Главная / Илм / БуЙМОДАРОН

БуЙМОДАРОН

achillea-millefoliumБуЙМОДАРОН (Achillea mellefolium), б у г а н а к, п у г а н а к, гиёхест бисёрсола. Аз 15 то 80 см кад мекашад. Пояаш рост, сермуяк. Баргаш думчадори нештаршакл, сабзи кабудранг, муякдор. Гулаш сафед, тудагулаш сабадак. Тухмаш дарозруяи хокистарранг. Май – июн гул карда, июл – сент. тухм мебандад. Дар маргзор, сахро, нишебихои регзор, байни сангхо, наздикии чашмахо, лаби чуйбор, заминхои партов, богу киштзор месабзад. Дар к-куххои Курама, Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз, вохаи дарёи Сир, нохияхои Точикистони Чануби ва Шарки (дар баландии 1300 – 3500 м аз с.б.) вомехурад.
Б. гиёхи маъмули доруист. Бино ба маълумоти Абуалии Сино чушоби Б. хангоми даридани мушакхо, варами музмини асаби сурин, душвории нафаскаши (махсусан чушоби тудагули он) муфид аст, санги масонаву гурдаро хал мекунад, хайзро меронад, чанинро меафтонад. Абуалии Сино Б.-ро барои муоличаи дарди сар, иллати сипурз, суддабандии хун, никрис, тарбод, бугумдард, миёндард истифода мебурд. Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия» Б. кабзиятро мекушояд, пешобро меронад, санги гурдаро хал карда мебарорад, захми бачадонро шифо мебахшад. Нушидани накеъи Б. барои илочи варача ва чушоби он хангоми беморихои бачадон кумак мерасонад. Б.-ро хангоми сардард, кибзияти магзи сар, сарсом, дарди сандуки сина, кабзияти пешоб, таъхири хайз, зуком ва г. тарбанди мекунанд.
Дар тибби халкии рус чушоби баргу пояи сабзи Б. хангоми хунравихои даруни, беморихои узвхои хозима, исхоли хунин, иллати чигар, ихтилоли кори меъдаву руда (диспепсия), камхуни, сардард, сили шуш, обхура, варача, нафастанги ва сулфа, галаёни хун, никрис, атеросклероз, бавосир, асабдард, тарбод, диабети канд, зики нафас ва г. кор фармуда мешавад.
Табибони халкии точик бо навдахои тарраки Б. (то гулшукуфт) назлаи меъдаро табобат мекунанд, онро воситаи хуби исхоловар ва киччарон мехисобанд. Чушоби баргу гули Б.-ро чун воситаи хунбанд, пешоброн ва киччарон тавсия медиханд. Чушоби гултудаи он барои дафъи чурра ва дарди санги гурдаву масона муфид аст; баргу сабадакашро куфта ба чарохат мебанданд, гулашро хангоми дарди сар буй мекунанд. Сокинони Помир бо чушоби гули хушконидаи Б. захми меъдаву рударо даво мебахшанд.
Дар тибби муосир накеъи баргу пояи сабзи Б.-ро хангоми хунравии бавосир ва бачадон чун воситаи хунбанд (рузе 3 маротиба 1 чумча) тавсия медиханд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …