Главная / Илм / ЧАМОАТХОИ ИБТИДОИ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

ЧАМОАТХОИ ИБТИДОИ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Осори палеолити поин.

Замони пайдоиши нахустин одамонро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври якин муайян кардан хеле душвор аст, зеро осори аз хама кадимаи хаёти онхо боки намондааст. Ба гумони баъзе олимон, гуё Осиёи Миёна дар дохили минтакаи одамшавии маймун вокеъ гардида будааст[1]. харчанд ин акида маъмул ва макбули умум махсуб ёфта наметавонад, бо вучуди ин кашфи кадимтарин ёдгорихои хаёти одамиро дар ин сарзамин набояд берун аз имкон донист.

Соли 1953 А.П. Окладников дар руди Унарчаи наздики дарёи Норини Киргизистон аз девораи регии суфаи кадимаи плейстотсени миёна кайроки калони дасти инсон расидаро, ки як тарафи он ба теги дарози барчастаи камони монанд аст, пайдо намуд. Чунин олат дар илми бостоншиноси бо номи чоппер – олати кайроксанг машхур аст[2]. Пас аз чанд соли бозёфти ин олати кадима дар махалхои мухталифи Осиёи Миёна боз дах макони он кашф гардид[3]. Ин гуна олат дар бисёр нохияхои Олами Кухан ба хуби маълум буда, кадимтарин маданияти инсони – маданияти кайроксангро тавсиф менамояд[4].

neolit-768x492Тахлили типологи нишон медихад, ки олати кайроксанги Осиёи Миёна бо маданияти ба истилох суонии давраи палеолити хиндустон хеле шабохат дорад[5]. Аз ин чунин бармеояд, ки ин ду кишвар дар давраи палеолити поин як рохи умумии таърихиро тай кардааст. Чунон ки аз мадракхои геологи маълум мешавад, ахли маданияти кайроксанг дар давраи пиряххои нахуст ва яхбандии рис, яъне дар давраи плейстотсени миёна, беш аз 200 хазор сол кабл аз ин зиндаги ба сар бурдаанд. Он вактхо чунин хайвонот, аз кабили чинсхои кадимаи фил, асп, мамонт ва бизонхои шохдароз, намудхои гуногуни каркадан вучуд доштаанд. Аз руи баъзе далелхо, одам дар он замон хеле кам будааст.

Олати навъи дигар дастколахои санги, ки барои палеолити поини Европа бисёр характернок аст, факат дар кисмати гарби мамлакат – дар Туркманистон пайдо гардид.

Баъзе олимон изхори шубха мекарданд, ки Осиёи Миёна ин кадар барвакт маскани одам шуда будааст, зеро нишонахои зиндагии инсон дар ин махал аввало, ки хеле кам, дар баъзе чойхо, алохида-алохида ёфт мешуданд ва сони, аслан дар кабатхои аз хама болоии заминхои сохили дарёхо ба назар мерасиданд. Вале инак соли 1973 дар магзи зардхоки Каротоги Ёвон ва сипас, дар хафт чои чануби Точикистон дар магзи хокхое, ки дар чукурии 50–65 метр вокеъ мебошанд, олоти санги ба даст омад. хафриёти ду бошишгох – бошишгохи Каротоги 1 ва Лохути-1 нишон дод, ки дар ин чо нишонахои бошишгохи нав, осори маданияти то ба хол номаълуме хастанд, ки он «маданияти Каротог» ном гирифт. Таърихи ин кабати археологи 200–150 хазор сол аст, ки инро бо мадракоти геологи муайян карда, баъд бо усули термолюминистсенсия аник намуданд. Маданияти Каротог аз чихати тавсифоти худ ба маданияти кайроксанг мансуб аст ва аз маданияти суонии нимчазираи хиндустон, ки дар боло номбар шуда буд, ягон фарки казои надорад. Баъди ин кашфиёт чои шубха нест, ки дар Точикистон ва Осиёи Миёна сараввал тоифахое маскун шуданд, ки ба даврахои маданияти кайроксанг тааллук доштанд[6]

[1] Нестурх М.Ф., 1964.

[2] Окладников А.П., 1966 б, с. 19.

[3] Ранов В.А., 1966.

[4] Ниг.: масалан, Movius H.L. 1944; Lуadуy L. S.В., 1951 ва u.

[5] Ранов В.А., 1964 а.

[6] Ranov V.A.., 1976.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …