Главная / Илм / БуГИНАКЧОРуБ

БуГИНАКЧОРуБ

artemisia-annuaБуГИНАКЧОРуБ (Artemisia annua), говчоруб, дехкончоруб, бугинак чоруб, навъе аз гиёххои яксола. Пояи рости сершох (30 – 100 см), барги паршакл, гули майдаи зард, гултудаи сабадшакл дорад. Июл – сент. гул карда, авг. – окт. тухм мебандад. Дар Точикистон хамчун алафи бегона дар богу киштзор, заминхои партов, канори роху наздикии истикоматгоххо, дашту маргзор меруяд. Бо максади давои баргхои навруста (бахорон) ва баргу поя (тирамох)-и Б.-ро кор мефармоянд. Растаниро баъди гундоштан дар чои сояи шамолрас хушкондан лозим аст.
Табибони халки сабадаки гули дар асал киёмшудаи Б.-ро чун давои рафъи заъфи дил тавсия медиханд. Бо шираи баргу пояи наврустаи он амрози пуст (хоришак, шукуфа)-ро табобат мекунанд. Аз барги хушки Б. барои муоличаи шукуфа мархами 10-фоиза тахия карда мешавад. Чушоби баргу пояи он (як чумча алафро дар як истакон об 10 дакика мечушонанд, баъд полида пеш аз хурок як чумчача менушанд) давои хуби иштихоовар аст. Мукаррар шудааст, ки шираи Б. инкишофи микробхои бемории сухтагиро бозмедорад, кобилияти сироятангезии онхоро бархам медихад. Дар амалияи тибби муосир аз Б. барои табобати зики нафас доруи «Диметулен» тайёр карда мешавад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …