Главная / Илм / БуГИНАК

БуГИНАК

buginakБуГИНАК (Erigeron conadensus), як навъ гиёхи худруст (то 2 м кад мекашад). Пояи росту сершохча, барги нештаршакли серпашмак, гули майдаи сафедтоб, хушагули сабадак дорад. Б. аслан аз Америкаи Шимоли буда, дар Европа ва кишвархои диг. пахн шудааст. Дар Точикистон Б. алафи бегона аст; мохи май гул мекунад. Б. 0,3 – 0,6% равгани эфир (лимонен, дипетен, терпинеол), витамини С, каротин, моддахои даббогию флавоноиди, намакхои минерали, холин ва алкалоид дорад. Чушоби баргу пояи Б. дар табобати илтихоби пешобдон, шуш, меъдаву руда ва бавосири хуншор истифода мешавад. Табибони халки бо он тарбод, никрис (подагра), илтихоби гурда, шошадон, простатит, экземаро даво мебахшанд. Табибони украини чушоби Б.-ро давои исхол мехисобанд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

litosfera

СОХТОРИ ЛИТОСФЕРА

Дар параграфи пешина мо кайд кардем, ки литосфера (аз калимаи юнонии lithos – санг ва …