Главная / Гуногун / Бухоро пеш аз Русхо

Бухоро пеш аз Русхо

Куввахои истехсолкунанда

Масохати аморати Бухоро 180 хазор километри мураббаъро ташкил мекард.[1] Махалхои ин сарзамин аз чихати чойгиршавии ахоли яксон набуданд: водихои Зарафшон ва Кашкадарё сернуфуз ва Бухорои Шарки нисбатан камнуфус ба шумор мерафтанд. Албатта, дар ин кисмати аморат водихое хам буданд, ки нуфуси хеле зиёд доштанд.

Ба сабаби набудани маълумотхои статистики мукаррар кардани микдори сахехи ахоли имконпазир намегардад. Мувофики тахмини Е.Ф.Мейендорф (с. 1820) дар аморати Бухоро дувуним миллион кас мезистааст. Ба тахмини Н.В.Хаников (с. 1841) теъдоди ахолии ин мамлакат ду-дувуним миллион нафар аст.[2] Мо барои охири асри ХIХ маълумоте (хамчунин тахмини) дар даст дорем, ки тибки он нуфузи аморат якуним – ду миллион кас будааст.[3] Шояд микдори ахолии аморати Бухороро 2 миллион кас тахмин кардан дуруст бошад. Кисмати асосии ахоли аз узбекон ва точикон (мачмуан 80%) иборат буда, аз паси онхо туркманхо (10% ахоли), арабхо, казокхо, киргизхо ва дигарон ба шумор мерафтанд. Агарчи худуди нисбатан бештар ва ё асосан икомат доштани точикон дар шахру дехоти аморати Бухоро ва хонии Хуканд мавчуд буд, дар бисёр нохияхо онхо якчоя бо узбекон мезистанд, чунон ки дар миёни сокинони бисёр дехаву шахрхои узбекнишин точикон хам буданд, дар аксари   махалхои   точикнишин    узбекон   низ  зиндагони   мекарданд.[4]

Ин ду халки бо хам алокаи хеле наздикдоштаро робитахои хешованди, мадани ва иктисоди муттахид месохтанд.

Таносуби ахолии мукимиву бодиянишин ва шахру дехотро факат ба тахмин метавон мукаррар кард. Зохиран, дар ибтидои асри ХIХ 40% ахолиро одамони кучи ва нимкучнишин ташкил медоданд,[5] аммо дар охири аср микдори онхо 35% гардид ва худи кучихо аз 15% бештар набуданд. Аз ин бармеояд, ки на факат камшавии вазни нисбии ин кисмати ахоли, балки таксими нави дохилии он бо афзудани фоизи одамони нимкучнишин ба амал меомад. Аз эхтимол дур нест, ки дар шахрхо факат дахяки ахоли, хатто аз ин хам камтар зиндагони мекарданд, яъне нуфузи дехот назар ба шахр бартарии мутлакро сохиб буд.[6]

Дар нимаи дувуми асри ХVIII ва хусусан дар нимаи аввали асри ХIХ дар аморати Бухоро ва хонии Хуканд корхои бузурги обёри анчом дода шуданд. Мухимтарин шабакахои обёрии водии Фаргона дар хамин вакт ба вучуд омаданд. Бо номи к у ш п у л и андози махсус чори гардид, ки маблагхои ба ин восита чамъовардаро аввалхо барои кандани каналхои нав истифода мебурданд ва баъдтар барои эхтиёчоти дигар низ сарф мекардаги шуданд. Каналу чуйборхоро на факат хукумат, балки феодалони калон хам месохтанд, ки сонитар аз хисоби истисмори дехконони дар заминхои оби зироаткунанда сарвати худро меафзуданд. хангоми кандан ва тоза кардани каналхои давлати мардуми гирду атрофро мачбуран ба хашар чалб менамуданд. Таъмири иншооти гидротехники низ ба хамин минвол анчом меёфт, факат барои нигох доштани дарготи Чупонато бахору тирамох панчхазоркаси ба кори мачбури бурда мешуд.[7]

Дар катори заминхои оби киштзорхои лалми хам, ки одатан дар баландихо, нишебихо ва доманаи куххо вокеъ мегардиданд, бисёр буданд. Дар заминхои оби усули киштгардони се-панчкитъави (майдони ришка ба киштгардон намедаромад) татбик карда мешуд. Олоти мехнат хеле содда буд. Бо омоч шудгор мекарданд. Ду навъи омоч ба кор бурда мешуд: омочи калон барои шудгори мазраахои сахро, ки онро барзагов мекашид ва омочи хурд барои шудгори полиз, ки онро ба хар мебастанд. Ба воситаи омоч замин чунон шудгор карда мешуд, ки барои хокгардон эхтиёче намемонд.[8] Сипас, бо мола ва сихмола хоки замини шудгоршударо майда ва хамвор мекарданд. К а л а н д аз мухимтарин ва кулайтарин олатхои зироат махсуб меёфт ва бесабаб нест, ки то имруз дар Осиёи Миёна хеле васеъ ба кор бурда мешавад. Якчанд навъи бел вучуд дошт, вале доираи истифодаи он назар ба каланд махдудтар буд. Бо дос дарав мекарданд ва ин олати мехнат хам чанд хел мешуд. Дехконони камбагалтар хосили даравкардаи худро дасти бо куба ё тухмоки вазнин мекуфтанд. Барои бод кардани хирман бел ё панчшохаи чубиро ба кор мебурданд. Дар богдори аз качкорд истифода мекарданд. Дар кухистон чигина ва дар води хелхои гуногуни аробаи дучарха вазифаи наклиётро адо менамуд.

Барои пурзур кардани замин ба киштзор пору ва хоки теппахоро мепошиданд, ки дар таркиби худ бисёртар селитра дошт. Албатта, ин корро хам факат заминдорони бою бадавлат карда метавонистанд. Онхо ба хар гектар замини кишт аз се то шаш хазор пуд пору, то дувоздах хазор пуд хок мерехтанд. Гохо ба чои пору ахлоти кухнаи пусидаро низ истифода мекарданд.

Рочеъ ба сохт ва таркиби майдонхои кишти заминхои оби дар давраи ба Россия хамрохшави мадракхои сершуморе мавчуданд. Чунончи, дар нохияи Хучанд 60% заминро киштзори галла (аз он нисфаш гандум, баъд чувори ва шоли, камтар чав ва арзан) ташкил менамуд. Такрибан 14% майдон аз богу токзор иборат буд. Пахтаи чойдори 11,5%, ришка 6,4%, обчакори 4,6% майдонро ишгол менамуд. Умуман чунин таксими зироат аксаран хоси водихост, аммо бояд таъкид кард, ки дар ин бобат байни нохияхои чудогона тафрикахои калон вучуд доштанд. Дар махалхои ба шахр наздик бештар богдори ва обчакори равнак меёфт. Дар богхо ангур, себ, нок, анор, зардолу, бодом, анчир, тут ва гайра парварида мешуданд, ки бо навъхои олии худ шухрат пайдо карда буданд.[9] Дар баъзе нохияхо мавкеи асосиро зироатхои саноати ишгол менамуданд, ки мухимтарини онхо пахта, тамоку, загирпоя ва растанихои ранги буданд.

Дар асархои тадкикии таърихшиноси аксар вакт таъкид мешавад, ки техникаи хочагии кишлок хеле содда ва ибтидои буд. Бешак, ин дуруст аст. Аммо дар ин маврид набояд ба кутохназари рох дод ва ин бахоро умуман ба хочагии кишлок раво донист. Мутолиаи дакики мадракхо нишон медихад, ки тачриба ва малакаи дар зарфи хазорон сол хосилшуда бар абас нарафтааст. Дар Осиёи Миёна тарзхои нихоят окилонаи истехсолоти хочагии кишлок дар хамон дарачаи тараккиёти техникаи хочагии кишлок ва муносибати обу замин ба вучуд омада, дар амал чори гардида буданд. Усули зироати обии ба шароити хоку иклими  нохияхои гуногун мувофик, ки дар он бисёр омилхо аз пешбинии халкии обу хавои сол сар карда, то савияи боздошти оби зеризамини ба назар гирифта мешуданд, тахия гардида буд. Дехкон мехнати хеле зиёде сарф намуда, заминро барои зироат омода месохт. Барои равшантар гардидани ин матлаб ба тарики мисол дар парвариши  пахта таваккуф  мекунем: Пахта дар замине кишт карда мешуд, ки пештар дар он чо галла, хусусан чойчувори ва  хамчунин зироати лубиёи  парвариш ёфта бошад. Пас аз чамъоварии зироати пешина заминро шудгор карда, то охирхои тирамох дам  медоданд, ё худ чунон ки  мегуянд «офтоб мехуронданд». Сони, яхоб медоданд, ки ин усул то хол маъмул аст. Максад аз ин дар вакти фаровонии об пешаки заминро бо об сер кардан буд. Дар аввали бахор пору пошида, дафъаи якум шудгор мекарданд, аз паси он об мемонданд. Баъди дах руз дувумбора аз каду бар такроран шудгор карда, бо каланд хокро нарм менамуданд. Сони, мола мекарданд. Пунбадонаро 4–5 руз дар дегхои калон тар карда монда, баъд ба замин мепошиданд ва бо мола ба руяш хок мекашиданд, ё худ аксар вакт чуякхо сохта пунбадонаро ба пуштахои он мешинонданд. Дар хавои гарм пас аз 10 руз он аз зери хок неш зада мебаромад. Баъди 10 рузи дигар киштзорро каланд мекарданд. Пас аз чанд вакт дехкони пахтакор заминро дафъаи дувум каланд мекард, вале ин бор андаке чукуртар. Баъд чеканка мекарданд.

Киштзори пахтаро хишова карда, аз алафхои бегона тоза менамуданд ва сафолакхои дар натичаи обёри ба вучудомадаро бо каланд нарм мегардонданд. Аз руи хисоби як мутахассиси пуртачриба такрибан чил амали захматталабро анчом додан лозим меомад, то ба чидани пахта шуруъ намоянд.

А.Ф.Миддендорф дар бораи дехконони Фаргона навишта буд: «Кобилияти кори ва хунари бузурги бо мехнати сахт ба худ мутеъ сохтани табиат ва ба вохахои бихиштосо табдил намудани биёбонхои хомун дар ин мардум бурдбории махсусеро парваридааст…».[10]

Дар овони бачаги ва чавони ман бо рафикони хамсолам дар ин корхо иштирок доштам. На факат парвариши пахта, балки дарави дастии галла ва бисёр корхои дигари зироат хеле душвор ва пурмашаккат буд. Чавонони рустоии имрузаи точик ва узбек ягон кадар тасаввуре надоранд, ки бобоёнашон як лукма нони худро бо чи микдор араки чабин ба даст меоварданд. Дар айни замон, дар миёни хамкишлокиёни ман устодони мохири хочагии кишлок, агрономхои модарзоди тачрибаи садхо наслхоро азхудкарда низ буданд. Онхо аз хурдтарин нишона ва аломате метавонистанд обу хавои соли ояндаро пешгуи кунанд ва медонистанд, ки барои кишт, обмони ва дигар корхои зироат кадом вакт бехтар ва мувофиктар аст. Дар байни онхо богбонони гулдаст хам буданд, ки усулхои гуногуни пайванд ва парвариши олитарин навъхои дарахтони меваро медонистанд. Бояд гуфт, ки богдори хам шугли осон набуд. Масалан, ба анор дар як сол аз 6 то 10 бор об додан лозим меомад. Дар нохияхои кухистон канал сохтан душвор буд, муддати кутохи расиши растани ва замини санглох корро боз хам мураккабтар менамуд. Яке аз сайёхони рус дар хайрат афтода буд, ки мардуми кухистон аз майдонхои худ бемухобот миллионхо адад санг чамъ мекарданд.

Дар баробари мавчуд будани анъанаи гании зироаткории Осиёи Миёна набояд аз он чашм пушид, ки дониши илмии хозиразамон, аз чумла, илми агрохимия ба ин сарзамин рох намеёфт, техникаи хочагии кишлок ба дарачаи ибтидои буд ва истифодаи обу замин бо усулхои аз дахан мондаи феодали сурат мегирифт. Бинобар ин, ба мехнати хеле зиёд ва махорати дехконон нигох накарда, самараи хочагии кишлок ночиз буд.

Чорводори такрибан дар тамоми вилоятхои аморати Бухоро таракки мекард. Вай хусусияти возехи экстенсиви дошт. Мардуми водинишин аз чорводори дида бештар ба зироаткори машгул буданд. Ба истиснои одамони давлатманд, хар як хочаги 1–2 сар чорво дошт, он хам аксаран аз гову барзагов ва хеле кам аз бузу гусфанд иборат буд. Дар хочагии точикони кухистон ва Помир чорводори мавкеи дарачаи аввалро ишгол менамуд ва аз чихати ахамияти худ бо зироаткори, ки бо он робитаи узви дошт, комилан хамвазн буд: бе пору хосил хеле кам меруид, бе чорво корхои хочагии кишлок анчом намеёфт, вай ба мардум хурок ва пушок мухайё мекард. Аз ин чихат хам гов дар чои аввал меистод ва гусфанду буз мутобикан чойхои дуввум ва севумро ишгол менамуд. Чун дар фасли зимистони дуру дарози кухистон омода сохтани хуроки чорво ба сари хар охур бо душворихои зиёде муяссар мегардид, микдори рамахо махдуд буд.

Чорводории тоифахои нимкучнишин ва алалхусус кучи хусусияти дигар дошт. Рамахо ва хамрохи онхо ахоли, ё худ як кисми он, гохо факат чупонхо аз як чарогох ба чарогохи дигар мегузаштанд. Давраи дар чарогох нигох доштани чорво хеле мураккаб ва тулони буд. Чаронидани рама махорати калон, донистани чорво ва чарогох часорат ва мардонагиро талаб мекард. Бе сабаб нест, ки дар бораи туркхои карлук хамчун гусфандпарварони мохири шухратёфта дар байни халк мегуфтанд: «Карлук забони гусфандро медонад» ё ки «Карлук модари гусфанд аст». Кунгродхо дар шутурпарвари ва лакайхо дар асппарвари машхур буданд. Киргизхоро басазо чорводорони мумтоз медонистанд. Аммо микдори чорвои онхо бисёр набуд. хар як хонадони киргизхои чануби ба хисоби миёна 1,8 сари гов, 3,1 сари асп ва 12,8 сари гусфанд дошт. Чорвои кисми асосии ахоли амалан аз ин хам камтар буд, зеро давлатмандон чандин хазорсари чорворо сохиби мекарданд  (масалан, дар байни карлукхо касоне буданд, ки хар яке 20–25 хазор сар гусфанд дошт). Микдори гову гусфанди чорводорони камбагал ба дарачае кам буд, ки барои то охири сол таъмин кардани хуроки хонаводаашон намерасид. Чут, яъне дар натичаи ях бастани чарогох ва аз хад зиёд боридани барф саросар талаф шудани чорво, боз як балои дахшатангезе буд.[11]

Ахолии шахр дар баробари касбу хунар ва тичорат ба заминкори хам машгул  мешуд. В.В.Радлов дар бораи Самарканд аз руи таассуроти соли 1868 хатто навишта буд: «Самаркандихо ба саноат кам шугл доранд, дар ин чо хамаги чанд фабрикаи бофандаги хасту халос, машгулияти асосии ахоли богдори, истехсоли абрешим ва пахта аст»[12]. Дар навбати худ дар дехот истехсолоти хунарманди таракки карда буд. Чунончи, Т.С.Бурнашев соли 1795 хабар дода буд, ки ахолии дехоти Бухоро «мисли шахриён» ба касби бофандаги машгуланд ва онхо низ на дар бинои махсус, балки дар хонаи худ кор мекунанд. Андаке пештар соли 1781 М.Бекчурин навишта буд, ки дар Бухоро «…фабрикахои номи вучуд надоранд, факат фабрикахои хурди матоъхои абрешим ва пахтагии одамони сохибихтиёр мавчуданд, аксаран дар хонахои худ читу хомсуф мебофтаанд…»[13].

Мувофики ахбори сайёхон, касбу хунари дехот ба дарачаи кофи ривоч ёфта буд.[14] Аммо дарачаи тараккиёт ва такомулоти техникии касбу хунари шахр баландтар буд.

Сайёхони асри ХIХ аксар вакт савияи пасти инкишофи истехсолоти хунармандиро таъкид кардаанд. Ин холат аз он вачх руй додааст, ки мушохидони онвакта ба вокеияти Осиёи Миёна ба воситаи маншури саноати фабрикию заводии рус (ва ё Европаи Гарби) назар афкандаанд. Лекин дарвокеъ, истехсолоти хунарманди, чунон ки аз ахбори онхо, санадхо ва мадракхои этнографи маълум мешавад, ба дарачаи баланди тараккиёт расида буд. Пеш аз хама, Бухоро, Тошканд, Карши, Самарканд, Шахрисабз, Хуканд, Хучанд ва Уротеппа барин шахрхои калон маркази касбу хунар ба шумор мерафтанд.

Аз руи хисоби О.А.Сухарева дар Бухоро 75-90 хазор кас, яъне бештар аз сеяки тамоми ахолии шахрнишини аморат зиндагони мекард. Бар тибки мушохидаи Н.В.Хаников дар соли 1841 точикон «нуфуси асосии шахри Бухороро ташкил медоданд».[15] Мувофики хисоби тахминии Е. Мейендорф дар соли 1820 онхо ба микдори аз чор се хиссаи теъдоди умумии ахолии пойтахти аморат буданд.[16]Ин сайёх асосан ба касбу хунар машгул шудани точиконро хотирнишон карда, ба сифати корбари ва хамчунин ба тараккиёти умуми, пеш аз хама тараккиёти мадании онхо бахои баланде додааст. Чунон ки мегуяд: «Точикон коргар ва мехнатдустанд ва ба пешахои гуногун кобилияти зиёде доранд: онхо хам точир, хам хунарманд ва хам дехконанд хаёти бодиянишини барояшон ягон фарахманди намебахшад. Аксари онхо хонда ва навишта метавонанд ва ба истиснои рухониён, кисмати  маданитари  ахолии Бухороро ташкил мекунанд.[17]

Истехсолоти хунарманди дар хаёти иктисодии аморат роли мухим мебозид. Аксари ахолии шахр аз косибону хунармандон иборат буд. Дар Бухоро такрибан 10-15 хазор пешаварон мезистанд, ки бо хонаводаи худ кариб чоряки   ахолии   шахрро ташкил медоданд.

Касбу хунар ихтисосхои зиёдеро фаро мегирифт. О.А.Сухарева, ки касбу хунари Бухорои асри Х1Х-ибтидои асри ХХ-ро тадкик карда буд, мадракхои хеле чолиб чамъ намудааст. Чузъиёти масъаларо ба рисолаи у хавола карда,[18] факат таксиму гурухбандихои зеринро хотирнишон менамоем. Кариб сад пешаи чудогона вучуд дошт, ки дар сохахои зерин гирд омада будааст: 1) сохту пардохти фулузот; 2) коркарди лиф; 3) бинокори; 4) даббоги; 5) либосдузи; 6) таббохи; 7) дигар касбу кор ва машгулиятхои тайёр кардани ашёи рузгор. хар як соха дар навбати худ ба бисёр гуруху навъхои касб чудо мешуд. Чунончи, сохту пардохти фулузот ба панч гурух таксим гардида буд: 1) охангари; 2) дегрези; 3) мисгари; 4) рехтагари; 5) заргари.

Дар айни замон, худи як гурухи охангари чунин пешаваронро дар бар мегирифт: а) челонгар; б) наългар; в) куфлсоз; г) кордгар; г) сузангар; д) мехчагар.

Ин  кабил  таксиму гурухбандихои  зиёде  дар  дигар  сохахои касбу хунар низ вучуд дошт.

Мадракхои архиви ва  этнографии рочеъ ба касбу хунархои мардуми Хучанд ва Уротеппаи асри ХIХ – ибтидои асри ХХ мавриди мутолиа ва баррасии мутахассисон карор гирифтаанд.[19] Аз хамрох шудан ба Россия дере нагузашта ахолии шахри Хучанд ба 20 хазор нафар наздик расид. Пешаварон бо хонаводахои худ  кисми мухимми ахолии шахр, зохиран, чунон ки дар шахри Бухоро мушохида мешуд, тахминан чоряки ахолии шахрро ташкил мекарданд. Зиёда аз 100 навъи истехсолоти хунарманди вучуд дошт. Аз он байн касби бофандаги равнаки бештаре пайдо карда буд. Хучанд дар катори Бухоро ва Хуканд яке аз мухимтарин марказхои истехсолоти бофандагии Осиёи Миёна хисоб меёфт.[20] Ин хусусияти иктисодиёти Хучанд хеле барвакт ба зухур омада буд. Ба хар хол дар маколаи беимзои «Рочеъ ба вазъияти  кунунии баъзе вилоят ва шахрхои  Осиёи Миёна» (с. 1826) гуфта мешавад, ки «ахолии Хуканд ва Хучанд» ба Россия (ба Петропавловск) бисёр пахта, абрешим, махсулот ва матоъхои абрешими ва пахтаги, аз чумла, чома меоранд.[21] Кулоли дар истехсолоти хунармандии Хучанд назар ба Бухоро мавкеи мухимтаре дошт.

Дар шахри Уротеппа аз 1041 дукони косибон 187-тоаш дар дехахои калон вокеъ гардида, хамаи бокимондааш дар шахр чой гирифта буд. Ин шахр бо истехсоли лавозимоти пашми, корд ва устура (поку) шухрат пайдо карда, маснуоти он на факат эхтиёчоти дохилиро конеъ мегардонид, балки ба берун хам содир карда мешуд.[22].

Дар Тошканд, ки аз чихати нуфус ба Бухоро наздик мешуд, машгулияти асосии ахоли аз зироат ва тичорат иборат буд. Вазни нисбии касбу хунар назар ба Бухоро камтар буд, вале ба хар хол махсулоти гуногун тахия мегардид. Беш аз хама касби бофандаги ва истехсолоти чуянрези ривоч дошт.[23]

Тачхизоти техникии истехсолоти хунарманди нисбатан паст ва нихоятдарача кухнаву анъанави буд. Касодии техника чихатхои хоси тарзи истехсолоти феодалист. Чунон ки В.И.Ленин ишора карда буд: «Конуни усулхои истехсолоти пеш аз капитализм ба андозаи пештара, дар асоси пештара такрор кардани протсесси истехсолот аст…» хочагии натуралии дехконон, истехсолоти касбии саноатчиён аз хамин кабил аст.[24]

Истехсолоти бофандаги бештар таракки карда буд ва дар он чо як дарача механиконии мехнат (чархи пояки, дастгохи бофандаги) ба кор бурда мешуд.[25] Бе сабаб нест, ки махз истехсоли матоъ сохаи асосии саноати феодали гардид, ки бо бозоргирии махсулот ва баъдтар бо вусъати хачми коргоххои худ тафовут мекард.[26] хунармандони Осиёи Миёна дар тайёр кардани маснуоти заргари, кулоли, хаккоки ва гайра махорати комил пайдо карда буданд.

Маводи хомро барои истехсолоти хунарманди аз хочагии кишлок ва хам аз истихрочи маъдан ба даст меоварданд. Мушохидони рус аксар вакт ба вазъи истихрочи маъдан тамоман бахои манфи медоданд (Е.Ф.Мейендорф, Хорунжий Н.И.Потанин, П.И.Неболсин ва диг.). Бисёр фулузот, аз чумла, охан, тилло, нукра ва г. дар хакикат аз Россия кашонда мешуд. Бо вучуди ин, дар Осиёи Миёна истихрочи маъдан кам набуд, вале ба сабаби хануз дар холати ибтидои вокеъ гардидани тарики истихроч ва хеле афзун будани талабот эхтиёчи кишварро тамоман рафъ карда наметавонист. Микдори зиёди тилло дар Бухорои Шарки бо усули заршуи хосил карда мешуд.[27] Дар куххои хисор, Помир (дар Ванч) ва дигар махалхо маъдани охан, дар Кухи Танг, кухсори Фаргона ва Варзоб сурб (кургошим) истихроч мекарданд. Дар Фаргона хамчунин кони нукра мавчуд буд. Дар хама чо намак хосил карда мешуд, онро хам ба шакли дурда (масалан, дар нохияи Камишкургон, райони хозираи Ашт, дар чануби Точикистон) ва хам ба шакли намаксанг (конхои машхури намаки рангини куххои Гузор, намаки кухи Хочамуъмини наздики Кулоб ва г.) ба даст меоварданд. Барои тайёр кардани борут аз шура (селитра) ва гугирд, ки дар махалхои гуногун конхои худро доштанд, истифода бурда мешуд. Дар кухистони Бадахшон ва  Фаргона  хар гуна чавохирот ва сангхои киматбахо, аз кабили лаълу ёкут, фируза, санги лочувард ва амсоли инхо ба даст оварда мешуданд.

Чамъбасти хамаи мадракхои мавчудаи рочеъ ба саноати маъдан [28] пешрафти муайянеро дар истихрочи сарвати зеризаминии асри ХIХ мавриди тадкик нишон медихад.

Дар ин пешрафт, гайр аз сабабхои умуми, дар чустучуи конхо иштирок намудани инженерхои маъданшиноси рус, ки бо даъвати хукмронони давлатхои хони ба Осиёи Миёна омада буданд,[29]хамчунин хамон русхое, ки хоху нохох дар ин сарзамин икомат доштанд, низ роли муайяне бозид.

Тадкики сарчашмахо нишон медихад, ки нохияхои чудогонаи кори пурмахсули саноати маъдан ба ташаккул шуруъ намуданд. Фаргона бо куххои атрофи худ, ки конхои тилло, нукра, сурб, охан, мис, нафт, хамчунин намак ва сангхои киматбахо доштанд, яке аз хамин кабил нохияхо ба шумор мерафт.[30] Дигар аз чунин нохияхо дар самти мукобил, интихои гарбии Осиёи Миёна чазираи Чилкон буд.[31]

Чамъиятхои   пешаварон  (сеххо) – коргоххои  пешаварон  ба вучуд омада буданд. К.Маркс ва Ф.Энгелс дар «Идеологияи немис» ба чамъиятхои пешаварони  асри  миёнаи Европаи гарби, аз чумла, чунин  тавсифот додаанд: «Таксими мехнат дар шахрхо байни чамъиятхои пешаварони чудогона холо (комилан) ибтидои буд, вай дар дохили худи чамъиятхо хам байни коргарони чудогона тамоман гузаронида намешуд. хар як коргар мебоист чанд корро бидонад, аз ухдаи хар коре, ки бо асбобу абзораш кардан лозим бошад, баромада тавонад; махдудияти тичорат ва робитаи сусти байни хамдигарии шахрхои чудогона, бенавоии ахоли ва камии талабот ба таксими минбаъдаи мехнат мамониат мекарданд, бинобар ин хар касе, ки усто шудан мехост, мебоист касби худро ба хадди аъло аз худ мекард»[32].

Ин тавсифотро комилан ба Осиёи Миёна хам нисбат додан мумкин аст. Ин имкон медихад, ки мохияти чамъиятхои пешаварони осиёимиёнаги, бо вучуди тафовуташон аз чамъиятхои Европаи гарби, хамчунин хусусияти махдудии тахассусхои косибону хунармандон амиктар дарк карда шавад. Дар доираи чамъияти пешаварон чанд навъи ячейкаи ибтидои вучуд дошт. Оддитарини он хавзаи лифбофон буд, ки дар он мавкеи асосиро шакли чамоати-хонаводагии ташкили истехсолот ишгол менамуд, аммо чамъият набуд. Дар дигар сохахо усули дуузва (усто–шогирд) ё худ сеузваи ташкили кор (усто-халифа, усто шогирд) мавчуд буд. Шогирд аввалхо факат хурок мегирифт, баъдтар андак музд хам мегирифтаги шуд. Аслан усули шогирди яке аз тарзхои истисмор ба шумор мерафт. Пайдоиши усули сеузва (аксаран дар истехсолоти бештар ривочёфта – бофандаги, кафшдузи, чуянрези) аз вусъати зиёди истехсолоти моли шаходат медод. Дарачаи боз хам баландтари тараккиёти он аз мавчудияти нахустин падидахои коргохи парокандаи саноати ва афзоиши микдори мардикорон низ аён мегардад. Дар давлати хонии Хуканд, дар арафаи хамрох шудан ба Россия, курхонаи давлати бо милтикхона ва тупхонааш вучуд дошт. Устохои яроксоз музд ва хуроквори (нон, гушт, чой ва гайра) мегирифтанд, баъзан аз андози замин хам озод мешуданд[33], шояд ин яке аз шаклхои  (иловагии)  музди мехнати онхо буд.

Дар бораи коргохи парокандаи саноати як силсила маълумот дар даст дорем. Чунончи, П.И.Пашино (с. 1866) навишта буд, ки дар истехсолоти бофандаги, масалан, як хучаин «…ба хонаводахои шиносаш– ба яке тоза кардани пахта, ба дигаре нахреси, ба севуми бофандаги, ба чоруми рангрези ва амсоли инро таксим карда медихад, ки дар ин сурат ба вай на сохтани бинои коргох, на харидани дастгох ва на додани музди вакти бекорнишинии коргар лозим намеояд». Ва боз: «…дар ин чо хам, мисли Россияи мо, кисмати зиёди захмат ба зиммаи занон ва наврасон меафтад, ки онхо бо тоза кардани пахта, ресидани нах, ба найча печонидани ресмон ва гайра машгуланд.»[34] Ба кавли П.И.Неболсин «агар дар Бухоро ягон чизи фабрикамонанд вучуд дошта бошад, пас ин муассисахоест, ки ба матоъ гулхои колаби мепартоянд, хам ба бофандагон калоба ва хам ба хайётахо барои духтан чомахои буридаро таксим карда медиханд».[35]

Микдори муассисахои калон аз миёнахои асри ХVIII хеле афзуд. Николай Григорйеви юнони, ки муддати зиёде дар Бухоро зистааст, доир ба миёнахои ин аср чунин хотирнишон менамояд: «Фабрикаи мануфактури факат якест, ки моли хамон Рахимбек (Рахимби –Б.Г.) мебошад ва он хам на он кадар калон буда, шохивори ва махмал истехсол мекунад…».[36]

Дар солхои 60-уми асри ХIХ вазъият ба кулли тагйир ёфт. Гурухи сохибони давлатманди коргоххои хунарманди пайдо шуданд, ки сарвати зиёдеро ба дасти худ чамъ намуданд. Кисмати косибони одди тамоман дигар буд. «Коргари бофанда,– менависад А.Д.Гребенкин,– аз соатхои 3–4 то нисфи шаб ва то намози шом нах ба нах кори худро ичро мекунад. Рузе на бештар аз як соат дам мегирад».[37]

Муносибатхои   ичтимои  дар   истехсолоти  хунарманди   хамоно феодали буд. Чунон ки дар боло гуфта шуд, шогирд хамеша мавриди истисмор карор мегирифт ва аз он ки шогирд аксар вакт писар ва ё хеши хучаин буду дар хонаи вай мехурду мезист, холаш бехтар намешуд. Халифа хангоми даромадан ба кор аз хучаин маблаги зиёд бунак мегирифт ва дар сурати тарк кардани кор мебоист онро баргардонад.[38] Азбаски ин дар амал аз имкон берун буд, халифа то охир побанди хучаин шуда мемонд. Умуман сармояи фоидахури мавкеи калонро ишгол мекард. Судхурхо аз хазор танга хар мох бист танга мегирифтанд ва дар як сол ситонидани кариб 25%,   яъне 250 сум фоида  амри табии хисоб меёфт. Аксаран хакки карз аз ин хам зиёдатар мешуд.

Чи навъе ки С. Айни шаходат медихад, «дар он вактхо дар дехот судхурони заминдор ба дехконони камбагал хар сад тангаро хар мохе то ба дах танга ба фоида мемонданд».[39] Бисёр вокеъ мешуд, ки карздор дар вакташ хакки карз ва ё тамоми карзро адо карда наметавонист ва судхур ба ивази он бо зур духтарони уро мегирифт.[40] Ин буд, ки мардум нисбат ба судхурон нафрат мепарвариданд.[41]

Чунон ки К.Маркс хотирнишон менамояд, сармояи фоидахури истехсолотро «ба холати фалокатбор расонида, ба чои ин ки куввахои истехсолкунандаро таракки дихад, онхоро фалач мекунад, дар айни замон шароити ночизи чамъиятиеро абади мегардонад, ки дар он хосилнокии чамъиятии мехнат, мисли истехсолоти капиталисти, аз хисоби худи мехнат намеафзояд».[42]

Косибону хунармандон дар системаи муносибатхои ичтимоию иктисодии давраи мавриди тадкики мо мукобили феодалон карор гирифта буданд. Дар айни замон, муборизаи синфи дар дохили табакаи хунармандон хам давом мекард ва шаклхои шадидтаре, аз кабили корпартоии шогирдону халифахоро ба худ мегирифт.

Пешаварон дар шахрхо гурух-гурух чойгир мешуданд, чунон ки ахли хар касб бо хамкасбони худ дар як махалла сокин мегардид. Масалан, дар шахри Бухоро бофандагон ду махалро маскан намуда, охангарону челонгарон низ дар ду махалла ва рехтагарон дар як махалла чой гирифта буданд. Дар шахри Хучанд бофандагон дар махаллахои Раззок ва Сари Баланди кисми шаркии Калъаи Нав ва охангарон дар се махал икомат мекарданд. Пешаварони Тошканд хам аз руи касбу хирфаашон махалли сукунати худро мукаррар карда буданд.[43]

Чи навъе ки Ф.Энгелс дар хусуси шахрхои асримиёнаги навишта буд, «дар паси он деворхову хандакхо касбу хунари асрхои миёна инкишоф меёфт,– дуруст аст, ки вай бо рухи сехии бюргери хеле огушта ва махдуд буд,– сармояхои нахустин чамъ мешуданд, эхтиёчи бо хам ва дигарон хариду фуруш кардани шахрхо ба вучуд меомад…»[44]

Тичорат

Н.В.Хаников таъкид мекунад, ки Бухоро, Самарканд ва Карши марказхои асосии тичорати аморати Бухоро махсуб меёфтанд.[45] Ба радифи ин марказхо Шахрисабз ва дар Бухорои Шарки хисор ва Кулобро низ бояд дохил намуд. Дар давлати хонии Хуканд калонтарин марказхои тичорат Хуканд, Тошканд, Маргилон, Андичон, Намангон, Уш, Уротеппа ба шумор мерафтанд.

Он вакт протсесси аз саноат чудо шудани тичорат холо ба анчом нарасида буд: дукон дар як вакт вазифахои хам фурушгох ва хам коргохи косибонро адо мекард,[46] зеро дар Осиёи Миёна низ, монанди кишвархои асримиёнагии Европа «косибону хунармандон он вактхо дар айни хол точир хам буданд».[47]

Дар шахрхо тичорат дар бозорхои махсус сурат мегирифт. Бозор масохати калонеро ишгол менамуд. Бозори асосии шахри Тошканд, ба кавли А.П.Хорошхин «…бисёр калон ва оригиналист. Факат дар рузи дарози тобис-тон метавон тамоми гушаву канори онро паймуд». Бозори Хуканд хам «…хеле калон ва покиза аст, мисли бозори Тошканд чо-чо тим дорад».[48]Бозори Уротеппа низ кариб тамоман пушида буд,[49] бозори Хучанд хам хамчунин. О.А.Сухарева дуруст кайд мекунад,  ки «хусусияти хоси тархи шахрхои Осиёи Миёна  аз ин иборат буд, ки дар чорсуи хиёбонхои асоси марказхои савдо вокеъ гардида, дар ин чо тими дарози гунбаздор сохта мешуд ва аз байни он куча мегузашт ва дар ду тарафи он андаруни тим дуконхо саф мекашиданд. Маркази савдои Самарканд ва Шахрисабз ин гуна тим дошт; дар Бухоро панч тим мавчуд буд, ки ин аз равнаки тичорати Бухоро ва ободии бозорхои шахр гувохи медихад. Чунин иморатхои бозорро дар  Самарканду  Шахрисабз  «чорсу»,  дар   Бухоро  «ток» мегуянд».[50]  Маркази  шахри Бухороро тамоман бозорхо ишгол карда буданд, дар майдони Регистон ва дигар майдонхо низ дуконхо вучуд доштанд, хатто дар назди  дарвозахои шахр хам бозор мавчуд буд. Дуконхо на он кадар калон буда, бо хам зич чо мегирифтанд, растахои бозор хар яке ба моли муайяне тахсис ёфта буд. Илова бар ин, корвонсаройхои бисёре буданд (дар солхои 40-уми асри ХIХ микдори онхо ба 38 мерасид ва пасонтар боз хам зиёдтар гардид). Дар корвонсарой точирони мусофир ва махалли икомат мекарданд, дар он чо анбор, дукон, устохона, саисхона ва гайра мавчуд буд. Як кисми корвонсаройхо ба хонхо тааллук дошт, кисми дигар моли вакф ба шумор мерафт ва кисми    бокимонда   аз   они   шахсони   чудогона    буд.[51] Корвонсаройхо дар ташкили тичорат роли хеле мухим бози мекарданд. Гуфтан кофист, ки мувофики маълумоти Н.  В.  Хаников  (с.  1841)  ба Бухоро хар сол иборат аз  12–15 хазор шутур корвон меомад[52] ва он хама борхо, одамон, аспу аробахо асосан дар корвонсаройхо чой мегирифтанд.

Дар миёнаи солхои 60-ум бозори асосии шахри Тошканд 16 корвонсарой ва такрибан 2400 дукон дошт (дар сурате, ки дар шахр хамаги 4584 дукон мавчуд буд). Бозор тахминан си растаи махсусро дар бар мегирифт[53]. Дар шахрхои дигар микдори корвонсаройхо камтар  буд. Чунончи, дар  шахри   Хуканд соли 1841 шаш корвонсарой вучуд дошт, ки «дар дутоаш сокинони шахр тичорат мекарданд ва бокимондааш хизмати корвонхои муттасил ояндаву равандаро бачо меовард».[54]

Дар солхои 70-ум шахри Хучанд хамаги 5 корвонсарой дошт.[55] Микдори он дар шахри Уротеппа сето буд. Дар хусуси ин корвонсаройхои Уротеппа М.С.Бекчурин хотиррасон мекунад, ки хамаи онхо моли шахсони чудогона мебошанд. Дар яке 28 дукон мавчуд буда, моликияти хусусии савдогарони кутарафуруши махалли ба шумор мерафт. Ду корвонсарои дигар чун маскани точирони мусофир хизмат мекарданд, зимнан, дар яке аз онхо судхурони хиндуи сокини Уротеппа икомат доштанд.[56]

Дар Самарканде, ки нуфусаш дар асри ХIХ аз Бухоро ду-дувуним баробар кам буд[57], дар давраи хамрох шудан ба Россия, ки он вакт ахолиаш тахминан ба си хазор расид, бештар аз 2400 дукон (хамрохи 712 дукони корвонсаройхо) дошт.[58]

Дар марказхои бузурги тичоративу хунарманди савдои дохилишахри равнак меёфт, зеро ахолии сершумори шахрхоро бо маснуоти гуногуни пешаварон таъмин кардан лозим меомад.[59] Дар айни замон, як кисми мухими молхо барои рафъи эхтиёчоти дехконон ба дехот фиристода, дар навбати худ, аз он чо барои истехсолоти хунарманди маводи хом оварда мешуд. Шахр бо чунин дехкадахои атрофи худ нохияи микроиктисодиро   ташкил мекард.[60]

Дар кария ва дехкадахои калон ба истилох «даври бозор» вучуд дошт. Масалан, дар Бухоро бозори Когон рузи сешанбе, бозори Бахоуддин рузи чоршанбе ва г., дар Самарканд бозори Чамбой рузи якшанбе, бозори Мехнат рузи душанбе ва г. барпо мегардид. Албатта, анвои молхо ва хусусияти харидуфуруш дар ин чо дигар буд. Чунон ки В.В.Радлов мегуяд: «дар ин бозорхо савдо факат эхтиёчи дехкононро конеъ мегардонад, ки онхо махсули мехнати худро мефурушанду чизхои барояшон заруриро харид мекунанд».[61]

Дар катори ин савдои дохилии шахру дехот, хамчунин савдои нисбатан калони байни шахрхо ва вилоятхо амал мекард. Бисёр шахру вилоятхо бо  навъи муайяни махсулоти хунарманди ва молхои фурушии худ шухрат доштанд (масалан, хисор бо ханчар ва гусфанд, Уротеппа бо корд, Хучанд бо адрасу шохи, Карши бо алоча ва гайра).

Калонтарин бозорхои вилояти, умуман, маркази тичоратии давлатхои хонии Осиёи Миёна ба шумор мерафтанд. Алалхусус, савдои  байни  аморати  Бухоро,  давлатхои  хонии  Хуканд  ва  Хева равнаки зиёде пайдо карда буд. Моли бисёре аз кишвархои хоричи: Афгонистон, хиндустон, Кошгар ва Эрон кашонда мешуд. Дар иктисодиёти давлатхои хони макоми махсусеро тичорат бо Россия ишгол менамуд (дар ин бора муфассалан дар фасли чудогона   сухан   хохад  рафт).   Махз   шахрхои  калон   мухимтарин марказхои  тичорати  байнивилояти ва  хоричи  хисоб  мешуданд; табии, ки ин тичорат хусусияти кутарафуруши дошт.

Дар савдои калони хоричи хукмронхо, хешу акрабои онхо, амалдорони олимаком, хамчунин савдогарони «касби» ширкат менамуданд. хамин савдогарони сарватманд иттиходияи махсуси худро доштанд. Руихати махсуси хони буд, ки дар он номи савдогарони бадавлатро зикр мекарданд. Дар сари ин иттиходия корвонбоши меистод. Ба ин вазифа интихоб гардидани корвонбоши бо фармони амир тасдик карда мешуд. Корвонбоши сардори кулли савдогарони мулки Бухоро махсуб меёфт.

Савдогарони миёна ва хурд иттиходияи худро аз руи раставу бозорхо ташкил дода буданд, ки ба он оксакол сардори мекард. Аксаран  аз руи  принсипи хонаводаги ширкати  савдогарон таъсис карда мешуд. Савдогарони калон -мирзохои худро доштанд. хангоми харидуфуруш даллолу косидхо ва воситачиву амонатфурушхо иштирок мекарданд.[62]  Савдогари калон дар  шахр  нишаста, аксар вакт танхо амалиёти тичоратро бо маблаг таъмин менамуд,  дигар   хамаи   корхоро  хар гуна   ходимони   тичоратхона анчом медоданд. Масалан, Миралибои Хуканди дар солхои охири мавчудияти давлати хонии Хуканд ихтиёри хариди тамоми пахтаи мамлакатро   ба   дасти худ   гирифта буд.   Ин   аз  он   сабаб барояш мумкин гардид, ки у ба пули хон тичорат мекард.

Аз Бухоро ба Россия аксаран на худи савдогарони калон, балки хизматчиёни онхо сафар мекарданд, ки аз 30 то 50 фоизи даромадро мебоист ба савдогар медоданд.[63] А. Гребенкин навишта буд: «Бо кори тичорат тавассути дигарон хатто муллохо, имомхо, мударрисхо, эшонхо, козихо, амлокдорхо ва оксакколхо – алкисса, хамаи касоне, ки як микдор пули зиёдати доштанд, машгул мешуданд»,[64]

Калонтарин савдогари Самарканд дар ибтидои асри ХIХ намояндаи номдори  бузургзодагони  олимакоми  Бухоро Мухаммад Давлатбии инок буд, ки муддати дароз дар Самарканд хукмрони кардааст. Вай дар соли 1810 ба вакфи факат як худи мадрасаи Улугбек 123 дукон ва хамчунин каппону анборхо васият намуд.[65]

Дар сурате ки савдогарони сарватманд ва даллолони калон даромадхои нихоят зиёд ба даст меоварданд, майдасавдогарон ва дукондорони хурдафуруш «…ба фоидахои ночиз ва бисёр вактхо ба он бозёфте, ки барои серии худ ва хуроки аспашон кифоят мекард, каноат менамуданд».[66]

Харобии роххо ва набудани амният чи дар роху чи дар шахр пеши тараккиёти тичоратро мегирифт. Дар роххо аз дасти горатгарон ва дар шахрхо аз тарафи хокимони харис молу чони савдогарон хамеша дар хатар буд. Бочу хироч ва ичорапули хадду андоза надошт. Гайр аз ин, доимо хавфи мусодира тахдид менамуд. Ба кавли Ахмади Дониш, дар замони хукмронии амир Насрулло «баъзе уламои хакношиноси мангит хозираро ба назар гирифта, мулку моли фукаро хамаги аз они подшох аст, раоёро моликият ба ашёе нест, агар хар чиз подшох аз хар як раия ситонида гирад, тасарруф дар мулки худ кардаги мебошад, зачр ва зулм нест, гуфта фатво хам дода буданд».[67]

Заминдории феодали. Ахволи оммаи халк

Усули заминдории феодали дар охири асри ХVIII-нимаи аввали асри ХIХ, умуман хамон тавре ки дар замонхои гузашта буд, боки монд.[68] Вале бо вучуди ин, баъзе тафовутхо дар истилохот ва сохти заминхои хусуси ба миён омаданд, ки он хам дар хар махал гуногун буда, дар давоми хамин давраи мавриди бахс низ ба дигаргуни дучор мешуданд. Ин масъала хеле мураккаб аст ва ба микдори зиёди тадкикот нигох накарда, бисёр чихатхои он мухточи омузиш мебошад.[69]

Дар хаёти ичтимоии ин давр усули танхох –тарики хизматона ба шахсони чудогона инъом намудани китъаи замин, як ва ё якчанд дех ва хатто вилояти тамом, ки даромади он комилан дар ихтиёри танхохдор буд, мавкеи мухим дошт. Баъзан сохиби танхох гайр аз молиёте, ки ба фоидаи худ чамъ мекард, музде ба маблаги муайян аз хазинаи амир низ дарёфт менамуд. Танхох метавонист, на  ин ки тамоми даромади солонаи замин, балки як хиссаи онро ташкил намояд. Дар баъзе мавридхо ин ба худ бидуни инъоми замин як навъ шакли нафакаи пулиро мегирифт.

Усули танхох аз огози хукмронии сулолаи Мангития ба таври васеъ чори гардид. Ба кавли Ф. Ефремов (солхои 70-уми асри ХVIII) «ба оксакколони калон ивази мавочиби пули ва галла замин дода мешавад, ки аз он мадохили бузурге ба даст медароранд».[70]

Амир Насрулло хамчун падари худ дар чойхое, ки исёни кабилахои чудогона ва шуриши халкхо руй медод, «аксари умарои элдор ва номварро ба замин нишонид».[71] Дар яке аз фармонхои амир хайдар дар бораи таъин кардани хокими вилояти Нурато ва хам дар хусуси он ки у бояд хирочи чамъоваришавандаро ба эхтиёчоти кушун сарф намояд, сухан меравад.[72] Аммо дар бораи ба хазинаи давлат супурдани кисми бокимондаи хироч чизе гуфта нашудааст. Аз эхтимол дур нест, ки вай хамчун як навъ танхох ба хоким инъом шуда бошад.

Аксар  вакт минтакахои на   чандон  калон  ба  тарики танхох ба шахсони гуногуни сохибмансаб, аз он чумла, ба сипохиён инъом  карда  мешуданд. Микдори танхохдорон дар  чоряки  аввали асри ХIХ факат дар аморати Бухоро аз  12 то 36 хазор нафар ба шумор мерафт. Агар танхохдор ба чои дигар кучад, танхохи нав дода мешуд. хачми танхох ба рутбаи шахс алокаманд буд: сохибони рутбаи поинтари харби аз 3 то 5 гектар замин мегирифтанд, аммо шахсони олирутба,  аз кабили саркардахо як дехаи тамомро бо садхо гектар замин,  осиёб ва дигар дороихояш  ба даст  медароварданд.[73]Агар  писар мансаби падарро ишгол намояд, ба танхохи у низ сохиб мешуд. Гохо пас аз марги танхохдор замини инъомии у ба ворисони бепарастормондааш низ такдим мегардид. Аз баъзе санадхо бармеояд, ки он вактхо тамоюли мероси гардонидани усули танхох вучуд доштааст.

Дар мулкхои кухистонии Бухорои Шарки танхох дорои хусусиятхои ба худ хосе буд. Дар ин чо на замин, балки хочагихои дехкони ба танхох дода мешуд. Шахсони поинрутба чанд хочагиро, вале би, додхо ва соири амалдорони баландрутба хар яке чанд дехаро бо садхо хочагихои дехкони ба сифати «танхох» инъом мегирифтанд. Онхо хар сол ба хиссаи маълуми хосилоти дехкони сохиб гардида, дар айни замон, ахолии дехахои зердасти худро ба корхои хочагии шахсии худ низ чалб менамуданд ва ба хар рохе, ки метаво-нистанд, истисмор мекарданд. Аз ин сабаб ба танхохи гузаштани хочагиашон ба дехконон нихоятдарача рузхои сахтеро пеш меовард.

Таассуби дини, ки аз замони хукмронии Шохмурод сар карда, хеле кувват гирифта буд, ба вусъат ёфтани заминхои вакф рох кушод. Дар заминхои вакф кор кардан низ барои дехконон пурмашаккат буд. Зеро онхо дар заминхои вакф тамоми сол аз субх то шом кор карда, танхо аз чор ва ё аз панч як хиссаи хосилотро мегирифтанд ва бештар ба мутаваллихо вобаста шуда, озодии худро аз даст медоданд. Ба таври васеъ чори гардидани усули танхох ва ба фоидаи танхохдор чамъовари шудани молиёт, хамчунин вусъат ёфтани заминхои вакф ба даромади хазинаи давлати хони таъсир накарда наметавонист. Ин буд, ки амир Насрулло усули яргу – мусодираро ба рох андохт.[74]

Дар Бухоро хачм ва микдори андозхо торафт меафзуд. Дар ахди амир Музаффар (1860–1885) кор ба дарачае расид, ки на факат аз замини зироат, балки аз замини нокорам низ хироч меситониданд ва дар ин маврид чунин бахонаеро пеш меоварданд, ки гуё ки ин замин ба сабаби камхавсалагии дехкон нокишта мондааст.[75]

Аз богу токзор, кишти юнучка, полиз ва обчакори андозе ба номи «танобона» ситонида мешуд. Дар ибтидои асри ХIХ амирони Бухоро ба хар таноб замин маблаге мукаррар намуда, хостанд ин навъ андозро ба хирочи расмии замин табдил диханд. Дар номаи амир хайдар соли 1807–1808 чунин гуфта шудааст: «…аз хар таноб ба маблаги як тилло танобона гиред. Агар (сохиби он) ба додани як тилло рози нашавад, он гох ба тарики мол сеяки хосилро ситонед[76]. Соли 1860 дар вилояти Самарканд такрибан сеяки хироч бо пул пардохта шуд.[77] Дар хонии Хуканд дар миёна ва нимаи дувуми аср танобона кариб тамоман ба шакли пул руёнда мешуд, ки ба ин вачх онро «танобпули» мегуфтанд. Дар ин чо аз токзор назар ба обчакори дувуним баробар зиёдтар андоз ситонда мешуд.

Дар махалхои гуногуни аморати Бухоро хачми хироч як хел набуд. Баъзан вай хачми муайянеро дошт: масалан, аз хар таноб замини кишт як тангаву севуним килограммро ташкил мекард. Дар мавриди дигар як танга дар бахор ва дар тирамох як тангаву 6,5–7 кг галла ситонда мешуд. Тарзи дигари пардохтани танобона хиссаи хосилот ба шумор мерафт: чунончи, 2/5, 1/3, 1/5, 1/6, 1/8 кисмати хосилро хироч ташкил менамуд. Вале хокимон аксаран хачми хирочро то нисфи хосил мерасониданд. Масалан, дар солхои  1842–1843 хирочи замин дар давлати хонии Хуканд, ки одатан ба хачми сеяки хосил руёнда мешуд, то нисфи хосил афзун гардид. Яке аз хокимони Тошканд андози заминхои зироатро 2,5 баробар ва дар баъзе махалхо 3–4 баробар зиёд кард. Дар худуди асрхои ХIХ ва ХХ тамоюли то 40% хосил афзудани хачми хироч дар аморати Бухоро низ мушохида мешавад »[78]

Руидани хосили фаровон боиси хушнудии дехкон намегардид, зеро дар натичаи ин хачми андоз хам меафзуд: масалан, аз дах ботман хосили гандум дехкон мебоист чор ботманашро ва аз чав хатто панч ботманашро ба хироч дихад. Сохиби замин пас аз даравидани хосил галларо куфта, ба хирман мерехт. Чамъкунандагони хироч ба сари хирман омада, як кисми галларо барои имоми масчиди махалла чудо мекарданд. Агар хироч аз панч як хиссаи хосилро ташкил дихад, бакияи галларо ба панч хисса таксим карда, аз хиссаи   дехкон (ё заминдор) микдори муайянро барои саркор, мироб, оксаккол ва мирзо мегузоштанд. Мабодо дехкон то омадани чамъкунандагони хироч ба хирман даст расонида бошад, тамоми хосилро мусодира карда, худи дехконро сахт чазо медоданд. Аксар вакт чамъоварии хирочро ба ягон шахс ба орият мефурухтанд ва он шахс аз дехкон маблаги боз хам зиёдтареро «фишурда» мегирифт[79].

Дар аморати Бухоро вакти даравро на ин ки худи дехкон, балки амлокдор (каламрави бекхо ба амлокхо таксим мешуд) мукаррар менамуд – вай дар хама чо дар як вакт шуруъ мегардид. Ба пухта рехтани донахои гандум касе парво надошт. Агар дарав баробар дар як вакт сар шавад, ба хифзи хосил назорат кардан барои амлокдор осонтар буд. Бандхои гандумпояро дар майдони дарав гарам карда мемонданд. Амлокдор ба воситаи ходимонаш – доругахо хурдагирона назорат мекард, то ки дехкон ягон мушт галларо ба хонааш набарад.

Доруга баъди аз назар гузаронидани гарамхо барои куфтан ичозат медод. Галлаи куфта ва боддодашуда «нишон зада мешуд»: «таки хирман ва чанд чои болои онро аз пахлухояш гил мемолиданд ва доруга дар нуки он бо аломатхои худ як пора кулух мегузошт. Галла муддати дароз дар хирмангох мехобид, дехконхо гуруснаги мекашиданд, аммо дар хамин вакт амлокдор ва мукаррабонаш хосили замини худро бо нарххои хеле гарон ба фуруш мерасониданд. Нихоят, пас аз гирифтани пешкаш, амлокдор бо ахли рикобаш ба сари хирман меомад. Микдори галларо бо тахмини худ ошкоран аз будаш зиёд муайян мекард ва хирочро хам ба киёси тахмини амлокдор мукаррар менамуданд. Гохо чунин ходиса хам руй медод, ки дехкон ва ё оксаккол ба тахминан аз будаш зиёд муайян кардани хосил мукобилат мекарданд. Он гох эътирозкунандагонро мезаданд ва хатто ба зиндон мепартофтанд. Амлокдор хосили замини касони сохибнуфуз ва сарватмандро ба ивази ришва аз будаш хеле кам нишон медод. Албатта, хам дар аморати Бухоро ва хам дар давлатхои хонии Хуканд ва Хева хар рутба амалдорон низ дехкононро горат карда, насибаи худро меруёниданд».[80]Макоми амлокдори Бухоро ё саркори Хуканд багоят сердаромад буд. «Мадохили» харсолаи саркорони Хуканд дар нимаи дувуми асри ХIХ 10–15 хазор сумро ташкил менамуд.

Вакте ки андозхо ба шакли пул ситонда мешуданд, амир нархи махсулоти зироатро мукаррар менамуд. Усулан, вай мебоист ба нархи бозор баробар меомад, вале амалан онро хеле баланд мебардоштанд.

«Дар натичаи ин гуна андозгундори дехкононе, ки дар асл дар вакти андозандози тороч дида буданд, дар вакти пардохтани пули андоз тамоман хонавайрон шуданд ва мачбур гардиданд, ки баъзехошон заминхошонро бо нархи арзон ба бойхо фурухта, баъзехошон хайвоноти кори ва асбоби хонаашонро фурухта пули андозро диханд. хатто баъзе дехконон мачбур шуданд, ки писару духтархошонро ба бойхо фурухта, «карзи хукумат»-ро адо намоянд, ё ин ки духтархошонро бо номи «духтархона» ва писархошонро бо номи «гуломбача» ба хукумат ба чои андоз бахо карда диханд».[81]

 

Ахволи корандагони замин боз хам бадтар буд. Онхо, одатан, бояд то сеяки хосилро мепардохтанд, вале чунин расм гардида буд, ки барои корандагон факат аз панч як хисса хосил боки мемонд (хиссаи хосиле, ки коранда мегирифт, хамчунин вобаста ба он буд, ки у бо чорво ва олоти худ кор кард ва ё аз они хучаинро истифода намуд). Ба замми ин, хиссаи коранда аз кисмати баъди адои хироч мондан хосил муайян карда мешуд. Соли 1843 дар нохияи Бухоро Идрисбой ном шахс аз мулки  Мулло Фозилчон китъаи заминеро ба ичора гирифт. Дар ахднома чунин гуфта шуда буд: «…ба ухда мегирам, ки ин заминро пору дода, шудгор карда, хуб кишт мекунам, боготу дарахтонро парварида, сабзу хуррам нигах медорам. Аз тамоми хосилоте, ки аз 14 таноб замини зикршуда меруяд, нисфаш аз они ман ва нисфи дигар аз они Фозилчони номбурда хохад буд. Гуфту фармони Мулло Фозилчонро бечунучаро ба чо меорам ва хар вакт, ки сахлангори карда, дар ин замин кор накунам, бигузор замини зикршударо аз ман пас бигиранд…».[82] хамчунин ду дафъа ситонидани хироч ба таомул даромада буд: бори аввал аз тамоми хосилот ва бори дувум аз хиссаи корандаи замин, ки мачбур буд хамаи супоришоти сохиби заминро бегуфтугу ичро намояд. Хусусан, вакте ки корандагон дар ихтиёри ичорагирони замин кор мекарданд, холи боз хам табохтаре ба сари онхо меомад: ичорагирони китъахои калони замин аз онхо ба фоидаи худ хиссаи иловагии хосилро «фишурда» мегирифтанд. Ичорагири замин на факат дехконони чудогона, балки як гурух дехкононе хам буданд, ки заминро шарикона (пайкол) киштукор мекарданд. Ин тарика ширкатхо аз он сабаб ба вучуд омада буданд, ки аксари дехконон чуфти гов ва олоти кишоварзи надоштанд. хиссаи пайкол дар байни ширкаткунандагони он аз руи сахми моли таксим карда мешуд. Дар натича  узви бенавотари пайкол, ки араки чабин рехта кор мекард, кути лоямутеро сохиб мегардид.

Дар катори дехконон, безамин мардикорон хам буданд, ки мавриди истисмори сахт карор гирифта, музди ночизе ба даст меоварданд.

Дехконон бисёр андозхои иловаги низ мепардохтанд. Монанди «миробона» (барои обёрии замин), «алафпули» (барои юнучказор), «кушпули» (барои чуфти гов), «яксари» (барои хар сари чорво, аз кабили асп, хар ва барзагов), инчунин барои чидани хезум, гузаштан аз пул ва гайра андозхои нав пайдо шуда, ахволи гуруххои истехсолкунандаи мамлакатро боз бештар вазнин мегардонид. Чунон ки А.А.Семёнов дуруст кайд мекунад, «…боре, ки ба души дехкони азиятдидаи Бухоро гузошта мешуд,   дарвокеъ хам токатфарсо буд»[83]

Барои ахолии кучи ва нимкучи молиёти аз хама миёншикан «закот» ба шумор мерафт. Ин навъ молиёт аслан мебоист аз чил як кисми чорворо ташкил медод. Аммо амалан тамоман таври дигар буд. Ба кавли яке аз шохидон, чамъ кардани закот «… дар Хуканд бо чунон суиистеъмолхо сурат мегирифт, киргизхои он чо хар сол кариб аз бист як кисмати чорвои худро медоданд»[84].

Дар миёнахои асри ХIХ закотро бештар ба шакли пул мегирифтаги шуданд. Сарчашмахо иттилоъ медиханд, ки дар давлати хонии Хуканд чамъ кардани закот ба як навъ азимати низомии омилони хироч ба нишемангохи киргизхо табдил ёфта буд. Киргизхо хар гох ба мукобили чамъкунандагони закот сар мебардоштанд. Дар    ин сурат дастахои калонтари низоми фирис-тода, гайр аз закот «амонпули» хам меситонданд.[85]

Ба дехконон лозим меомад, ки мачбуриятхои гуногунро низ адо намоянд. Яке аз мачбуриятхои хеле вазнин хашар буд. Ин истилох дар он замон корхои мачбуриеро, ки  дехконон бояд ичро мекарданд, ифода менамуд. Сохтан ва таъмир кардани каналхо, иншоотхо, роххо, инчунин киштукор ва нихолшинони дар заминхои амир ё хон аз хамин кабил корхо ба шумор мерафт. Гохо дар як хашар то 10 хазор кас иштирок мекард. Дехконон  вазифадор буданд, ки ба хашар бо хару асп, ароба ва асбобу абзори худ хозир шаванд. Дар хонии Хуканд мукаррар гардида буд, ки хар як дехкон бояд се руз дар хашар ширкат менамуд, хуроки одамон ва хошоки чорворо хон ба зиммаи худ мегирифт. Албатта, харчи хон ахёнан риоят мешуд. Ба хар хол, бисёр далелхои вокеа мавчуданд, ки дар мулки Шахрисабз дехконон хангоми хашар аз хисоби худ хурок мехурданд ва дар Каротегин муддати хашар то 15 руз мекашид. хашар хам як воситаи фоидаи иловаги ба даст овардани амалдорони амир гардида буд. Инро устод С. Айни дар тасвири хашари канали тумани Шофирком хеле хуб нишон додааст[86].

Ба замми ин хирочу мачбуриятхои маъмул боз бисёр андозхои дигар низ мавчуд буданд. Онхо махсусан дар давраи амалиёти харби вусъати зиёда пайдо мекарданд. Яке аз хамин кабил андозхои фавкулодда чул буд, ки пардохтани он барои ахоли хеле гарон меафтод. Як муаллифи муътабари рус дар дар бораи хонии Хуканд дар овони хамрох шудан ба Россия чунин навиштааст: «…дар вакти чанг ва ё бо майли хон ё худ бекхо фукаро ба додани бочу хирочхои аз хад зиёд мачбур карда мешаванд, дар ин вактхо аз маврид истифода бурда дузди мекунанд ва барои хамин хам аз мардум ба хачми зиёдтар (молиёт) меситонанд, оксакколи дех ё махалла медуздад, чамъкунандаи хироч медуздад, бек медуздад, хазинадори хон медуздад, хон факат бо хамин каноат мекунад, ки микдори таъинкардаи у пурра чамъ оварда ва супурда шавад»[87].

Дигар аз андозхои аз хама гаронтарин «чубпули» буд. Вай хатто аз янток хам гирифта мешуд. Ахолии хонии Хуканд бе ичозати амалдор хатто хори дар сахро руидаро хам наметавонист чамъ кунад.

Дар мулкхои кухистонии Бухорои Шарки ахолиро мачбур мекарданд, ки  барои хокимон ва амалдорон хезум тайёр созанд.

Дар Хуканд давлат хатто аз акди никох ва таксими мерос ё хочаги низ андоз мегирифт (дар вилоятхои дигар ин навъ андозро ба кози медоданд). Аз осиёб ва чувоз, хамчунин дар сари пул ва гузаргоххо барои бор ва чорво «боч» ситонда мешуд. Ахолии шахру дехот дар вакти чизеро фурухтан гайр аз «закот» (аз чил як хиссаи нархи мол) андози иловагии бозор «тагичой»-ро хам мепардохтанд. Умуман ва дар мавридхои махсус ба фоидаи хукумати махалли андоз чамъ карда мешуд, зимнан ба хамаи намояндагони хукумат пул додан лозим меомад. хамчунин барои рухониён ва масчидхо андозхои гуногун вучуд доштанд, хусусан «дахяк» ё «ушр» ба андоздихандагон гарон меафтод[88].

Дар яке аз манбаъхои хаттии Хуканд чунин хабар дода мешавад: «Дар Хуканд аз кадимулайём одате ба таомул даромада буд, ки мутобики он уламо, козихо, сипохиён ва навкарон аз додани хироч ва андози танобона аз боги ангур, кишти юнучка ва дарахтзорашон озод буданд». Вале, азбаски танобона андози муайян буд, дар соли фаровонхосили хиссаи аз хадди эътидол изофан хосил гирифта мешуд[89].

Чамъоварии андозро аксар вакт ба ичорадорон вомегузоштанд. Ба кавли А.К.Гейнс дар давлати хонии Хуканд, ки чабру ситам, бедодгари ва худсари хукмфармо буд, «…ин тарика чамъ кардани андоз барои мавриди истисмори бетартибона, боздоштанашаванда ва аз назорат берун карор гирифтани халк бахонае мегардид [90]. Ин ходисаро ба аморати Бухоро ва давлати хонии Хева хам нисбат додан мумкин аст [91].

Зикри тамоми хирочу молиёт ва мачбуриятхои махсусе, ки дар вилоятхои мухталифи Осиёи Миёна маъмул гардида буданд, дар ин баёни мухтасари мо гунчоиш нахоханд ёфт. Хирочу молиётхои иловаги ва мачбуриятхои гуногуни мехнати, алалхусус, дар Бухорои Шарки хадду хисоб надоштанд.

 

Чунин буд ахволи гуруххои истехсолкунандаи дехот. Аммо вазъи зиндагии шахриён аз ин бехтар набуд. Аз дасти хукмронони харису озманд на факат ахолии оддии шахр, балки табакахои давлатманд ва боиститоат, аз чумла, точирон хам азият мекашиданд. Мувофики суханони яке аз шахсони бомаърифати Хучанд, ки соли 1824 гуфтааст, факат ононе, ки дар хидмати амир ё хоким мартабахои баландро сохиб шудаанд ва хам чамъкунандагони андоз аз холи худ конеанд[92]. Чунон ки мухаккики бо вазъияти Осиёи Миёна ба хуби шиноси рус дар миёнахои асри ХIХ навиштааст: «…худи халк дар нихояти кашшоки ва мазлуми зиндаги ба сар мебарад», аммо давлатмандон «дороии худро аз сохибонашон (хокимон–Б.Г.) пинхон мекунанд, ки ба хирси онхо нарасанд, то дар ноомади кор мавриди горати онхо карор нагиранд, зеро ин сохибон… аслан бедодгаранд, аз чизе андеша намекунанд, худсарона ва бевичдонона ба дороии тобеонашон ихтиёрдори менамоянд» [93]. Худи хаёти одами хам, ба таъбири шоири файласуф Абдулкодири Бедил «бар сари мижгон чу ашк истода» буд, зеро зулму истибдод ва бедодгари хадду хисоб надошт ва мумкин буд, ки хар касе бидуни тахкик ва хукм ба катл расонида шавад.

Ба болои ин хама сахтиву талхихои рузгор хурофот ва таассуб хукмфармои мекард. Чунончи, дар давлати хонии Хуканд хангоми сохтмони канал об китъаеро рахна карда, ба рохи дигар чори шуд. Амалдорони хон, ки ба кори сохтмон назорат мекарданд, аз байни коргарон хамаи касони «Тухтасин» номдоштаро даъват карда, фармуданд, ки онхоро зинда ба замин гуронанд, то рохи чараёни об боздошта шавад [94].

«Дар вакти бахо додан ба вазнинии андозхо,– гуфтааст К.Маркс,– чандон маблаги мукаррарии онро не, балки тарзи ситондан ва харч кардани андозхоро бояд дар назар гирифт. Тарзи ситондани андозхо дар хиндустон нафратовар аст ва агар ба тарики мисол хирочи заминро гирем, дар натичаи тарзи мавчуда, аз эхтимол дур нест, ки махсулот аз чамъовари дида бештар нобуд мегардад. Он чи оид ба харчи андозхои гундошташуда бошад, гуфтан кофист, ки ягон хиссаи он дар шакли бинохои судманди чамъияти, ки назар ба хар чои дигар, барои кишвархои Осиё заруранд, ба халк барнамегардад»…[95] Ин суханони пурарзиш барои Осиёи Миёна низ комилан мутобикат доранд. Даромади солонаи замин, хирочу молиёти чамъшуда хама тамоман барои афзудани сарвати синфи феодалон, барои таъминоти дастгохи идораи давлат, ки олати истисмор ва горати мардум буд, барои куввахои аскари, ки хамчун олоти фуру нишондани норизоятии оммаи халк хизмат мекард, сарф мешуд.

Муборизаи синфи

Ахолии шахри Бухоро ва нохияхои атрофи он борхо ба мукобили амирони мангит шуриш бардоштанд. Ин кабил шуриш, аз чумла, дар соли 1758 барпо гардида, шуришчиён дар кучахои шахр сангархо сохта буданд. Шуриши дигар соли 1785 сар зад, ки иштирокчиёни он бештар аз хазор нафар, зохиран, намояндагони синфи хукмронро ба катл расонданд[96].

Соли 1810 дар Бухоро кахти руй дод. Кимати ва гуруснаги сар шуда, ба сари мардум азобу укубатхои зиёде омад. Дарбори амир барои сабуктар гардидани вазъияти нихоят сахти ахоли ягон чорае надид. Он гох шахриёни баошубомада майдони Регистонро фаро гирифтанд. Амир ба харос афтода, аз шахр фирор намуд. Окибат ошуби халк бо зури фуру нишонда шуд.

Аз руи баъзе мадракхои гайримустаким шуру ошубхои халки дар соли 1819 ё 1820 низ ба вукуъ омада буданд[97]. Чунбиши калони халки соли 1821 дар кисмати миёнаи водии Зарафшон байни Самарканд ва Бухоро (дар Миёнкол) ба амал омад. Дар ин чо тоифахои нимкучии узбек хитойкипчокхо зиндаги мекарданд. Тазйики андозхо, мусодирахои доими, ба хизмати харби сафарбар кардани микдори зиёди мардони кабилахо – хамаи ин якчоя ахолии Миёнколро нихоят ба шур овард. Соли 1821 хукумат дубора ба сарбози одам гирифтанро сар кард. Косаи сабри хитойкипчокхо лабрез шуда, норизоятии онхо ба шуриши ошкоро фуру рехт. Каракалпокхои сокини ин махал низ ба шуришчиён хамрох шуданд. Тамоми тоифахои нохияи байни Самарканду Каттакургон ба зери ливои шуришгарон даромаданд. Шуришчиён маъмурони амирро ронда, Каттакургон, Чалак, Янгикургон ва дигар шахру дехахои гирду атрофро забт намуданд. Камбагалони ин чойхо хам ба сафи шуришгарон дохил шуданд, аммо аъёну ашроф барои кумак ба амир ру оварданд. Шуришгарон ба тарафи Самарканд харакат намуданд. Амир ба Каттакургон хамла оварда, онро забт кард ва ахолиро аз дами тег гузаронид. Шуришгарон аз Хуканд, Шахрисабз ва дигар мулкхои душмани амир хайдар мадад хостанд. Аммо иттифокчиён байни худ мувофикат хосил накарда, ба таври пароканда амал менамуданд. Хитойкипчокхо хостанд ба Бухоро зарба зананд, вале ба ин муваффак нашуданд. Шуришичиён кушиш карданд, ки дехконони нохияхои гуногунро ба тарафи худ кашанд. Ин хам нашуд. Охируламр куввахои асосии шуришчиён аз хам пош хурд ва онхо усули мудофиаи пассивро пеш гирифтанд. Дар хамин вазъият соли 1825 амир хайдар мухимтарин нуктахои муковимати шуришчиёнро ишгол намуд[98].

Дар солхои 1840–1842 муносибати байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хуканд хеле тезутунд гардид. Вакте ки дар соли 1840 хони Хуканд аз хавфи хучуми кушунхои Бухоро ба тарс афтода, Хучандро дод, дар Хуканд шуриш ба амал омад. Ба шуриш Хоча Каландари мисгар сардори мекард. хазорон камбагалони шуришгар бо рохбарии ин марди шучоъ амалан пойтахти мамлакатро ишгол намуданд. Онхо манзилхои амалдорони хонро ба хок яксон карда, сафирони Бухороро низ эмин нагузоштанд.

 

Чи навъе ки таърихи Хуканд иттилоъ медихад, хамаи амалдорони низоми ва гайринизоми «ба гушахо пинхон шуданд». Сипас, шуришчиён дарбори хонро ихота намуданд. Доирахои хукмрон факат бо макру фиреб ва душворихои зиёде тавонистанд, ки ин шуришро фуру нишонанд. Вале сабабгори асосии сар задани шуриш, пеш аз хама, зулму ситами берахмона аз байн бурда нашуд. Ин буд, ки соли оянда боз шуриши халк ба вукуъ омад. Вай чунон вусъат пайдо намуд, ки хони ба харос афтода аз Хуканд фирор кард. Чунбишхои халки дар Хуканд соли 1842 вакти хучуми кушунхои Бухоро низ ба амал омада буданд[99].

Дар охири солхои чилум (эхтимол соли 1847) шуриши сокинони шахри Тошканд барпо мегардад. Он вактхо шахри Тошканд тахти тасарруфи хонии Хуканд карор гирифта, дар он чо намояндаи бузургзодагони дар сари идораи давлати хони нишастаи кипчок — Азиз парвоначи хукмрони мекард. У борхо ба мукобили шахри Туркистон лашкар кашида, дар натичаи чангхои дурударози токатфарсо хазинаро холи карда буд. Ба ин сабаб, дар машварати хоким бо аъёну ашрофи Тошканд карор карда шуд, ки илова ба андозхои маъмули аз ахолии шахр ва дехоти атроф ба тарики фаври андози фавкулоддаи пули чамъ карда шавад. Ахолии шахр, ки аз чабри доими ва тазйики берахмонаи Азиз парвоначи холашон табох мешуд, хамеша ба исён омода буданд. Кахру газаби халк ба нихояти худ мерасид. Чамъоварии андози нав косаи сабри мардуми Тошкандро лабрез намуд. Сокинони шахр ба чамъкунандагони андоз дарафтоданд ва пулхои ситондаи онхоро кашида гирифтанд. Дар бисёр махалхо сангархо ба вучуд омаданд. Яке аз марказхои мухимми шуриш растаи мисгарони бозори Тошканд буд. хоким шаш руз бо кумаки тупу туфанг зур зада, бисёр марказхои шуришро забт кард, вале фуру нишондани шуриш барояш муяссар нагардид. Шуришгарон кувваи нав чамъ карда, тамоми шахрро ишгол намуданд. хоким фурсати гурехтан наёфта, дар даруни калъаи шахр пинхон шуд. Шуришгарон хамрохи кушуни хокими нохияи хамсояи Курама Азиз парвоначиро аз шахр ронданд.

Чунон ки аз сарчашмахо маълум мешавад, неруи асосии харакатдихандаи ин шуриш камбагалони шахр буданд, харчанд ки дар он шахриёни доро ва намояндагони чудогонаи аъёну ашрофи аз хукумати Хуканд норози низ иштирок доштанд. Оммаи халк муваффак шуданд, ки андозхои нави хеле гаронро бекор кунонанд ва гумоштаи нафратангези Хукандро аз шахр берун кунанд[100].

Тоифахои чануб ва шимоли Киргизистон ва казокхо низ чандин бор бар зидди юги асорати Хуканд сар бардошта буданд. Дар чараёни ин шуришхо мехнаткашони кучнишин аксар вакт бо дехконон ва шахриёни мазлум муттахид мешуданд [101].

Муборизаи синфи дар нохияхои чудогонаи кухистони Помири Гарби хам бо шиддати тамом давом мекард. Дар ибтидои солхои 60-ум дехконони Шугнон, Рушон ва Вахон шуриш бардоштанд, ки ба он Шайхзодаи рушони сардори намуд. Шуришгарон нишемангохи мири Рушон Калъаи Вомаро ба даст дароварданд. Сипас, онхо ба суи кароргохи хокими Шугнон Калъаи Барпанч харакат карда, кушуни онро торумор намуданд. Тамоми дороии хокимон дар байни дехконон таксим карда шуд. Ин шуриш факат пас аз он ки хукмрони кулли Бадахшон ба Помири Гарби кувваи зиёди харби фиристод, шикаст хурд [102].

Яке аз калонтарин ва пурдавомтарин шуришхои асри ХIХ шуриши туркманхои Хоразм дар солхои 1855–1867 мебошад. хамчунин шуриши дехконони бенаво бо сардории муздур Мухаммад Фаноро, ки солхои 1858–1859 дар хонии Хева ба амал омада буд[103], метавон хотирнишон кард.

Мо факат чанде аз лахзахо ва лавхахои муборизаи синфии дар нимаи дувуми асри ХVIII–нимаи аввали асри ХIХ чараён доштаи давлатхои Осиёи Миёнаро зикр  намудем. Мавчи пурвусъати шуришхои халки гохо саросари Осиёи Миёнаро фаро   мегирифт. Аммо муаррихони давр онхоро нодида меангоштанд. Ин, дарвокеъ, хусусияти таърихнигории феодалии Шарк аст. Ин аст, ки мо дар бораи онхо аксаран аз руи маълумот ва аломатхои гайримустаким огох мешавем ва казоват мекунем. Таърихшиноси машхури совети П.П.Иванов аз хусуси харакатхои халкии ахди амир Дониёл сухан ронда, нуктасанчона хотирнишон карда буд: «Муаррихони Бухоро, ки ин вокеахоро бароямон накл мекунанд, онхоро асосан хамчун лавхахои муборизаи феодалони махалли бар зидди хукумати хони ба калам медиханд. Вале бояд кайд кард, ки аъёну ашрофи махалли дар муборизаи зидди хон кариб тамоман ба фавчхои дехконон такя менамуд ва саранчоми ин мубориза хам махз ба фаъолияти онхо вобаста буд. Аз ин ру, фарз кардан мумкин аст, ки бештарини лавхахои муборизаи мусаллах дар аморати Бухорои асри ХVIII мухимтарин унсурхои харакатхои халки ё дехкониро дар худ нухуфта буданд, факат фарк дар ин буд, ки феодалони махалли аз руи манфиатхои махдуди синфии худ ба онхо сардори мекарданд ва аз онхо истифода мебурданд»[104]. Ин фикри багоят амик ва пурмаънист. Бо вучуди ин, метавон ба он илова намуд, ки ин  гуфтахо  ба нимаи аввали асри ХIХ низ комилан нисбат доранд.

Чи навъе ки аз мисолхои овардашуда аён мегардад, харакатхои халкии ондавра, асосан, хусусияти аграри доштанд. Зимнан дехконони точику узбек аксаран бо кавмхои кучи ва нимкучии узбек, киргиз ва казок якчоя амал менамуданд. Манфиатхои синфи ва муборизаи якчояи табакоти бар зидди золимони умуми монеахои тоифави ва нажодиро шикаста, мехнаткашонро бо хам муттахид месохт.

Дар баробари шуру ошубхои ахолии дехот шуришхои шахриён низ ба амал меомаданд. Чунбишхои хам дехот ва хам шахр ба таври стихияви ва гайримуташаккил сар мезаданд ва давом мекарданд, аммо дар шуришхои шахриён гохо унсурхои муташаккили падидор мегардиданд. хамаи шуришхо хусусияти махалли дошта, тамоми хоки давлати хониро фаро намегирифтанд ва аз ин ру кисми асосии ахолии мамлакат аз муборизаи фаъолона дар канор мемонд, ки ин холат ба хукумат барои фуру нишондани ин ва ё он ошуби халк имкони мусоид фарохам меовард.

Идеологияи харакатхои халкии он давр ба мо кам маълум аст. Одатан, шуришгарон дар назди худ максад мегузоштанд, ки ба бархам додани суиистеъмол ва ноинсофихои аз хад зиёди намояндагони хокимияти давлати, аз сари кор дур кардани амалдорону хокимони чудогона, бехтар кардани ахволи модди ва гайра муваффак шаванд. Аз ин бештар максад ва вазифа намегузоштанд. Акибмондагии шуури синфии хоси он замон дар ин соха низ возеху равшан зухур мекард.

[1] Галкин А., 1890, с. 191; Шубинский П., 1892, с. 380–386.

[2] Mуyуndorff J., 1826 ,с. 196–197; Ханыков Н.В., 1843, с. 75–76.

[3] Мо ба масъалаи сукунати точикон дар Афuонистон дахл намекунем. Барои солхои сивуми асри ХIХ М. Элфинстон (Уlphinstonу М., 1839, 1, р. 403–422) манзараи хеле пурра ва муфассалро тасвир менамояд. Мувофиrи маълумоти Н.А.Кисляков точикон ахолии аслии вилоятхои шимоли ва rисман марказии Афuонистон буда, аз чихати миrдор дувумин халrи ин мамлакат ба шумор мераванд –тахминан 2 миллиону 300 хазор кас (Кисляков Н.А., 1957, с. 149). Аз руи маълумоти дигар дар Афuонистон rариб се миллион точикон иrомат доранд –ниг.: Массон В, М., Ромодин В.А., 1, 1964, с. 10.

[4] Гребенкин А .Д., 1872, в. с. 54.

[5] Аз руи хисоби Мирабдулкарими Бухори дар нохияи Миёнкол ва Самарrанд чи rадар, ки муrимихо бошанд, хамон rадар кучихо буданд (Mir Aиdoul Kуrim Иoukhary, 1876, с. 77).

[6] Барои хонии Хуrанд ба сабаби ноустувории худудаш овардани хатто чунин раrамхои тахмини хам амри махол аст. Раrами якуним – ду миллион ахоли, ки дар китоби бе зикри номи муаллиф барои соли 1840 оварда шудааст («Обозрение Кокандского ханства в нынешнем его состоянии», 1849, с. 191), ба мисли раrами се миллион» ахоли, ки таrрибан барои хамон ваrтхо Волф зикр намудааст (Wolf J., 1846, с. 353) ба тафтиши даrиr эхтиёч дорад.

[7] Радлов В.В., 1880, с. 12.

[8] Омоч заминро ба чуrурии 40–45 см шудгор мекард ва дар айни замон онро ковок ва нарм хам менамуд. Академик А.Ф.Миддендорф (1882, с. 229) чунин аrидае дошт: «{ангоми шудгори амиr вай, албатта, зерхокро хаво медихад ва аз сипори гардон чунин бартарии мухимро дорост, ки хоки замин пас аз шудгори омоч дар зери офтоби сузон он rадар сахт хушк намешавад».

[9] Муфассалан ниг.: Ханыков Н.В., 1843, с. 121–123, 129–130, 137–139; Ефремов Ф., 1950, с. 26.

[10] Миддендорф А, Ф., 1882, с. 402.

[11] Вазъияти хочагии rишлоrи Осиёи Миёнаи онваrта хануз тадrиrкунандаи худро интизор аст. Бисёр мадракхои мухим дар хисоботи сайёхон, хуччатхои архивии Россия ва Осиёи Миёна парокандаанд, баёноти мутахассисоне, ки пас аз хамрохшавии Осиёи Миёна ба Россия додаанд, хамчунин нашрияхои этнографи дар ин бобат арзиши мухиме доранд. Аз чумла, ниг.: Бродский М., 1872, 1875; Миддендорф А.Ф., 1882; Шохназаров А.И., 1908; Юферев В.И., 1925; Кисляков Н.А., 1947; Кармишева Б.Х., 1954; Сухарева О.А., Бекчонова М.А., 1955; Рахимов М.Р., 1957; Андреев М.С, Писарчик А.К., 1958; Ершов Н.Н., 1960; Усенбоев К., 1961; Таджики Каратегина и Дарвоза, вып. 1–1966, вып. II – 1970, вып. III – 1976, «Очеркхои этнографи», 1969 ва бисёр асархои дигар.

[12] Радлов В В., с. 39; Семёнов А.А., 1960 а, с. 1001. 48.

[13] Бекчурин М.. 1916. с. 303–304.

[14] Семёнов А.А., 1960 а. с. 1002.

[15] Ханыков Н.В., 1843, с. 55. Рочеъ ба рохи мураккаби ташаккулро паймудани ахолии Бухоро ва дар он иштирок доштани узбекон ниг.: Сухарева О.А.,1958, с. 74 ва давомаш, 1966, с. 113 ва давомаш.

[16] Мейендорф Е.Ф., 1975, с. 95.

[17] {амон чо, с. 105.

[18] Сухарева А., 1958; 1962; 1966.

[19] Турсунов Н., 1967; Мухторов А., 1964; 1975.

[20] Пашино П.И., 1868, с. 139.

[21] «Рочеъ ба вазъияти кунуни», 1826, с. 177–178.

[22] Мухторов А., 1964, с. 72, 75.

[23] Маев Н., 1876; Хорошхин А.П., 1876; Гейнс А.К., 1898; Добромыслов А.И., 1911; Озодаев Ф., 1959; {очиев Э., 1960; Набиев Р.Н., 1966.

[24] Ленин В.И., Асархо, ч. 3, с. 58

[25] Петровский Н.Ф., 1874; Бродовский М.И., 1875, с. 15–17; .29–31

[26] Сухарева О.А., 1962, с. 142.

[27] Ниг.: масалан, Краткое описание., 1823, с. 7–8.

[28] Иванов П.П., 1932, с. 44–75; Бубнова М.А., 1975.

[29] Свенское К., 1851, с. 149; Жуковский С.В., 1915, с. 112–113; Маслов О.В., 1955, с. 47–48; Халфин Н.А., 1974, с. 47–60 ва uайра.

[30] Маълумотро дар ин хусус аз тахrиrоти гуногуни рочеъ ба хонии Хуrанд ба даст овардан мумкин аст, ки баъзе аз онхо дар боло зикр ёфтаанд. {амчунин ниг: Богословский, 1842, с. 21. Обозрение., 1849, с. 124–125;Потанин Н.И., 1856, с. 278; Максимов, 1860, с. 74; Вревский А.Б., 1868, с.137; Краузе Ч.И., 1872 ва бисёр таълифоти дигар. Махсусан санадхои бо кори маъдан алоrаманд аз архиви хонхои Хуrанд чолиби диrrат мебошанд– ниг.: Троицкая А.Л., 1968, с. 353–354, № 2507–2522.

[31] Литвинский Б.А., 1949.

[32] Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., том. 3, с. 52.

[33] Троицкая А.Л., 1968, с. 278–279, № 1878, 1879, 1883; с. 311–322 (№2160–2272).

[34] Пашино П.И., 1868, с. 139–140. Инчунин ниг.: Пашино П.И., 1867, с. 121.Маълумоти мушобехи аз ин барваrттар дар бораи давлати хонии Хуrанд дар хисоботи Хорунжий Потанин Н.И. мавчуд аст. Дар асари беимзои «Обозрение Кокандского ханства в нынешнем его состоянии» (1849), «Заводи хиштсозии хон» ва «фабрикаи коuазбарори» «корхонаи мануфактури» номида шудаанд. Обозрение., 1849, с. 213.

[35] Небольсин П.И., 1865, с. 36. {амин тариrа, хаr ба чониби Бунаков Е.В. нест. У нодуруст таъкид мекард, ки маълумоти оид ба коргоххои парокандаи 1138-саноати фаrат дар Пашино П.И. мавчуд аст, ниг.: Бунаков Е.В., 1969, с. 97.

[36] Вельяминов–Зернов В.В., 1853, с. 20, 71.

[37] Гребенкин А.Д., 1-872 а, с. 31.

[38] Рочеъ ба бунак дар хочагии rишлоr хамчун байъона ниг.: Иванов П.П., 1937, с. 38–40.

[39] Айни С., 1970, с. 156–157.

[40] Айни С., 1961, с. 97.

[41] Дар бораи судхурхо ва мардумро uорат кардани онхо хамчунин ниг: Айни С., 1960, с. 524–531.

[42] Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 25, ч. II, с. 145.

[43] Озодаев Ф., 1959, с. 24–25.

[44] Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 21, с. 406.

[45] Ханыков Н.В., 1843, с. 161.

[46] Аминов А.М., 1959, с. 50–51; Бунаков Е.В., 1960, с. 99.

[47] Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 3, с. 50–51.

[48] Хорошхин А.П., 1876, с. 41, 96; Рочеъ ба бозори Хуrанд ва хусусиятхои он ниг.: Федченко А.П.,1875, с. 48.

[49] Бекчурин М.С, 1871, с. 218; Мухторов А., 1964, с. 81–87.

[50] Сухарева О.А., 1966, с. 43.

[51] Илова ба асархои Сухарева О.А. ниг.: Семёнов А.А., 1960, с. 1009–1010; Ремпель Л.А., 1962. с. 237–247. Миrдори корвонсаройхо хама ваrт таuйир меёфт, яъне меафзуд (муrоиса кунед бо маълумоте, ки барои солхои 20-уми асри ХIХ мавчуд аст).

[52] Ханыков Н.В., 1843, с. 163.

[53] Тетеревников А.Н., 1867, с. 39. Мувофиrи маълумоти С.Н.Трубинков – 20 корвонсарой ва бозорхои сарпушида (Материалхо…, 1869, с. 4).

[54] Обозрение…, 1849, с. 213.

[55] Кушакевич А., 1872, с. 52.

[56] Бекчурин М.С., 1871, с. 218; Мухторов А., 1964, с. 82.

[57] Раrами барои соли 1820 овардаи Е.Ф.Мейендорф – панчох хазор (Mуgуndorff J., 1826, р. 160) ба назар муболиuаомез менамояд.

[58] Костенко Л.Ф., 1871, с. 23–24.

[59] Ваххобов М., 1961, с .60–61.

[60] Ханыков Н.В., 1843, с. 93, 105.

[61] Радлов В.В., 1880, с. 18-19.

[62] Гребенкин А.Д., 1872 а, с. 26–30; Сухарева О.А., 1966, с. 236–240.

[63] Рожкова М.К., 1963, с. 38.

[64] Гребенкин А.Д., 1872 а, с. 26.

[65] Файзиев А., 1970, с. 58–59.

[66] Гребенкин А.Д., 1872, с. 30.

[67] Ин фиrра дар хамаи нусхахои дастнавис мавчуд аст, ниг.: Ахмад Махдуми Дониш, 1960, с. 33–34 (тавзехи 4).

[68] Дар ин хусус ниг.: Брагинский И.С, Рачабов С.А., Ромодин В.А., 1953, с. 25.

[69] Тавсифи зерин бештар ба далелхои санаду васиrахо (матбуъ ва номатбуъ), материалхои архив, иттилооти пештар ва баъди ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна додаи сайёхон ва rайдхои этнографи (аз худи мо ва этнографхо) асос ёфтааст. Дар илми совети ба омузиши ин масъала Бартолд В.В. ва хусусан Семёнов А.А. (1929, 1954 а) ибтидо гузоштанд. Ин масъала дар асархое, ки хусусияти чамъбасти ва умуми доранд, хамчунин дар тадrиrхои махсус борхо мавриди барраси rарор гирифтааст, аз чумла ниг.: Абдурахимов М.А., 1961; Бахромов З., 1957; Искандаров Б.И., 1960, 1962; Юлдошев М.Ю., 1959; Кисляков Н.А., 1940, 1954, 1967; Мирзоев К.М., 1954; Мухсинова К.3., 1969; Мухторов А., 1964; Плоских В.М., 1968; Рахимов М., 1957; Сухарева О.А., Бекчонова М.А., 1955; Троицкая А.Л., 1969; Усенбоев К., 1961; {амроев М., 1959; Чехович О.Д., 1961; Очеркхои этнографи, 1969; Юсуфов Ш.Т., 1964 ва u.

[70] Ефремов Ф., 1950, с. 18, 27.

[71]Ахмади Дониш, 1967, с. 39.

[72] Ин хуччат дар китоби Абдурахимов М.А., 1961, с.100, (хуччати 690) оварда шудааст.

[73] {уччатхо, 1954, с. 209-217. Инчунин ниг.: Вяткин В.Л., 1928, с. 17.

[74] Айни С., 1966, с. 40

[75] Ахмади Дониш, 1967, с. 87.

[76] Абдурахимов М.А., 1961, с. 45, 95 (хуччати 483). {амчунин барои солхои 20-ум низ сабт гардидааст — ниг.: Краткое описание, 1823, с. 7. Аз руи гуфтахои Радлов В. В, ки хамрохи rушунхои рус будааст, дар ваrти истилои хукумати подшохи танобонаро фаrат ба шакли пул меситонидаанд (Радлов В.В., 880, с. 92).

[77] Бунаков Е.В., 1960, с. 98.

[78] Ниг.: Айни С., 1960, с. 182; инчунин Чехович О.Д., 1961; Мухсинова К.З., 1969.

[79] Семёнов А.А., 1929, с. 12-25; Семёнов А.А., 1960, с. 999-1000; Абдурахимов М.А., 1961.

[80] Дар бекии Rурuонтеппа (дар ибтидои асри ХХ) бек аз хар ботман (16 пуд) барои худ як пуд, мироб аз хар як хирман якуним пуд, доруuа аз хирман чор пуд, амлокдор аз хар ботман як пуд мегирифтанд (Гавеский П., 1919–1923, с. 65)

[81] Айни С., 1960., с. 88.

[82] {уччатхо, 1954, с. 192-193 (хуччати 42).

[83] Семёнов А.А.,1960, с. 1000. Uайр аз андозхои зикршуда бисёр хирочу мачбуриятхои дигар низ вучуд доштанд — хуччатхо ба ин шаходат медиханд — ниг.: Ягони А. I, 1968, с. 29-30.

[84] Обозрение…, 1849, с. 209.

[85] Плоских В.М., 1968, с. 107-111.

[86] Айни С., 1960, с. 77–78.

[87] Хорошхин А.П., 1876, с. 45.

[88] {укумат дар амал оидоти ин навъ андозро ба маrсадхои гуногун харч менамуд. Ниг.: Иванов П.П., 1940, с. 28, 98–99.

[89] Набиев Р. Н., 1961, с. 38–39; инчунин ниг.: Ягони А.А., 1968, с. 16 (№ 36). Дар бораи чунин расм дар хонии Хева. Ниг.: Иванов П.П., 1940, с. 28.

[90] Гейнс А.К., 1898, с. 720–721. Дар бораи ба ичора додани чамъоварии андоз инчунин ниг. Обозрение., 1849, с. 208, 216.

[91] Рочеъ ба зулми феодали дар хонии Хева – ниг.: Кун А.Л., 1873 а,1873 б; Иванов П. П., 1937 б, 1940, с. 26–29, 51–121; Юлдошев М.Ю., 1959,1966; {уччатхо, 1967, с. 25–55, 79–296.

[92] Набиев Р.Н., 1961, с. 40.

[93] Иrтибос аз Халфин Н.А., 1960, с. 24.

[94] Набиев Р.Н., 1961, с. 41. Дар бораи rурбони кардани одамон хангоми каналсози ва пайдоиши ин одати хурофи ниг.: Богомолова К.А., 1952, с. 112–115.

[95] Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 12, с. 531–532.

[96] Чехович О.Д., 1954, с. 76–77.

[97] Мухторов А., 1963, с. 34–46.

[98] Дар тахrиrи ин шуриш Иванов П.П., ки хамаи манбаъхои мавчударо ба диrrат омухтааст, хидмати пурарзише дорад–ниг.: Иванов П.П., 1937 а.

[99] Набиев Р.Н., 1961.

[100] Барои тафсили шуриш ниг.: Набиев Р.Н., 1966, с. 62–76.

[101] Усенбоев К., 1961, с. 44–51; История Киргизской ССР, т. 1,1968, с. 293–298.

[102] Искандаров Б.И., 1960, с. 39–42.

[103] Юлдошев М.Ю., 1966, с. 112-113.

[104] Иванов П.П., 1958, с. 112.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …