Главная / Гуногун / ЧАНГИ ФАРОНСА ВА ПРУССИЯ

ЧАНГИ ФАРОНСА ВА ПРУССИЯ

Сабабхо ва максадхои чанг. Баъди дар соли 1866 дар хайати 22 давлати германиявй ташкил ёфтани иттифоки давлатхои Германияи Шимолй муносибатхои байни Фаронса ва Германия тезу тунд шудан гирифтанд.

Дар охирхои солхои 60-ум режими наполеонии Фаронсаро бухрон фаро гирифт. Империяи Дуюм дигар дар байни оммаи халк такягохи боэътимод надошт. Мардум аз он норозй буд. Ин режим танхо тавассути чанг мустакар мемонд. Ракиби чангии Фаронса пешаки маълум буд. Чанг бояд бар зидди Пруссия огоз меёфт. Наполеони III дар наздн худ максад гузошт, ки бо як зарбаи халокатовар ин давлатро шикаст дода, иттифоки давлатхои Германияи Шимолиро бархам занад. Бо ин рох имконият надихад, ки Германия» ягонаи пурзур ташкил карда шавад.

Чанд сол кабл дар чанчолхои байни давлатхои Германия Фаронса макоми хакамро ичро мекард. Вале, вакте ки Пруссия соли 1866 дар чанги зидди Австрия голиб баромад, вазъият тагйир ёфт. Пруссия боварй хосил кард, ки акнун кудрат дорад давлатхои Германияро “аз боло” тавассути кувва муттахид созад. Фаронса бошад, мехост ки макоми хакамии худро бар давлатхои германиявй боз аз нав баркарор кунад. Фаронса душмани ашаддии муттахидкунни давлатхои германиявй буд. Агар Пруссия ва давлатхои дигари германиявй дар чанги дар пешистода бар Фаронса голиб баромада метавонистанд, пас бе мамониат дар давлати ягонаи милли муттахидшавии давлатхои Германия ба амал омада метавонист. Аз ин ру, хар ду тараф хам ба чанги дар пешистода манфиатдор буданд.

Шикасти Фаронса дор огози чаш 19 июли соли 1870 Наполеони III бо Пруссия чанг эълон кард. Дар ин чанг фаронсавихо ба галабаи осон умед мебастанд. Вале лашкари муттахидан давлатхои германиявй ба чанг тайёрии пухта дида буд. Хануз дар мухорибахои наздисархадй Фаронса ташаббусро аз даст дод. Аз аввали чанг ташаббусро Германия ба даст гирифт. Як кисми лашкари Фаронса аз сабаби бехунарии лашкаркашон дар калъаи Мете, ки он дар сархади

шарки буд, ба мухосираи лашкари Германия афтода, торумор гардид.

Кисми дигари сипохи Фаронса, ки Наполеони III хамрохи он буд, ба  лашкари дар калъаи Мете бамухосираафтода шитофт. Ин нерухоро лашкари Германия дар пастхамии Седан “пешвоз’ гирифт. Дар ин чо мухорибаи шадиде ба амал омад, ки дар натичаи он лашкари Фаронса шармандавор шикаст хурд. 2 сентябри соли 1870 Наполеоии III фармуд, ки барои таслим шудан парчами сафед бардошта шавад. Гайр аз хазорон нафари куштаю ярадоршуда 80 хазор нафар афсару аскарони Фаронса ба душман асир афтоданд.         «

Дар назди Седан шармандавор шикаст хурдани лашкари Фаронса аз пусида рафтани Империям Дуюми Фаронса дарак медод.

Инкилоби 4 сентябри соли 1870. Дере нагузашта хабари шикаст хурдани лашкари Фаронса ба Париж расида, кахру газаби бепоёни мардуми оддиро ба вучуд овард. 4 сентябр мардуми пойтахти ба кучахои шахр баромада аз нав баркарор карданн чумхури ва мухофизати ваганро такозо кард. Онхо дар якчанд соат аввал бинои Корпуси Конунбарор ва Ратушаи шахри ва баъд тамоми шахрро ба даст дароварданд. Он руз халк бар хокимиятн император Наполеоии III талиба кард. Фаронса чумхурй эълон карда шуд.

Инкилоби 4 сентябри соли 1870 дар таърихи Фаронса инкидоби чорумин буд. Харчанд дар он мардуми оддй галаба карда бошад хам, буржуазиям дар ин кор тачрибадори Фаронса аз он истифода бурда, аз рузи аввали инкилоб хокимиятро ба даст гирифта, хукумати муваккатиро ташкил намуд.

Хукумат хиёнати милли. Хукумати муваккатии буржуазии ки 4 сентябри соли 1870 ташкил ефт. кайфияти ватандустонаи мардумро ба хисоб нагирифта наметавонист. Барон камин худро хукумати “Начоти Милли” номид.

Вазири корхои хоричи Жюл Фавр ба халки башуромада эълон кард, ки харгпз ягон вачаб замин ва ягон сайт кальахоро нахохад дод. Ин суханхо гапфурушии авомфиребонаи руйрост буданд. Барон мухофизати Париж сокинони онро мусаллах кардан лозим меомад. Вале ин кор ба акидаи хукумат маънии мусаллах кардани инкилобро дошт. Хукумати муваккатй аз ин икдом метарсид. Вай намехост, ки халк мусаллах туда, ба муборизаи зидди истилогарон бархезад. Ии кувва метавонист дар катори истилогарони Пруссия хукумати муваккатиро хам руфта партояд. Аз хамин сабаб хукумати муваккатй мехост, ки тезтар бо Пруссия забои як кунад. 27 сентябр лашкаре, ки ба он дар Мете генерал Базен фармондехй мекард. ба душман таслим шуд. Дар натича 173 хазор нафар афсару аскаронн Фаронса асир афтоданд. Пруссияихо инчучин лавозимоти харбии зиёде ганимат гирифтанд. Баъди ин лашкари 230-хазорнафараи Пруссия бе ягон мушкилии чиддие ба тарафи Париж харакат карда, онро мухосира намуд. Хукумат бошад. барон мухофизат кардани шахр чорае надид.

18-20 сентябри соли 1870 хукумати муваккатй пинхонй бо сарвазири Пруссия Бисмарк вохурда, пешакй дар бораи сулх ахду паймом кард. Баъд бо Пруссия Созишномаи сулхи таслими хам баст. Дере нагузашта ин хиёнат ба халк маълум гардид. Вай хукумати “начоти миллй”-ро хукумати “хиёнати милли” номид.

Муковимати халк бар зидди истилогарон. Он чанговароне, ки ба душман таслим нашуда чон ба саломат бурда буданд, ба сафхои дастахои “франтирерхо” (“тирадозони озод”) дохил шуда. бар зидди истилогарон кахрамонона мечангиданд. Дар акибгохи душман дастахои чирикхо ташкил карда шуданд. Онхо ба ситодхои душман хучум мекарданд. Аз дасти ин чирикхо хар руз садхо душманон кушта мешуданд. Истилогарони Пруссия шахру дехотро оташ зада, ба хок яксон мекарданд.

Ахволи Париж нихоят вазнин буд. Мардуми дар мухосирамонда баходурона мукобилият нишон медод. Дар шахр гуруснагй хукмрон буд. Одамон мачбур мешуданд, ки сагу муш ва зогу гурбахоро хурда, аз мурдан рахо ёбанд.

Хазорон нафар парижихо ба Горди Милли дохил мешуданд. Мохи октябри соли 1870 шумораи он ба 250 хазор нафар расид.

Хукумати муваккатй хамоно хиёнати худро ба халки Фаронса идома медод. Вай охири Мохи январи соли 1871 бо Германия сулхи муваккатй баст. Баъди чанде дар шахри Франкфурта лаби Майн Созишномаи сулхи Фаронсаю Германия ба имзо расид. Хукумати фаронса розй шуд, ки музофотхои Элзас ва Лотарингияро ба Пруссия дихад. Бисмарк акнун намояндаи тамоми Германия шуд, чунки давлатхои Германия вокеан муттахид шуданд. Дар ин бора у ба оламиён эълон намуд.

Аъзои хукумати Фаронса дар гами мансабхои худ буданд. Барон дар сари хокимият мондан саросемавор ба Мачлиси Милли интихобот гузарониданд. Буржуазия, кишоварзон ва як кисми табакахои дигари ахолиро, ки аз максаду маккорихои хукумат хуб огахй надоштанд ва хам шохпараст буданд, истифода бурда, дар интихобот голиб баромад. Мачлиси Миллии навинтихобшуда бо сардории Тиер хукумати зиддихалкиро ташкил намуд. Хукуматдорони Германия аз натичаи интихоботи Фаронса каноатманд буданд. Онхо ухдадор шуданд, ки хукумати Тиерро дар Париж мухофизат мекунанд ва намегузоранд, ки дар ин шахр аз нав инкилоб cap занад.

Ташкилёбни Коммунаи Париж. Мукобилият бар зидди истилогарони Германия ва душманони дохилиро Горди Милли ба ухда допгг. Чанговарони он аз байнихудашон КМ Горди Миллиро интихоб карданд. Ба Горди Милли хукумати Тиер ягон хел ёрие намерасонид. Вай хатто ба гордчиён маош хам намедод. Гузашта аз ин. Тиер фармуд, ки Горди Милли бесилох карда шавад.

Гордчиён дар баландии Монмартра чой гирифтанд. 18 марти соли 1871 аскарони хукуматй ба онхо хамла карданд. Бонги изтироб зада шуд. Мардуми Париж ба по хест. Дастахои Горди Милли ба Нерухои хукуматй зарбаи халокатовар заданд. То зухр дар Париж хокимият ба дасти Горди Милли гузашт. Шуриши халкй галаба кард. КМ Горди Милли ба хукумати инкилобии мардуми мехнаткаши Париж табдил дода шуд. Хукумати Тиер ба Версал гурехт. КМ Горди Милли ба таври фаврй ба Коммунаи Париж интихобот гузаронид. Дар он мехнаткашон голиб баромаданд.

Коммунаи Париж дар муддати кутохи мавчудияти худ ба манфиати мардум чорахои зиёдеро ба амал баровард. Дар байни онхо бархам додани лашкари кухна ва ташкили лашкари нав,

моликияти чамъияти эълон кардан» воситахои истехсолот, манъи чаримаю фонзситонй аз маош, манъи мехнати шабонаи нонвойхо, мукаррар кардан» маош» хади акалл мусодира» корхонахои душманон» Коммуна ва ба ихтиёри кооперативхои коргарй додан» онхо ва гайра. Шурои Коммуна карор кард, ки» дар мактаб барои талабагон таълими хатмй бепул мебошад.

Шнкаст хурдани Коммуна. Хукумати Тиер ба хукуматдорони Германия дар бора» торумори Коммунаи Париж забои як кард. Барой хамин Бисмарк фармуд, ки» асирони харбй ба ихтиёри Тиер баргардонида шаванд. Ба Тиер муяссар шуд, ки» сипохашро то ба 130 хазор нафар расонад. Душманон» коммунаро дар Версал бар зидди Коммунаи Париж хаматарафа тайёрй медиданд. Шурой Коммунаи Париж ба мусаллах кардани Нерухои худ машгул буд. Вале барои бар зидди версалчиён пурра ба чанг тайёр кардани онхо муваффак нашуд.

Версалчиён ба Париж 2 апрели соли 1871 хучум карданд. Зан; мард ва хурду калон ба мудофиаи шахр бархостанд. Коммунархо шучоатмандона мечангиданд. вале куввахо баробар набуданд. Ба душманони инкилоби халки муяссар гардид, ки даромадгохххои шахрро ба даст дароранд. Баъди ин хучуми аксулинкилобчиён ба шахр аз се самт сурат гирифт.

Ахволи коммунархо аз он сабаб вазнин мешуд, ки фармондехии Нерухои мусаллахи Германия аз тарафи шаркии шахр ба версалчиён рох кушод. 21 май ба версалчиён муяссар шуд, ки тавассути дарвозаи Сен-Клу ба шахр зада дароянд ва кучаю махаллахоро паси хам ба даст дароранд. Аъзои Шурои Коммунаи Париж хам дар сангархо бар зидди версалчиён кахрамонона мечангиданд. Дар ин маврид зану фарзандонашон хам ба онхо ёрй мерасониданд. Чангхои аз хама хунин аз 21 то 28 май ба амал омаданд. Он рузхо номи “хафтаи хунин”-ро гирифтаанд.

Версалчиён коммунархои охиринро рузи 28 май дар назди девори кабристони Пъер-Лошез тирборон карданд. Бо хамин Коммунаи Париж шикаст хурд. Он хамаги 72 руз давом кард.

Сабабхои шикаст хурдани Коммунаи Париж. Версалчиён тамоми хатохои коммунархоро мохирона истифода бурданд. Онхо дар байни халк зидди коммунархо корхои таблиготи бурданд. Версалчиён коммунархоро муфтхуру горатгар меномиданд. Моликиятдорони майдаро аз он метарсониданд, ки гуё Коммунаи Париж моликияти онхоро мусодира мекард бошад.

Версалчиён бар зидди коммунархо лашкари Германияро истифода бурданд. Душманон дар Париж чосусони зиёде доштанд, ки онхо ба зарари коммунархо кор мекарданд. Аксулинкилобчиён имконият доштанд, ки аз Банки Париж бе мамониат маблаг бигиранд. Коммунархо баъди дар Париж галаба кардан ба Версал хучум накарданд. Бо ин онхо ба муттахидшавии аксудинкилобчиен ва тайёрии хучуми онхо ба Париж имконият доданд. Коммунархо маблагхои банкро барои пойдории инкилоб истифода набурданд. Онхо ба аксулинкилобчиён рахмдилона рафтор карданд. Инчунин Нерухои харбии тарафхои мукобил баробар набуданд. Бартари ба фоидаи версалчиён буд. Инкилоби халки асосан дар Париж галаба кард. Он дар тамоми Фаронса пахн нагардид. Хамаи инхо сабабхои нокомии Коммунаи Париж гардиданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …