Главная / Илм / ЧАЙРА дар Канзи Шифо (Китоб)

ЧАЙРА дар Канзи Шифо (Китоб)

jayra_hayvon-660x330Чайра (Чайра) чонвари маълум аст, ки дар баданаш хорхое дорад ба дарозии як вачаб ва аз он кутохтар, ки барои химояи худ ба кор мебарад. Мизочаш дар аввали дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: Чобир бинни Чаббон-ус- Суфи дар «Китоби хавосси кабир», гуфтааст, ки гушти чайра барои кушодани пешоби баста шифо мебахшад ба ин усул, ки онро бо корд гулу бурида, пусташро канда, гушташро дар офтоб чандон хушк намоянд, ки кобили куфтан ё бо сухон тарошидан гардад. Баъд куфта ё бо сухон тарошида, аз 9 ё 13,5 грамми онро дар шароб хал карда, биёшоманд, пешоб ба зуди кушода мегардад ва бо хамин аз он иллат шифо меёбад.

Гушти чайраро бихуранд, барои дафъ кардани иллати никрис (подагра) нафъи азим дорад. Агар инро батакрор гузошта банданд ва молидани хуни он доги кунчидак ва чиркхои баданро дафъ мекунад. Гуши онро занхо аз таг бардоранд, хайзи онхоро равон мекунад.

Аз хори он мор ва чонварони дигари захрнок мегурезанд, хатто ба он наздик намеоянд. Хорпушт ва чайра ба мор хусумат доранд, онро мекушанд. Бинобар хамин морхо аз онхо гурезон мебошанд.

Чун чайраро бисузонанд ва бо навшодир то ба хадде бикубанд, ки кариб хал гардад, баъд бо асали кафкгирифта сиришта, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш бимоланд, муй меруёнад ба зуди. Чохои ин кабил муйрехтаи сарро бо танакори армани то сурх шуданаш бимоланд, баъд саргини чайраро бо равгани зайтун даромехта бимоланд, ба зуди муй меруёнад.

Саргини сухтаи чайраро бо равгани мурд ё бо дигар равганхо даромехта, ба хар чойи бадан, ки хоханд, бимоланд, муй меруёнад. Пусти чайраро сухта, бо хардал (горчица) ва асали сурхи кафкгирифта сиришта, ба сар бимоланд, муйро дароз мекунад ва аз таркидану рехтан нигох медорад, инчунин ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш батакрор бимоланд, муй меруёнад.

Сипурзи хушккардаи чайраро куфта, бо шароб биёшоманд, барои гудохташавии сипурз дору мебошад; чунончи, шахсе иллати шадиди сипурз дошт, сипурзи чайраро бирён карда бихурд ва баъди се соат араки бисёр кард, дар дарунаш дарди сахт пайдо шуд ва баъди як соат пешоби бисёре кард, ба кадри 200 грамм ва зиёда аз он шошиду шифо ёфт.

Захраи чайраро бароварда, бо сурмаи аълосифат ос кунанду онро ба чашм кашанд, гули чашмро ба зуди дафъ мекунад. Захраи хушккардаи онро чанд маротиба бимоланд, песи навро дафъ мекунад; бо гугирд даромехта бимоланд, песи кухнаро дафъ мекунад.

Захраи чайраро хушк карда, куфта, бо шароб хамир карда, курсхо сохта, хушк намуда, вакти хочат бо сирко соида, ба бавосири кухна бимоланд, онро сихат мебахшад ва хамон дам хунашро катъ менамояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …