Главная / Гуногун / ЧАШМАИ МУСАФФО

ЧАШМАИ МУСАФФО

Имруз хушбахтона ва бадбахтона китоб бешумор нашр мешавад. Бадбахтона барои он, ки бисёре аз ин китобхо ба кавли Низом Косим “селборони харобикореанд, ки дар рохи худ на мазраъхои хавасро барчо мегузоранду на киштахои завкро”. Хушбахтона барои он, ки китобхое хам хастанд, ки сабаби ташаккули завку салика, тафаккуру парвози баланди хаёлоту парвариши зехну хофиза ва худшиносии хонанда мегардад.

Ба бахши “хушбахтона” романи Ато Хамдам ва Леонид Чигрин “Шохрохи абрешим” шомил аст, ки банда онро хамчун як тухфаи пурбахо пазируфтам.

Бояд ёдовар шуд, ки романи “Шохрохи абрешим”-ро доктори илми таърих Ваххоб Набиев “Сахифаи нав дар хошияи таърих” меномад. Аз тарафи дигар ин роман яке аз кадамхои дилпуронаи Ато Хамдам ва Леонид Чигрин дар мавзуи багоят мушкилписанду захматталаби таърихи буда, сахифаи тозае дар эчодиёти гуногункираи онхо мебошад.

Чаро онхо ру ба таърих оварданд? Ин суоли хуб аст. Ва лоики чавоб мебошад.

Аввалан ин амри замон буд. Сониян собик Сафири фавкулодда ва мухтори Чумхурии Мардумии Чин дар Чумхурии Точикистон У Хун Бин хеле окилона кайд мекунад, ки: “Хеч як тамаддун худ ба худ инкишоф наёфтааст. Ин хакикати бебахс хангоми шиносои бо китоби Ато Хамдам ва Леонид Чигрин “Зиндагиномаи Чжан Тсян ё худ Шохрохи бузурги абрешим” пурра аён мегардад”.

Шохрохи абрешим на танхо таърихи зиндаи ниёгон, на танхо рохи гузашта, балки рохи фардои шукуфоии Точикистон мебошад. Он эъчозе аст, ки моро ру овардан ба таърих, ба реша, чуёи асли хеш шудан хидоят мекунад. Ва устод Муъмин Каноат бархак: “Ва ин рохи васл ба суи асл аст!” гуфта сурудааст:

          “Меъмори азал ачаб рахе сохтааст,

          Меъмори наве тархи нав андохтааст”.

Бале, меъмори нав, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Шарифович Рахмонов шохрохи Кулоб – Дарвоз – Кулмаро сохт, ки он на танхо Шохрохи абрешимро эхё кард, балки кафолати мавчудияти минбаъдаашро хам таъмин намуд.

Ва боз се заминаи дигар мушохида мешавад. Аввалан Ато Хамдам рохи пуршараферо тай карда, мактаби ду рузномаи бонуфуз – “Точикистони совети” ва “Комсомоли Точикистон”-ро гузаштааст. Баъдан хангоми адои вазифа ба сифати Вакили мардуми, Вазири фарханг, мушовири калони Президенти Чумхурии Точикистон гурури милли ва нангу номуси ватандориаш ба чунбиш омадааст. Ва сониян аз хама мухим ин мехр аст, мухаббат аст, ишк аст ва шавку завк.

Леонид Чигрин хам солхои зиёди умрашро сарфи тарчумаи осори адибони точик намуда, беш аз сад филми мустанаду хунари офаридааст. Солхои зиёд рузноманигор буд ва оид ба вокеахои бузурги замонхои гуногуни Точикистон, ки дар тамаддуни чахон накши мухим бозидаанд, маводи зиёди таърихи гирд овардааст.

Чои бахс нест, вале мавриди афзудан аст, ки романи “Шохрохи абрешим” дар адабиёти чахони муосир аввалин ва ягона асари арзандаест оиди Шохрохи абрешим. Инро гуфтахои собик Сафири фавкулодда ва мухтори Чумхурии Мардумии Чин дар Чумхурии Точикистон У Хун Бин тасдик мекунад: “Ман дар бораи нахустсафири императори Чин хануз дар мактаби миёна хонда будам, бинобар ин максаду хунари императорро хуб медонам ва номи Чжан Тсян ва хамсафари бовафои у Ганфуро аник дар хотир дорам. Аммо вай дар шакли муфассали асари бадеи бори аввал дар ин китоб тачассум ёфтааст ва он на факат хаккони, балки бо риояи одоб ва эхтиром ба кахрамони асоси ба сомон расидааст”.

Аввалин тахкикгари роман адабиётшиноси намоёни точик, доктори илми филологи Атахон Сайфуллоев ба вучуд омадани ин романро дар адабиёти муосири точик вокеаи тоза номида, гуфтааст: “То ба хол дар насри мо чунин асар офарида нашуда буд”.

Бале, ин аввалин асар аст ва офаридани он осон набуд. Вале чунон ки шоир гуфта:

          “Сояи Хак бар сари банда бувад,

          Окибат чуянда ёбанда бувад”.

Худи муаллифон хам кайд мекунанд, ки онхо “автопойгахи адаби”-и хешро дар роххои пурпечутобу серталаби таърих огоз мекунанд. Ин амал барояшон дунёи навро мекушояд. Дунёи часорату мардонаги ва чонфидоиро. Адибон он хама дастовардхои худро дар мизони тафаккур бармекашанд, хулоса мекунанд, месанчанд.

Нахуст киссаи “Зиндагиномаи Чжан Тсян ё худ Шохрохи бузурги абрешим” тавлид меёбад. Асар на танхо аз чониби хонанда, балки аз тарафи раиси Чумхурии Мардумии Чин самимона пазируфта мешавад.

Мохи майи соли 2002, вакте ки муаллифи аввал дар Пекин нашри чинии кисмати аввали ин китобро ба раиси ин кишвар хадя кард, чаноби Тсзян Тсземин пурсид: “Ин Шумоед?”. Маълум гашт, ки эшон аз эчоди ин асари дар Чин чопнашуда вокиф гашта будааст.

Аз ин ру, кахрамони асар барояшон боз хам азизтар мегардад. Ва боз оташе ба дили адибон фитода, онхоро ба изтироб ва хаячон меорад. Ва мисрахои: “Конеъ нашави ба хар чи ёби, аз хуб ба хубтаре шитоби” шиорашон мегардад. На вазъи сиёси ва на вазъи иктисоди садди рохашон намегардад. Онхо “боз гарки чилдхои таърихномахо, ёддоштхо, рисолахои илмиву тадкикоти” мегарданд. Онхоро боз мехнату машаккат, ташвишу тараддуд ва имтихону озмоишхои сахттаре пеш меоянд, боби дигари достони диловари огоз мегардад. Ин хама маводи ачоибу фаровон муаллифонро ба вачд меорад, ки иброз медоранд: “Таърихи Чжан Тсян ба хадде марокангез буд, ки нанавиштан аз хусусаш гайриимкон гардид. Дар асри бекахрамонии мо, ки арчи мафхумхои одоб коста шудааст, бе хаячон дарки арзишхои ахлокиро чун садокат ба вазифаи шахрванди, хирадманди, кахрамони, нахустпаймои Рохи бузурги абрешим – Чжан Тсян зохир мекард, ногузир буд”.

Ранчу захмати кашидаи муаллифон барабас нарафта, бор меорад ва на танхо кисми дуюми роман бо номи “Супориши махсус” тавлид меёбад, балки кисми аввали он хам такмил ёфта, сенздах боб илова мегардад.

Роман асари таърихии реалистиест, ки дар заминаи вокеахои таърихи эчод шудааст. Аз он замон бошад беш аз ду хазору сад сол сипари гаштааст.

Ду хазору сад сол!

Табиист, ки руи когаз овардани он рузгори мози корест хеле сангин. Ва олими намоёни точик Атахон Сайфуллоев конунан суол пеш меорад: “Оё нависандагони мо аз ухдаи ичрои хамин вазифаи хеле душвор баромадаанд?”. Ва худ посух медихад: “Бешубха, аз ухдааш баромадаанд”. Ва муаллифи пешгуфтори нашри дуюми китоб У Хун Бин ба асар бахои баланд додааст: “Дар ин асар вокеахое, ки бештар аз ду хазор сол кабл аз ин содир шудаанд, бо махорати баланд ва неруи бадеи инъикос ёфтаанд”.

Эхёи вокеахои айёми гузашта аз тарафи муаллифон хам аз нигохи забону тарзи баён ва хам аз дидгохи баррасии таърихи хеле андешамандона ва масъулона сурат мегирад. Муаллифон хам дар огози роман шикастанафасона икрор мешаванд: “Мо аз хукуки тахайюлоти бадеи ва шарху тавзехи хаводиси кадим камтар истифода кардем… бештар ба мехрамон нисбати кахрамонону номехрубониямон ба душманони онхо такя кардан лозим омад. Чузъиётеро хам, ки ба хатти асосии кисса начаспид, сарфи назар кардем”.

Муаллифон эхёи шохрохи абрешимро ба тафсил ба тасвир гирифта, хонданибоб тахрир карда тавонистаанд. Агар мушаххас гуем, онхо хар гуна хисси назарфиребу нопойдор ва василахои дуюмдарачаро сарфи назар карда, бештар ба мазмуну мундаричаи гояви дикати махсус додаанд. Гуё рухи Муслихиддин Саъдии Шерози асар карда, ки гуфтааст:

          “Агар хушманди, ба маъни гирой,

          Ки маъни бимонад, на сурат ба чой!”.

Хамин маъни муаллифонро дар мадори якрую якчихат ва хакикатнигори нигох медорад. Ва яке аз дастовардхои калони онхо дар хамин аст. Дастоварди дигар он аст, ки дар роман арзишхои волои инсони – озодиву истиклол, донишу маърифат, хираду тадбир, росту дуруг, кину хасуд, сулху дусти хеле равшан иншо шудаанд.

Кисми аввали роман дар шакли ахбори таърихи, бо тарзу баёни киноповест, кисми дуввум оханги лирики ва услуби ривояти дорад. Роман бо чумлаи “Абрхои пар-пар” огоз мегардад. Чумла хеле мавзун буда, унсуре аз шеърият дорад. Умуман забони асар соддаву равон, бетакаллуф ва фикру эхсосу баён шоирона аст. Аз ин ру, хар сухан вазн дорад, нишонрас аст.

Авроки рангини ин романи пуршур эхсоси ачиберо падид меорад. Фони будани хаёти инсон дарк шуда, гуё ин мисрахои Бедил гаштаю баргашта танин меандозад:

    “Гофил манишин, бинои умр чу киштии дар об,

    Истода менамояд, чун тир меравад”.

Ва ин хакикати зиндаги аз забони Чжан Тсян танин меандозад: “Гуё хамин дина навчавон буди, аз зиндаги меболиди ва бовар дошти он безавол аст. Имруз бар сарат барфи пири рехтааст. Чинхои руят чуйчахоеро мемонанд, ки чун рузхои гузарон кучо мераванд, намаълум”.

Бале, аргамчин, харчанд дароз бошад хам, охир дорад. Бале, умри абади вучуд надорад, марг ногузир аст. Бале, мурури замон на ба шох тараххум дорад на ба гадо.

Хадафи асосии муаллифон дар оинаи вокеияти таърихи инъикос намудани хакикати зиндаги мебошад. Ин аст, ки роман дар худ мавзуи умумибашари – маънии хаёт ва мохияти онро гунчондааст.

Хакикат хамеша талх аст. Вале он аз афсона зеботар аст. Инро Чжан Тсян вакте дарк мекунад, ки бо куххои ба осмон тегкашида, сукути човидонаи биёбон, шукуху зебоии бахри Арал шинос мешавад. Ин хама абадиятро тачассум мекарданд.

“Тухми некию мехрро бедарег бикор, – зери лаб такрор кард Чжан Тсян суханони хакими бостон Мо Диро, – ва хосили фаровоне хохи гирифт”.

Вакте пешвои оташпарастон Зитан аз у мепурсад, ки: “Чи сир дори, ки дар хама чо бо дили кушод кабулат мекунанд?”, у чавоб медихад: “Сирри ман ин аст, ки сирре надорам”.

Бале, у инсон аст, тамом вассалом!

Ва инсон хам, чун табиат, аз “панч унсур” иборат аст ва аз хайвон танхо бо хиради хеш фарк мекунад.

Ин инсонро муаллифон чунин ба калам медиханд: “коматбаланд, бабозу, тахминан сисола, чехрааш чиддиву нигохаш баркосо, ки Чжан Тсян ном дораду сарбоз – мухофизи император аст”.

Чжан Тсян боз як хакикати бебахсро кашф мекунад: одамони нек бештаранд дар дунё. Вай бо онхо бисёр дучор меояд. Ва хар боре ки аз онхо чудо мешавад, гумон мекунад, ки аз пораи дилу чонаш чудо мегардад. Вале одамони бад хам кам нестанд. Симои яке аз онхо чунин аст: “кадпасти танаю тушдор, миёнсол, чашмонаш бозингару суханаш саросемавор – Шэн Ян, яке аз амалдорони хурди лашкар, шахси хасуду маккор”.

Хар амали инсон хосили пиндори уст.

Дардо, ки то чун Шэн Ян баринхо хастанд зиндаги бедард нест! Аммо чи гуна дарде!? Кину хасад, ки ба хиёнат мебарад. Шэн Ян нисбати Чжан Тсян хиёнатро раво дида, бовари дошт, ки зинда намемонад. Агар зинда монад хам, як умр асир мегашт, ки аз марг хам бадтар аст. Лек, Чжан Тсян ба хеч вачх букаламунвор чехра тагйир намедихад. Ин чи химмати мардона! Пас, суол меояд: ба чи хотир?! Ба хотири ичрои карзи инсони. Карз карз аст. Ичрои карз фарз.

Маънии зиндаги – сухтану сохтан!

Бале, одамизод бояд хамин хел бошад: бунёдкору созанда!

Рисолати хастию пуяндагии хар инсон ин аст, ки онро мушаххас дарк кунад ва ба умкаш сарфахм биравад. Дар акси хол зиндаги мазмуни худро гум мекунад. Зеро ки ангезае барои идомаи хает боки намемонад. Чжан Тсян на танхо сохиби дилу нияти софу пок мебошад, балки чанговари нотарсу хирадманд ва дурандешу бофархангест. Ва сафири хакикист. Он гуна ки Хаким Фирдавси мефармояд:

          “Фиристода бояд, ки доно бувад,

          Ба гуфтан далеру тавоно бувад”.

Оре, сафир бояд далеру тавоно бошад!

Ва Чжан Тсян инсонест дорои кувваю неруи бехамто ва хунсард. Дар баробари ин хоксору мехрубон, орому ботамкин, поку самими ва окилу одил. Ва гохо ба тифли бегаму бекароре табдил меёфт. Хаминро афзудан лозим аст, ки ин хама сифатхои Чжан Тсян на дар сухан, балки дар амал зухур меёбанд. Ва банда хулосаи Атахон Сайфуллоевро сад дар сад пазируфт, ки гуфта: “Симои кахрамони асоси хеле барчаста аст”.

Ва инак, Чжан Тсян саманди худро тозиёна мезанад ва он дар тоз мешаваду чанги рох ба хаво мехезад. Вай худро ба огуши боди сарди мусофират зада, ба истикболи хавфу хатар меравад.

Хаёти Чжан Тсян борхо сари муе овезон буд. Аммо тарс надошт, худро ором нигох медошт, кадру кимати худро медонист. Дах соли дароз захри асорат чашид. Ба азобу шиканчае, ки асирон паси сар мекарданд, ягон хайвон тоб оварда наметавонист. Вале Чжан Тсян тоб овард, пеши касе сар хам накард, ватанашро нафурухт. Пешвои гуннхо Гюнчен ба у мегуяд, ки гуломон барои мо хамеша мол буданду хайвони кори. Лекин ман ба ту хаёт мебахшам ва мушовири ман мешави. “Аз ин баъд ту, Чжан Тсян, гунни. Кадом номи гунние, ки маъкулат аст, бигир. Ту сохиби ватани наву зиндагии нави, аз ин пас”.

Вале Чжан Тсян рад мекунад.

“Номро нав кардан мумкин, – мегуяд у, – вале ватанро… не, имкон надорад. Инсон, дар кучое, ки бошаду дар кучое, ки бизияд, як ватан дорад”.

Чолиби таваччух аст, ки муаллифон масоили мухталифи хаёт – вахдату дусти, чангу сулх, дину оин, ишку мухаббатро мохирона ба риштаи тасвир кашидаанд. “Одамон бо вахдат муктадиранд” – мегуяд Чжан Тсян. Бале, танхои хеле душвор аст. Зури одамон дар ягонагист. Чжан Тсян дасти Шеракро ба даст мегирад.

“ – Нигох кун – ин як ангушт ва онро кат кардан осон. Дутояшро хам кат кардан мушкил не. Лекин агар хамаи ангуштонро чамъ куни, чи мешавад?

– Мушт! – писарак рамзро пай бурда, механдад”.

Чжан Тсян равобити тичорати ва муносибатхои дустонаро омили гулгулшукуфии кишвархо медонад. Ба кавли у чанг харгиз воситаи муомилаи халкхо нест. Чанг бадтарин кор аст, ки одамонро аз хам чудову бадбахт мекунад. Сулх аз хар гуна чанги фотехона бехтар аст. Ва у шохи макдуни Искандарро мисол меорад.

“Искандар хост Осиёро фатх кунад, вале пирузияш саробе дар биёбон буду бас. Заминхоро гирифт у, вале фатх карда натавонист. Каламраваш курпаи пурямоки бенавоёнро мемонад. Хамин ки мурд, давлаташ чун хоначахои гилини кудакон пош хурд, лашкараш чун дуде дар шабистон дар пахнои Осиё гум шуд…”.

Фаъолияти Чжан Тсян дар ин самт хикмати човидонаи Саъдии бузургворро ёд меорад:

          “Агар пилзури в-агар шерчанг,

          Ба наздики ман сулх бехтар, ки чанг”.

Аз сахифа ба сахифа вокеахои гуногуни гайричашмдошт пеш омада, бехтарин хислатхои Чжан Тсян равшану комилтар ба зухур меоянд. Муаллифон тавонистаанд, ки иродаи матин, дониши фитри, аклу заковат, зехни тез, фазилат ва мудаббирии фавкулодаи уро ба риштаи тасвир кашанд.

Сафархо ба Чжан Тсян имкон медихад, ки боз як хакикати зиндагиро бифахмад: бузургии хама чиз дар мукоиса аён мешавад. Ва у дарк мекунад, ки барои чи императорхои Чин бузургтароши ва худхохихои бемисл нишон медиханд. Ин аз он сабаб аст, ки онхо дунёро надидаанд. Чахонбинии онхо дар дунёи касру коххои худ махдуд аст.

Вай кушиш ба харч медод, ки халкаи дустонашро физояд. Ва хушбахтона, ин ба у хамеша муяссар мегардад. Вай хатто тавонист ракиби деринаш Омаргро, ки уро куштан мехост, дуст гардонад. Дустию мехрубонии Чжан Тсян бо калам тасвир кардан мушкил аст. Хар касе, ки ин романро мутолиа бикунад, вокеан хавас хохад кард, ки чунин дусти чони дошта бошад. Шоире чи хуб гуфта:

          “Зиндаги бе рафикхо марг аст,

          Шахси бе дуст шохи бебарг аст”.

Дар сюжети роман ишк хам чун гули печон омада, чои намоёнро ишгол мекунад. Сайёхи чини киссаи чанд сол шунидаашро ба ёд меорад. Сарватманде, ки мулки зиёд, хазорон гулом, кухи тило дошту ногузир ба коми пири фуру мерафт ба хирадманде мурочиат мекунад, ки чи хел чавониамро баргардонам? Хаким посух медихад, ки: “Гирифтори ишки бедареги махчабине бишав”.

Бале, чи бебахо неъматест дуст доштану ишк варзидан!

Дар роман ишки се зан – Любава, Фарохат ва Сибэй тасвир ёфтааст.

Ганфу бо амри такдир аз Любава чудо мегардад. Вале Любава бозгашти Ганфуро интизори кашида, ба у мухаббат ва садокат нишон медихад. Дусти Ганфу Гелди ба амонат хиёнат накарда, нисбат ба Любава бародарвор гамхори зохир менамояд.

Ишки Фарохат хеле фочиави сурат мегирад. Пешвои оташпарастон Зитан ба Чжан Тсян мегуяд: “Агар максадат тичорат ва ё саёхат мебуд, ёриат намекардам. Вале чун гами дилбаратро мехури, кумакат мекунам”. Ва киссаи ишки худро накл карда, хулоса мекунад: “Мухаббати занро бо зури ноил шудан мумкин нест”.

Чжан Тсян барои ишкаш талошхо мекунад, вале фарчоми он фочиангез шуд. Фарохат ба кабилаи усунихо асир афтода тобеи онхо мешавад, ба такдир тан медихад. У ва Омарг охири охирон Фарохатро ба даст медарорад. Вале Омарг уро хамчун зани хиёнаткор ба халокат расонд. Аслан Фарохат дурандеши зохир менамояд. Вай наметавонист хакиру шарманда ба Бохтар равад. Аз ин ру маргро авлотар донист. Ва Чжан Тсян, ин марди далеру тавоно пеши худ икрор шуд: “Чи аблахи кард Чжан Тсян! Чи курдиланд мардон умуман. Танхо худро мебинанду аламхои кучаки худро ва аксаран фочиаи дили нозуки заиферо фахмида хам наметавонанд”.

Ва баъдтар ба хулосаи амик омада, мардона икрор шуд: “Фарохатро Омарг не, худи у кушт, рашку алами у кушт”.

Дар роман Сибэй хеле содику бовафо тасвир шудааст. Аз ишки поки у танхо метавон дар оташи хасад сухт.

Номи у рамзист. Дар сад сол дар биёбон як бор борон меборад. Ва он гох дар регтеппахо гулхои нозуки кабуд мешукуфанд, ки Сибэй ном доранд.

Сибэй Чжан Тсянро бо самимият “Мавлоно” “Хочаи ман” меномад. Вай ба хорию зори нигох накарда шавхарашро интизор мешавад. Ва хангоми дидани у худро пеши пояш мепартояд.

“ – Хочаи ман… Омади? Ман шодам… – дастони уро мебусид зан.

Сайёхи чини аз ин самимият моту мабхут гашт.

– Маро фаромуш накардаи?…

– Хочаи ман, магар зан шавхарашро фаромуш карда метавонад? Ман хамеша интизорат будам ва бароят хурок хам пухтаам.

Чжан Тсян ба гуши худ бовар накард:

– Хар руз барои ман хурок мепухти? Хамин кадар сол?

– Албатта. Охир, агар ту меомадию хурок тайёр намебуд, занатро чазо медоди”.

Хулоса, Чжан Тсян иродаи матину тобу токати оханин зохир намуда, то охирин нафас, дандон ба дандон нихода, бо он хама орзуву ниятхои покаш, ишку мухаббаташ, ахду вафояш хамеша устувор мемонад. Ин аст, ки император уро бо унвони ифтихории “Арбоби бузург” сарфароз намуд, маоши харсола муайян кард, хавлию бог, хизматгорон ва панчох нафар гуломон ба ихтиёри у бидод.

Чжан Тсян ба кавли Хофиз хак дошт бигуяд:

          “То дарахти дусти боре дихад,

          Холиё рафтему тухме коштем”.

Пас аз мутолиаи роман мисрахои Хайёми Нишопури ба ёд меояд:

          “Онон, ки кухан буданду онон, ки наванд,

          Хар як паси якдигар якояк бираванд,

          Ин мулки чахон ба кас намонад човид,

          Рафтанду равему боз оянду раванд”.

Бале, Чжан Тсян рафт, вале номи некаш човидона монд. Ва романи “Шохрохи абрешим” далели ин гуфтахо аст. Мо ба муаллифон бархак хамакида хастем: “Чжан Тсян вокеан зиста буд ва ин китоб далели умри пурбаракати уст”.

Атахон Сайфуллоев менависад: “Дар насри муосири точик хануз асари идеалиеро нахондаам. Ин асар хам мохи беайб нест”. Албатта, роман аз камбудихо ори нест. Баъзе камбудихое, ки ба назар мерасанд, харгиз кимату арзиши романро коста намегардонанд.

“Чин ва Точикистон мамлакатхои дуст ва хамсояанд, ки тавассути куххои баланд ва дарёхои бузург ба хам пайвастаанд. Дустии халкхои хар ду мамлакат таърихи кадими дорад” – менависад Ходими намоёни давлатию чамъиятии Чумхурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин.

Имруз бошад шохрохи Кулоб – Дарвоз – Кулма ин куххои баландро убур карда, лаб-лаби дарёхои бузург “чун тори хушнавои сози мусики пуртанин аст”.

 Хушбахтона, дар баробари дарёхои бузург чашмаи мусаффое арзи вучуд намуд. Ин чашмаи мусаффо романи Ато Хамдам ва Леонид Чигрин “Шохрохи абрешим” мебошад. Аз ин чашмаи мусаффо рохати чисму рух эхсос мешавад. Бехуда дар Машрикзамин нагуфтаанд: “Инсоне ки об аз чашмахои мусаффо менушад, худ низ ботинан ва зохиран поктар мешавад”.

Бигузор ин чашмаи мусаффо дарёи мухаббату дустии халкхои чину точикро бо оби поки хакикату адолат ва маърифат шодоб гардонад.

Мо дар арафаи чорабинии мухими сиёсиву давлати – 15-солагии баркарор намудани муносибатхои дипломати миёни Чумхурии Мардумии Чин ва Чумхурии Точикистон карор дорем. Ба гумони голиби ман бори сеюм бо тахрир  ва иловахои нав дар як чилд бо ду забон ба табъ расидани романи “Шохрохи абрешим” бехтарин тухфаи ахли эчоди Точикистон ба муносибати ин чорабини мухим аст. Ато Хамдам ва Леонид Чигринро бо ин дастовардашон самимона муборакбод намуда, онхоро даъват мекунем, ки романи наве аз имрузи Шохрохи абрешим, ки пайвандгари дирузу имруз аст нависанд. Мо ба онхо тавфик ва парвози баланди эчоди таманно дорем. Аз фурсати муносиб истифода карда аз Сафири нави Фавкулодда ва Мухтори Чумхурии Мардумии Чин дар Точикистон чаноби Ли Хуэйлай эхтиромона хохиш дорем, барои харчи зудтар бо шакли пурра ба забони чини тарчума ва нашр шудани ин китоби арзанда мусоидат намоянд.

Ташаккур ба таваччухатон!

23 декабри соли 2006

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …