандони объекти тахти назорати метрологи карордоштаро чалб намоянд.

хангоми риоя нашудани коидава меъёрхои метрологи нозири давлати хукук дорад:

истифода ва истехсоли воситахои ченаки навъхои тасдикнашуда ё ба навъи тасдикгардида номутобик будани онхо, инчунин аз санчиш нагузаштаро манъ намояд;

тамгахои тафтишнашударо ботил кунад ё худ шаходатномаи санчишро хангоме, ки воситаи ченак натичаи нодуруст медихад ё фосилаи байни санчиш риоя карда нашудааст, беэътибор гардонад;

хангоми зарурат воситаи ченакро аз истифода гирад;

хангоми риоя накардани талаботи фаъолияти мазкур оиди махрум намудан аз ичозатномаи сохтан, таъмир кардан, фурухтан ва ба киро додани воситахои ченак таклифхо пешниход намояд;

дастурхои хатми дихад ва мухлати рафъи риоя нашудани коидаю меъёрхои метрологиро мукаррар кунад.

 

Моддаи 18. Масъулияти нозирони давлати

Нозирони давлати, ки назорати давлатиро анчом медиханд, бояд конунгузории Чумхурии Точикистон, хамчунин мукаррароти санадхои меъёрии таъмини ченаки ягона ва назорати давлатии метрологиро катьиян риоя намоянд.

Нозирони давлати барои ба чо наовардан ё ичрои номатлуби масъулияти вазифави, суиистифодаи салохият ва дигар конуншикани, аз чумла фош кардани сирри давлати ё тичорати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида шаванд.

Шикоят аз амали нозирони давлати дар давоми 20 рузи карор кабул намудани онхо ба макоми хадамоти давлатии метрологи, ки нозирон бевосита тобеъанд ё ба макомоти болои дода мешавад. Шикоят дар давоми як мохи расиданаш барраси мегардад ва оиди он карор кабул карда мешавад.

Аз амали нозирони давлати мутобики тартиби мукарраргардида метавон ба суд шикоят кард.

Шикоят кардан аз амали нозирон ичрои дастури онхоро боздошта наметавонад.

 

Моддаи 19. Мусоидат ба нозири давлати

Шахсони хукуки ва вокеи вазифадоранд, ки ба нозири давлати дар ичрои вазифахояш мусоидат намоянд. Ашхосе, ки ба назорати давлатии метрологи монеъ мешаванд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

          Моддаи 191. Санчиши риояи коида ва меъёрхои метрологи

                     Назорати давлатии метрологии фаъолияти субъектхои хочагидор, новобаста аз шакли моликият, бо рохи гузаронидани санчиши риояи коида ва меъёрхои мукарраргардидаи метрологи мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Чумхурии Точикистон» ба амал бароварда мешавад.

 

                                                                  Боби 5. Андозагирии воситахои ченак

 

Моддаи 20. Андозагирии воситахои ченак

Воситахои ченак, ки нисбати онхо тибки мукаррароти Конуни мазкур санчиши мутобикати пешбини шудааст, дар мавриди истехсол, таъмир, воридот, фуруш ё истифода мутобики дархости шахсони хукукии манфиатдор метавонанд мавриди андозагири карор гиранд. Андозагири аз чониби хадамоти метрологии макоми ваколатдор ё хадамоти метрологии шахси хукуки, ки аз тарафи  макоми ваколатдор барои чунин намуди фаъолият аккредитатсия шудааст, амали гардонида  мешавад.

Натичаи андозагирии воситахои ченак бо мухр, шаходатномаи андозагирии воситахои ченак ва ё тавассути сабти он дар  санадхои истифодаи воситахои ченак тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 21. Тартиби андозагирии воситахои ченак

Воситахои ченак мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба таври ихтиёри мавриди андозагири карор мегиранд. (КЧТ №467, 31.12.08)

 

                                                        Боби 6. Маблаггузори барои таъмини ченаки ягона

Моддаи 22. Маблаггузории хатмии давлати

Маблаггузории хатмии давлати барои ичрои корхои зайл зарур аст:

-тахия, такмил, харидори, нигахдори, истифодаи махакхои давлатии вохидхои ченак ва воситахои ченаки намунавии нихоят дакик;

-нигахдори, харидори ва тахияи тачхизоте, ки барои чихозонидани макомоти хадамоти давлатии метрологи зарур мебошанд;

-тахияи санадхои меъёри барои таъмини  ченаки ягона;

-амалигардонии назорати давлатии метрологи.

Хангоми тахияи барномахои давлати, ки пурра ё кисман аз Бучети давлатии Чумхурии Точикистон маблаггузори мешаванд, аз  чумла барномаи таъсис ва рушди истехсоли махсулоти мудофиави бояд фаслхои таъмини сохаи метрологи пешбини шаванд.

 

                                                                     Боби 7. Мукаррароти хотимави

Моддаи 23. Чавобгари барои вайрон намудани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ №467, 31.12.08)

 

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                      Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  15 май соли 1997

№ 435

 

 

 

 

КАРОРИ  МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи таъмини ченаки ягона»

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 1997, №10, мод.132)

 

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонкарор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», аз рузи расман нашр шуданаш мавриди амал карор дода шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон

Бинобар кабул шудани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» дар сурати зарурат оиди даровардани тагйироту иловахо ба санадхои конунгузори бо тартиби мукарраршуда таклифхо пешниход намояд;

Карору амрхои Хукумати Чумхурии Точикистонро ба Конуни мазкур мутобик гардонад.

 

Раиси Мачлиси

Олии Чумхурии Точикистон                                                                                                               С. РАЧАБОВ

ш. Душанбе  15 май соли1997

№ 436

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …